ХАБАРИ ДОҒ

Мо ва мушкилоти мо

Дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати мамлакат, ки охирҳои соли 2018 сурат гирифта буд, аз зиёд шудани гирифторони касалиҳои гепатит ва ВНМО-Вируси норасоии масунияти одам, яъне ВИЧ/СПИД дар мамлакат изҳори нигаронӣ карда, таъкид шуд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор вазъи санитарӣ ва эпидемиологии тамоми сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ҳаммомҳо ва стоматологияҳои ҷумҳурӣ аз санҷиш гузаронида шуда, фаъолияти минбаъдаи ин муассисаҳо бояд дар зери назорати қатъии мақомот бошад.
    Бархе аз ҳолдонҳо мегӯянд, ки ин супориш дар пайи гузоришҳои пайвастаи ташкилот ва созмонҳои байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди саломатии мардуми Тоҷикистон, хосса кӯдакону наврасон, ки ҳамеша бардурӯғ омода шуда, дар аксари мавридҳо асоси воқеӣ надоранд, дода шудааст ва мақсад аз ин муайан намудани теъдоди аниқи беморон, табобати онҳо ва роҳандозии корҳои профилактикӣ барои пешгирӣ аз касалиҳои гепатиту ВНМО мебошад.
  
Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода-минтақаи хавф?
   Аз 15.01.2019 муоинаи тиббии хонандагони 1 қатор мактабҳои миёнаи кишвар шурӯъ гашта, он то 10.02.2019 идома хоҳад ёфт. Пеш аз ҳама аз ин муоина хонандагони мактабҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода, ки хамчун минтақаи хавфнок ҳисоби мешаванд, аз синфи 1 то 11 гузаштанд. Оғози ин муоинаи тиббии мактаббачагон боиси сар задани ҳар гуна шарҳу фарзияҳо дар шабакаҳои ичтимоӣ гашт. Бархе аз сокинон мегуфтанд, ки ин амал бар хилофи розигии волидайн сурат гирифта, қисмати дигаре бар он ақидаанд, ки ин амалиёт-муоинаи мактаббачагон барои маълум кардани бемории ВНМО махсус аз ҷониби ташкилотҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, мақсад аз он коҳиш додани имиҷи 1 кишвар мебошад.
   Бибихонум Дарвешзода, роҳбари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии ҶТ дар ҳамин ҳол иброз дошт, ки муоинаи тиббии мактаббачагон дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии кишвар сурат гирифта, дар ин маврид дар Протоколи маҷлиси Ҳукумати ҶТ аз 27.04.2018 низ таъкид карда шудааст. Ин муоина дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ гузаронида шуда, мақсад аз ин муоина ин санҷидани саломатии насли наврас, дар сурати гирифтор будан ошкор намудани ин беморӣ ва сари вақт табобат кардану пешгирӣ намудани он мебошад, на чизи дигар.
   - Ин муоина аз тарафи мутахассисони Маркази пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД-ВНМО ба таври ройгон гузаронида шуда, падару модарон пеш аз ҳама дар ин бора бояд огоҳ карда шаванд. Муаллимони мактабҳо пеш аз муоина бояд волидайнро огоҳ сохта, танҳо бо розигии онҳо аз кӯдакон хун бигиранд. Барои ин амалиёт дар мактабҳо бояд утоқи махсус ҷудо ва муҷаҳҳазгардонида амал карда, тамоми лавозимоти тиббӣ маводҳои якбормасраф буда, талаботҳои санитариву эпидемиологӣ бояд ҷиддан риоя гарданд. Падару модарони хоҳишманд метавонанд дар вақти муоинаи фарзандашон иштирок намуда, махфияти натиҷаи ташхиси хун кафолат дода мешавад, дар сурати ошкор шудани беморӣ падару модарон огоҳ карда шуда, барои табобати минбаъда даъват карда мешаванд, - таъкид медорад Бибихонум Дарвешзода.

Ман ва қиссаи 1 дандони ман
    2 ҳафта пеш дарди дандон хуруҷ карду маҷбур шудам таксӣ гирифта, ба сӯи стоматологияи «1 Советский» роҳ пеш бигирам, зеро имрӯз танҳо дар ин беморхона, ки ҳамзамон Маркази бемориҳои ҷоғу дандон низ ҳаст, беморони мисли ман дарди шадиди дандон дошта, метавонанд дандони худро бикананд. Пас аз дастури Президенти кишвар дар бораи афзоиши бемориҳои сироятӣ, амсоли гепатит ва ВИЧ/СПИД маҳз тавассути дандонпизишкӣ, айни замон дари аксарияти духтурхонаҳои дандон баста шуда, қисми зиёди духтурони дандон аз кандани дандон даст кашидаанд. Ҳоло агар дандонат дард кунад бояд ба стоматологияи «1 Советский» биравӣ, зеро дар дигар ҷо дандон намекананд!
   Хуб, рӯзе, ки ман ба инҷо омадам, ба ҷуз 2 тан аз духтурон-навбатдорони қабулгоҳи шабонарӯзӣ дигар касе кор намекард. Онҳо маро хуб қабул карданд, вале гуфтанд, ки бо сабаби он, ки айни ҳол дар марказ корҳои профилактикӣ гузаронида шуда истодааст, наметавонанд дандон бикананд. Мисли ман корафтодаҳо, дурустараш дандондардкардаҳо хеле зиёд буд, вале духтурон низ чорае надоштанд.
   Маҷбур шудам тавассути дӯстонам восита пайдо карда, ба стоматологияи кӯдакона, воқеъ дар гардиши маҳаллаи 33 биравам-гуфтанд шояд калонсолонро низ қабул кунанд. Аммо дар ин беморхона гуфтанд, ки танҳо дандони кӯдаконро мекананд ва ин ҳам пас аз муоинаи хун! Аз шиноси дигарам пурсидам, ки дар куҷо дандон кандан мумкин аст, ӯ гуфт, ки дар стоматология қафои таваллудхонаи №3, дар маҳаллаи 103 шояд бикананд, боз таксӣ гирифта, ба он сӯ шитофтам, вале тирам хок хӯрду дандон ҳамоно дард дошт, дарди шадид! Билохира, маҷбур шудам ба яке аз мансабдорони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии кишвар занг зада, аз ин сарсониам шикоят кунам, бо тавсия ва дахолати ӯ ба стоматологияе рафтаму онҷо дандонамро канданд-агар он рӯз намекандам, мумкин буд баъдан ҷоғро ҷарроҳӣ намуда, мушкилро бартараф мекарданд.
   Хулоса, ними он рӯзам барои аз ин стоматология ба дигар стоматология рафтан гузашту он рӯз хуб таксисаворӣ кардам. Ба ҳар ҳол бо кӯмаки дӯстон мушкилам бартараф шуд, вале мардуми дигар, ки шояд мисли ман журналист нестанду шиносу восита надоранд, хосса онҳое, ки аз ноҳияҳои тобеи марказ ба дандонканӣ меоянд, дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунанд!?
  
Дандонро кӣ канад? Ҷарроҳ!
 Бибихонум Дарвешзода, роҳбари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии кишвар мегӯяд, ки касе аз ниҳодҳои марбута кандани дандонро ба духтурони стоматологияҳо, алалхусус хусусӣ манъ накардааст, баръакс барои баъзе аз дандонпизишкон ин баҳонаи хуб шуду ҳоло онҳо «дандон намеканем!»-гуфта масъулитро аз худ дур кардаанду танҳо ба муолиҷа ва мондани дандон машғуланду бас.
 - Пас аз санҷишҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи тиб дар аксари стоматологияҳо камбудиҳои ҷиддӣ дар самти риояи талаботҳои санитариву эпидемиологӣ ошкор карда шуда, ба онҳо тавсия дода шуд, ки барои кандани дандон аз лавозимоти тиббии якбормасрафи босифат истифода бубаранд. Талаботи дигар ин буд, ки дандонро танҳо ва танҳо бояд стоматолог-ҷарроҳ биканад, на духтури оддӣ ё ҳамшира ва ё таҷрибаомӯз, аммо бархе аз духтурон ин талаботро барои беморон ба таври дигар шарҳ дода, аз дандонканӣ даст кашида истодаанд. Баъдан пеш аз кандани дандон бемор бояд аз муоинаи рентгенӣ ва ташхиси хун бигзарад ва маълум созад, ки гирифтори бемории гепатит ва ё ВНМО нест-ин хеле муҳим аст, то дигаронро сироят накунад,-иброз медорад Бибихонум Дарвешзода дар ин маврид.
   Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter