ХАБАРИ ДОҒ

Мардӣ набувад фитодаро пой задан…

  • Панҷшанбе, Сен 27 2018


Дар ҳоле, ки маъюбони гурӯҳи 3-юмро Ҳукумати ҷумҳурӣ маъюб надониставу аз гирифтани нафақа маҳрум месозад, дар ташкилоту корхонаҳои чӣ хусусӣ ва чӣ ҳукуматӣ эшонро бо иллати маъюбӣ ба кор намегиранд…

Соли 2012 Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ (ХДТТИ) бо 1 қарор дастуреро амалӣ гардонид, ки тибқи он ҳазорон нафар аз маъюбону маслуқони тоҷик аз нафақа бенасиб монданд. Дар ин маврид, ба хусус, маъюбони гурӯҳи 3 бештар ҷабр диданд. Ба ин гурӯҳ асосан нафароне шомиланд, ки бо ҳар гуна сабаб аз 1 чашм, гурда, кӯтоҳии 1 по аз пои дигар, надоштани 2-3 ангушти даст…, умуман, ашхосе, ки кадом узви баданро дар зиндагӣ ва ё модарзод аз даст додаанд. Мантиқан, ҳар гунае, ки таҳлил накунӣ, эшон маъюбанд, охир. Аммо, ХДТТИ ин ашхосро бе ягон баҳона ва ё фаҳмонидан, «нишондод ба гурӯҳи маъюбӣ надорад» мӯҳр зада, аз гирифтани нафақаи маъюбӣ маҳрум сохтанд.

Якчашма агар маъюб нест…
Давлатмад Сафаров, як тан аз маъюбони гурӯҳи 3 аз ш.Кӯлоб мегӯяд:
«Моҳи августи с.1971, ки ҳамагӣ 13 сола будам, бо амри тақдир аз чашми рост маҳрум шудам. Соли 2000 ҷарроҳӣ карда, чашми сунъӣ гузоштам. Аз сентябри ҳамон сол, тибқи қарори ХДТТИ маҷрӯҳи гурӯҳи 3 барои ҳамаумр (бе мӯҳлат) дониста шуда, ба нафақа баромадам. Бо сабабҳои ҳанӯз ҳам бароям ноаён, аз моҳи сентябри с.2015 нафақаамро қатъ кардаанд. Дар ин маврид ба шуъбаи минтақавии ХДТТИ гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб бо ариза муроҷиат намудам. Аз ин шуъба бо имзои сардори он ҷаноби Қурбонов ҷавоб омад, ки «дар асоси фармони сетарафа аз 16-уми сентябри соли 2015-ум шумо аз тарафи мутахассиси бемориҳои чашми Хадамоти ҷумҳуриявӣ муоина шудед, ташхис «набудани себаки чашми рост. Чашми чап солим», ки тибқи дастурамали доимамалкунанда оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ аз с.2012 нишондод ба гурӯҳи маъюбӣ надоред».
Сафаров мегӯяд, чӣ гуна буда метавонад, ки ман усулан 1 чашм надораму гузашта аз ин, ҳамин Хадамот чанд сол пештар носолиму маъюбам дониста, бароям нафақаи якумра тасдиқ карда буданду ҳамакнун «нишондод ба гурӯҳи маъюбӣ» надоштаам? Нишондод дар чашми ман ба пуррагӣ пайдост, боз чӣ гуна нишондод бояд нишон дод? Ҷаноби Сафаров меафзояд, Президенти муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохуриву баромадҳояш таъкид ба он мекунад, ки ба пиронсолону дармондагон ва маъюбон кумак расонед. Магар ҳамин аст кӯмаки ХДТТИ барои маъюбон? Барои мо-маъюбон кӯмаку ёрӣ нарасонед, танҳо ҳамон нафақаи кӯчаке, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бароямон муайян кардааст, бозпас гардонед!!!

Хадамот солим мехонаду корфармо маъюб…
Ба андешаи қаҳрамони мо, тибқи дастурамали ХДТТИ ҳар нафаре, ки ба ҳангоми истеҳсолот дар ягон корхонаву ташкилот маъюб гашта бошад, ҳуқуқи маъюбӣ ва гирифтани нафақаро дораду бас. О, мебахшед, мӯҳтарам масъулини Хадамот, ҳар нафаре, ки дар тифлию кӯдакӣ бо амри тақдир маъюбу маслуқ гашта бошаду гузашта аз ин, иллати модарзодӣ дорад, даъвои маъюбӣ накунад? Воқеан ҳам, ин нафаронеро, ки шумо маъюбашон намедонеду нафақаашонро барҳам задаед, дар ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, хосса, дар мақомоти ҳукуқӣ, прокуратура, ҳарбӣ, умуман дар ҳама ташкилотҳои давлатию хусусӣ танҳо бо иллати «маъюбӣ» ба кор намегиранд ва инро шумо аз мо дида, хубтар медонед.
Агар ХДТТИ барояшон нафақаро лоиқ надонад, корхонаҳо ба кор нагиранд, пас ин маъюбони дар ҳақиқат маъюб ба куҷо раванд, додашонро ба кӣ гӯянд? Чӣ гуноҳ кардаанд ин гунаҳкорони бегуноҳ, ки солимону саломатбудагон аз Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ аз чанд сомоние, ки буҷаи давлатӣ барояшон ҷудо мекунад, дурашон месозанд? Ин ҳукми ХДТТИ ҷазо аст барои маъюбони гурӯҳи 3, вале ин бечораҳоро барои кадом гуноҳ муттаҳам карданианд, боз ҳам номаълум боқӣ мемонад.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан.., рафиқон, ҷанобон, мӯҳтарам маъюбнописандон.

Аслиддин Достиев,
Журналист, ш.Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter