ХАБАРИ ДОҒ

“ОТПОР”-модари инқилобҳои ранга!!!

  • Чоршанбе, Фев 27 2019

 

Дар шумораи гузаштаи СССР Меҳрубон Ҳасанович Сатторови 28-сола, собиқ узви Гуруҳи 24 дар матлаби худ махсус таъкид карда буд, ки “2 бор, солҳои 2012-2013 дар назди Ташкилоти «Отпор»-(“Otpor”)-и давлати Сербияи Аврупо ва бори дигар дар яке аз кишварҳои ҳамсоя курси якмоҳаи «госпереворот» гузаштем...”. Аз ин ҷумлаи Сатторов аён аст, ки дар баробари ӯ қариб кулли аъзои Гуруҳи 24 дар “Отпор” курси “такмили ихтисос” гузаштаанд... СССР тасмим гирифт, ки оид ба таърих ва миссияи аслии Ташкилоти “Отпор” назари интернетӣ андозад!


Созмон ё ҷунбиши сиёсии «Отпор» дар Сербия 10.10.1998 зери сарпарастии Ҳукумати Амрико барои «ислоҳоти демократия» таъсис ёфтааст. Муассисаш Срджа Попович ва ташкилоти ӯ бо ҷоизаи «MTV Europe Music Award» дар номинатсияи «Освободи свой разум» қадр шудааст. Попович ҳамчун ходими сиёсии сербӣ ва лидери ҳаракати донишҷӯён-«Отпор» барои нагун сохтани президенти онвақтаи Сербия Слободан Милошевич (солҳои 1998) гом дар саҳнаи сиёсат гузошт ва ба ҳадаф расид. Ӯ ҳамчунин соҳиби 1 филми ҳуҷҷатие низ ҳаст бо номи «Как начать революцию».
Воқеан, бояд махсус таъкид намуд, ки «Отпор»-и Попович зери сарпарастии СРУи Амрико (ва бо маблағҳои ҳангуфти Ҷорҷ Сорос ва дигар миллиардерҳои яҳудитабори Амрико) то кунун барои барангехтани чандин инқилобҳои сурху сафеду норинҷиву сиёҳ дасти тамом дорад.

Сарнагунсози Янукович
Минҷумла, «Отпор» дар интиқоли қудрат дар Украина, аз дасти Виктор Янукович ба дасти Петр Порошенко (солҳои 2013-14) нақши калидӣ гузоштааст! Худи Срджа дар 1 суҳбати ихтисосӣ бо бахши русии Радиои «Озодӣ» оид ба нақшаҳояш барои интихоботи президентии Украина гуфта буд, ки «Ҳоло сухан аз ҳаракати сиёсие меравад, ки барои ояндаи Украина баромад мекунад. Ҳар инқилоб, агар ин инқилоби ҳақиқӣ бошад, бояд мӯътабар ва аслӣ бошад! Барои инқилоб тӯдаи зиёди мардум лозим аст, бояд фикри халлоқ ва оянданигарӣ вуҷуд дошта бошад. Ба андешаи ман, он чизе ки имрӯз дар Украина мегузарад - такрори инқилоби норинҷӣ нест. Беҳтар аст бигӯем, сухан аз ҳаракате меравад, ки мақсадаш Аврупост. Украина давлати 2 тақсим аст. Тақрибан нисфи аҳолии он ба Аврупо моил аст ва нисфи дигар ба Русия. Ба ҳаракати аврупогаро дар Украина, теъдоди зиёди мардум ҷалб шудаанд ва он ҷо нерӯи бузурге нуҳуфта аст ва ин қувваи аврупогароист... Мо аллакай 8-9 сол боз бо ташкилотҳои украинӣ ҳамкорӣ надоштем. Ҷунбиши аврупогаро теъдоди анбӯҳи мардумро ба худ ҳамроҳ кард ва метавонад барои солимгардонии ҷомеа аз парокандагӣ мусоидат намояд. Ин ҳаракат қодир аст ҷомеаро ба гуфтугӯи ҷиддӣ оид ба ояндаи Украина даъват кунад, чаро ки масъалаи асосӣ-Маскав ё Аврупо баъди тазоҳурот низ актуалӣ боқӣ мемонад. Ё ҳукумати Киев пурра пеши Русия зону мезанад ва доим ба тазоҳуроти мардум мувоҷҷеҳ мегардад, ё гуфтугӯ ва мусолиҳае миёни ҳукумат ва мухолифинаш рӯй медиҳад. Дар Украина теъдоди зиёди одамон ояндаи аврупоии ин кишварро хоҳонанд...”.

Қабркани Милошевич
Попович ошкор ва нотарсона мегӯяд, ки дар барандохтани Милошевич бо кӯмаку дастгирии СРУи Амрико “кори бузург”-еро анҷом додааст. Ва ин суханро дар матлаби муаллифии худ махсус ишора кардааст:
“Замоне ман ҳаракати инқилобии донишҷӯёнро, ки мақсад дошт диктатори Сербия-Слободан Милошевичро сарнагун намояд, назорат мекардам. Ёдам ҳаст, ки дар яке аз рӯзҳои гарми баҳорӣ, ҳангоми пахши мустақими нишасти матбуотии ҳукумат, 3 вазири калидии ҳукумати Милошевич иброз доштанд, ки "фаъолони ҳаракати донишҷӯӣ аз СРУи Амрико маблағи ҳангуфте дарёфт кардаанд ва бо тамоми нерӯ мехоҳанд Милошевичро сарнагун кунанд". Ана бо ҳамин тарз вазирони ҳукуматӣ-мухолифони Слободан ташкилоти ман "ОТПОР"-ро таблиғ намуданд... Ҳукумати Милошевич ташкилоти донишҷӯии моро ба он айбдор кард, ки мо зери мусиқии Ғарб мерақсем. Дар ҷавоб ҳазорон донишҷӯи сербӣ бо футболкаҳои ОТПОР ба кӯчаҳо баромаданд...”                                    
                 
Аз Саакашвилӣ то Гуайдо
Попович ҳамчун “дасти шӯрандоз” бо баҳонаи “ислоҳоти демократӣ” дар собиқ ҷамоҳири Шӯравӣ ва давлатҳои зери назару манфиати ИМА бисёр амалҳоеро аз худ нишон дода, соҳиби чандин “кадр-шогирд” низ ҳаст, ки ҳамагӣ аврупо-амрикогароянд!!! Михаил Саакашвили-собиқ президенти Гурҷистон, Петро Попошенко-президенти имрӯзаи Украина (ва аксари курсинишинони Радаи Олии Украина ҳамроҳ бо номзадҳои президентӣ дар ин кишвар), Алексей Навалный-рақиби кунунии Кремли путинӣ (инчунин Борис Немтсови раҳматӣ), Роза Отунбаева-собиқ президенти Қирғизистон, сарони дирӯзу имрӯзи ҷамоҳири Назди Балтика, журналист Никола Пашинян-сарвазири Арманистон ва садҳо оппозитсионерҳо дар давлатҳои арабӣ (Миср, Сурия, Ироқ, Яман, Эрон, Либия...) ва Белорусияву Озарбойҷону Қазоқистону Қирғизистон... ҳамасола дар “Отпор” курси назарияи инқилобӣ мегузаранд!!!
Воқеан ҳам, Хуан Гуайдо-рақиби Николас Мадуро-президенти Венесуэла, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Америка “президенти муваққатӣ”-и бидуни интихобот шинохта шудааст, дастпарвар аз узви фаоли “Отпор” аст. Ӯ низ чандин бор мисли баччаҳои гурӯҳи 24-и тоҷик дар ин лагер машқу тармими “госпереворот” гузаштааст.

Аз гомосексуализм то инқилоб
Инро ҳам бояд таъкид намуд, ки Попович ва дигар созмонҳои ҳамсони “Отпор”-и ӯ роҳбалад ё таҳрикдиҳанда-ҳаводорони гейпарад (гомосексуалист)-ҳо дар хориҷа (Русия, Украина, Гурҷистон, ҷамоҳири назди Балтика…) низ ҳастанд!!! Фарзи мисол, 24.07.2013 дар Черногория гейпарад-митинги ҷонибдорӣ аз «голубой»-ҳо зери раҳбарии Халил Дукович-сардори Кумита оид ба ҳуқуқи башар, Здравко Цимбалевич-раҳбари созмони намояндагони аҳзоби сиёсии черногорӣ-Срджа Попович, Хусния Шабович, Ана Понош, Дритан Абазович, Изет Бралич, Радован Асанович, Новица Станич, Снежана Йоница, Кемал Зоронич… дар назди девори Куҳнашаҳри шаҳри Будваи Черногория барпо шуд.

Шаҳрзоди Амин,
СССР


Дар ҳамин маврид
Гадоев низ пушаймон шуда баргашт
Вазорати умури дохилии ҶТ бо нашри изҳороте дар сайти интернетии худ 15.02.2019 хабар дод, ки Шарофиддин Гадоеви 34-сола, яке аз муассисони "Гуруҳи 24" ба ш.Душанбе баргаштааст. Гадоев, ки муваққатан дар шаҳри Эйндҳовени Голландия зиндагӣ мекард, ба Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ш.Душанбе “ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба ватан баргаштам.”
Аз муаллиф: 1 суоли калидӣ назди пушаймоншудабаргаштагони Гуруҳи 24: Дар ин 5-6 сол даҳҳо нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон бо ҷурми узвият ба Гуруҳи 24 ва ҳаводорию ибрози назар дар “Zello”-радиои интернетии ин Гуруҳ, гузоштани ЛАЙК зери матнҳои интернетии шумо...ба солҳои тӯлонӣ пушти панҷара нишастаанд! Имрӯз, ки шумо аз кору роҳи тайкарда пушаймон шуда баргаштаед, назди маҳбусон-собиқ ҷонибдорони Гуруҳи 24 худро гунаҳкор ҳисоб мекунед, ё на? Рӯиҳамрафта, аз онҳо пӯзиш мепурсед??? Донаро гунҷишк хӯрду калтакро бедона!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter