ХАБАРИ ДОҒ

Хӯҷа-командирро оварданд!!!

  • Чоршанбе, Фев 26 2020

 

 

16.02.2020. Соат ба вақти Душанбе 04:01 дақиқа. Ҳавопаймои хатсайри №106, ширкати «Сомон-эйр» аз Дубай орому сокит ба фурудгоҳи пойтахти Тоҷикон нишаст. Мусофирон миёни ҳам дар бораи вируси тоҷдор ё худ «коронавирус» чақ-чақ доранд. Касе ҳатто фикр ҳам надошт, ки дар ин самолёт яке аз ҷинояткорони ашадд, қотил, гаравгонгир, одамрабо ва ғоратгар (аз иттиҳомоти парвандаи ҷиноӣ) бо дастони завлонапеч миёни кормандони милисаи Тоҷик «нишаста»-аст. Ин нафар Хӯҷа Каримов, маъруфтар бар Хӯҷа-командир буд…

Аҷман, яъне Аҷамиён

Ин шаҳрро дар Дубай шаҳри хориҷиён низ мегӯянд. Аҷам, яъне ғайриараб. Маънои вожа ба он далолат мекунад, ки замоне дар ин ҷо ориётабориён мезистаанд. Ҳоло низ ин шаҳрак бо аҳолии 250.000 нафар ва арзу буми 250 км квадратӣ, пур аз мусофирин ва хориҷиҳост. Шуғли аслии аҳолияш гавҳарҷӯӣ ва ғаввосист. Ин ҳунар ба таъбири Бобои Ғуломи таърихӣ «аз бобошид мерос мондагӣ». Дар ана ҳамин шаҳрак, 1 шаҳрванди Гвинеяи Африқо низ мезист, ки ҳич ба мазангҳои африқоӣ шабоҳат надошт. Ӯ Хӯҷа Каримов буд!

Оре, хонандаи гиромӣ, Хӯҷа-командир бо кадом роҳу усуле шаҳрвандии Гвинеяро қабул кардаву бо паспорти ин кишвар озоду роҳат мегашт. Зеро бо паспорту ному насаби тоҷикиш дар ҷустуҷӯйи Интерпол қарор дошт…

Зиндагонии қашшоқона

1 мақоми қудратӣ, ба шарти ифшо нашудани ном, ба СССР гуфт, Хӯҷа Каримов бар хилофи тасаввури мо, зиндагонии бисёр қашшоқона дошт. Ӯ давлату сарвати дуздидаашро кайҳо хӯрдаву ба таъбире пасмондаи ҳамонҳоро «дар Дубай мечарид». Ҷое кор намекард. Бизнеси худро надошт. Тиҷорат намесохт. Соли 2010, 8 сол муқаддам, занаш аз ӯ ҷудо шуд ва зиндагонии муҷаррадона мебурд. 

Ин командири замоне маъруфи Фронти халқӣ, ки замони ҷанги гражданӣ, ба бедод машғулу бо авбошиву зӯроварӣ ва қатли мардуми бегуноҳу ғорати сарватмандон ва рекэт ба сар мебурд, ҳамакнун 1 мӯсафеди 60-солаи пире буду тамом…

Экстрадитсия

Ҳамин манбаъ гуфт, Хӯҷа-командирро то ин дафъа боз 2 бор бо дархости ҷониби Тоҷикистон дастгир ва ҳабс карда буданд. Вале ҳар бор иттиҳомоти пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро пулиси Дубай барои истирдоди ахирӣ ба Душанбе комил намедонист. 

Бори ахир, Хӯҷаро 7 моҳ пеш, моҳи августи соли 2019 боздошт карданд. Ин бор шахсан Шоҳрух Саидзода, бо пешбарии Рамазон Раҳимзода-Вазири корҳои дохилӣ чанд бор ба Аморати Араб рафт. Баъди радду бадалсозии факту далелҳои барзиёд, ахиран Хӯҷаро бо 3 ҷурми бузург-Одамкушӣ, Гаравгонгирӣ ва Ғорат (разбой) пулиси аморат муттаҳам дониста, ба пулиси Тоҷик таслим кард…

Хӯҷа Каримов қотили 20 нафар?

Ӯ 01.10.1960 дар н. Ғозималик таваллуд шуда, хеле бавақт ятими кулл монд. Ба шаҳодати ҳамсоягон «бачаи қобил, спортсмен, футболист, гуштингир ва аълохону ҷамъиятчӣ буд!». Ана ҳамин бачаи боодоб ва аълохон ба Донишгоҳи тиббӣ бо саводи худаш дохил мешавад, вале бо шуруъи ҷанги гражданӣ ба 1 қумандони бедод табдил меёбад…

Хӯҷа-командир аз бераҳмтарин қумандонҳои саҳроии фронти халқӣ буд. Тибқи парвандаи ҷиноӣ, мавсуф ҳадди ақалл дар 20-куштор даст дорад. Минҷумла қатли депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон Саидшо Шоевро бо бародараш Cияршо Шоев ва низ куштори вакил Тағай Шукуровро кори дасти Хуҷа медонанд. Дар ин бора, агар хонанда ёд дорад, духтари ахирӣ дар газетаи СССР 1 матлаби бисёр ҷонгудоз нашр карда буду ин иттиҳомотро духтари Хуҷа Каримов рад мекард.

Вакил, қумандон, президент

Соли 1995, ҳини ба парлумон кӯч бастани қумандонҳо, Хӯҷа Каримов дар қатори Қурбону Султон Чоловҳо, Ёқубу Ғаффор Седойу Субҳону Сӯҳроб Қосимову чанд тани дигар депутат интихоб шуд. Ун вақт Шӯрои олӣ, миёни мардум бо исми «гӯшнавоз»-и «шӯрои қумандонҳо» ном дошт. Воқеан ҳам вақте фармондеҳон ба иҷлосия меомаданд, майдонро ҳазорон нафар ҷондору телеху боевик пахш мекард, ки шукри Худо аз ҳамаи унҳо ҷони мардум имрӯз халос аст.

Каримов чандин бор вакилон, вазирон, раисонро гаравгон гирифтааст. Вале дар соли 1998 худи ӯро боздошт кардаву сипас озод намуданд. Бо ҳамин андаке шасти ин қумандон гӯиё паст шуд. Вале зарбаи ҷонкоҳро Каримов аз депутат-боевики дигарӣ, Султон Чолови номӣ хӯрд. Султон, ки замони ахир азияти дарди асаб дошт, боре бо силоҳдоронаш аз Ғозималик мегузашту дар роҳ бо бедод банд буд. Ин замон Хӯҷа командир, ки муовини аввали фармондеҳи бригадаи таъиноташ махсус низ буд, камин гирифта, мехоҳад ин гурӯҳро хунсо кунад. Ӯ намедонист, ки ин гурӯҳи Султони Чол аст. Бар асари 1 задухӯрд, Чолов ҳама сарбозони Каримовро беяроқ намуда, худашро мурданивор мекӯбад…

Бори дигар, одамони ношинос ба хонаи Хуҷа-командир, воқеъ дар соҳили дарёи Вахш шабехун заданд, ки бар асари он чанд посбону ҷондораш кушта шуданд. Аммо худи Хӯҷа бо нақби пинҳонӣ, ки дар хонааш канда буд, ба дарё ва сипас ба пойтахт фирор кард…

Ҳамон солҳо ӯро президенти ФФТ низ интихоб карда буданд. Ва маҳз бо баҳонаи ширкат дар ҷаласаи АФК ба Малайзия рафтаву дигар барнагашт. Ӯ то соати боздошташ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт. 

Хулласи калом, тибқи масали «3 бор ҷасти малахак», бори саввум ӯро арабҳо ба тоҷикон доданд ва баъди 21 соли фирору дарбадарӣ Хӯҷа Каримови 60-соларо субҳи козиби 16.02.2020 ба Тоҷикистон оварданд, то пеши қонун ҷавоб гӯяд.

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

М. Мубориз

Хос барои СССР

PS: Дар ин додуситад 1 чиз тааҷҷуббарангез аст. Дар ҳоле, ки мақомоти қудратӣ факти истирдоди Хӯча Каримовро ба Душанбе аз ВАО-и миллӣ  комилан пӯшида медошт, бо кадом роҳу василае хабар ба оҷонсиҳои хориҷие расид, ки дар ин бора нахуст шуда навиштанд. Парадокс? Оре! Аммо факт. Дигар ҳамин аст сирру асрордории мақомоти мо?!... 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter