ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ-бизнесмен-қумандон-генерал-хоин…
Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) с.1964 дар н.Рӯдакӣ, дар хонаводаи коргар ба дунё омада, дар шарқи ш.Душанбе (кӯч.Қаротегин) ба воя расидааст. Дар давраи Шӯравӣ ӯ 2 сол дар «Текстил» ва баъди адои хидмати ҳарбӣ 2 соли дигар дар “Курортстрой” кор карда, аз с.1986 мудири анбори “Межоблагропром” буд. Нахустин маълумоти олиаш дипломи Академияи низомии Ситоди кулли артиши Русия (с.2007) аст, ки он замон 43 сол дошт ва маълумоти дувуми олиаш-дипломи ДМТ (с.2009) буд, ки дар синни 45-солагӣ гирифт. Баъди сарватманду қумандонияш. Яъне ӯ, ки савод надошт, ин ҳамаро бар ивази пул ба даст овард.
Исми Назарзода бори аввал дар баҳори с.1992 вақте сари забонҳо шуд, ки дар баробари 2 майдони Шаҳидону Озодӣ гурӯҳе аз ҷавонон дар майдони назди ҳайкали С.Айнӣ дар маҳаллаи “Садбарг”-и пойтахт “митинги ҷавонони Душанбе”-ро ба роҳ андохтанд. Маҳз пайвастани аҳли ин гирдиҳамоӣ ба Шаҳидон дар моҳи майи с.1992 таносуби нирӯҳоро ба фоидаи Шаҳидон гардонд. Баъди пирӯзии Шаҳидон ӯ дар қатори онҳое, ки дар ғалабаи аҳли ин майдон саҳм доштанд, бо пешниҳоди қозӣ Акбар Тӯраҷонзода, сафари Ҳаҷ кард ва аз он ба баъд бо номи “Ҳоҷӣ Ҳалим” маъруф шуд. Аммо баъди пирӯзии Фронти халқӣ ба фарқ аз фармондеҳони дигари оппозитсия ба Қазоқистон гурехта, то с.1997 он ҷо ба тиҷорат машғул буд. Соли 1997 баъди имзои созишномаи сулҳ бо як корвони мошинҳои “Ҷип” аз Қазоқистон ба Душанбе баргашта, ба Комиссияи оштии миллӣ, ки бо раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар меҳмонхонаи “Вахш” фаъолият дошт, аз ин корвон 10 мошин тӯҳфа кард (боз мегӯянд исломистони мо ришва намегирифтанд!). Нурӣ мошинҳоро гирифта, зуд фармондеҳии баталйони 25-ро, ки аз ҳисоби ҷангиёни мухолифин ташкил шуд, ба Ҳоҷӣ Ҳалим супурд ва ба ӯ якбора унвони полковник дод.

Генерали сникерсхӯр
Ин амали Нурӣ эътирози мухолифинро ба бор овард, ки  мегуфтанд, раҳбарони ИНОТ ба хотири манфиати молӣ баталйони 25-ро ба касе доданд, ки тайи 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар хориҷ “Сникерс” хӯрда мегашт… Бизнес-сникесхӯри ришвадеҳ тавонист то с.2015 худро дар ҳукумат ҳифз кунад ва ҳатто соҳиби мансабҳои баландтар шавад. Баталйони 25, ки дар вазорати дифоъ ҳамчун қисми низомии 31001 сабт шуда буд, бо хатми низоъҳои мусаллаҳона ва ором шудани вазъ барҳам хӯрд, вале Назарзода дар вазорати дифоъ монд.
Ӯ дар ин байн с.2007 Академияи низомии Ситоди кулли артиши Русия ба номи М.Фрунзеро хатм карда, чандин сол раҳбарии раёсати амнияти дохилӣ (СБ)-и вазорати мудофиаро бар ӯҳда дошт, соҳиби унвони генерал-майор шуд ва январи с.2014, баъди ба нафақа рафтани намояндаи дигари мухолифин Ғайрат Адҳамов муовини вазири дифои Тоҷикистон таъйин гардид. 
Ҳамзамон аз Назарзода ба унвони тоҷир ҳам ном мебурданд. Яке аз шарикони тиҷоратиаш аз бизнесҳои Ҳоҷӣ Ҳалим дар Тоҷикистон дар расонаҳои хабарӣ чунин қисса кардааст: “Вақте с.1997 баргаштем, Ҳоҷӣ Ҳалим бо пули зиёде баргашта буд. Он даврони хусусигардонии корхонаҳои давлатии бекормонда буд ва Ҳоҷӣ бо бародаронаш корхонаи якуми нонпазии Душанбе дар гардиши фурудгоҳ, фабрикаи мурғпарварии Кофарниҳон ва даҳҳо корхонаи дигарро хусусӣ карда гирифтанд. Фақат ҳамин фабрикаи мурғ баъди фурӯхтанаш ба эрониҳо ба Ҳоҷӣ чанд миллион доллар фоида овард. Одами доро буд...”.

Табаддулоти низомӣ
Аммо ҳодисаҳои 4.09.2015 ба ҳама равнақи тиҷоративу карйераи генерали 51-сола нуқта гузошт. Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба ШКДи ш.Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе ВКД шикаст дида, бо ҷамъе аз силоҳбадастонаш ба дараи Ромит фирор кард. Худи ҳамон рӯз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Назарзода “бинобар содир кардани ҷиноят” аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор карда шуд.

Оғози ҳамла
Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи бомдоди 4 сентябр (5 рӯз пеш аз Рӯзи Истиқлолияти ҶТ) дар гардиши Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилии ш.Ваҳдат 17 нафар аз ҳар 2 ҷониб кушта шуд. Аз ҷумла, 2 афсари ОМОН ва 1 нозири БДА, ки агар ҳамин қаҳрамонҳо намешуданд, Худо медонад ин табаддулот бо чӣ қадар хунрезӣ хатм мешуд.
Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод, ки 4.09.2015, соати 04:28 дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба ШКД ш.Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ҶТ ҳуҷуми мусаллаҳона доир шуд. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд. Ҳангоми ин амали ҷинояткорона 4 нафар кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД (ОМОН) ва 4 нафар кормандони Шӯъбаи ВКД дар ш.Ваҳдат ба ҳалокат расиданд.

Ликвидатсияи хоин
Ҳини амалиёти махсус аъзои дастаи террористӣ-Муродов Сарабек Баротович, с.тав.1967 зодаи н.Панҷ, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Ғафуров-112, хонаи 47, Ибронов Илҳомиддин Маҳмадулоевич, с.тав.1972, зодаи н.Ваҳдат, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Хоҷамбиёи Поён, хонаи 35, Сафаров Собир Каримович, с.тав.1965, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Айнӣ-28/А., Аюбов Фозил, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Наврӯз, хонаи 4, Холиқов Хуршед Додихудоевич, с.тав.1976, зодаи ш.Қӯрғонтеппа, сокини ш.Душанбе, кӯч.Н.Қарабоев, Салоев Ҳаёт Амриддинович, с.тав.1983, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе дастгир шуданд. Ҳамчунон дар рафти амалиёт аъзои гурӯҳи террористӣ Абдуллоев Зиёраддин, собиқ размандаи ИНОТ, аъзои ҲНИТ, ки дар асоси Созишномаи Сулҳ ба кор дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ шомил шудааст, тавъам бо 8 ҷинояткори дигар кушта шуданд. 1 гурӯҳ террористон бо сардории Ҳоҷӣ Ҳалим ба самти дараи Ромити н.Ваҳдат фирор намуданд.

Амалиёти Ваҳдат-2015
ВКД ҶТ 1 рӯз пас аз «Амалиёти Ваҳдат» гуфт, ки дар пайи амалиёти муштараки мақомот 32 узви гурӯҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода боздошт ва 13 нафари дигар кушта шуданд: “Инчунин якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои тамғаҳои гуногуни "ҶИП" ва "Седан" дарёфт карда шуд”. Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамроҳи 7-8 ҳаммаслакаш дуртар аз ш.Душанбе ба масофаи 150 км дар дараи Ромит пинҳон шуда, бародари ӯ Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич (с.тав.1972) ихтиёран аз гурӯҳ ҷудо шуда, ба мақомот таслим гардид.
Худи Ҳоҷӣ Ҳалим расо 3 сол пеш, дар таърихи 15.09.2015 аз сӯи кормандони ВКД бо боқӣ ҳаммаслаконаш ки нахостанд таслим шаванд, кушта гардид.
1 факти ҷолибе, ки афсаре дар он шабу рӯз қисса кард ин аст, ки ҷасади Ҳоҷӣ Ҳалимро ба харе бор карда мехостанд барои ташхис биоранд. Тифоқо, он хар ба ҷарӣ меғалтад ва чанд метр парида рост рӯи ҷасади хиёнаткор мезанаду хуни хару хунии ҳоҷии мо ба ҳам омехта мешавад. Зираке мегӯяд, «Хар, ки буд, харона мурд…».

Маҳмадрӯзиро ӯ фурӯхт?
Номи Ҳоҷӣ Ҳалим соли 2004 расонаӣ шуд, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров-собиқ раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистонро дар Маскав боздошт ва ба Душанбе роҳӣ карданд. Он замон овоза шуд, ки ба боздошти раиси ҲДТ маҳз Ҳоҷӣ Ҳалим мусоидат кардааст. Худи ӯ бошад, дар моҳи январи соли 2013 дар сӯҳбат бо 1 расонаҳои хориҷӣ ин овозаро беасос баровард ва гуфт: «Маҳмадрузӣ дар мусоҳиба гуфтааст, ман ба ӯ занг задам, ки пеши ман ояд. Аммо Худо шоҳид аст, ки ӯ пеши ман омад. Ман ӯро даъват накардаам, балки худи ӯ пеши ман омад. Он рӯз назди хонаи ман дар қарибии метрои Шоссе Энтузиастов омада, занг зад ва баъд ман пеши Маҳмадрузӣ рафтам. Ин як. Дуюм. Баъд аз он вохӯрӣ ӯро боздошт карда, баъд аз он ҷавоб доданд. Маротибаи дуюм вақте ӯро боздошт карданд, ман дар Душанбе будам».

Кассири Ҳоҷӣ Ҳалим
6.09.2015. ВКД ҶТ эълон кард, ки аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳар моҳ 100 доллар ва маводи ғизоӣ дарёфт мекардаанд. Вазорат манбаи пулҳоро ошкор накард, вале Сироҷиддин Одинаев, маъруф ба лақаби Ҳоҷӣ Сироҷ, собиқ корманди Вазорати дифоъро "кассир"-и ин гурӯҳ гуфт. Аъзои ин гурӯҳ шаби 3 ба 4 сентябр низ дар хонаи Ҳоҷӣ Сироҷ дар кӯчаи Сари Осиёи ш.Душанбе ҷамъ омада будаанд. ВКД Фозилбек Аюбов ва Хуршед Холиқовро ҳамчун телехҳои ғайриқонунии Ҳоҷӣ Ҳалим муаррифӣ карда, аз фирори Файзулло Абдуллоев, сокини маҳаллаи Чортути н.Рӯдакӣ ва узви ин гурӯҳ хабар дод. Файзулло барои итоат накардан ба кормандони пулис ва оташ кушодан ба сӯи онҳо айбдор мешавад. Аз ин пеш ВКД аз боздошти 2 афсари Вазорати дифои кишвар барои "мусоидат" ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат хабар дода буд. Аз онҳо подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии қисми низомии Вазорати дифоъ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва майор Насим Юсуфов, нозири калони Раёсати молия ва буҷаи Вазорати дифоъ ном бурда мешуд. ВКД барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим 2 корманди пешини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ-Баҳодур Кабиров ва Тоҷиддин Собировро низ айбдор кард. Онҳо дар нафақа буда, тибқи иттилои расмӣ, наздик ба 1000 сомонӣ пенсия мегирифтаанд…

Ҳоҷӣ Ҳалим ва 199 хиёнаткори ӯ...
Сафаралӣ Мирзозода, сарпрокурори ҳарбии Генпрокуратураи ҶТ ва раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 аз 199 нафар ҳаммаслакони муовини собиқи вазири дифоъ-Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), ки даст ба табаддулоти давлатӣ заданӣ буданд, 20 нафарашон хизматчии ҳарбӣ мебошанд. «Аз ин ҳисоб 172 парванда ба гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боқимонда ба аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ марбут аст. 40 тани дигар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд»

Ба ҷои хулоса
Ин додуситад расо 3 сол пеш сурат гирифта буд, ки ҳадафмандона сараш таваққуф кардем. Вале ба назар мерасад, ки аз он 100 сол гузаштааст. Шояд ба ин сабаб, ки фаромӯшӣ шудаему ҳушёрии сиёсиро аз даст додаем? Шояд! Зеро баъди ин ошӯби генералӣ боз чандин афсару сарбози дигар низ «муҷоҳид» шудаву ба сафи ба ном Давлати исломӣ пайвастанду касе аз мақомот барои ин ҷурм расман посух надод, ки надод.

Шаҳрзоди Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter