ХАБАРИ ДОҒ

Қосимов Роҳбарро кӣ кушт?

  • Чоршанбе, Фев 27 2019

(Давоми матлаби Кабирӣ муртад ва мансабпараст)

Ҳусни хатт-қотили котиби вилояти Кӯлоб
СССР: Хуб, дар шумораи қаблӣ роҷеъ ба куштори пурсарусадои роҳбари вил.Кӯлоб ва ӯро шаҳид эълон кардани муллову тӯраҳои хуҷандӣ баҳс доштем. Ба фикрам хонанда мехоҳад ҳарчи зудтар бо ин моҷаро ошно шавад. Фиристодаи Шумо бо диктофон пеши зани раҳматӣ рафта буд. Баъд чӣ шуд?
ДН: -Хулласи калом, сӯфӣ Насрулло, муаззини масҷиди ҷомеъи Шайх Маслиҳаддин, бо зани раҳматӣ во хӯрда, аз ӯ мепурсад, ки «Шумо инро кушташуда гуфтеду ман Шаҳид эълонаш кардам. Оё медонед, ки дар он дунё назди Худованд, рӯзи қиёмат ману шумо ҷавоб медиҳем, агар дурӯғ бошад? Зимнан ҳақиқати ҳолро ба ман гӯед». Занаш мегӯяд, «домуллои мӯҳтарам, он кас марди хубе буданд, аммо саводи хатташон бад буд, бисёр бад менавиштанд. Хулласи калом, тамоми асноди марбут ба худашонро ман менавиштаму он кас имзо мегузоштанду номашро менавиштанд. Вақто, ки ҳуҷҷатҳои ӯро дар Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ меомӯзанд, ин сир ошкор мешавад ва дар ин бора ба Ҷаббор Расулов суҳбати телефонӣ мекунанд ва ин камбудиро ба ӯ мегӯянд. Ҷаббор Расулов-котиби якуми ҳизб ҳайрон мешавад. Охир, Раҳбар Қосимов аз с.1958 дар корҳои роҳбари ҷумҳурӣ кор мекунад ва ягон корманд ин камбудиро ошкор накардааст. Зуд занг задаву мегӯяд, «шумо пагоҳ ба Душанбе оед ва тарҷумаи ҳолатонро аз сар навишта оред». Раҳматӣ дар Кӯлоб кор мекарду ман мутаассуф дар Хуҷанд будам. Шавҳарам занг задаву гуфт, имшаб, пагоҳ соати 6-и субҳ ба Душанбе парвоз кун, ман аз Кӯлоб меоям. Тарҷумаи ҳоламро аз сар навишта биор, то ман пеши раҳбар дароям. Ман хоб гуфтаму билет харидам (он замон роҳи заминӣ баста буд қариб ҳамеша дар замистон). Аэропорт рафтам, «нелётная погода», ҳар қадар истодам, нашуд. Оқибат гуфтанд, ки самолёт пагоҳ низ намепарад. Ман инро бо телефон ба Раҳбар гуфтам. Чанде пас ӯ занг зада гуфт: «Тамом! Ман наметавонам обрӯямро пеши роҳбарияти ҳизбӣ резонам. Шуморо кафили кӯдакон мегузорам, пулу молу хонаву дар доред, эҳтиёт куну нағз тарбият намо…». Ҳар қадар илтиҷо кардам, ки ин корро накун, вале ӯ телефонро гузошту…пагоҳ хабари маргаш расид. Худашро бо сими чойники барқӣ дар утоқи меҳмонхона, яъне ҷои хобаш буғӣ кардаст…».

Мафияи исломӣ дар Хуҷанд
…Хулласи калом, исбот кардем (бо ман гуруҳи корӣ таҳти сарварии Кочелаев Алексей Васильевич кор мебурд), ки ягон мафия-пафия роҳбари аввалро накуштааст ва он 36 бечораи гумонбар низ аз зери назорати органҳои дахлдор озод шуданд (гуруҳи корӣ дар ш.Кулоб таҳти роҳбарии Карим Ҳасанов, муовини прокурори генералӣ ва Шариф Қурбонов-муовини аввали КГБ дар натиҷаи тафтиш ба хулоса омаданд, ки ин 36 нафар ба куштори Раҳбар Қосимов дахл надоранд. Ин худкушӣ буд, аммо сабаби худкуширо натавонистанд, исбот кунанд, бино бар ин Ш.Қурбонов ба хулоса меояд, ки калиди худкуширо фақат дар Хуҷанд ёфтан мумкин аст. Аммо чӣ тавр?). Дар навбати худ ин куштор маро сари дигар муаммо овард. Дар Ленинобод ба забони имрӯза «мафияи исломӣ» кор мебурдааст, ки ҳатто роҳбарони онвақтаи ин клан, бо шумули Раҳбар Қосимов ва дигар коммунистони олирутба низ аз онҳо ҳайкалу радномаҳо мегирифтаанду муридонашон будаанд…
Дар суҳбат бо домуллои қошқарӣ (мулло Абдуқодир) ба ман маълум шуд, ки аз ӯ боз якчанд роҳбарони баландмақоми дигар низ раднома гирифтаанд. Вақте, ки ҳуҷҷатро дар бораи худкушии Қосимов раиси КГБ РСС Тоҷикистон Шевченко В.Т. ба котиби якуми ҳизби коммунист Ҷ.Расулов шинос менамояд, ӯ супориш медиҳад, ки ин сир набояд ошкор шавад. Бинобар ин, ман низ зиёда аз 40 сол дар ин мавзуъ сухан нагуфтам, чунин аст талаботи КГБ СССР…

14 сол барои омӯзиши исломистон…
Ман 25 солу 10 моҳ дар нерӯҳои бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ ифои вазифа кардаам ва 14 соли ин фаъолият миёни гурӯҳҳои рӯҳонияти мусалмон сипарӣ шудаанд. Худи ман ба факултаи илмҳои табиии УДТ ба номи В.Ленин шомил шуда, шӯъбаи биологияи ин факултаро хатм кардаам. Омӯзиши биология тарбияи атеистии маро боз ҳам тақвият бахшид. Бинобар ин, с.1974 вақте маро бо амри тақдир ба Раёсати КБД вил.Ленинобод фиристоданд, он ҷо устоди ман Кочелаев Алексей Василевич роҳбарии раёсатро ба ӯҳда дошт. Ӯ ба ман гуфт, “Давлат, ман тарбияи туро медонам. Бо ақоиди атеистии ту ҳам ошноям. Медонам, ки ту котиби аввали райкомкомсомол будӣ ва бо ҷавонон кор кардаӣ. Аммо агар ту ба ҳарфи ман гӯш диҳӣ бояд самти фаъолиятатро каме иваз кунӣ. Бояд ба фаъолият алайҳи тахрибкории идеологии душман, ки миёни рӯҳонияти мусалмон паҳн шудааст, диққат диҳӣ ва ин корро ба ӯҳда гирӣ”.
Рости гап, дар оғоз ин пешниҳодро қатъиян рад карда, гуфтам: “Алексей Василевич, маро маҷбур накунед, ки зиндагиамро аз нав шурӯъ кунам”. Устодам, ки миллаташ мордвин буду бисёр шахси ботамкин, маро ором карда гуфт: “Давлат, ту фикр накун, ки дар Раёсати мо кадрҳои дар ин самт кор мекарда вуҷуд надоранд. Онҳо ҳастанд, аммо мутаассифона, афроди мо миёни рӯҳоният ба ин кормандон боварии пурра надоранд ва маълумоти дақиқ ба онҳо намерасонанд. Хоса, дар Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Нов ва Пролетар”. Ахир, ман розӣ шудам.

Шиносоӣ бо Абдуллоҳ Саидов (аз соли 1994 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ)
Ман Саид Абдуллоҳи Нуриро аз с.1979 мешиносам ва баъдҳо низ бо ӯ муносибатамон қатъ нашуда буд. Ӯ табиатан одами камгап буд ва бе зарурат ҳарфе ба забон намеовард. Ва умдатан хомӯширо авло медид. Бо вуҷуди ин Нурӣ барои ман 1 қатор сирру асрори фаъолияти худро ифшо карда буд ва мехоҳам имрӯз аз онҳо парда бардорам, то хонандагони рӯзномаи шумо ва исломгароёни мо, ки имрӯз дар Ғарбу Осиёи Марказӣ маскан гузидаанд, аз ин асрор воқиф гарданд.

Тағои Абдуллоҷонов ва ақидаи ваҳобия, ё ин ки исломи сиёсӣ
С.1975 иттилоъ ёфтам, ки шахсе бо номи Абдурауф Махсум Султонов, ки ҳамроҳ бо падараш ба Чин муҳоҷир шуда буд, с.1963 ба ватанаш, яъне ш.Хуҷанд баргашт. Падари ин шахс ба Арабистони Саъудӣ ҳиҷрат карда, он ҷо вазъияти хуберо ба даст оварда, қории Қуръон шуд. Аммо Абдурауф ба Арабистон нарафт ва Тоҷикистонро, ки ватани аҷдодиаш буд, барои иқомат ихтиёр кард. Ин шахс амаки Абдумалик Абдуллоҷонов ба шумор меравад.
СССР: Аҳа, ана барои чӣ собиқ сарвазир-Абдумалик Абдуллоҷонов дар солҳои 1990 эълон карда буд, ки 3-4 млн доллари тағояш дар Арабистон ба ӯ мерос гузоштаасту давлату савлаташ аз ҳамон ҳисоб аст...
ДН: Дурӯғ гуфта буд. Тағояш 1 дирам ҳам ба ӯ мерос намондааст. Меросро ба писараш Абдурауф махсум гузошта буд. Аммо сари ин мавзуъ баъдтар бармегардем. Ҳоло биёед парвандаи тағои ӯро, ки аз муллоҳои маъруфи Хуҷанду акнофи он буд, ба шумо шинос кунам...
Хуллас, баъди иттилоъ гирифтан назди сардори шӯъбаи контрразведка полковник Пӯлодов даромада, гуфтам: “Шумо 10 соли дигар ҳам наметавонед муайян кунед, ки Абдурауф Султонов ҷосуси чинист, чаро, ки ӯ ҷосуси чинӣ нест”. Ҳамроҳ бо ӯ барои ҳалли масъала назди сардори Раёсат Кочелаев рафтем. Он ҷо дархост кардам, ки Абдурауфро ба ихтиёри мо диҳанд, чунки ӯ барои фаъолияти ман шахси калидист. Инчунин ба самъи ҳар 2 расонидам, ки Абдурауф дар тамоми сӯҳбатҳояш аз низоми сотсиалистии мо таъриф мекунад ва наметавонад ҷосуси чинӣ бошад. Дар натиҷа тамоми маводро оид ба Абдурауф ба ихтиёри ман гузоштанд. Баъди гирифтани инони кор ба дасти худ, ба Абдурауф занг задам ва ӯ маро барои сӯҳбат ба хонааш даъват намуд. Соати 8-и субҳ ҳамроҳи 1 ҳамкори дигарам ба хонаи ӯ раҳсипор шудем. Дар рафти сӯҳбат ба Махсум гуфтам, ки “шояд дар ҷое кормандони мо нисбати шумо дағалӣ ё кори нодурусте раво дида бошанд, бинобар ин аз Шумо узр мепурсам. Чанде пеш аз ш.Душанбе ба ин ҷо барои кор омадаам ва роҳбарият маро барои кор бо рӯҳонияти мусалмон равона кардааст”. Дар ҷавоб гуфт: “Дар чӣ мавзӯе мехоҳед бо ман сӯҳбат кунед?” Гуфтамаш, ки “тибқи маълумоти бадастомада, баъзан ба вил.Ленинобод аз водии Фарғона фиристодаҳое меоянд. Мақсади онҳо чист?” Инчунин аз вохӯрии яке аз муллоҳои маҳаллӣ бо номи мулло Абдураззоқ аз ноҳияи Боҷонов Ғафуров, ки чанде пеш бо 1 фиристодаи фарғонагӣ сӯҳбат дошт, ёдовар шудам. Фиристодаҳои Фарғона дар қаламрави ин вилоят асосан бо 2 тан-домуллои Қошғарӣ ва мулло Абдураззоқ вомехӯрданд. Бино бар ин мо гумонбарем, ки дар вилоят идеологияи ваҳҳобияро меҳоҳанд паҳн кунанд, дар байни мусулмонҳои вилоят, баъдтар дар ҷумҳурӣ фитна андозанд, аммо ин масъала на чандон ба мо маълум аст. (Ба маълумоти хонандагони СССР мерасонам, ки солҳои 1970 мо дар бораи исломи сиёсӣ маълумот надоштем ва ин тоифаи исломгароёнро ҳамчун ваҳҳобиҳо дар назар доштем. Ин ақида, инчунин дар КГБи СССР ва дар Ӯзбекистон низ вуҷуд дошт). Вақте ин иттилоъро ҳам ба манзари Абдурауф расонидам, ӯ ҳайрон шуда гуфт: “Шумоҳо инҳоро ҳам медонед? Пас метавонам озодона бо шумо ҳарф занам”...

Давом дорад


Давлатхоҷа Назиров, доктори илмҳои фалсафа, аъзои ИНТ ва ИЖТ, собиқадори КГБ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter