ХАБАРИ ДОҒ


Зишт дар силки накӯён менамояд зишттар,
Пои товус аз пари товус расво мешавад!!!
Ростӣ, ҳар гоҳе қуттии ТВ мекушоям бо 1 манзараи басо шигифтангез дилбазан вар мехӯрам: Сурудҳои патриотӣ-миллӣ-ватанхоҳӣ… Не, наёфтед Ман зидди чунин таронаву сурудҳо нестам. Худо нигаҳ дорад. Рӯиҳамрафта, хонандаи некбин медонад, ки СССР солҳо баҳс мекард, ки чунин сурудҳо каманд дар ҷамъияти мо. Оре, кам буданд, воқеан ҳам чанд сол пеш. Эҳ, кош зиёд намешуданд!!! Аз барои савоб, имрӯз чунон пур шудаанд, ки ҳисобаш гум. Акнун бар тибқи масали мардумӣ «кар ҳам мезанаду кӯр ҳам, пасмонда кулӯх ҳам!».
Ҳой мардум!!! Суруди патриотӣ, ватанхоҳӣ, миллатпарастиро бояд нафаре хонад, ки воқеан патриот асту мардум инро медонад! Ман маъзарат мехоҳам, аммо вақте нафаре бангиву ҳангиву майзада ва фаҳшо (Тоҷикистон бузург нест ва халқ ҳама ҳофизу сарояндагонро медонад, ки бо чӣ корҳо банданд!!!) дар бораи Миллату Ватан месарояд, магар ҷои айбу шарм нест?
Хизматгурез дар бораи Армия мехонад! Бонуе, ки ба гуфтаи Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, миллиард шавҳари афғону ируниву ҳиндӣ кардааст, роҷеъ ба иффати зани Тоҷику бангие аз меҳанпарастӣ…нохун мезанад. Мантиқ куҷост? Дар даврони шӯравӣ, фарзи мисол, ба зафарчаву фирӯзаҳои номеналӣ, иҷоза мешуд, ки суруди ватанпарастӣ-патриотӣ хонанд? Бештар аз ин, ҳатто ин корро ба Одина Ҳошиму Зафар Нозиму Ҷӯрабек Муродови нотакрор бовар намекарданд. Зеро ҳар кас мавқеъи худро дошт: “Қадри зар заргар бидонад, қадри гавҳар гавҳарӣ!!!”
Аҳмад Бобоқулов «Республикаи ман»-ро мехонд, на каси дигар. Суруди «Иди Зафар муборак» бахшида ба ғалабаи Тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизми гитлериро, ки дар 1 шаб Зиёдулло Шаҳидӣ оҳанг баста буд, Шоиста Муллоҷоноваи нозанин хонд. Магар онҳо наметавонистанд, ба ситорачаи «первой попавшей» ин сурудро бовар кунанд? На-ме-та-во-нис-танд! Зеро пагоҳ ҳатман дар «красный ковёр» чухт мешуданд! Ва ё дар хотир доред, суруди беҳтарини ба иффати бонуи Тоҷик бахшидашудаи триои миллӣ-Нуқра Раҳматова, Улфатмо Мамадамбарова, Майсара Дилдороваро?…
Гулдухтарони Тоҷик,
Рӯҳи равони Тоҷик,
Ороми ҷони Тоҷик,
Дар хонадони Тоҷик…
Ин Гимни иффати зан-модари Тоҷик барои тамомии 15 республикаи СССР буд… А, имрӯз чӣ? Имрӯз қатағанбачча мехонанду ҳинди-бой-френд ва фардо Ватан! Миллат!! Тоҷикистон!!!
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,
Гови нар мебояду дору расан!!!
Рӯиҳамрафта, тасаввур мекунед, ки Алла Пугачёваи прима ва Филипп Киркорови беҳамто «Россия»-ву «Родина»-ву «Великий Русь» хонанд? Инҳо ситораҳои баландтарин ва дастнорастарини осмони ҳунаранд, вале чун русҳо мисли мо фарҳанги мусиқаи сар-сарӣ надоранд, иҷозат нест, ки хонанд! Суруди меҳанпарастиро Лев Лешенко, Газманов, гурӯҳи «Любэ»… мехонанд. Ин нон ва ҳаққи ишон аст!
Аз сӯи дигар чунин «сурудҳои бозоргир» онқадар ситорачаҳои моро саргарм кардаанд, ки дигар шунавидани таронаҳои ошиқӣ, мавсимӣ (баҳорона, барфу боронӣ…), наврӯзӣ, тарбиявӣ тамоман гум шудаанд. Ишқро аз расонаҳои электронии мо рондаанд. Суруд ин танҳо пафоси дурӯғин нест. Суруд ин тарбияти ошиқон, навхонадорон, муттакои оила низ ҳаст. Кӯдак чӣ кор мекунад рӯзи дароз таронаҳои патриотиро??? Ба кӯдак суруди кӯдакона хонед, ба ҷавон тарбиявӣ, ба навболиғон ошиқона, ба ҷавонон мардонагӣ, ба гулдухтарон иффатпарастӣ, ба пиронсолон наъту муноҷот. Куҷо равонае(м)д?... Вақте сароянда Ватан, Меҳан, Миллат мегӯяду даҳҳо раққоса почакзанону китфшиканону чашмуабрӯпаррон мерақсанд, малеҳтар гӯям, хандаи кас меояд, агар гиряаш наомад…
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter