Принт

«Сари паваротай»

 

 

Ҳоло ғавғои навбатӣ сари ситораи тозатаъсиси Интернет-сарояндаи халқӣ ва ҳаҷвнигори мардумӣ, Қадами Қурбон зиёд шудан дорад. СССР бо такя ба манобеъи интернетӣ ва муаллифини фейсӣ хост роҷеъ ба ин сару савдо матлабе гирдовар кунад. Хотиррас мешавем, қадами Қурбонро дар тӯли моҳи ахир беш аз 5 млн нафар тамошо кардаанд. Бархе ӯро ҳақорату дашном медиҳанду баъзе дастгириву пуштибонӣ доранд. Дар ҷамъ “платформаи Қадам” аз сербинандатарин саҳифаҳо дар Интернет аст.  Мо Метавонем!

 

Сафват Бурҳонов: 

Қадамро санг назанед-Истифода баред!!!

Дӣ бегоҳ бо журналисти ҷавони тоҷикандеш Камолхон Файзуллоев, ки дар Маскав аст, гуфтугӯ доштем. Ҳарчанд гуфтугӯ гирди он буд, ки Радиои Озодӣ агар дар Россия пойгоҳи тоҷикӣ боз мекард, ё ҳич не 1 журналисти тоҷик дар РФ медошт, чӣ хуб мешуд, ногузир аз Қадами Қурбон ҳам ёд кардем. Барои Камолхон фаҳмидан душвор буд, ки чаро ромиши классикро нею Қадами Қурбонро "реклама" мекунам??? 

Ростӣ, худкуштар аз мо, пасмондатар аз мо мардумеро ёфтан душвор аст. Бовар кунед, ки ӯ феномен аст!  "Платформаи" Қадамро Вазорати Фарҳанг сохта наметавонад! Дар рӯзгори навини имрӯзӣ платформа ракетаест, ки ба тезӣ мардуми платформадорро ба пеш мебарад. Як фаластиниҳоро бинед, арманҳоро... Тоҷик намедонад, ки гӯсолааш дар куҷо мечараду "сектори Ғазза" барояш бисёр зиндагисоз аст. 

Ба Камолхон гуфтам, ки "о, ракетаро савор шаведу ба пеш! Чӣ кор доред, ки ун бо тапак мепарад, ё уран?". О, буродаро! Платформаҳои худро шикастан даркор нест! Худо кай дасти ману шуморо дошт, ки 2 сум диҳему рӯи клипи Қадам рекламаи худро гузорем? Ё бизнесамонро реклама кунем? «Тупой» касест, ки гумон кунад Галу(чоп)стян аз Қадам болотару фарҳангитар аст. Ҳампои рӯзгор бояд буд! Кор бурдан аз платформаҳоро бояд омӯхт!

 

Сайф Достиев:

 Феномени Қадами Қурбон  

Ҳамин мардак на ғар аст, на дузд, на фосиқ аст, на наркобарону наркоману майзада... На вазир асту на раису на саис, на бонкиру на тоҷир, на пулису на прокурор. На ришва мегирад на метияд, на меситонаду на мешинонад... 

1 марди Худост, ки нонашро ҳалол карда мехӯрад. Нафарест, ки сурудҳои мардумӣ мехонад ва хоҳед-нахоҳед муаррифгари миллат шудааст... Оё 1 касе дигар ҳаст, ки дар КВН-и ҳамсоякишварҳо ӯро тақлид кунанд? Намефорад-надароед ва тамошош накунед. Шумо-бархе аз корбарони интернет, мисли муовини вазири фарҳангед, ки соле қабл, дар маҷлисе гуфт: "Даҳони ин мардакро бандед, то нахонад!". Шукр, ки Ҷонибек Муродов ба додаш расиду аз умқи бӯҳрон бадараш кашид. Шумо аз ӯ чӣ мехоҳед? Рафта ба Вазири фарҳанг гуфтаниед, ки даҳонашро бандад?! 

«Золотая элита демократии...с прибамбасами цензуры и дикты!!!». Ана шумо кистед, ҷанобони лжедемократи фейсбукӣ… Ба шумо гузоранд, репрессияи сталинии солҳои 30-ро дар Тоҷикистон гардон мекунед!

***

Содиқ Деҳнавӣ: Ӯро дар КВНи ҳамсоякишвар тақлид нею масхара карда буданд.

Ман ба Қадам ун қадар кордор нестам. Чун 1 кас метавонад шӯх, беақл, девона, бемаърифат, конца-концов гей бошад. Аммо, клипҳояшро мебинам, мардум ба шавқу шӯр омада, дастгириаш мекунанд, гӯё дар консерти ягон сарояндаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок дошта бошанд. Ин аз сатҳи пасти маърифату маънавияти миллати ман дарак медиҳад. Ба ин ҳамсоякишвари шумо, ки ватани ман аст, Қадам интересна нест. Инҳо маданияти пасти мардумро ба қавли Шумо "тақлид" мекунанд. Ман ҳамчун 1 тоҷик шарм медорам аз чунин қадамҳою аз чунин тарафдоронаш. 1 миллати бузургро зери қадам кардед!!!

***

Abdulaziz Voseev:

Андешаи Акаи Қадами Қурбон дар бораи Зеленский чӣ бошад?

***

Хусрави Атовулло: Зеленский дар «сари поворотай» ё ин сӯ мешавад, ё ун сӯ…

 

Дар ҳамин маврид: Аз охир аввал!!!

Бар пояи раддабандии Speedtest Global Index дар моҳи январи соли 2019 аз рӯи суръати интенети мобилӣ, Тоҷикистон дар рӯйхати 137 кишвари ҷаҳон дар мақоми аз ҳама охирин қарор гирифт, ки суръати интернети мобилии мо 5,04 Мбит/с ҳисоб шудааст. Барои муқоиса Қазоқистон дар ин раддабандӣ мақоми 85, Қирғизистон 111 ва Узбекистон 129-ро доштанд. Вале муҳимтар аз ин, маълум шуд, ки тоҷикистониён бештар аз ҳама аз хидматгузории платформаи Ютюб (www.youtube.com) истифода мебаранд. Ва дар ин сайт бештар аз ҳама маҳз Қадами Қурбонро тамошо мекунанду мехонанду мебинанд. Фарзи мисол, клипи нахустинаш «Азизам»-ро ҳудуди 3 млн, «Умираю, Миноҷон»-ро 2,1 млн ва дигар ҳаҷву танзашро 3 млн нафари дигар дидааст. Дар ҷамъ шумораи корбаронаш кайҳо марзи 10 млн нафарро убур кардааст, ки фарзи мисол, ҳатто сайтҳои расмии хабарии кишварро чунин теъдод ҳаргиз намебинанд!

Ва аммо рекорд дар ин «портали интернет» аз ӯ нест. Фарзонаи Хуршед танҳо бо 1 суруди «Шарт нест» ва бо 4 млну 700.000 бинанда хеле аз клипҳои Қадам пешсаф аст. Ва аммо Фарзона низ №1 дар Ютюб нест. Қаҳрамони ин сайт Шабнами беҳамтост. Ҷои зикр аст, ки танҳо 1 суруди маъмулии ӯро аз 1 тарабхонаи Душанбе бе клипу фонограмма ва бе ороиши компутарӣ беш аз 7 млн нафар тамошо кардааст!!!

Воқеан ҳам, ҷои сангандозӣ мо бояд аз «портал»-и ин нафарон, ки кайҳо аз ТВ ва Радиоҳои расмӣ ронда шудаанд, истифода барем. Зеро афроди ҳамешамеҳмони ин шабакаҳоро дар Ютюб, ки мавзеи ихтиёрист, ҳатто 2-3 ҳазор нафар низ тамошо намекунанд. Мо Метавонем!

Гирдовари М. Мубориз

Махсус барои СССР

 

Матлабҳои дигар