ХАБАРИ ДОҒ

Нархи орду гӯшт дар Хатлон хест!

  • Чоршанбе, Нояб 27 2019

 

Якбора то 40-45 сомонӣ боло рафтани нархи 1 халта орд дар рӯзҳои охир боиси нигаронии аҳолии вил.Хатлон шуд. Масъулони Хадамоти зиддинҳисории вилоят ва тоҷирон сабаби ин «ҷаҳиши ғайриинтизор»-ро дар болоравии қурби асъор, алалхусус доллари ИМА  ва гарон шудани нархи гандум дар Қазоқистон-кишвари асосии таъминкунандаи гандуму орди Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Дар Раёсати Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати ҶТ ва Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири СССР иттилоъ доданд, ки дар нимаи моҳи ноябр нархи 1 халтаи 50 килоии орди навъи 1-ум 210-220 сомонӣ арзиш дорад. Дар асл бошад арзиши 1 халта орд дар 2 бозори калони  «Фаровон ва “Ҳоҷӣ Шариф» дар анборхона орди навъи якуми “Зар-Замин” 215 сомонӣ нарх дошта, орди «Фатир» ва «Ҷонон», ки тақрибан 3 моҳе қабл 185-190 сомонӣ қимат доштанд, ҳоло бо нархи 210-215 сомонӣ фурӯхта мешаванд. Феълан дар дар ҳудуди 2 бозори калони ш.Бохтар нархи 1 кг гӯшти гов 55-60 сомонӣ, 1 халта орд 220-230 сомонӣ,1 кило биринҷ 12-18 сомонӣ, 1 дона лимӯ 1-3 сомонӣ, 1 литр равғани растанӣ 9-13 сомонӣ, 1 кило картошкаи нав 2,5-4 сомонӣ, 1 кило пиёз 1,80-2,20 сомонӣ, 1 кило ангур 9-17 сомонӣ аст. Вақте маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ чунин арзиш дошта бошад, пас чӣ гӯем дар бораи нархи маҳсулоти воридотшуда?

 

3 млн орду гӯштхӯр...

Тавре дар Сарраёсати омори вил.Хатлон ба мухбири СССР иттилоъ доданд, то ба 1.11.2019 шумораи аҳолии вилоят зиёда 3, 275,000 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна, бояд аз рӯйи меъёр дар 1 сол ҳар 1 сокини вилоят 78 кило орд истеъмол кунад, аммо тибқи ҳисобот сокинони вилоят дар 1 сол 126 кило орд мехӯранд. Аз ин бармеояд, ки истеъмоли орд аз тарафи аҳолии вилоят дар 1 сол 48 кило зиёд шудааст. Аз рӯйи меъёр бояд ҳар 1 сокини вилоят дар 1 сол 44,8 кило гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ истеъмол намоянд, вале сокинони вилоят ҳоло дар 1 сол 13,8 кило гӯшт истеъмол мекунанд, ки аз меъёр 31 кило  камтар аст. Бино  ба маълумоти оморӣ дар ин баробар истеъмоли маҳсулоти полезӣ, мевагиҳо, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ, картошка, карам, пиёз, сабзӣ ва помидору бодиринг аз тарафи сокинони вилоят кам шуда, истеъмоли лӯбиёгиҳо, биринҷ ва равғани пахта афзудааст.

Бобоҷон Алихонов, сардори Раёсати омори саноат, сохтмон, савдо, хизматрасонӣ ва робитаҳои хориҷии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вил.Хатлон иброз медорад, ки ҳоло дар ҳудуди вилоят 224.753 тонна орд истеҳсол шудааст, ки сари ҳар 1 сокини вилоят 69 килограмм ва дар 1 рӯз 310 гр мерасад. Корхонаҳое, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмондаанд, «Орди Хатлон»-и ш.Бохтар, «Агентии захираҳои давлатӣ»-и н.Ҷ.Балхӣ ва «Орди рушди Хатлон»-и ш.Левакант мебошанд. Оё мутасаддиёни ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, корхонаҳои ордбарорӣ ва сохторҳои дахлдори соҳибкорӣ талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба орд ва имконоти иқтисодии сокинонро ба инобат гирифта, сари истеҳсоли бештари гандум, воридоти орду гандуми фоиданок ва мувофиқсозии нархҳои онро бо кисаи мардум андеша мекарда бошанд!? 

Баҳодур Уроқов,СССР, вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter