ХАБАРИ ДОҒ

Асари ҳунариро ҳунаршинос баҳо диҳад!

  • Панҷшанбе, Сен 27 2018

Дар боби тасовири рассоми ҷавон (Маърифат Давлатова)-е чандест баҳс идома мекунад. Дирӯз боз 1 матлабе аз Шоираи Раҳимҷонро хондам ва он чизҳоеро, ки ба ҷонибдории афкори ӯ ва баръакси он баён шудаанд. Чанде пеш банда низ андешаҳоямро мухтасар дар навиштае бо номи "Зикри 3 масъала ва хеле мухтасар" (1 масъала ба ҳамин мавзӯъ бастагӣ дошт) иброз карда будам. Мебинам, ки касе аз ин гурӯҳи бузурги баҳскунандагон онро нахондааст. Мехоҳам фарохтар нависам, аммо ҳолдоне гуфт, ки мухтасар навиштан беҳтар, чизи муфассалро дар фейсбук то охир намехонанд. Олами ҳунар вижагиҳо дорад, қонунҳои хоси эҷод ва ҳазору як назокати дигар дорад. Танҳо аз як мавзеъ ба ҳунар (хоса рассомӣ) доварӣ нашояд, масъаларо дар кулл бояд ба мизони андеша гирифт. Набояд рӯҳияи ҳунармандеро зери по кард (касе набошад), дар бораи ҳунару адабу фарҳанг сарсарӣ, бо эҳсосоту кибру ғурур ва аз мавқеи миллату марзу бум набояд нигарист. Олами ҳунар аслан марз надорад, Рембранди бузургро ба хотири он ки 2 сояи 1 чароғро дар 1 манзара акс кард, касе чизе нагуфт, чун фардияти эҷодиашро, назари хосашро манзур сохт. Ба асари ҳунарӣ бояд олимони ҳунаршинос (искусствовед) аввалтар аз дигарон баҳо диҳанд. Сабаби ин қадар шӯр барангехтани 1 амали ҳунарӣ фаҳмост: мо ба дарки дурусту илмии рассомӣ, муҷассамасозӣ ва санъати театру синамо то кунун нарасидаем, чунки бино ба сабабҳои маълуми марбут ба дину эътиқод ин навъи ҳунарҳо дар мо рушд надоштанд. Дарки ҳиссӣ (чувственное восприятие) ҳаст, аммо дарки фарохтаре аз он нест... Ин ҷо нуқтаи назари уламои эстетика лозим аст, илми зебоишиносӣ, ки дар мо, мутаассифона, рушд надорад, ниҳоят кунд аст, ҳоло дуруст ташаккул наёфтааст. Агар иддаои аксар мунтақидон ҳамон як детал, як ҷузъиёти тасвир (тасвири шими занона) бошад, пас, ба хотири як детал тамоми осорро сарнагунӣ нашояд. Дуруст, чанд ҷузъиёте ҳаст, ки ин ҳама гуфту шунуфт ба хотири ҳамонҳост, аммо касе маҷмӯан чизе дурусту воқеӣ ва бар асоси назариёти ҳунаршиносӣ намегӯяд...



Ғоя, идея ва тахаййул
Муҷассамаи "Лаокоон"-ро, ки мори обие то ба гулӯяш печида, аммо чеҳрааш ором аст, бисёриҳо амале ғайривоқеӣ гуфтанд, чунки дар чеҳраи он пайкара ё ҳайкал нишоне аз даҳшату ваҳшат набуд. Ин чӣ гуна мешудааст, ки мор то гулӯ одамро бупечаду чеҳра ором бошад? Сабабаш - мавқеи басо ҳунармандонаи муҷассамасоз буд, ки ба ишораи Лессинг, идомаи он амалро ба диду дарёфти тамошобин ҳавола мекард, яъне давоми он ҳолати пурдаҳшатро тамошобин бояд дар мазраи тафаккураш ба таҳлил бигирад. Ин кор махсус карда мешавад: ҷалби тамошобин ба раванди эҷод. Бад-ин минвол мисолҳои зиёде аз ҳунари рассомиву манзаранигорӣ овардан мумкин. Баъдан, ин баҳс ягон манифиате барои рушди ҳунар нахоҳад овард. Касе гуфт, ки ин рассом дар саҳни боғу роғ ё ҷои дигаре расмҳояшро ба намоиш нагузоштааст-ку? Дуруст гуфт. Ин 1 намоишгоҳи маҳдуд аст, он ҷо фақат онҳое хоҳанд рафт, ки ба ин ҳунар бастагие доранд. Асари адабиро мунаққид, дигар навъи осори ҳунариро мунтақидони касбии ҳамон соҳаҳо арзишдоварӣ мекунанд. Пас, хуб мебуд, ки онҳо сараввал чизе бигӯянд...

Ҳафиз Раҳмонӣ,
донишманд

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter