ХАБАРИ ДОҒ

Даъват ба озмун, аммо тарзи кор дигар

  • Чоршанбе, Фев 13 2019


- Ман Самиев Шӯҳрат Солиҳович, соли таваллудам 18.12.86 сокини н.Темурмалик, ҷамоати деҳоти Кангурт, соли 2005 баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2010 донишгоҳро  бо ихтисоси боғдор ва ангурпарвар хатм намудам. Бинобар сабаби ғайри шартномавӣ бо маблағи Ҳукумату давлат таҳсил карданам, маро донишгоҳ ба зодгоҳам ба хоҷагии Кангурт ба кор равон карданд. Роҳбари хоҷагӣ зимни муроҷиатам гуфт, ки ҷойи кори холӣ надорад ва бояд сабр кунам.
   Ман ҳамон сол оиладор шуда,  баъди 1-соли интизорӣ ба Федератсияи Россия ба мардикорӣ рафтам. Баъди 1 сол баргаштам боз ба назди роҳбари хоҷагӣ рафтам, ҷои кор набуд ва ман бекор намонам гуфта, ба идораи шабакаҳои барқи ноҳия ба ҳайси барқкор ба кор даромадам. Дар ин идора 5 сол кор кардам,  азбаски ихтисоси ман барқкорӣ набуд, қариб бо фалокати барқӣ дучор шавам. Бо ҳамин сабаб аз барқкорӣ даст кашидам.
   Шунидам, ки дар ҷамоати Қаракашиш барои ҷавононро ба хизмати Ватан-Модар даъват намудан 1 ҷои кор ҳаст ва ба назди раиси ҷамоат рафтам. Вай ба ман гуфт, ин кори Комиссариати ҳарбии ноҳия ва раиси ноҳия мебошад, ба назди раиси ноҳия ва Комиссариати ҳарбӣ рафтам. Ба ман барои ба озмун гузаштан нусхаи шиноснома, диплом ва якчанд ҳуҷчатҳои дигарро омода кун гуфтанд, ман ҳамаашро ҷамъ карда, бурда дар Ҳукумати ноҳия супоридам ва интизор шудам, ки кай озмун баргузор мешавад. Баъдан фаҳмидам, ки шахси дигаре алакай кор карда истодаасту боз тасмим гирифтам барои мардикорӣ ба Федератсияи Россия равам. Баъди 1 сол баргашта боз омадам ва шунидам, ки дар ҷамоати Кангурт ва ҷамоати Карақашиш ҷои корӣ бо ихтисоси ман, яъне заминсоз-агроном мавҷуд мебошад. Ба назди раисони ҷамоат рафтам, гуфтанд раиси ноҳия аз ӯҳдаи ин кор мебарояд, ба назди раиси ноҳия рафтам, боз барои озмун ва аз озмун гузаштан ҳуҷҷат тайёр карда, бурда супоридам.    Аз байн 2 моҳ гузашт бе даъват ба озмун шахсони дигар ин ҷойро соҳиб шуданду ман боз мондам. Фаҳмидам, ки озмун барои одамони бепул ва хешутабор надошта будааст…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter