ХАБАРИ ДОҒ

Кӯлобӣ будан мартаба аст, ё ҷазо?

  • Чоршанбе, Июл 31 2019

 

Ба хонанда: Биё, дӯстам, 1 бор бидуни маҳалбадбинӣ ин матлабро хон. Ба вежа, дар мавриде, ки ман касеро таърифу танқид карданӣ нестам ва ҳозирам матлаби туро ҳам дар бораи маҳаллаат хонам: Мо Метавонем! 

Кӯлоб: Зодгоҳи мардони асил

Кӯлоб сеюмин калонтарин шаҳр дар ҷануби Тоҷикистон бо шумари 200.000 ҷамъият. Макони оромгоҳи файласуфи машриқзамин Алии Ҳамадонӣ, зодгоҳи шоирони халқ Сайдалӣ Вализодаву Ашӯр Сафар, ҳунармандони маъруф очаи Зиккаву Бикка, саршиностарин рӯҳониёни кишвар ҳоҷӣ Ҳайдару ҳоҷӣ Мирзо, зодгоҳи аввалин летчики тоҷик Ҳикмат Азимов, шинохтатарин чеҳраҳои санъати даврони соҳибистиқлолӣ Манижаву Шабнам, зодгоҳи бузургмардоне чун Ҳақназар Ғоиб ва Сафармуҳаммад Аюбӣ, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон, аввалин зани Тоҷик, иштирокчии бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева, саромадони Фронти халқӣ Сангак Сафарову Лангарӣ Лангариев, зодгоҳи шӯридатарин тими ҳамаи давру замонҳои футболи тоҷик - Равшан.

Ин шаҳр ва ин мардум дар ҳоли мусбиву манфӣ чизеро доранд, ки дар гумон аст касе дошта бошад. Ман ҳамеша дар нисбати ин сарзамин ҳамон гуфтаи маъмули кинофилми «Офтоби сафеди биёбон» «Шарқ кори нозук аст»-ро истифода мебарам. Кӯлоб аз Шарқ дида садҳо маротиб нозуктар аст. Сари ин матлаб чанд хусусияти ин шаҳр ва ин мардумро бо шумули хубу бад бармечинем ва умедворем дӯстдорони Кӯлоб аз ин эроди мо нахоҳанд ранҷид ва кӯлоббадбинҳо низ бигузор аз танқидҳои мо табли шодӣ назананд, ин ҳамаро холисона баён медорам, зеро аз ман дида кӯлобитаре дар 2 олам нахоҳед ёфт. Усулан барои Кӯлобро ба хубӣ шинохтан ва кӯлобиро фаҳмидан, бояд кӯлобӣ буд! Ба андешаи банда кӯлобӣ будан мартаба аст. Биёем, сари чанд хусусиятҳои хоси ин шаҳр ва мардумонаш, ки бо ҳамин аз дигар нуқоти Тоҷикистон ё шояд олам фарқ мекунанд. Чун ҳамешагӣ аз паҳлӯи бад шурӯъ хоҳем кард, то ба хубиҳо анҷомаш кунем.

Кӯлоб: Ч(к)ӣ онро ба қафо мекашад?

Агар дар тамоми Тоҷикистон дар фасли тобистон зиндагии рӯзона аз соати 4-и субҳ, ё ҳатто пештар оғоз ёбад, дар Кӯлоб соати 8:00 дақиқа оғоз мешавад. Ҳатто соати 7:55-и рӯзи тобистон дар ин шаҳр ягон чойхонаву ошхона кор намекунад. Ин дар ҳолест, ки барои мисол дар Қӯрғонтеппаву Хуҷанд дар ин соат мардум кайҳо наҳор кардаву пушти кор рафтаанд. Рӯзи Кӯлоб хело дер оғоз ва хело барвақт анҷом мешавад. Ним соат баъд аз нишасти офтоб зиндагӣ анқариб дар ин шаҳр мемирад ва Кӯлоб ба шаҳри матруке табдил меёбад. Дар ин пос танҳо зарурмандон сари кӯча мебароянду бас. Шояд Кӯлоб ягона шаҳрест, ки аз миёнаш дарё намегузарад. Тебалай истисност, зеро ин сой ҳамагӣ дар чанд сол 1 бор меояд ва Худо аз омаданҳои соли мисли соли 2010-умаш нигоҳ дорад...

Дар феҳрасти камбудиҳои ин мардум хосияти нохушӣ ё ба гуфти худи кӯлобиҳо бемиёнӣ дар ҷои аввал меистад. Ягон кӯлобӣ, аз 7 то 70-сола ҳамагӣ 2 дақиқа бидуни болишт нишаста наметавонад ва бояд ҳатман такя кунад. Танҳо кӯлобӣ метавонад ҳар рӯз аз бозор бандчаи кабудиро 3 сомонӣ харидорӣ кунаду 4 «сотих» замини бекорхобидаи ҳавлиашро ба ҳадди ним метр барои обчакорӣ истифода набарад. Дуруст аст, ки ғурурмандӣ хосияти хубест, аммо кӯлобиҳо 2 шакли ғурур доранд: яке мусбӣ ва дигаре манфӣ. Дар тамоми олам шояд ғурури мардуме болотар аз ғурури мардуми Кӯлоб набошад. Ғурури ин мардум то он ҳад баланд аст, ки (воқеан яке аз иллатҳои аслии қафомонии Кӯлоб ҳамин аст) ҳатто пешхизмат дар ресторан ба мизоҷ лутф надорад. Аз пешниҳоди номгӯи хӯрокҳо «меню» ё ҳаракати бепарвоёнаи пешхизмат чунин фаҳмидан мумкин аст, ки: агар мехоҳед шинед, намехоҳед 4 тарафатон қибла. Дар Кӯлоб касе касеро дар чойхонаву ресторан, таксиву тангем зориву илтимос намекунад, ки нишинад. Кӯлобӣ лутф карда наметавонад, ҳатто агар лозим ояд, ки бузургтарин мансабу волотарин дороиро насиб шавад низ. Тем более, тамаллуқ зада наметавонад… Ин аст, ки ҳатто дар даврони ба ном «ҳукумати кӯлобиҳо» низ ангуштшумор кӯлобии шаҳрнишин вазифае дорад! Ба таҳқиқ, Кӯлобӣ будан-ҷазост!

Кӯлоб: Хусусияти хоси он

Танҳо ба кӯлобӣ хос аст, ки замони зиёрати ҳоҷӣ аз ӯ пурсон шавад, ки кай боз ба хонаи Худо меравад? Ин танҳо дар Кӯлоб аст, ки ба саволи харидор фурӯшанда ба савол ҷавоб медиҳад. Масалан, аз дилхоҳ гӯштфурӯш нархи гӯштро пурсӣ ба ҷои ҷавоби даркорӣ ҳатман мепурсад, ки чанд кило мегирӣ? Ин кӯлобист, ки дар аввалин вохӯрӣ аз меҳмон рӯзи баргаштанашро мепурсад, мисле, ки «Кай мерай?!». Тӯли зиндагӣ дар ин шаҳр чизеро мушоҳида кардам, ки ба Худо дар ягон нуқтаи мамлакат нест. Ман ин ҳарф холисона меорам ва бигузор ба иззати нафси дигарон нарасад: Кӯлоб ягона ҷоест дар Тоҷикистон, ки дар он ҷо мардумон дар хонаву бозор, дар ҷамъияти кӯчаку бузург, дар сӯҳбатҳои чортаниву чилтанӣ танҳо ба тоҷикӣ ҳарф мезананд!... Муҳит чунин сохта шуда, ки урустарин Иван, қатағантарин Эгамбердӣ низ ба тоҷикӣ гап мезанад. Ҳатто аврупоиёне, ки ним сол зиёд дар Кӯлоб кор мекунанд, ҳатман Тоҷикӣ гап мезананд. Зеро дар Кӯлоб ғайритоҷикӣ ҳарф задан мумкин нест: қандата хӯру бо дигар забон сухан кун!!!

Хусусияти хоси дигари мардум ин аст, ки эшон Худову бандаро «Ту» мегӯянд ва аз «Ту» гуфтанҳои эшон набояд ранҷид. «Ту»-и онҳо он қадар холисона аст, ки ҳазорон «Шумо»-ву «Худатон»-ро сарборист. Воқеан, дар ин боб низ латифае ҳаст, ки хуҷандие аз кӯлобӣ барои «ту» гуфтанаш малол шуда, мегӯяд «акоҷон, о Шумо эҳтирома медонед, ё не? Ту нагӯед, ман хафа мешавам!». Кӯлобӣ бебокона дар посух мегӯяд «э, ҷӯра ту доим мара «Шумо» мегӯӣ, ман қаҳр намекунам-ку?!»... Вале муҳимтарин хислати кӯлобиҳо ин аст, ки агар мабод аз касе, чизе дилмонда шудаву рӯ тобанд; войи он касу он чиз. Инро набояд фаромӯш кард, баракс инро дар муҳимтарин лаҳзаҳои ҳассос ҳатман ба назар бояд гирифт!!! Хусусияти аз ҳама олии ин мардум рӯҳи шикастнопазиришон аст. Кӯлобӣ ҳангоми сакароти мавт низ ба душман сар намефарорад ва зиёда аз ин бо фулону беҳмадон таҳдидаш мекунад.

Кӯлоб: Меҳмоннавозтарин мардум дар олам

Шояд дар олам аз мардуми Кӯлоб дида бебоктару меҳмоннавозтаре пайдо нагардад. Барои исботи ин гуфтаҳо мисоле меорам. Соли 2010, ду рӯз баъд аз омадани сели мудҳише, ки 13 кушта бар ҷой гузошт (воқеан ин сел аз сойи Тебалай омад), аъзои ҳукмати кишвар аз макони офат дидан мекарданд. Маро низ аз рӯи масъулияти доштаам иттифоқ уфтод, ки эшонро ҳамроҳӣ кунам. Мардум ҷо-ҷо, дар ҷои хонаҳои ҳамакнун ба хок яксон гаштаи худ яке сари санге, дигарӣ болои чӯбе ҳайрону ҳазин менишастанд. Замони аз пеши хонаҳои валангор гузаштани ҳайати ҳукуматӣ 1 зану марди аз саховати кадом 1 хайрхоҳе бархӯрдор болои тахтасанги хонаашонро зеркарда, болои газетаи кӯҳнае, пораи ноне гузошта, чой менӯшиданд. Чун моро диданд, мард аз ҷо хеста, сӯи мо нидо кард, ки «ака, марҳамат, 1 пиёла чои моро гиред!». Чун мард ваҷоҳати моро дид, илова кард: «Биёед, ака агар шикаста бошем ҳам нарехтаем. Дидам, ки чашмони Муродалӣ Алимардонро ашк гирифт… Танҳо кӯлобии бехонаву дар ва бе қуту бе дастархон метавонад бидуни ягон шаттоҳиву дудилагӣ, бебоконаву холисона касеро ба 1 пиёла чой даъват кунад. Инро ман набофтаам, инро аъзои ҳукумат дидаву мегуфт: Зиҳӣ ба ин ҳиммат!!!

Кӯлоб: Зодгоҳи лақаб-тахаллусдорон

Дуруст аст, ки дар тамоми Тоҷикистон афроди саршиноси соҳибтахаллус хело зиёданд. Аммо Кӯлоб дар ин ришта низ бидуни ягон шак ва шубҳа мавқеъи хосро ишғол дорад, ки ин ҳам яке аз ҷиҳати фарқкунандаи Кӯлоб аст. Исми чанде аз эшонро ин ҷо хоҳем овард ва умедворем онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, моро дуруст мефаҳманд ва онҳое, ки бо мо нестанд, илоҳо ҷояшон ҷаннатулфирдавси барин бошад, ки бисёриҳошон ба истиснои 1-2 нафар дар мавқеи худ барои беҳбудии мардум хизмат кардаанд: Ҳикмати гов, Раҳмон стил, Раҳмон плечо, Ҳабиби природа, Сафар пешера, Валӣ боксер, Ғаффор-седой, Хайруллои чапан, Тоҳири хирс, Нуралӣ кишка, Кабут (Сафармад), Олим желез, Ҷумъа мускул, Алихони ҳиндӣ, Хуршеди қумба, Маҷиди кудрявий, Талаб кузнетс, Санчо, Шайх Камол, Ҳикмати рикошет, Рустам корочи, Нуралӣ кавгбоз...

Кӯлоб: Босадоқаттарин мардум

Бо тасвири хосияту хусусиятҳои ин мардум ин нуктаро наметавонам зикр накунам, ки садоқати ин мардум ба ин Ватан, ба ин ҳукумат ва ба Президент, ки дар Кӯлоб зиёд дӯсташ медоранд, он қадар зиёд аст, ки барои қиёсаш ташбеҳе нахоҳӣ ёфт ва барои баркашиданаш дилхоҳ тарозу хоҳад шикаст. Дар ягон мавриду лаҳзаи ҳассос кӯлобиҳо алайҳи ҳукумат қиём нахоҳанд кард. Ҳатто баргашти мақоми вилояти Кӯлобро, бе ғавғо интизоранд ва ҳудуди 20 сол аз роҳбарияти давлат умед доранд, ин масъала ахиран ҳалли худро хоҳад ёфт. Эшон ба ҳама далериву тезиву тундӣ шӯру қиёмат нахоҳанд кард, зеро кӯлобӣ ба ҳама намуди савганди садоқат, содиқ аст… Даст рӯи сина монда бигӯед, ки кадоме аз дигар сокинони вилоят таҳаммули онро медошт, ки 4 бор вилояташро бигиранду шаҳрашро барҳам зананд ва боз ҳам содиқ ба ҳукумат монад?...

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ,

Махсус барои СССР

Thursday, 11 October 2012

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter