ХАБАРИ ДОҒ

ВАО пур аз хабаре гардид, ки 1 нафарро дар Эрон гӯиё ҷоизаи сухан додаанд. Чунин ҷоизачаҳоро ҳамарӯза ба ҳазорон нафар медиҳанд. Вале ҳама хамӯш. Ин бор гӯиё дунё таккон дид. Ҷоиза. Барои касе, ки забону лаҳҷаи очаашро фаромӯш кардаасту ба забони ғайр ҳарф мезанад ва аз Тоҷикият ор дорад…

Эронӣ ё афғонеро дидаед, ки баробари дидани Тоҷики тоҷикистонӣ лабу лунҷро ғундаву кунда карда, бо лаҳни мо сухан гӯяд? На дидаед ва на мебинед. Вале мутаассуф, ҳатто, дар сатҳи академикҳои мо ин ғунчалаббикшоии иииирониву дарӣӣӣ мушоҳида мешавад. Гарав мебандам: Агар дар дилхоҳ диалекти тоҷикӣ Эронро ИИИрон ё Ирууун гӯянду «вежа»-ро «виже», «перомуни»-ро «пиииромунӣ» ва ғ.ҳ., расман аз ин мушти бар даҳони Тоҷикони марказшитоб зада, узр мепурсам. Вале, охир чунин намегӯем-ку?! Аз барои савоб, падару модар, атаву оча, дадаву буваи кадоми мо чунин мегӯяд, ки мо бояд ба тақлид гӯем???

 Хеле аҷиб аст, ки бо собиқаи умри 3000 сола мо то ҳанӯз кӯдакем. Чаро? Зеро дар ҷустуҷӯи бародари бузургем! Оё боре андеша кардаед, ки чаро баробари дидани русҳо оҷилан русӣ ҳарф мезанем? Не? Пас хӯйи ғуломӣ моро бадар нашудааст, ки андеша накунем, чаро чунин аст?! Ман ёд дорам, ки дар 1 ҷаласаи ҳукумат дар сатҳи хеле оливу хеле баланд 1 чиновники рустабори тоҷикистонӣ аз ҷо бадар шуда, бо президенти кишвар русӣ ҳарф зад. Ҳарчанд суолоти сарвари давлат Тоҷикӣ буданд, ӯ русӣ посух мегуфт. Ва ман қарс задам ба русе, ки дар 1 гӯшаи олами тамоман дигар аз ҳувияти миллии худ фахр дорад ва бо Президенти кишвараш бо лаҳни шевои русии худ ҳарф мезанад. Брависсимо! Вале мо чӣ? Баробари дидани 1 руси кӯчарӯб дар ҷаласаамон русӣ ҳарф мезанем. Намезанем? Мезанем! Гузашта аз ин! Оё эрониеро дидаед, ки ба таъбири Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ «миллиард сол» дар Тоҷикистон зиставу баробари дидани мо даҳону лабро каҷ карда, аз умқи ноф то пушти хичак садо баркашида бигӯяд: «Ако, шумоба гап нест, чи хел шуд, ки пеши мо омадед» ва ё «хеле баақл менамоӣ худут»? 

Нашунидаед ва намешунавед! Вале дилхоҳ олим, забондон, фолклоршинос, чиновники Тоҷик баробари дидани эроние… эҳҳҳ, сар мекунадеее: «биродер, чӣ ҷурӣ шудэээ, ке шэмо тешриф овардииид», ё ин ки «хили оғиле оғилииид» (яъне оқили оқилед!). Ва ё афғонеро дидаед, ки баробари дидани Тоҷики тоҷикистонӣ лабу лунҷро ғундаву кунда карда, бо лаҳни мо сухан гӯяд? Дидаед? Номаъқул кардед! Надидаед ва ҳам намебинед. Вале мутаассуф, ҳатто, дар сатҳи академикҳои мо ин ғунчалаббикшоии иииирониву дарӣӣӣ мушоҳида мешавад. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки лаҳни Тоҷикии мо беҳтарин, нобтарин гӯиши форсист! Ин форсии тозаи Тоҷикӣ на дар Афғонистон ҳасту на дар Ээээрон! …Stop! Пеш аз оне ки ба ман тамғаи ииироншитобӣ часпонииид, андеша кунед. Андеша кунед, ки чаро забону лаҳни худро мо дар баробари дидани 1 ҳамзабон фаромӯш мекунем? Андеша кардед? Акнун посухро бишнавед: 

Зеро психология, хӯйи ғуломӣ доред! Чаро доред? Зеро ман ҳич гоҳ аз гӯиши Тоҷикии худ шарм надоштаам ва бо дилхоҳ мухотаб бо шеваи ноби Тоҷикии тоҷикистонӣ гуфтугӯ кардаам, мекунам ва хоҳам кард! Ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Теҳрону Кобул ва Зобулу Бобул ва ҳам дар Амрикову Аврупо. Зеро ман аз Тоҷик буданам фахр дорам! Ва ҳам хеле мутаассифам, ки аз бародарони бисёр гиромӣ ва забондони худ танҳо аз Мирзо Шукурзода, Додоҷони Атовулло, Шарифхони Тағаймурод, Абдулқодири Раҳим ва Сафват Бурҳонов ҳамин рафторро мушоҳида кардааму бас! Дигар, билкулл Тоҷикакон (аз ошноҳои ман!) баробари дидани ииирунӣ 120 км аз лаҳни шевои Тоҷикӣ фосила мегиранд. Гӯё шевае, ки бо он дар хонадону кӯчаву бозор ва корхонаву ҷаласаҳои ҳукумати кишвари худ ҳарф мезананд, палид, хабис, мариз ва полуда бошад! Ва бо ин ҳама фикр доред, ки ииируниву афғонӣ шумо, яъне моро ҳурмат мекунад??? Неъ ва боз ҳам неъи қоқ! 

 Маро бисёр хушам омада буд, ки боре дар конфронси матбуотии сарони кишварҳои ҳамзабон ба суоли 1 «рӯзноменигоре ирунӣ» президенти кишварамон посух дод, ки «Бародар, забони ман аз забони эрониҳои шумо дида, хеле форситар аст!». Ин ғурури миллӣ буд! Он эронӣ бовар дошт, ки президенти ин кишвар ҳам монандаи кулли академику профессорҳояш пӯзиш хоставу бо лабу лунҷи овезон посух мегӯяд ва бар шеваи эронӣ мадҳ мефиристад. Зеро дар ҳама сатҳ бо ӯ бо гӯиши каҷу килеби ирунӣ ҳарф мезаданд...

«Подхолимничествои забонӣ»-ро пеши ҳамзабонон бас кунед, ки обурӯи худро ҳамонгуна, ки дар Русияву Ӯзбакистону Қазоқистон рехтаем, мерезонем! Аз бародарони афғон шеваи фахрро биомӯзед, ки 3 аср аст, дар ҳолати ҷанг қарор доранд, вале барои 1 сафари хидматии ройгон ба кишварҳои ҳамсоя обрӯи забони миллати худро намерезанд: 

Хуни худро гар бирезӣ бар замин, 

Беҳ, ки оби рӯй резӣ бар канор! 

Бовар кун, хонанда, банда чизе бар зидди шеваи хубу гӯиши шунавидании эронӣ ва ё дарии афғонӣ надорам, ки асоси форсии бузургро таъсис медиҳанд, бо шеваи Тоҷикии мо тавъам, албатта! Аммо маро чун Тоҷик ҳайратам меояд, ки чаро мо ҳини сӯҳбат бо ҳамзабонон аз гӯиши худ ор мекунем?! Ман дар умри на чандон кӯтоҳу на он қадр тӯлониам, ки 4 қитъаи оламро пай задаам, на дидаам ва на шунида, ки миллате аз гӯиши худ шарм дошта бошад, ки мо Тоҷикон дорем! Ҳамзабононро иззат кунед, вале миллати худро дӯст доред! Интеллигенсияи мо пеши ҳамзабонон бо ҳамин дум ликкондан обрӯи миллатро ба оҳистагӣ рӯфтан дорад, ки набояд аз ин раванд чашм пӯшид. Миллате, ки аз гӯиши худ, шеваи модари худ, ки дар гоҳвора «суруди алла ёр»-аш мехонд, ор дорад, оё сазовори номи миллату соҳиби истиқлолият буданро дорад? Ин суол ба ҳама ҳамватанони ман аст. Ман усулан ҷонибдори ба алифбои арабиасос (на ниёгон) гузаштани Тоҷикистон ҳастам. Вале! Ғурури ватанпарваронаеро, ки профессор Иброҳим Усмонов дар ин росто дорад, наметавон нодида гирифт. Ӯст, ки худро бо фахр Тоҷик мегӯяд. Дигар кадом академику профессори мо мисли Усмонов ин фахрро дорад? Кай мо ҳадди аққалл чун профессор Усмонов миллатпараст мешавем? Агар ба ин суоли саҳлу сода посух дода тавонем, истиқлолияту миллати мо гоме ба сӯи абадият мебардорад ва Мо Метавонем! 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter