ХАБАРИ ДОҒ

«Ҳазрат»-и ҲНИТ
Моҳи ноябри с.1993 Ризвон Садиров ҳамроҳи гурӯҳи сар то по мусаллаҳаш, ки иборат аз 50 нафар буданд, ба қароргоҳи Ҳизби наҳзати ислом, ба ш.Толиқони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтанд. Роҳбарони ҳукумати Тоҷикистон, қумондонону фармондеҳон, мардуми оддии водии Қаротегину Дарвоз ва Бадахшон фикр мекарданд, ки бо ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт ва акнун марзбонони рус марзро мебанданду дигар ягон муҷоҳид наметавонад вориди Тоҷикистон шавад. Зеро тибқи ахбороте, ки он солҳо кошифони ҳарбӣ пешниҳод мекарданд, дар фаъолияти роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳарҷу марҷҳое рӯ задааст ва онҳо дигар асло ҳеҷ қудрате надоранд, ки аз нав ҷабҳаи ҷиҳодӣ созмон диҳанд, зеро нерӯҳояшон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар тамоман пароканда шудаанд… Ризвон ягона қумондони оппозитсия буд, ки солҳои 1992-93 ҳудуди кишварро тарк накарда, бо 1 гурӯҳи хурд дар сангарҳо майдондорӣ ва таҷрибаи хуби ҷангӣ пайдо карда буд. Ӯро дар дохил ва хориҷи кишвар ба унвони фармондеҳи муқовимати зидди давлати Тоҷикистон мешинохтанд ва тарафдоронаш бо эҳтиром «Ҳазрат»-аш меномиданд. Ғайричашмдошт, ӯ тирамоҳи с.1993 тасмим гирифт, ки ба ситоди роҳбарони ҲНИТ, ба ш.Толиқони ҶИА биравад. Ӯ баъдтар ин сафари худро ба хабарнигоре чунин шарҳ дода буд: «Ба мо роҳбарони ҲНИТ маслиҳат дода буданд, ки дар дохили кишвар бояд муборизаи худро давом диҳем, то ки ҷабҳаи муҷоҳиддин пароканда нагардад. Онҳо ваъда дода буданд, ки баъди 1-2 моҳ бояд ба мо ёрии ҳарбӣ: силоҳу муҳимот, сару либос ва хӯрока мерасонданд, лек дар давоми 2 сол аз роҳбарони ҲНИТ ҳеҷ ёрие надидем. Онҳо дар Афғонистон аз пулҳое, ки ба ивази хуни муҷоҳидон ба даст омадааст, машғули айшу ишрат ҳастанд. Мақсади сафар ҳамин буд, ки бояд ҳатман ба Афғонистон биравам ва бубинам, ки чаро роҳбарони ҲНИТ масъалаи фиристодани нирӯ ва аслиҳаи ҳарбиро ҷиддӣ намегиранд…».

 Ризвон-сарлашкари ҲНИТ
Журналист ва нависанда Хайриддини Қосим дар китобаш «Ризвон-қотил!!!» менигорад, ки «То омадани Ризвон ба Толиқон он афроди мусаллаҳе, ки худро муҷоҳид меномиданд, дар вазъияти ногувор қарор доштанд. Аксар аз фармондеҳони дастаҳои мусаллаҳ бар хешу табор, ҳамдеҳагон ва ҳаммаҳаллаҳои хеш фармонравоӣ мекарданд. Баъзе аз ин фармондеҳон дигаронро қабул надоштанд ва ҳар кас ба сари худ ҳоким буд. Азбаски аксар аз ин афрод аз қабили Ҳаким, Ёқуб, Аъзам, Алӣ, Мирзо, Амирбек дар Тоҷикистон собиқаи табаҳкорию зӯргӯӣ (рекэт) доштанд, ҳатто ба устод Нурӣ сар намефароварданд. Инсофан бояд гуфт, ки Ризвон барои поён додан ба ин худхоҳиҳои фармондеҳон 1 силсила иқдомҳои хубро амалӣ кард (иқдоми хуб барои ҲНИТ на Тоҷикистон-ред.). Аввалан, ҳамаи саркашонро таҳти парчами артиши Наҳзати Исломии Тоҷикистон муттаҳид сохт. Дуввум, теъдоде аз афроди саркашу худхоҳро аз артиш ихроҷ карда, нирӯи низомии муқтадиреро сару сомон бахшид».
Ризвон бо суханрониҳои оташинаш дили мардумро ба ҷиҳод гарм кард. Ӯ ба муллоҳо силоҳ дода, онҳоро дар қатори аввал гузошт ва даъват ба амал овард, ки фарзандонашонро минбаъд барои таҳсил ба мадрасаҳои кишварҳои мусулмонӣ нафиристанд, ба сафи муҷоҳиддин бипайванданд. Зеро маҳз ҳамин муллоҳо буданд, ки бо тарғиботи дурӯғин байни миллати тоҷик тафриқа андохтанд. Гуфтанд, ки муҷоҳид шаведу силоҳ гиред. Ҳатто фатво доданд, ки тирро ба осмон ҳам парронед, малоикаҳое ҳастанд, ки он тирро гирифта бурда рост ба синаи душманони ислом мезананд. Боз фатво доданд, ки касе дар ҷиҳод шаҳид шавад рост ба биҳишт рафта, абадулабад дар биҳишт бо ҳурони зиёде дар лаби ҳавзи Кавсар зери сояи дарахти тубӣ маишат карда мегардад. Пас чаро муллоҳою шайхҳо ва фарзандони онҳо аз шаҳид шудан тарсида ба Афғонистону Покистон ва Ирон паноҳ оварданд? Ин иқдоми Ризвон ба Ҷаноби Нурӣ писанд афтод. Замоне тасмим бар ин шуд, ки зимоми умури низомӣ ба дасти 1 нафар вогузор гардад, андешаи роҳбарони Наҳзат чунин буд, ки аз ӯ номзади беҳтаре нест...

«Шогирд»и нохалафи Масъуд…
Нақл мекунанд, ки Шӯрои фармондеҳони ҲНИТ Ҷумъабой Хоҷаев, Хоҷа Абдурашиди язғуломӣ, Саламшои Муҳаббат, Мулло Маҳмадрасул, Мулло Абдураҳим Каримов ин таъинотро напазируфтанд. Онҳо бо далелҳои зиёд исбот кардан мехостанд, ки Ризвон шоистаи чунин мақоми баландро надорад. Зеро:
-Ризвон бадрафтор аст;
-Ризвон ахлоқи исломӣ надорад;
-Ризвон аъзои ҲНИТ нест;
-Ризвон террорист аст;
-Ризвон нафари тасодуфиест, ки аз омӯзиши ҲНИТ нагузаштааст.
Аммо ин сифатҳои Ризвон роҳбарони сиёсии наҳзатро чандон нигарон намекард. Онҳо бовар доштанд, ки бо роҳи таълиму тадрис метавонанд дар муддати кутоҳ аз ӯ 1 тан муҷоҳиди роҳи Ҳақ ва мутеъе созанд. Аз ин ҷост, ки устод Нурӣ шабҳо бо ӯ сӯҳбатҳо мекард. Дар охир ба хулосае омаданд, ки муддате Аҳмадшои Масъуд ӯро таҳти тарбияи худ гирад. Масъуд ин хоҳиши Нуриро пазируфта, ӯро ба шогирдӣ қабул кард, то ки муддате ахлоқи ҳамидаи исломӣ ва майдондорию ҷавонмардиро биомӯзад. Ризвон тӯли 6 моҳ дар ш.Кобул, дараи Панҷшер ва атрофи он аз Аҳмадшоҳ дарси ҷиҳод омӯхт. Амири Соҳиб ба Ризвон таъкид мекард, ки ҳангоми ҷанг раҳму шафқат ба асирон яке аз тадбирҳоест, ки ӯро ба ғалаба расонидааст. Аммо Ризвон тайи солҳои 1992-93, ҳини дар дохили кишвар «ҷиҳод» карданаш асирони ҳарбиро аз як сар қатл мекард. Дар суҳбате мухбирон аз ӯ мепурсанд: «ҳарбиёнеро, ки асир мегирӣ, дар куҷоянд? Дар кадом шароит нигоҳдорӣ мекунед?». Ӯ бовиқор ва сарбаландона мегӯяд, ки «Мо ягон нафарро асир намегирем. Касе ба мо таслим шавад, сарашро ҳатман аз тан ҷудо мекунем!»

Асрори ҷанги 5-солаи Ризвон
Дар он солҳо Тавилдара яке аз нуқтаҳои муҳими стратегӣ ба шумор мерафт. Зеро он гурӯҳҳое, ки дар дохил ҷиҳод мекарданд, аз шоҳроҳи Тавилдара-Хоруғ-Кобул кор мегирифтанд. Силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва ҳама робитаҳо ба воситаи ҳамин шоҳроҳ сурат мегирифт. Аз ин ҷост, ки баробари сари қудрат омадани ҳукумати нав, аввалин шуда дар аввали моҳи феврали с.1993 фронти халқӣ таҳти фармони Нуралӣ Шералӣ ба Тавилдара ворид шуда, шоҳроҳи Помир-Душанберо зери назорат гирифта, роҳи иртиботии мухолифинро ба Дарвоз, умуман Бадахшону Афғонистон бастанд. Аз феврали с.1993 то 27.06.1997, замони имзои созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, Тавилдара ба 1 нуқтаи доғ табдил ёфта, тайи 5 сол хунинтарин муҳорибаҳо ва задухӯрдҳо дар Тавилдара ба амал омаданд. Лек ин ҳама асрори ҷанги 5-сола дар сояи кӯҳҳои баланд маҳфуз монданд. Агар каме бепарвоию танбалӣ кунем, он ҳама лаҳзаҳои таърихӣ ба боди фаромушӣ мераванд. Ва наслҳои оянда аз ҳақиқати таърихӣ ноогоҳ мемонанд. Хушбахтона аз ин воқеаҳо навакак чанд солаке гузаштаву ҳазорон шоҳидон, иштирокчиёни он воқеаҳои хунин сиҳату саломат ва зиндаанд. Пас бояд бикӯшем, ки ҳар лаҳза ва соати фоҷиаи миллатро рӯи коғаз биорем. Ба хонандагон сабабҳои фоҷиа ва чеҳраҳои дастандаркори онро нишон бидиҳем.

Давом дорад


Маҳдӣ Собир,
полковник, журналисти ҳарбӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter