ХАБАРИ ДОҒ

Садамае, ки вокуниш ба бор овард…

  • Панҷшанбе, Март 28 2019

Бар асари садамае, ки шаби 23.03.2019 ба вуқуъ пайваст, 2 нафар фавтида, 2 тани дигар ҷароҳати сангин бардоштанд. Ҳамаи онҳо дӯстони ҷонӣ буданд, на нониву забонӣ. 18 сол доштанд ва чизе наздиктар ба 19 солагӣ. Вале моро чизи дигар нигарон кард:
-Мардуми мо то кадом ҳадд ноодам шудаанд, ки ҷои таъзияву ғамшарикӣ, домани таҳқиру дашномро дар интернет ба сар кашиданд. Махсусан «журналистони хориҷӣ», ки аз таки нохун чирк меҷӯянд, ин ҳангомаро ба сар кашиданд. Вале буданд инсонҳое, ки ба хонадони ҳамаи ҷабрдидаҳо тасаллият мегуфтанду ба оламиён мефаҳмониданд, ки ин садама буд, тасодуф буд, на чизи дигар. Дар зер баҳси онҳоро меорем. Мо Метавонем!

Сайф Достиев: НОодамон!!!
ОДАМон, агар одамед!!! Аз барои савоб, писари Аваз Кабиров одам накуштааст, ӯ ба садама дучор шуд, худаш ҳам маъюб аст, чархаш кафид... Бас кунед, сафсаттанависиро: бо 3 дӯсташ, ки мисли бародар буданд, садама карданд. 3 мактабро иваз карданд ва ҳама дар 1 мактаб сарҷамъ мешуданд, аслан ҷудо будан аз ҳам намехостанд. 3 бор ЭКСПЕРТИЗА карданд ӯро, МАСТ нест!!!!!!! Чархи мошинаш кафид! Шумо агар одамед, ба ДӮСТии ин кӯдакон арҷ гузоред, миёни онҳо пулу мол набуд. Ин тасодуфан тасодум буд... Сахт метарсам, ки пагоҳ фарзандони шумо ба чунин садама дучор наоянду баъд дарк накунед, ки просто...НОодамед...

Робияи Холмирзо: Рост мегӯӣ, Сайф!!! Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, фардо ӯро чӣ интизор аст? Ҷои тавба аст, ин хел ҳодисаҳо…

Саъдӣ Маҳдӣ: Худо аз чунин рӯзи бад нигоҳ дорад! Рост мегӯӣ, Сайф, чун ҳарвақта!!!

Абдураҳмон Назирматов: Бале!
Эй душмани ман, ба мурданам шод мабош,
На ман монам, на дӯст, на душмани ман.
Забон аз бадгӯӣ нигоҳ доштан лозим, новобаста аз он, кӣ кӣ ҳаст. Асосан дар ин хел мавридҳо. Руҳашон шод бошад!!!

Бобоҷони Шафеъ: Чизе буд ё набуд, 2 нафар ҷавон бо 100 орзу рафтанд ба зери хок. Навору расмҳояшонро мебинаму ҷигаром пора мешаванд. 2 тани дигар захмӣ. Худо аз ин рӯз ҳамаро нигоҳ дорад. Чирк кофтан аз зери нохун ҳунари мо шудааст. Мурдаро монда тутхӯрӣ. Кӣ мехост ба истиқболи марг равад? Худо он 2 рафтаро биёмурзаду ба зиндаҳош шифо диҳад. ОМИН!

Далери Абдураҳим: Дақиқан, ҳамин фикр дар сари ман ҳам чарх мезад…

Қиёмиддин Муҳиддинов: Худо сабр ба волидони ҷавонмаргон… Сафсаттагӯҳо дар фейсбук бисёр шудааст. Дигар кор надоранд, фақат корашон шӯрӣ-мӯрӣ…

Шарифхони Тағоймурод: 1 тӯда неудачник барои ҳамингуна рӯзҳо фурсат мепоянд, то сафсатта бигӯянд... Ҳамагуна садамаи нақлиётӣ фоҷиа аст ва Худо касеро нишон надиҳад, рӯзи дароз пушти чамбари мошинем аксарамон, Худо нигаҳ дорад... Соли пор ингуна садамаи даҳшатбор мо ҳам дидему медонем ин чи рӯзи бад аст. Худо гузаштаҳояшро раҳмат кунаду захмиҳоро шифо диҳаду сафсаттанависонро ақл... Омин!

Ҳаётой Мӯминова: Худои меҳрубон фарзандони ҳамаамонро дар паноҳаш нигаҳбон бошад! Ин ҷавонони ғӯрамаргро Худоҷон раҳмат кунад... Омин!

Нурулло Ғафуриён: НЕКЗОДРО НАҒЗ МЕШИНОХТАМ! Баччае набуд, ки маст шавад. Беҳтарин буд. Боодобу ботамиз буд. Аз аввали соли хониш ҳеч гуноҳашро надидам. Бародарам дуруст мегӯяд. Монед акнун ором бошанд ғӯрамаргон!

Сафват Бурҳонов: Бадбахт касе бояд буд, ки дар чунин рӯзи сахти 4 хонавода, дар марги ҷавонакои гули тар, ғайр аз андӯҳ дар дилаш ғунҷад. Бовар кун, Сайф ҷигаром сӯхт. О, ин аварияи лаънатӣ ҷавону пир намегӯяд, профиҳо авария мекунанд. Худо фарзанди ҳамаро аз рӯзи бад нигаҳ дорад. Ба хонаводаҳо шикебоӣ мехоҳам. Рӯзи сахту талх аст…

Дилафрӯз Қурбонӣ: Худо бар сари душмани одам ин рӯзро наорад. Ҳеҷ кас аз даргоҳи Худованд бадбахтиро наметалабад. Фалокат аз таги по - ноаён мехезад. Насибаи бачаҳои берӯзӣ ҳамин будааст, дар ҳаққашон дуоро дареғ надорем. Дилам хун аст дар ғамашон. Бисёр дарднок ин фоҷиаро ба худ қабул кардам. Ҳазм намешавад ин ғам дар дилам... Фарзанд ширин... Ба волидони ин фарзандон сабри ҷамил мехоҳам.

Орзу Раҳимов: "Ё сухани накӯ гӯй, ё хомӯш бош!" мазмуни ҳадиси шариф. Барои ҳамин ё ҳамдардӣ кунед, ё наметавонед бе сухан аз ин постҳо бароед. Қалбҳои дардмандонро захмитар насозед!

Асрор Ғолибов: Одамӣ 1 дам аст! Аз сафсаттаву гапҳои зиёд гуфтан хубтараш дар ҳаққи ҷавонони ғӯрамарг дуои нек кардан лозим. Худованд ҷояшонро ҷаннат гардонад ва аз ҳавзи кавсар сероб бошанд. Ягон каси мо намедонем, ки фардо чи моро интизор аст. Пас биёед аз 1 гиребон сар барорему донем, ки дунё ба коҳе наарзад ва некӣ бимонад ҷовидон! Худо ин мусибатро душмани одам набинад ва моро аз балои замину осмонӣ нигаҳдор бошад.
100 бор бадӣ кардиву шарми ту наёмад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки 1 бор накардӣ???

Марям Давлатова: Дар дили ин бачаяк доғи марги ҷӯраҳош 1 умр мемонад.

Нозир Ёдгорӣ: Маладес(ц) Сайф! Мешинанду сафсатта менависанд.

Хумор Каримова: Касе 1 бор акои Авазро агар аз наздик дидаву дар сӯҳбаташ нишаста бошад, медонад, ки аз ӯ дида инсони хоксору заминӣ нест... Тавонистааст, ки вазни молу шӯҳратро дар ҳақиқат бардорад. Афсӯс, касе қодир нест, ки фарзандони худро ҳамарӯза зери панҷаи назорати худ нигоҳ дорад. Ин тақдир аст...

Давлатой Мирзоев: Худованд фарзандони ҳамаи моро дар паноҳаш нигоҳ дорад, бача дорам, дилам хун шуд. Сабри ҷамил ба модарони ҷигарсӯхтаи ғӯрамаргон, шифои комили маризонро хоҳонам.

Мавлона Наҷмуддинова: Худованди Бузург, тамоми бандаҳоятро дар паноҳат нигаҳ дор. Ғайр аз Худо касе намедонад, ки пас аз 1 нафас чӣ хоҳад шуд. Рӯзи хушу пурфайз бароятон таманно дорам азизон. Худованд нигаҳбонамон. Омин!

Сапедаи Муҳаммад: Шогирдоне буданд, ки қалбҳояшон моломоли ишқу ҳавасу орзу. Ҳанӯз дар олами тифливу наврасӣ қарор доштанд. То ҳанӯз табассуми Ҷаъфар пеши рӯям. Ба Кабиру Саидвалии азизам шифои оҷил мехоҳам...
Ин сарнавишт аст, одамизодро имтиҳон аст. Ва ҳайронам, дар чунин рӯзи сиёҳ ҳам ба якдигар санг меандозем, устухони ҳамдигарро мехоем, аз бадбахтии ҳам лаззат мебарем. Худоё! Чӣ одамем?!!

Субҳия Раҳматуллоева: Э, бовар кунед, ман ҳаминҳоро намешиносам, лек 3 рӯз шуд дилам мекафад. Мегум, очашон дар чӣ аҳвол бошанд? Тасаввур кардан ҳам намехоҳам. Худоҷон раҳмат кунадашон, 100 офарини модарошон. Беморҳояшро шифои оҷилу комил ато фармояд. Фалокат хабар намедиҳад…

Рӯзимад Гардонов: Худованд шифои комил насиб гардонад Кабири навҷавонро. Ман падари ин ҷавонро намешиносам ва мақому манзалаташ бароям муҳим нест. Ҳар касе бошад Худо нигаҳдораш бошад. Худованд он ҷавононеро, ки дар ин садама аз дунё гузаштанд, раҳмат кунад ва ҷояшонро ҷаннат гардонад! Омин.

Ҷоник Сафарзода: Мо мардум одат кардаем, ки дар ғами худиҳо фақат тӯй месозем. Беақлон фикр намекунанд, ки ба маргу фоҷиаи фарзанди касе ҳатто ҳайвон ҳам дилаш ғамгин мешавад. Аммо ин касифон аз ҳайвон ҳам бадтаранд!!!

Сайф Достиев: Ба чанд Фейки НОодам, ки ҳанӯзам табли шодӣ мезананд:
-Акои Аваз худаш писарашро ба СИЗО бурд, то дар назди Қонун посух гӯяд!!! Метавонист ӯро наҷот диҳад, боз дар ҳолате, ки Кабир сахт мариз аст. Авазро касе намешиносад, сафсатта мегӯяд... Аваз дар паҳлуи падару модари он ҷавонмаргон камари ғам бастааст, шабу рӯз дар ҳавлии ишон аст...Шумои лаънатӣ кадоматон ақаллан таъзия рафтед???

Абдукодир Талбаков: "Аз фақр то ба беимонӣ 1 ваҷаб роҳ аст". Фақирони моддию маънавиянд нафароне, ки ба ҷои ғамшарикӣ ба мусибатзадагон табли шодию шамшери сазо ба намоиш мегузоранд!!!

Таснифи М.Амин
СССР




ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter