Узви Ихвон-ал-СССР, Шерзоди Муҳаммадназар аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар сӯҳбати те¬лефонӣ бо СССР гуфт, ки роҷеъ ба кору фаъолияти пост-терминалҳо 2 гуфтанӣ дорам:
1.Чаро пост-терминалҳое, ки барои телефонҳои мобилии худ маблағ мегузаронем, купюраҳои 10-20-сомонаеро, ки баромадашон соли 2017 аст, қабул намекунанд? Борҳо бо ин мушкил рӯ ба рӯ шудаам. Дар сурати қабул накардан маҷбурем, ки 10-сомонаи соли 2017-ро бо 10-сомонаи с.1999 дар ягон дӯкону мағозаи хӯрокворӣ иваз карда, баъд ҳисоби телефони худро пур кунем…
2.Тавре ёд дорем, 2 сол пеш соҳибони пост-тер¬миналҳо тибқи супориши Ҳукумати шаҳри Душанбе зери танқиди сахт қарор гирифта, бидуни фоиз маблағи гузоштаамонро ба телефонҳои мобилӣ мегузарониданд. Ҳоло ин ҳолат дида намешавад. Ва дар сурати ҳисоб-баланси телефонро бо 10 со¬монӣ пур кардан, ҳатман чанд дирам меситонанд… Илова бар ин, аксарияти пост-терминалҳо ҳангоми ҳисобпуркунӣ чек-квитансия намедиҳанд.