ХАБАРИ ДОҒ

Наталя Поммершайм: Байни зани тоҷику амрикоӣ фарқе нест!

  • Ҷумъа, Март 06 2020

 

Қаҳрамони шумораи идонаи мо имрӯз хонум Наталя Поммершайм аст. Воқеан ҳам хонумро 1 зани фаъоли ҷомеа, ки нисбат ба мушкилоти занон-чӣ тоҷику чӣ амрикоӣ бетафовут нест, дарёфтем. Наталя Поммершайм, завҷаи сафири Фавқуллода ва Ваколатдори ИМА дар ҶТ буда, дар баробари масъулияти хеле ҳам муҳим бар дӯш доштан-завҷаи дипломат ва боз ҳам амрикоӣ будан дар ҳақиқат масъулияти хосса металабад, 1 зани фаъоли ҷомеа низ аст, ки пайваста мекӯшад баҳри пешрафти он талош кунад. Сӯҳбати мо бо хонум Наталя Поммершайм хеле самимӣ сурат гирифт, зеро мавсуф дар ҳақиқат нисбати занони тоҷик дидгоҳу назари хосае дорад.  

- Хонум Наталя, шумо беш аз 1 сол аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доред ва ҳоло мехостам бипурсам, ки зани тоҷикро чӣ гуна дарёфтед? Зани тоҷик аз нигоҳи Шумо чӣ гуна зан аст?

- Вақте ки ман дар бораи занони тоҷик фикр мекунам, ба хаёлам ду калима меоянд: меҳмоннавоз ва меҳнатдӯст. Ҳар як зане, ки ман дар ин ҷо вохӯрдам, беҳтарин хислати меҳрубонӣ ва меҳмоннавозӣ дорад. Онҳо омодаанд, ки қалбҳо ва хонаҳои худро боз кунанд ва меҳмоннавозии гарму самимии худро нишон диханд. Онҳо инчунин одоби қавии корӣ доранд. Новобаста аз он ин зани хонашин аст ва оилаи худро нигоҳубин мекунад ё зани мутахассис, ки умри худро барои таҳкими касбаш (карера) бахшидааст. Онҳо ҳеҷ гоҳ бе кор нестанд ва пайваста аз паи иҷрои вазифаҳои гуногун ҳастанд. Ҳангоми сафар ба деҳаҳои хурд ман дидам, ки занҳо либос мешӯянд, хӯрок тайёр мекунанд, дару девори хонаҳоро тоза мекунанд ва кӯдаконро нигоҳубин мекунанд. 

Дар Душанбе бисёр занони мутахассис рӯзона дар ҷои кор ва бегоҳ бо корҳои хона, аз қабили тайёр кардани хӯрок, тайёр намудани вазифаҳои хонагӣ бо кӯдакон, нигоҳубини волидони пиронсол, банд ҳастанд ва новобаста аз зиндагии пур аз ташвишу кор, онҳо метавонанд бениҳоят зебову қашанг бошанд! 

- Ҷомеаи имрӯзи тоҷик ва нақши занон дар пешрафти он, то куҷо занони тоҷик дар ин ҷода муваффақанд ва ё ниёз ба дастгирӣ доранд-дар ин бора мехостам назари Шуморо бифаҳмам

- Бисёр занҳои тоҷике, ки ман бо онҳо вохӯрдам, ба муваффақият ноил гаштанд, зеро онҳо маълумоти хуб гирифтанд ва ҳамсарону оилаашон кӯшишу талошҳои онҳоро дастгирӣ мекунанд. Онҳо метавонанд интихоб кунанд, ки мансабашонро идома диҳанд, ё дар хона бимонанд ва худро ба нигоҳубину ғамхорӣ баҳри наздиконашон бахшанд. Маърифат калиди ҳамагуна муваффақиятҳо мебошад ва ба андешаи ман, агар ҳама талошҳои давлат ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон барои омӯзонидани занон ва фароҳам овардани имкониятҳои касбӣ барои онҳо равона карда шаванд, ин ба тамоми ҷомеа фоидаовар хоҳад буд. Маълум аст, ки занони бомаърифат фарзандони маълумотдорро тарбия мекунанд, ки онҳо дар навбати худ барои беҳбудии кишварашон кор хоҳанд кард.

- Дар Шарқ одатан мегӯянд, ки зан, ки чароғи хонадон аст, бояд вақти бештари худро барои ободии хонаву оила ва шавҳару фарзандон сарф намояд, нигоҳи Шумо ба ин?

- Ман фикр мекунам, ки ин дар гузашта дуруст буд ва на танҳо дар Шарқ. Аммо, ҳоло мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем ва ҳар ҷомеае, ки мехоҳад дар сатҳи ҷаҳонӣ пешрафта ва рақобатпазир бошад, бояд ба мушкилот ва талаботи замони муосир мутобиқ бошад. Дар Ғарб ин як омили муқаррарӣ аст, вақте ки ҷуфтҳои оила барпонамуда уҳдадориҳои хизматиашонро бо ӯҳдадориҳои оилавӣ баробар пеш мебаранд. Ин кӯшишҳои муштарак оиларо мустаҳкам мекунанд ва ба фарзандонашон намунаи ибрати хубе мебошанд.. 

Бо гуфтани ин, ман инчунин фикр мекунам, ки занон бояд муваффақиятро барояшон аз рӯи шарту шароитҳои мавҷудбуда муайян кунанд. Агар зан мехоҳад вақти худро ба оилаи худ бахшад, ман инро ҳам олиҷаноб меҳисобам. Ҳар як зан бояд имконияти интихоб кардан дошта бошад ва ҷомеа бояд ин интихобро дастгирӣ ва ҳимоя намояд.

- Фарқи зани шарқӣ (тоҷик) ва амрикоӣ ба назари Шумо дар чист?

- Ман фикр мекунам, ки мо аз ҳамдигар фарқ намекунем, мо дар бисёр ҷиҳатҳо хеле ба ҳам монандем. Элеонор Рузвелт, ҳамсари Президенти 32-юми ИМА Франклин Рузвелт, боре гуфта буд: « Зан мисли халтачаи чой ҳаст, шумо ҳаргиз намедонед, ки чиқадар ӯ қавӣ ҳаст то замоне, ки онро дар оби ҷӯш наандозед". Вақте ки занон дар ҳаёти худ ба мушкилот дучор мешаванд, ҳам занони амрикоӣ ва ҳам занони тоҷик остинҳояшонро печонда, барои муҳофизати оилаи худ ҳамаи корҳои лозимиро, бе ҳаррос, ба анҷом мерасонанд.

-Завҷаи дипломат будан осон аст ё мушкил?

- Барои ман ҳамсари дипломат будан ҳам муфид аст ва ҳам мушкил. Ман тарафдори таассуроти нав мебошам. Қабл аз Тоҷикистон мо дар Олмон, Тайван, Хитой, Россия, Ҷопон ва Қазоқистон кору фаъолият доштем. Инҳо кишварҳои аҷиб бо фарҳанг ва таомҳои хоси худ мебошанд. Мо аз омӯхтан ва таҳқиқи онҳо, инчунин аз тарбия намудани се писари худ дар чунин шароитҳои гуногун, хушнуд будем. 

Аммо, кӯчидан аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳар чанд сол, ба кас метавон як ҳолати стресс бошад. Дар ҷои нав лозим аст, ки мактаби нав барои фарзандонатон ва барои худ ҷои нави корӣ пайдо кунед, хонаи нав ва зиндагии оилавии худро бояд чунон ба низом ороед, ки аҳли оила эҳсос кунад, ки ин кишвар дар тӯли чанд соли оянда хонаи нави онҳост. Ин ҳама вақту талоши зиёдро талаб мекунад.

- Орзуи Шумо ба занҳои тоҷик дар арафаи Рӯзи Модарон ва Иди байналхалқии занон чист? 

- Таманнои онро дорам, ки ҳамаи занони тоҷик орзуи бештаре дошта бошанд! Касе гуфтааст: “Духтарони хурди пур аз орзӯ дар оянда занони дорои назари қавӣ мешаванд.” Рӯзи модар ва Рӯзи байналхалқии занон муборак бошад!

- Сипос.

 

Сӯҳбаторо Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter