ХАБАРИ ДОҒ

Радикализми исломӣ ва ифротгароии динӣ дар Осиёи Миёна

  • Чоршанбе, Июл 31 2019

 

Дар асри ХХI ифротгароии исломӣ ва терроризм яке аз мушкилоти доғ на танҳо дар кишварҳои Осиёи Ғарбӣ, Африқои Шимолӣ, Аврупо, Осиё, ИМА, балки  дар Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна гардид. Ба ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20.01.2016 одилона қайд карда буд, ки "имрӯз терроризм ва ифротгароӣ ба бехатарии ҷаҳон ва ҳар шаҳрванди сайёра таҳдид намуда, мисли вабо барои инсоният аз силоҳи атомӣ дида хатарноктаранд...”.

Каме дар бораи таърихи масъала

Бояд гуфт, ки дар Арабистони Саъудӣ, Кувайт, Қатар ва Баҳрайн мазҳаби суннӣ дини давлатӣ эълон шудааст. Аммо маълум, ки асоси ақидатии суннигароиро дар ин кишварҳо мактаби каломии Салафия ташкил медиҳад (яъне бозгашт ба салафи солеҳ). Ҳаракати салафигароӣ тақрибан дар асри IV-уми ҳиҷрӣ, ки ба бозгашт ба тозагии исломи замони Паямбар (с)-ро даъват мекард, пайдо шуд. Салафиёни аввал аз пайравони имом Аҳмади Ҳанбал буданд. Онҳо манбаъи асосии расидан ба ҳақоиқи диниро Қуръон ва Суннат медонистанд, аммо бурҳони ақлӣ ва мантиқро дар фаҳми ҳақиқати ин 2 манбаъи муътамад инкор мекарданд. Яъне ба куллӣ ақлро канор гузошта буданд. Ба диди онҳо ақл метавонад танҳо дар фазои бисёр маҳдуд мавриди истифода қарор дода шавад. Салафиҳо аз ҳама бештар ба масъалаи Тавҳид диққат медиҳанд. Ва ҳамин тавр ҳар навъи василаро миёни Худо ва банда ширк ва хилофи Тавҳид медонанд. Дар асри XVIII, дар Наҷд (Ҳиҷоз) ваҳҳобият зуҳур кард, ки ба муттаҳидшавии аъроб ва рондани туркон аз Ҳиҷоз даъват мекард. Ба ин ақида ҷомаи динӣ пӯшонида шуд. Ҳаракати ваҳҳобӣ ба хотири номи асосгузори он-шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1699-1792) гузошта шуд. Ваҳҳобиҳо талаби барқарорсозии исломро дар шакли "тозагии аввалияаш" талаб доштанд ва аъробро таҳти парчами "исломи аслӣ" ба куштори "муртадин аз ислом" ва "мушрикин"-туркҳо даъват мекарданд.

Салафиҳо ва Тавҳид

Мазмуни асосии ваҳҳобиятро дар асри XVIII пойбандӣ ба асли тавҳид, тарки тавассул, тарки зиёрати қубур ва аркони муқаддас, поксозии ислом аз бидъат ва бозгашт ба исломи аввалияи замони Паямбар (с) ташкил медод. Ҳамин тариқ, дар таълимоти ваҳҳобия, ки асли ҷудонашавандаи салафигароӣ ба шумор меравад, ҷои марказиро бозгашт ба манобеи муқаддаси исломӣ-Қуръону "Суннат" ва риояи бечунучарои ҳамаи дастуруламалҳои қатъии "исломи тоза" ишғол мекунад. Ба диди бархе аз муаррихон, аз ҷумла, олими рус В.Боровиков, ваҳҳобиҳо кулли мазоҳиби дигари аҳли суннатро инкор мекунанд ва бидъат меноманд. Ба таъбири дигар, ваҳҳобият фаромазҳабӣ буда, ба мазҳаби хосе аз аҳли суннат сахт гиреҳхӯрда нест, гарчи салафӣ-ваҳҳобиҳо умдатан ҳанбалӣ ба шумор мераванд. Аммо ин, ба андешаи исломшиноси рус А.А.Игнатенко, танҳо ба он маъност, ки салафиҳо барои тасдиқи фикрашон бештар ба осори Аҳмад ибни Ҳанбал муроҷиат ва аз роҳу равиши фармудаи ӯ дар Тавҳид табаъият мекунанд. Салафиҳо барои расидан ба "исломи тоза"-и замони Паямбар (с) мустақиман бе устувонаҳои мазҳабӣ муроҷиат мекунанд. Баъзеҳо маҳз инро яке аз авомили густариш ёфтани ваҳҳобият дар ҷаҳони ислом, аз ҷумла, дар Қафқози Шимолӣ, Тотористон ва Бошқирдистони ФР, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон медонанд, ки дар ин минтақаҳо бештар мазҳаби ҳанафӣ ва шофеъӣ паҳн шудаанд. Дар ғарб, хусусан, ИМА олимон ва сиёсатмадорон салафӣ ва ваҳҳобиро ифротгароёни исломӣ ном ниҳоданд ва ин мафҳум дар Русия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла, Осиёи Миёна низ роиҷ гардид.

Мубаллиғони хориҷии Саъудӣ

Имрӯз мактаби ваҳҳобият дар кишварҳои халиҷи Форс, Ҳиндустон, Индонезия, Африқои Шимолӣ ва Шарқӣ наздики 100 млн пайрав дорад, ки бештари ин афрод аз ифротгароӣ ва терроризм дуранд ва ба ин падидаҳо бегонаанд. Аммо вуҷуди ифротгароиро намешавад дар қисмати сиёсишудаи салафигароӣ ва ваҳҳобият инкор кард. Ваҳҳобияти ифротгарои имрӯза, ба андешаи олими рус И.П.Добаев, бо аслҳои асосии ҷаҳонбинии худ, ба замони аввалияи даъвати Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб яксон аст. Дар навбати худ, роҳбарони Арабистони Саъудӣ ва Қатар, шайхони ифротии ин кишварҳо, ба ин андеша, ки дар ҷаҳони ислом пайравони салафият ва ваҳҳобият ақаллиятанд (ҳамагӣ 100 млн), розӣ нестанд. Лиҳозо, ба ҳар роҳ мекӯшанд шумораи пайравони худро 2-3 маротиб афзоиш диҳанд. Барои ин кор дар ин кишварҳо ҳамасола маблағҳои ҳангуфт ҷудо шуда, ба таблиғотчиёни ваҳҳобият дар кишварҳои дигар (хоса, кишварҳои пасошӯравӣ) фиристода мешаванд. Барои мисол, Вазорати корҳои исломии Арабистони Саъудӣ дар беруни кишвар 25 маркази исломии саъудиро ташкил додааст. Яке аз ин марказҳо дар Маскав фаъолият дорад. Арабистони Саъудӣ ба 90 кишвари дунё мубаллиғони худро фиристодааст. Бо ҳимояти Арабистони Саъудӣ дар хориҷ беш аз 1500 масҷид сохта шуда, ба 20 муассисаи таълимии исломӣ кӯмаки молӣ расонида мешавад. Дар 10 соли охир Арабистони Саъудӣ дар кишварҳои дигар зиёда аз 1 млн нусха кутуби динии ваҳҳобиятро паҳн намудааст. Амири Қатар шайх Ҳамод бин Халифа ат-Тонӣ низ ҳамин фаъолиятҳоро мебурд. С.2012 ҳини ифтитоҳи масҷиди Абдулваҳҳоб ин шайх гуфт, ки ӯро бо Абдулваҳҳоб робитаи хешутаборӣ бо ҳам мепайвандад.

“Кофир”-гӯӣ хоси ваҳҳобиҳост

Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз дар с.1932 подшоҳ Ибни Саъуд давлати Саъудиҳоро Арабистони Саъудӣ номида, ба кишвар рӯҳониёни мӯътабар аз як қатор кишварҳои исломӣ даъват шуданд. Аз ҷумла, аз Иттиҳоди Шӯравӣ низ, ки с.1926 истиқлолияти Саъудиро эътироф карда буд, чанд рӯҳонӣ даъват карда шуд. Дар ин чорабинии таърихӣ 3 рӯҳонӣ аз водии Фарғона ширкат варзиданд. Ин рӯҳониён чанд рӯз дар Арабистони Саъудӣ монданд ва ин чанд рӯз барои ваҳҳобӣ шудани онҳо кофӣ буд ва баъди бозгашт ба тарғиби ваҳҳобият пардохта, чанд мақолае дар маҷаллаи "Мусалмонони Осиёи Миёна" чоп карданд. Аммо ниҳодҳои қудратии шӯравӣ хеле зуд фаъолияти онҳоро қатъ карданд. Дар баробари ин, ваҳҳобият дар ҷаҳони ислом ақаллиятро ташкил медиҳад, лек онҳо иддаъо доранд ба сифати исломи аксарият баромад кунанд. Ба ин хотир доъиёни ваҳҳобӣ мекӯшанд алоқаи бевоситаи худро бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Арабистони Саудӣ пинҳон кунанд, ё онро камранг намоиш диҳанд. Ваҳҳобиҳо мекӯшанд аз 1 сӯ худро ба ҳаракатҳои салафии пешин пайванд бизананд, ки Абдулваҳҳоб низ худро ба онҳо пайванд медод ва аз тарафи дигар мекӯшанд тафсирҳои наве ба ваҳҳобият ҳамроҳ кунанд. Дар ин раванд ба ваҳҳобияти муосир асарҳои Абдулло Аъзоми фаластинӣ, Усома бен Лодани саъудӣ ва Умар ар-Раҳмони мисрӣ ва як қатори дигар таъсири фаровон гузоштанд. Ба ин хотир, як қатор муҳаққиқон онҳоро чун неоваҳҳобиҳо муаррифӣ кардаанд. Олими рус А.Игнатенко менависад, ваҳҳобиҳо эълони тавҳид карда, касеро, ки аз назарияи онҳо пайравӣ намекунад, "кофир" ва "мушрик" меноманд. Ба сафи "душманони ислом" ба андешаи ваҳҳобиҳо яҳуд, насоро, мусалмонони муртад ва мунофиқин (мусалмононе, ки бардурӯғ худро шомили ислом намудаанд) шомил мегарданд. (А.А.Игнатенко. “Обыкновенный ваххабизм”).

Радикализми исломӣ

Исломикунонии идорашаванда...

Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (ҲИУ) барои ҷалби ҷавонон ба сафаш дар ҳудуди Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон фаъолияти густардаеро ба роҳ мондааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки Усмон Одил-роҳбари ҲИУ апрели с.2012 дар Афғонистон кушта шуд ва сарварии ҳаракатро Усмон Ғозӣ ба ӯҳда гирифта, с.2014 расман аз "Давлати исломӣ" тарафдорӣ кард. Бобати ақоиди салафигарӣ, ваҳҳобигарӣ ва сиёсикунонии ислом дар ҷамоҳири Осиёи Миёна, муҳаққиқи рус А.Акпадшахов менависад, ки "Замони ворид шудани ақоиди салафигарӣ ва ваҳҳобигарӣ ба фазои пасошӯравӣ, солҳои 1970 аст. Маҳз ҳамон давра лоиҳаи Ҳаракати байналмилалии исломи ифротӣ пайдо шуд. Вазифаи ин ҳаракат барқарорсозии "низоми исломӣ" дар ин манотиқ ба шумор мерафт. Барои баррасии ин лоиҳа, дар як қатор шаҳрҳои Арабистони Саудӣ ва Лондон машваратҳо доир шуданд. Дар машваратҳо қарор дода шуд, гурӯҳи мутахассисони англисӣ (албатта бо ширкати СРУ) созмон дода шавад ва ин гурӯҳ мебоист ба раванди исломикунонӣ дар манотиқи пасошӯравӣ сарварӣ мекард. Ин лоиҳа Исломикунонии идорашаванда ном гирифт. Ин коршиносон нақшаи интиқоли аъзои ҳаракатҳои бунёдгароёна (мубаллиғони салафӣ ва ваҳҳобӣ)-ро аз Шарқи Наздик ба ҳудуди шӯравии собиқ тартиб доданд.

“Миллиарди тиллоӣ”

Дар зарфи чанд сол гурӯҳи коршиносони англис бо ҳамроҳии намояндагони элитаи арабӣ (фирқаи ваҳҳобӣ дар қарни XVIII дар Наҷд ва  Арабистони Саудӣ маҳз бо дасти хадамоти ҷосусии англис сари кор омаданд) дар Шарқи Наздик зери сақфи вазорати мустамликаҳои Бритониё амал мекарданд. Тибқи нақша, фазои пасошӯравӣ бояд ба якчанд "аморати нимахудмухтори исломӣ" табдил меёфт. Ин кишварҳо дар асл сиёсати Ғарбро пиёда мекарданд. Мақсади охирин, ваҳҳобикунонии тамоми фазои пасошӯравӣ ва дар баробари ин, кам кардани теъдоди аҳолии собиқ СССР то 20-30 млн нафар буд. Маҳз ин теъдод аҳолӣ ғарбиёнро қонеъ мекард. Аҳолие, ки намехост "ваҳҳобиятро" қабул кунад, бояд аз байн бурда мешуд (Абдул Ваҳҳоб маҳз ҳамин гуна рафтор ва бо тамоми мухолифони худ бо қотеъият рафтор мекард ва ҳар кӣ ваҳҳобӣ намешуд, бояд кушта мешуд). Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро мусалмонони ифротӣ бо Ғарб, ИМА ва Англия) ҳамкорӣ мекунанд? Ин воқеъият то кунун бо ин ҳол боқӣ мемонад, ки чанд даҳсола сиёсати Ғарб ба азнавтақсимкунии захоири ҷаҳонӣ ба фоидаи "миллиарди тиллоӣ" равона шудааст. Мутахассисони ғарбӣ дар ин раванд, аз салафият ва ваҳҳобият ба унвони яке аз абзорҳо истифода мебаранд. (А.Акпадшахов. “Ваххабиты-джихад против России”)

Тарҳи радикализми исломии СРУ

Тибқи маълумоти муаллифи ин мақола, солҳои 1990 дар СРУ қарор дода шуд, аз "омили исломӣ", хусусан, аз пайравони салафия барои ҷудоӣ андохтан миёни мусалмонҳои Русия ва ҷамоҳири Осиёи Марказӣ истифода намоянд. Дар иртибот бо ин, СРУ воҳиди махсуси 5000-нафара таъсис дод. Буҷаи ин воҳиди навтаъсис 5 млрд. долларро ташкил медод. Дар амалисозии нақша, СРУ бо хадамоти ҷосусии Англия, Қатар ва Арабистони Саудӣ иртиботи зич дошт. Ин кишварҳо манфиатдор буданд, ки дар ҳудуди пасошӯравӣ салафия ва ваҳҳобият дини расмӣ эътироф гардад. Ба андешаи мо, дар пиёдасозии нақша ҷосусони амрикоӣ ва англис ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд. Барои мисол дар с.1973, дар Афғонистон сохти подшоҳӣ сарнагун ин кишвар ба ҷумҳурӣ табдил ёфт. С.1978 бошад, дар Афғонистон қудратро нерӯҳои демократӣ ба даст оварданд ва Афғонистон ҷумҳурии демократӣ эълон ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, баъди вуруди нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар, 25.000 муҷоҳиди салафӣ бо сарварии мубаллиғи фаластинӣ Абдуллоҳ Аъзам ва мубаллиғи саудӣ Усома бен Лодан ба Афғонистон барои ҷиҳод омаданд. Апрели с.1992 шӯришиён Кобулро ба тасарруфи худ дароварданд. Аз с.1995 бошад дар Афғонистон нерӯи нави ифротӣ-"Ҳаракати Толибон" рӯи кор омад, ки аз Покистон ёрӣ мегирифт. С.1996 Толибон Кобулро ғасб ва Афғонистонро исломӣ эълон намуданд. Лодан ҳанӯз с.1988 дар Афғонистон ташкилоти худ-"Ал қойида"-ро таъсис дод. Ба он асосан салафиҳо ва ваҳҳобиҳо шомил буданд, ки намояндагиҳои худро дар бисёре аз кишварҳои дунё доштанд. "Ал қойида" сохти шабакавӣ дорад ва маҳз ба ин хотир нест карданаш бисёр душвор аст. Шиори асосии роҳбарони он “Барпосозии хилофати исломӣ бо пойтахт дар Арабистони Саудӣ то с.2100” аст. Ба ин хилофат мебоист 54 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Миёна, Қафқози Шимолӣ, Бошқирдистон ва Тотористон шомил мегардид.

Дар авохири с.2001 дар Афғонистон давлати интиқолӣ таъсис ёфт. С.2004 дар ин кишвар Ҳомид Карзай президент интихоб гардид. С.2014 бошад Ашраф Ғанӣ президент интихоб ва дар кишвар ба хотири ҳифзи ваҳдати миллӣ, мансаби Раиси Давлат таъсис дода шуд ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ин мансаб интихоб гардид. Бо вуҷуди ин “Толибон” аз 29 вилояти Афғонистон 11 вилоятро таҳти назорат қарор доданд ва то ҳол дар ин вилоятҳо ҷанг идома дорад.

 

Ревматизми исломӣ

"Дӯст доштан ва дӯст надоштан"-и ваҳҳобӣ

Ба таъбири дигар, ваҳҳобиҳо ҳар мусалмонеро, ки ба ӯ шак кунанд, ба сафи "мунофиқин" дохил мекунанд. Барои мисол, муфтии собиқи Арабистони Саъудӣ Бин Боз таъкид мекард, "ҳар мусалмоне, ки рӯирост ё пинҳонӣ дастуроти диниро вайрон мекунад, бояд бидонад, ки ӯ мушрик мешавад ва бояд зиндонӣ, ё кушта шавад". Инчунин ба сафи куффор пайравони тамоми ҳаракатҳои фикрӣ (албатта ғайр аз ваҳҳобият), барои мисол, шомил будан ба ҳаракатҳои атеистӣ аз қабили коммунист, секуляр, демократ ва ғайра, иртидод дар дин қаламдод шуда (Фавзон ал Фавзон. “Китоби тавҳид”. Махачқалъа, 1997. с.64), касоне, ки шариатро ба ҳайси ягона манбаи ҳуқуқӣ рад мекунанд, шомил мешаванд. Ба андеша Фавзон, ҳар фаъолияти қонунгузорӣ ва маъмурии инсон, яъне додани ҳуқуқи қонунгузорӣ ба каси дигар ғайри Аллоҳ куфр аст. Ҳамин тариқ, мутафаккирони ифротии ваҳҳобӣ таълимоти ғалати зиддиинсонии "Дӯст доштан ва дӯст надоштан" (Ал вилоя ва ал бароя)-ро кор карда баромаданд. Асли ин таълимот, аз ҷумла, дар китоби муаллифи салафӣ Солеҳ бин Фавзон ал-Фавзон "Дӯстӣ ва адами мушорикат дар ислом" зикр шудааст. Дар ин китоб инсоният ба 3 гурӯҳ тақсимбандӣ шудааст:

1.Гурӯҳе, ки онҳоро бояд дӯст дошт ва ҳеҷ душмание нисбаташон наварзид;

2.Гурӯҳе, ки онҳоро бояд танҳо душман дошт ва нисбаташон душманӣ варзид;

3.Гурӯҳе, ки аз 1 тараф сазовори дӯстӣ ва аз сӯи дигар сазовори душманианд. Ба ин гурӯҳ тамоми мусалмононе, ки ақоиди ваҳҳобиятро таъйид намекунанд, шомил мегарданд.

Ломазҳаб...

Дар баробари ин, дар солҳои 1990 дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия салафӣ-ваҳҳобиҳои насли нав пайдо шуданд. Салафиҳои Арабистони Саъудӣ, Қатар, Баҳрайн ва Қувайт пайравони мазҳаби имом Аҳмади Ҳанбаланд. Аммо салафиҳои Қафқози Шимолӣ, Тотористон, Бошқирдистон ва ҷамоҳири Осиёи Миёна, ба андешаи олими маъруфи Курдистон мавлавӣ Абдуллоҳ Абдулазизи Хиртолӣ, мазҳабро инкор мекунанд ва ломазҳаб ба шумор мераванд. Ин гурӯҳ шайх Муҳаммад Насриддини Албониро (1914-1999) пешвои рӯҳонии худ медонанд. Албонӣ фиқҳи ҳанафиро бо Инҷил баробар мекард, албатта, ин ҷумла аз асарҳои баъдии ин олими салафимаслак ҳазф карда шуд. Ӯ талаб мекард, ибодоти мусалмонон бо фиқҳи мактаби маданӣ, ки аз фиқҳи мактаби кӯфӣ тафовут дорад, анҷом гарданд. Дар қатори Албонӣ, инчунин Марвон ал-Қайсӣ (Фаронса), Муҳаммад Ҷамил Зино, Бен Боз, Солеҳ Фавзон, Сулаймон ат-Тамимӣ, Юсуф Қарзовӣ ва ғ. пешвоёни салафиҳои муосиранд. Дар ҷамоҳири Осиёи Миёна дар қатори салафиҳо, инчунин пайравони "Ҳизб-ут-таҳрир", Ҷамоати таблиғ ва даъват, Ҳаракати исломии Узбакистон, "Ҷамоати Ансоруллоҳ" низ чун ифротиёни исломӣ шинохта шудаанд. Инҳо низ дар қатори салафиҳо дар роҳи исломигардонии ҷомеаи манотиқи Осиёи Миёна фаъолияти густурда мебаранд. Масалан, "Ҷамоати таблиғ" ба риояи бечунучарои шариат ва "Ҳизб-ут-таҳрир" бошад мусалмононро барои барпо намудани хилофати ягона даъват мекунад. ҲИУ бошад, ишғоли водии Фарғона ва барпо кардани давлати исломиро дар ин водӣ, вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд. Қадами баъдӣ ишғоли кулли Узбакистон ва баъдан Қирғизистону Тоҷикистон ва барпо намудани хилофати исломӣ дар ин кишварҳо ба шумор меравад.

ҲИУ сӯи ЧИН рафтанист...

Таҳлили асноди ба даст омада нишон медиҳад, ки ҲИУ (баъди ба роҳбарияти он расидани Усмон Одил, августи с.2010) тадриҷан сохти "Ал Қоъидаро" гирифта ба ҳаракати шабакаӣ табдил ёфтааст. Ин муборизаро бо фаъолияти ифротӣ-террористии ин ҳаракат мушкил мегардонад. ҲИУ, ба андешаи И.Аманжол, дар амал ба асбоби сиёсати ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ИМА ва Англия мавриди истифода қарор мегирад, мубаддал шудааст. (Аманжол И. “Терроризми байналмилалӣ ва ҳалли масоили сиёсӣ”). Маҳз ба ин хотир ба диди мо, гурӯҳҳои ифротӣ-террористии хурд мисли "Ҷунуд ал-Хилофат" (Сарбозони Хилофат), "Ҷайш ул-Маҳдӣ", ки дар ҳудуди Қазоқистон чанд амали террористӣ анҷом доданд, ба ҳайати ҲИУ шомил мегарданд. Дар ҳайати ҲИУ, дар қатори узбекҳо, инчунин тоҷикҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва уйғурҳо низ меҷанганд. Ба ҳамин хотир ҲИУ дар оғоз амалҳои террористиро дар қаламрави Узбакистон, баъдан дар Тоҷикистону Қирғизистон анҷом медод ва с.2012 дар Қазоқистон пайдо шуд. Ва дар ояндаи наздик имкон дорад, ин ҳаракат худро дар қаламрави Чин низ муаррифӣ кунад.

Ревматизми исломӣ

Тикашавии Толибон

Маймоҳи с.2011 Ҳамад-амири Қатар дар кишвараш намояндагии ҳаракати "Толибон"-ро ифтитоҳ бахшид. Дар ин Намояндагӣ амрикоиҳо бо миёнаравии амири Қатар бо Толибон ба музокира оғоз карданд. Бояд гуфт, ки вазъият дар Афғонистон бисёр печидаву мураккаб аст. Январи с.2016 вохӯрии гурӯҳи чоргонаи ҳамоҳангкунӣ бобати гуфтушуниди мустақими ҳукумати Афғонистон бо "Толибон" доир шуд. Аъзои гурӯҳи чоргона - намояндагони ИМА, Покистон, Чин ва Афғонистон дар изҳороти муштаракашон иброз намуданд, ки тавонистанд дар раванди гуфтугӯ бо Толибон ба пешрафти назаррас ноил шаванд. Дар баробари ин, худи Толибон кӯшиши гурӯҳи чоргонаро "бефоида" унвон карданд. Муноқиша дар Афғонистон ба нуқтаи доғи худ расида, то рафт бештар шабеҳи Сурияву Ироқ мегардад. Доктори илмҳои таърих, афғоншинос А.Князев чунин меҳисобад, ки "Толибон" бештар ҳаракати миллӣ-озодихоҳист ва мақсади асосии он - мубориза алайҳи ҳузури низомии хориҷӣ дар кишвар, дар ҳар шакли он, хоҳ амрикоӣ, хоҳ арабӣ ба шумор меравад. Айни ҳол дар дохили "Толибон" равандҳои душвор, аз ҷумла, тика-тика шудани ҳаракат ҷараён доранд. Ва дар ин росто, ҳифзи "ҳаста"-и дохилӣ, ки қодир ба гуфтугӯи созанда ва ҳамкорӣ дар самтҳое, ки манофеи тарафайн мутобиқат доранд, бисёр зарурист. Толибон ҳаракатест, ки манофеи он танҳо бо хоки Афғонистон ва қисмате аз Покистон маҳдуд мегардад ва ин мушкили дохилиии Афғонистон ба шумор меравад.

Таълими Толибон

Покистон.  Дар солҳои 1990 бо кӯшиши Хадамоти ҷосусии ҳарбии Покистон (ISI) ва СРУ-и ИМА дар ҳудуди ин кишвар "Толибон" дар мадрасаҳои вежа таълим мегирифтанд. Ин сабаби пайдоиши толибони "маҳаллӣ" дар Покистон шуд. Толибони покистонӣ "Таҳрик Толибони Покистон" ном гирифтанд ва ақидаи салафӣ-ваҳҳобиро пиёда мекарданд. Соли 2008 президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ҳини муроҷиат ба президенти Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, ки аз ин ба баъд Покистон якҷоя бо Афғонистон бо Толибон мубориза мебарад. Ин изҳорот сабаб шуд, ки толибони покистонӣ ба ҳукумати Зардорӣ ҷиҳод эълон намуданд ва Покистонро даргириҳои дохилимазҳабӣ фаро гирифт. Толибони покистонӣ чун ҳаммаслаконашон дар Афғонистон мехоҳанд ақидаи салафигариро дар саросари кишварашон паҳн кунанд.

“Ихвон-ал-муслимин”

Шарқи Наздик. Соли 1929 дар Миср Ҳасан ал Банно ташкилоти "Бародарони мусалмон" (“Ихвон-ал-муслимин”)-ро созмон дод, ки бо мурури замон ба ҳаракат табдил ёфта, аз хоки Миср фаротар рафт. Намояндагиҳои он дар бештари кишварҳои арабӣ арзи вуҷуд пайдо карданд. Дар асл ақидаи ҳаракат салафӣ буда, онҳо барои барканор кардани низомҳои дунявӣ дар кишварҳои арабӣ баромад мекунанд. Дар қатори Ҳасан, яке аз назарияпардозони "Бародарони мусалмон" Сайид Қутб (соли эъдом гардид), Мустафо Шукрӣ, Абдуссалом Фараҷ, Ҷуҳаймон ал-Аттабӣ ба шумор мераванд. Назарияпардозони салафият баъди шикасти Миср дар ҷанги 6-рӯза бо Исроил дар ин кишвар фаъол шуданд. Солҳои 2011-12 "Бародарони мусалмон" тавонистанд сохти конститутсионии мавҷударо бо низоми дунявӣ дар Миср, Либия, Марокаш, Яман ва Тунис сарнагун кунанд. Имрӯз қисмати ягона кишвари дунявӣ дар минтақа Сурия низ дар ҳоли ҳаллу фасл шудан аст. Октябри с.2011 ба исломгароёни ҳаракат муяссар шуд, дар Миср табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд ва президенти амалкунанда Ҳусни Муборакро равонаи зиндон кунанд.

Аз Мурсӣ то Сисӣ

Яке аз роҳбарони "Бародарони мусалмон", ки ба "Ҳизби озодӣ ва адолат" тағйири ном карда буд, Муҳаммад Ҳусайн-раиси парлумон ва роҳбари дигари ин ташкилот Муҳаммад Мурсӣ-президенти Миср интихоб шуданд. Декабри с.2012 Сарқонуни нави Миср қабул шуд, яъне исломгароён шитоб доштанд Мисрро давлати исломӣ эълон кунанд. Бадбахтии асосии Мурсӣ дар ин буд, ки ӯ намедонист чи гуна ба таври ҷамъӣ (коллективӣ) ҳукумат кунад ва танҳо ба "Бародарони мусалмон" такя мекард. Қабули Сарқонуни нав бошад дар декабри с.2012 хатоии маргбори ӯ шуд. Ин ҳама сабаб гардид, ки аз 14 то 17 млн. шаҳрвандони мисрӣ дар шаҳрҳои бузурги кишвар ба кӯчаҳо баромада, истеъфои Мурсиро тақозо намуданд. Артиши Миср ҳам ба тарафи эътирозгарон гузашт ва баъди чанде ҳарбиён қудратро дар кишвар ба дасти худ гирифтанд. 26-27 майи с.2014 дар Миср интихоботи президентӣ баргузор ва Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ президенти кишвар интихоб гардид. Ба тарафдори аз ӯ 97% мардуми Миср овоз доданд. Фаъолияти ташкилоти "Бародарони мусалмон" дар Миср манъ ва ин ташкилот "экстремистӣ-террористӣ" эълон карда шуд. Суди олии Миср Мурсиро ба ҳукми қатл маҳкум кард. Аммо баъдан ин ҳукм бознигарӣ ва ӯ ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

 

Давом дорад

 

Давлатхоҷа Назиров,

доктори илмҳои фалсафа, узви ИНТ, афсари мустаъфии КДАМ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter