ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти Хӯҷа Каримов дар Дубай

  • Чоршанбе, Авг 21 2019

  

Ахиран хабар расид, ки Хӯҷа Каримов, собиқ фармондеҳи қаноти ғозималикии Фронти Халқӣ дар вилояти Қурғонтеппа (ҳоло Хатлон), дар Дубай боздошт шудааст. Ҳоло баҳсҳо сари истирдоди ин қумандони номӣ миёни 2 давлат рафта истодааст. Таври маълум, Хӯҷа-командирро, ки бо маблағи ҳангуфт ба Малайзия фирор карда буд, Тоҷикистон дар пайгарди Интерпол қарор дод. Каримов аз рӯи 7 банди ҷиноӣ, бо шумули одамкушӣ, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ ва ғ. муттаҳам мешавад. Ба иттилои шоҳидон, Хӯҷа, ки аз бедодтарин қумандонҳои саҳроӣ буд, ҳадди ақалл дар 8 куштори бевосита муттаҳам аст. Зимнан, лозим донистем, бори дигар зиндагиномаи Хӯҷа-Командирро варақ занем. Мо Метавонем!

Хӯҷа Карим кӣ буд: Табиб ё каллабур?

Нафақахӯр Ҷонибек Ғайратов, сокини маҳаллаи Гипроземи н.Фирдавсӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки «Аз диди ман Хӯҷа Карим каллабуре беш набуд!!! Ва барои ин факт низ дорам. Хӯҷа командир дар ҳамун солҳои нобасомонӣ вақте маҷлиси Шӯрои олӣ ба анҷом мерасад, директори Заводи пахтаи ба номи С.Айнии н.Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) Саидшо Шоев-депутати Шӯрои Олии ҶТро ҳамроҳи додараш гаравгон бурда, дар Ғозималик мепаронад. Воқеа ин тавр рух медиҳад: Вақте маҷлис тамом мешавад, Шоев аз толор берун мебарояд. Нохост додарашро дар ҳалқаи боевикҳо мебинад. Чун пеши онҳо мераваду мепурсад, «ин додари ман аст, куҷо бурданиед ӯро?» Хӯҷа Карим мегӯяд, «бо додарат мо кор дорем…». Шоев низ ба Хӯҷа бо қаҳр мегӯяд, «ҳар куҷое ӯро мебаред, ҳамроҳатон меравам!» Хуллас, ҳардуро ҷониби Ғозималик мебаранду мепаронанд!!! Ин аввалу охири «қаҳрамонӣ»-и Хӯҷа Карим нест. Ӯ бисёриҳоро қатл кардаву даст ба бенизомиҳои онвақта задааст!»

Автобиографияи духтур-рекэт!

Хӯҷа Каримов (Раҳим Каримов) 1.10.1960 дар н.Куйбишев (ҳоло н.Хуросон) зода шуда, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аст. То с.1992 пизишки Беморхонаи ҷумҳуриявии №3-и ш.Душанбе буд. Дар солҳои 1992-93 қумондони саҳроии отряди Фронти халқӣ, муовини якуми командири бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи ҶТ, аз с.1994 то 1998 корманди Ҳукумати вил.Хатлон, соли 1995 депутати халқии Маҷлиси Олӣ аз округи 145-и Уялӣ, узви Кумитаи доир ба корҳои занон, ҳифзи сиҳатӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, с.1997 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон буд. Ноябри с.1998 дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.

Шоҳи Ғозималик

Хӯҷаро ба ташкили қатли депутатҳо-С.Шоев ва Т.Шукуров гунаҳкор донистаанд. Боздошти Хӯҷа-командир фурор ба амал овард ва дар куртаи боевику қумандонҳои вақт кайк ворид сохт. Шасти аксарият ба ҳадде гашт, ки аз пойтахт гум шуданд! Дар матбуот он замон ӯро «Шоҳи ноҳияи Ғозималик» навиштанд, чун пахтаи ин минтақаро ихтиёран ба Голландия ба савдо мезадааст. Вале ба таври ногаҳонӣ озод шуд ва чанде ба баъд ғайб зад.

Хӯҷа пас аз воридшавии қувваҳои ҳукуматӣ ба пойтахт ТВро таҳти контроли худ қарор дода, журналистони «бегона ва душмани синфиро» дар назди боқӣ журналистон истинтоқ, лату кӯб ва таҳқир мекард. Дар ин «амри хайр» дастнишондаҳояш Почохони масхарабоз ва шарики саҳнавӣ, калтача-лиллипути ӯ буданд. Маҳз инҳо журналистони «демократ» ва «вовчик»-ро ба Хӯҷа ифшо мекарданд. Тибқи ривояти шоҳидон, омад-омади Хӯҷа замоне на танҳо ба дили телевизионшикҳо, ки ба қалбҳои вазирону сағирон низ ҳарос ворид мекард. Дар нимаи соли 1990 ба ҷони ӯ дар гардиши маҳаллаи 65-и пойтахт суиқасд карданд, вале бе натиҷа. Тир аз пешонаи Хӯҷа гузашт: Рекошет! Ин буд, ки Каримови ба ғазабомада хост чанд вазирро гаравгон гирад. 

Қумандони бесилоҳон

Ӯ баъд аз ошноӣ бо Файзалӣ Саидов ва Ёқуб Салимов-маъруфтарин чеҳраҳои ҷангии Тоҷик дар Хатлон ва пайвастан ба ФХТ номдор гардид. Хӯҷа дар ягон амалиёти ҷангӣ бе восита ширкат накардааст.

 Хӯҷа-командир аз беҳтарин чеҳраҳои зираки гражданка аст, ки наҷангид, вале сарвати ҳангуфт ҷамъ овард ва бар мардум ситам кард. Ин дар ҳолест, ки худи ӯро дар Ғозималик, бархе ҳамчун сахӣ ва бунёдкор мешиносанд. Зеро аз дигар ҷо ғорат кардаву ба ин ноҳия мекашонид ва андак-андак сохтмонҳои замонавӣ ҳам мекард. Ҳатто арчаҳои қад-қади роҳи мошинагардро, ки имрӯз зиннати Ғозималиканд, Хӯҷа дуздида овардааст ва то ҳанӯз аз Боғи ботаникии раҳматӣ Тилло Бобоев-асосгузори ин Боғ қарздор аст. 

Қумандонсолорӣ дар ФФТ

Аз Робен Гудҳои ҷанги гражданӣ нахустин касе, ки ба ФФТ омад, Хӯҷа-командир буд. Давраи роҳбарии ӯ ба замони қумандонсолории футболи ватанӣ рост меояд. Дар ин давра қариб ки дар саргаҳи тамомии клубҳои футболи мамлакат қумандонҳои сар то по мусаллаҳ меистоданд ва мусаллам аст, ки баргузории мусобиқаҳо байни ин дастаҳо кори саҳлу осон набуд. Новобаста ба ҳамаи ин, дар давраи роҳбарии Хӯҷа Каримов чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи оливу якум, мусобиқа барои дарёфти Ҷоми миллӣ ва дигар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ пайваста ташкилу баргузор шуда, инчунин иштироки тими миллӣ ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ таъмин карда шуданд. 

Хӯҷа Бахтиёри Муртазоро паронданӣ буд!

Хӯҷа ба қатли даҳҳо нафар дасти тамом дорад. Хӯҷа-командир Бахтиёр Муртазоев-аввалин сардабири нашрияи «Минбари халқ»-ро низ қариб мепаронд. Худи устод Муртазоев дар меҳмонии СССР гуфт, ки «солҳои баъдиҷангӣ дар нашрияи парлумонии «Садои мардум» муҳаррир будам. Рӯзе дар назди бинои Шӯрои Олӣ ҳамроҳи Назрулло Дӯстов-собиқ вазири нақлиёт сӯҳбат доштем, ки аз куҷое депутат Хӯҷа Командир ҳамроҳ бо чанд телехаш пайдо шуд. Назди мо каме қарор гирифта сӯи ман ҷиддӣ гуфт, «Шунидам, ки ту қубодиёнӣ будастӣ-а?». Гуфтам, «ҳо, чӣ гап буд?» «Туро ҳам парондан даркор!» гуфт ӯ. Тибқи овозаҳо, чанд рӯз пеш ӯ бо силоҳбадастони қубодиёнӣ муноқишае доштааст. Ва аз сари алам метавонист ҳар қубодиёниро паронад, аз ҷумла, маро. Дӯстов гапи ӯро буррида гуфт: «Ту Муртазоевро паронданиӣ? Агар ӯро куштанӣ бошӣ, аввал маро мепаронӣ, баъд ӯро! Чӣ хел фаҳмидӣ?». Хӯҷа инро шунида, аз пеши мо дур шуд. Ин қиссаро барои он гуфтам, ки он шабу рӯз ҷони ҳама дар сари қил буд ва вақте саҳар аз хона ба кор мерафтӣ, дигар тақдират номаълум буд: бегоҳ зинда бармегардӣ, ё не?»

Хайрандеш бо 2 мисраъ халос шуд

Боре мухлиси газетаи СССР-Холмуҳаммади Чархӣ-шоир ва косиб аз н.Рӯдакӣ дар меҳмонии СССР гуфта буд, ки Хӯҷа Карим шоири маъруфи Тоҷик-Хайрандешро қариб мепаронд, агар шоир бо 2 мисраъ халос намехӯрд. Чархӣ гуфт: «Тибқи шунидаам, гӯё Хайрандеш дар замони ҷанги гражданӣ аз чанги Хӯҷа-командир дар маркази пойтахти кишвар бо ин 2 мисраъ халос хӯрдааст:

Умрам гузашту Хӯҷаи Хизр назар накард,

Шояд кунун Хӯҷа-командир назар кунад…».

Ш.Умар,

М.Амин

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter