ХАБАРИ ДОҒ


(Памфлет)

Ба назар мерасад, ки ба суоли риторикии В.И.Ленин, баъди расо 100 сол, Гавҳар Шарофзода посух ёфтааст. Ӯ моро наҷот хоҳад дод. Кӣ? Не, Ленин натавонист, Гавҳар-апа наҷотамон медиҳад. Метавонад!
Мактуби кушода ба хонум (ё шояд бону? Боз ҷарима нашавам?!) Гавҳар Шарофзода-Раис (ё шояд Раиса)-и Кумита (бало занад ин калима ҳам хориҷист-ку?!)-и Забон ва истилоҳот (арабӣ, яъне хориҷӣ, аниқ ҷарима мешавам!!!)-и назди Ҳукумати ҶТ.
 Ман, апаи Гавҳар (апа аниқ ҷарима аст, зеро шевагист!) ин номаъқулиро ҳаргиз накардаам. Кадом номаъқулӣ? Мактуби кушода ба масъуле (боз арабӣ шуд) нанавиштаам. Нома ба Дмитрий Медведев-президенти Федератсияи Русия (президент вожаи хориҷист…эҳ, апае дигар аз тарси Шумо намедонам чӣ нависам!) кори дигар буд. Ӯ дӯсти замони баччагиям ҳаст (баччагӣ, апаҷон, навиштан мумкин-мӣ? Лаҳчавӣ нест???) ва он вақт ман манфиати Миллати Тоҷикро ҳифз карда будам (Открытое письмо моему сверстнику Дмитрию Медведеву www.cccp.tj).
 Аммо ба Шумо менависам. Ва медонед барои чӣ? Барои он ки апаи мӯҳтарам(а) ман ва мо-журналистони Тоҷик аз тарси Кумитаи зертобеатон намедонем дигар чӣ нависему чӣ на?! Шояд саволе пайдо шавад, ки чаро дар вожаи мӯҳтарама А-ро қафасӣ кардам? Зеро тибқи талаботи Кумитаи Шумо зан раисА ҳам бошад, бояд раис навишта мешаваду мӯҳтарамА низ гардад, мӯҳтарам. Ё нотуғрӣ-мӣ (туғрӣ навиштан мумкин-мӣ, ё не?).
 Апаҷон, медонам, ки БОНУ нависам хубтар мебарояд, аммо боз ҳам аз Шумо метарсам. Метарсам, мегӯед, «калимаеро, ки аз истифода баромадааст, ба кор бурда»-ам. О, дар номаи гизала (медонам лаҳҷавист, аммо хашмгин нависам бо як баҳонаи наве барои ҷарима меёбед ку апаҷон: Шумо усто дар ин кор!), ки ба унвонии редаксияи мо равон кардаед (воқеан дигар редаксия нанависед, ки айб аст, калимаи бегона аст), таъкид доштаед, ки ин калимаҳоро истифода накунем, ки аз истифода мондаанд. Мисле, ки дар номаи расмиятон навиштаед, ки;
Руасо, вузаро, сутур, суфуф, уламо, оқсо (шояд Ақсо будагист?)… аз истифода баромада будаанду СССР онҳоро истифода мекардааст...
 Апаҷони худам. Намегӯед, ки ин вожаҳои бечораро кай ва кӣ аз истифода бароварда бошад? Шумо доноед-ку? Ҳама чиро медонед. Аммо мо-журналистони нодон аз куҷо донем, ки инҳо аз истифода баромадаанд? Шояд фармони аз кор баровардани ин калимаҳоро низ ба мо шарҳ медиҳед? Масалан, таҳти фармони №…аз рӯзи… фалону бисмадон ва бо имзои мубораку қудсии Шумо онҳо аз истифода бароварда шудаанд! Касе онҳоро корбаст кард, штраф, бубахшед, ҷарима мешавад. Воқеан ҳам фарқаш чӣ штраф мекунед, ё ҷарима? О, ҳарду вожа хориҷиянд-ку?!
 Апаҷон! 1 пешниҳод: шумо беҳтараш ин вожаҳоро ба гурӯҳи ифротӣ дароред. Мисле, ки ҳоло зери матлаби нохушоянде «лайк» монанд суд мешаванд, навиштем, бареду маҳкам кунед. Бовар кунед, Гавҳарбону дар 2 ҳафта ин вожаҳо гум мешаванд. Ё аз ҳама хубаш калимаҳои барои шумо «бегонаву хориҷиву аз истифода» мондаро суд кунед. Чаро не? Тасаввур кунед, Шумои азиз дар бари боло шиштаеду паси панҷара ҳазорон-ҳазор калима бо сари хам нишастаанд. Ва ҳукм мекунед: Аз истифода бароед!!! Дар 1 сония ситораи заминиву осмонӣ мешавед: кам не, ғам не, вожаҳоро суд мекунед. Охир, дигар ҳамааш дар дасти худатон-ку?
 Фарзи мисол бигирем, калимаҳои оппозитсия, республика, сиркач, дефицит, редколлегия, газета, коллектив, паспорт, дивизия, бокс, кандидат, фермер, инфаркт, инсулт…ро. Дар Хулосаи экспертизаатон инҳоро радди маърака баровардаед-ку? (Боз экспертиза, мабодо ҷаримаатон накунанд апа? Ҳамин калимаи бегонаро гум кунед аз номаи расмиятон!!!). Вале апаҷон мабодо, Худо нишон надиҳаду инсулт шавед ва ё инфаркт…ва духтур сари бистаратон ҳамин ташхис (арабӣ), яъне диагноз (тиббӣ)-ро гузорад, илтимос хеста, гиребонашро нақаппед (боз лаҳҷа, ки аз тарафи шумо ронда шудааст) ва ҷаримааш накунед. Сиҳҳат, ки шудед баъд мефаҳмед, ки духтури хуб дефицит, бубахшед, камёб асту дар «коллектив» кор мекунаду «паспорт»-и тоҷикӣ дораду «газета» мехонад…
Воқеан ҳам апаи ҳамадонам барои корбасти калимаи газета-газит метавонед Фирдавсиро ба суд диҳеду «Шоҳнома»-ашро ба прокуратура (эҳ, сабил, апаҷон чаро додситонӣ намегӯед-а? Мабодо штрафатон накунанд?!). Ун бесавод навиштааст-ку?
-Газиташ бидоданд Хоқони Чин…
Воқеан ҳам, апаҷон, дуруст мегӯед, ки мо-журналистони бесавод бояд вожаи ТЕРРОР-ро корбаст накунем. На-ме-ку-нем. Аммо апаҷон, намешавад, пеш аз ин Шумо фармон диҳед, то дар КДАМ ҶТ Раёсати мубориза бо терроризм…баста шавад? О, калимаи бегона ку, а апаҷон? Нағз мешавад. Кумитаи забон…Раёсати муҳимтарини Кумитаи Давлати Амнияти Миллиро баст! «Звучит?»… «Ещё как!»
Хоҷагиҳои фермериро, ки апаҷон бо дастури бевоситаи Президенти ҶТ (президент гуфтан мумкин-мӣ апа? Вожаи хориҷӣ ку?) таъсис ёфтаанд, куллан бояд барҳам зад! Зеро, Шумо апаҷон, корбасти ин калимаро низ барои мо манъ кардаед-ку?
 Эҳ, зурӣ, ба Худо, зурӣ апаҷон (истед, ки апа Худо гӯем хуб аст ё Аллоҳ? Мабодо инаш лаҳҷавию унаш хориҷӣ набошад гуфта мепурсам).  Вагарна зӯри кӣ мерасад, ки вожаҳои нуқот, эман, ҷамоҳир, авохир, лағв…ро вожаҳои зидди забони тоҷикӣ эълон кунад? Яктоед! Номатонро ҳазор сония пас (ё сол мӣ?) ҳатман бо ҳуруф (мебахшед ҷаримавожа шуд), ҳарфҳои заррин (ё тило гӯям-мӣ апа? Кадомаш аз истифода монда бошад, худатон лағв, бубахшед, нест кунед!) дар пушти ҳама талу теппаву хонаву паскӯчаҳо ҳатман хоҳанд навишт. Охир Шумо намебудед, ин забон мемурд!
Ин забон бо даводаву ҷоннисориҳои бевоситаи Шумо-апаи нозанин калимаву ибороти нанотехнологияи навин, вожаҳои компутариву интернетиву барномасозиву кайҳониву физику химиявиро қабул накард. Кӣ гуфт, забонро догма, шох, санг, шах ва мурда кардед? Кӣ гуфт бе воридшавии калимаҳои нави илму технологӣ забони миллати зинда мемирад? Мурдан гирад! Аммо Шумо, апаҷон, нагузоред, ки ягон калимаи нав ба ин забон дохил гардад… Бигзор миллати қафомонда бошем, аммо мисли салафиҳо сӯи ақиб баред моро, бо қадамҳои калон-калон. Забони мо бояд забони 1100 сол пешина бошад, забони Рӯдакӣ бошад, Фирдавсӣ бошад (инаш ганда, «газит»-ро истифода кардааст)… Забони пешрав набошад шуд. Ва ҳамин тавр ҳам мешавад, апаҷон, агар Шумо садри Кумитаи забон ва истилоҳот бошед. Воқеан ҳам чанд сол шуд дар ин мақом кор мекунед? Дидед, забонро, ки сахт доштаед, вожаи ротатсия ҳам ба курсии Шумо кор надорад. Сахт қаппед…Чӣ хел чиро? Курсиро! Забонро аллакай догма кардаед-ку апаҷон?
Ва аз ҳама охир, апаҷон либосатонро низ дигар миллӣ кунед. Айб аст, ки посбони №1 (забон дар назар аст), миллатеро «штраф» карда гардаду «юбка» пӯшад (воқеан юбка ҷарима дорад апаҷон?).
Гавҳар Шарофзода! Мо журналистон дигар намедонем, ки чӣ гӯем дар мавриди донишмандиву мартабаатон. Зеро метарсем штраф нашавем. Зимнан пешниҳод дорем:
-Апаҷони ин қадар босаводи мо! Ҳамаи мо розием, ки ҳар рӯз 1 соати академӣ (бало зад боз ҷарима!), яъне 45 дақиқа дарсҳои пурмӯҳтавои Шуморо нишаста мурданак шунавем. Бок нест. Ду Донишгоҳу беш аз 10 мактаби такмили ихтисос дар Аврупову Амрикову Ҳинду Чин хондаму имрӯз исбот шуд, ки забони модарии худро намедонистаам. Дигарон низ мисли ман бесаводанд ва ба такмили забон ниёз доранд. Биёед, вақти қимати хешро бо мо бесаводакон гузаронед. Мешинем, тоқат мекунем ва аз Шумо забони нобу поки Тоҷикии асри дақюнус, яъне клоссикие меомӯзем, ки боз анд ҳазор вожаашро Шумо «аз истифода дур кардаед»…
Мо Метавонем!
PS: Гавҳар Шарофзода! Зимнан экспертизаи навбатиатонро нотарсона баъди ин мақола ба редаксияи СССР равон кунед. Ҳукумат дар дасти Шумо!!! О, тарсондаед-ку чанд сардабирро, ки аз мавқеи шумо пуштибонӣ кардаву зидди мо сухан гуфтаанд, дар сайтҳои интернетӣ... Моро низ 2 бори дигар тарсонед, бо он тарсуҳо шарикатон мешавем.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter