ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти омӯзгор-педофил дар пойтахт

  • Чоршанбе, Фев 26 2020

 

Хеле аҷиб аст, хабаргузориҳои русии ватании мо, роҷеъ ба педофили рустаборе, ки дар Душанбе, бо иттиҳоми дастдарозӣ бар 7 кӯдак боздошт шудааст, ҳарфе наменависанд: «Демократия по русски?»???

 (Кӣ тақдири кӯдакони моро ба дасти ӯ супурдааст?)

Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти 1 омӯзгори педофил (рухбоз, таҷовузгари атфол) дар пойтахт хабар дод. Тавре зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 14.02.2020 Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ гуфт, ин нафар Иванкин Вадим Виталевич, соли таваллудаш 1986 буда, ҳамзамон шаҳрванди 2 кишвар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

 - Айни замон нисбати ин омӯзгор бо моддаҳои 139 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад,-таъкид дошт вазир.

   Педагог ё педофил?

Чуноне ки ба мухбири СССР маълум шуд, боздошти мавсуф, ки дар вазифаи муовини директори мактаби таҳсилоти умумии миёнаи №1-и пойтахт кор мекардааст, рӯзи  21.01.2020 сурат гирифт. Ин нафар, ки ба одам гуфтанаш забон намегардад, дар даст доштан ба таҷовузи 1 кӯдаки хурдсол ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта нисбати 6 ноболиғи дигар айбдор мешавад. 

Тафтишот мегӯяд, «педагог» (дар асл педофил)- Вадим Иванкин ноболиғонро ба манзили истиқоматии худ воқеъ дар к.Шотемур бурда, кирдорҳои ҷинояткоронаи хешро анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ мекардааст. Феълан дар бораи 7 ҳолати анҷомдодашудаи ӯ далелҳо ошкор шудаанд. Гуфта мешавад, синни баъзе ситамдидаҳо аз ин ноодам 7-8 сол беш нест!!!

Гунаҳкори асосӣ кист?

  Моҷарои боздошти педагог-педофил, муовини директори мактаби баобрӯтарини пойтахт (!!!) ва боз ҳам дар маркази ш.Душанбе (!!!) аз ҷониби хабарнигори газетаи СССР дар нишасти матбуотии вазири корҳои дохилии ҶТ, ки бо ширкати наздики 100 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор шуд, садо дод, ки  воқеан ҳам хабари доғу нигароникунанда буд. Алалхусус, вақте ки ин омӯзгор ҳамзамон шаҳрванди ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Федератсияи Россия буда, то ин дам ба ҳайси муовини директор кор мекардааст. Ин хабаре, ки расонаҳои русӣ онро нашнидаву нодида гирифтанд ва маълум аст, чаро-нахостанд номи шаҳрванди рус бо бадӣ барояд, чанд паҳлӯи дигар низ дораду мо хостем онҳоро баррасӣ намоем ва бубинем, ки гунаҳкори асосӣ дар ин қазия кист?

 Аввал ин, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ шаҳрвандоне, ки статуси душаҳрвандӣ доранд, набояд дар муассисаву идораҳои давлатӣ, хосса дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кунанд. Пас, чигуна Раёсати маорифи ш.Душанбе ва раҳбарияти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 иҷозат додааст, ки Иванкин Вадим дар яке аз беҳтарин мактабҳои пойтахт кор карда, то ба симмати муовини директор рафта бирасад? Суолест, ки аз масъулини маорифи шаҳру ҷумҳурӣ ҷавоби қатъӣ мехоҳад. Чиугна шуда, ки ин ниҳод тақдири кӯдакони моро ба дасти ин омӯзгор-педофил супурдаанд?

Дуввум ин, ки чаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳамеша ҷойи назорату рейду санҷишашон маҳз кӯчаи рӯ ба рӯи мактаби №1-и пойтахт аст, чизеро пай набурданду дарк накарданд? 

Даромадан ба мактаби мазкур бе иҷозат ғайриимкон аст-мо инро чанд рӯз шуд махсусан мушоҳида мекунем, зеро шабурӯз назди дари он посбонҳои милиса навбатдорӣ мекунанд. Суоле посух мехоҳад, ки чаро онҳо вақте медиданд, Вадим Иванкин ноболиғонро бо худ мебарад, бонги хатар назадаанд?

Ин қазия шоядҳои зиёд дорад, ки мо ҳатман пайгири он хоҳем шуд. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter