ХАБАРИ ДОҒ

Китобтарсонакҳои мазҳабӣ

  • Чоршанбе, Фев 26 2020

 

Аз редаксия: Мӯҳтарам, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ ҷои нолидан аз газетаи СССР дар пресс-конфронсаш, бояд, ба таъбири журналист Абдуқодири Абдуқаҳҳор, «китоб хонад!» ва бештар китобҳои диние, ки дар назди масоҷид ба фурӯш бароварда мешаванду мардумро талхакаф кардан доранд. Мо Метавонем!

Китобҳои динии мо аксар одамтарсонак шудаанд. Баъзеашонро мехонӣ, мисле, ки филми «ужас ё вампир»-ро тамошо дорӣ. Мақсад китобҳои диниро кӣ назорат мекунад, ки ҳамаш ба мафкураи ҷавонон ба ғайр аз қиёмат ҳатто 1 ҷиҳати тарбиявиро таъсир гузошта наметавонад?! Ҳол он ки дар Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» дар моддаи 22 омадааст: «Ташлкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки ба миқдори мувофиқ адабиёти динӣ, ашёи таъиноти динӣ ва дигар маводҳои иттилоотии дорои мазмуни диниро тибқи қонунгузории ҶТ истеҳсол, содир, ворид ва паҳн намоянд».  

Хуб мешуд, ки муаллифони китобҳои динии мо барои рушди маънавии ҷавонон масоили Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, ҳурмати волидайн, эҳтироми калонсолон ва дигар масълаҳоро  чоп мекарданд.  Вале муаллифони мо  аз қонун не, балки аз эътиқоди одамон истифода мебаранд. Хулоса, китобҳои диниро ҷиддан назорат кунед, то ин  ки ҷавононро ба гумроҳӣ набаранд.  

Фатворо кӣ диҳад?

Мушкили дигари ҷамъият ин аст, ки муллоҳои фатвобарор зиёд шудаанд. Агар писар бо падар ё духтар бо модар  муноқиша кард, ба фатвои муллоҳо: «нишонаи қиёмат ё охирзамон» будааст. Оё мо метавонем, ки аз пушти чанд ашхоси беодоб, охирзамон ё  қиёматро эълон кунем? Ё баръакс рушди Амрикову Русияро низ нишонаҳои қиёмат меноманд, ки ин пешравиҳо ҳама аз баракатии илм аст. Фарзи мисол, Русия мушаке сохт, ки бо суръати 12 ҳазору 240 км/соат ҳаракат намуда, Амрикоро дар тааҷҷуб гузоштааст, вале  моро бошад, то ҳол  муллоҳо аз «мушак»-и охирзамону  қиёмату такфир тарсонда гаштаанд. 

Дар китоби «Аҳамияти илм ва фазилати донишмандон» фарорасии қиёматро чунин шарҳ додаанд: Худованд (ҷ) илмро аз синаи бандагони худ нест намекунад, балки бо вафоти донишмандон онро аз байн мебарад. Вақте донишмандон аз байн рафтанд, мардум ҷоҳилонро раҳбари худ қарор медиҳанд ва масоили худро аз онҳо мепурсанд. Раҳбарашон низ аз рӯйи ҷаҳолат, фатво медиҳад, ки ҳам худ гумроҳ мешавад ва ҳам дигаронро ба гумроҳӣ мекашад". Бинобарин қиёмат танҳо бо марги донишмандон фаро мерасад.

Китоб хонед!!!

Муллоҳои муҳтарам аз он ки нохонда фатво мебароред, илм омӯзед, чун илм беҳтар аст аз ибодат. Ба ҳамин маънӣ Муоз ибни Ҷабал мегӯяд: "дониш биёмӯзед, ки тарс аз барои Худо ва талош барои он ибодат, мутолиааш тасбеҳи Парвардигору ҷустуҷӯйи он ҷиҳод ва ёд додани он ба касоне, ки намедонанд садақа, густариш додани он дар байни шоистагон мояи наздикӣ ба Худованд (ҷ) мебошад.

Лоҳурӣ барҳақ гуфтааст: Ба кишварҳои мусулмонон  сафар карда, мусулмонӣ надидам, вале дар давлатҳои ғайриислом, мусулмонӣ побарҷост. 

Имом Аҳмад  дар бораи фазилати дониш чи хубе гуфта: «мардумон бештар аз обу ғизо дида  ба дониш ниёзмандтаранд, зеро инсон дар рӯз 1 ё 2 маротиба ба обу ғизо ниёз пайдо мекунад, дар ҳоле ки ба теъдоди нафасҳояш ба дониш ниёзманд мебошад". 

                 Исматулло Собирӣ, омӯзгори       

                                                                     МТМУ №19,  н.Вахш. 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter