ХАБАРИ ДОҒ

“Терминал муваққатан кор намекунад!”

  • Чоршанбе, Март 11 2020

 

Чаро мардум “City сard” дастрас карда наметавонад?

3-сол қабл дар тамоми автобусу тролейбусҳои пойтахт система пардохти электронӣ ҷорӣ гардид. Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани ин лоиҳа такмили фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ ва кам кардани баҳсу мушкилиҳои мусофирону ронандагони дар пойтахт буд. Кортҳои нақлиётии “City сard”-ро аз терминалҳои “Express Pay” дастрас мекарданд. Вале имрӯз пур кардани корт ва гирифтани кортҳо аз ин терминалҳо ҳанӯз ҳам дуруст ба роҳ монда нашудааст. Сокинону меҳмонон наметавонанд аз терминалҳо ба осонӣ корт дастрас намоянд. 

Барои пайгирии ин мушкилӣ санҷиши терминалҳоро аз шаҳраки донишҷӯёни ДМТ оғоз намудем. Ба терминали назди истгоҳи ДМТ наздик шудан замон донишҷӯёнеро вохӯрдем, ки аз кор накардани терминалҳо шикоят карданд. 

 

Терминалҳои “хуфта”...

Абдураҳмонӣ Шералӣ донишҷӯи ДМТ гуфт, ки “ин терминалҳо аксар вақт хуфтаанд. Корт дастрас кардан яктараф истад, ҳатто пур кардани тавозуни корт ғайриимкон гардидааст. Вақте дохили автобус шудам, кортро наздики валидатор намудам, садои “маблағ кофӣ нест” баромад. Аз хатсайр берун шудам, то тавозуни кортро пур кунам, вале терминал фаъол набуд ва ин бори аввал нест, қариб ҳар рӯз ин ҳолат мушоҳида мешавад.”

Мисли Абдураҳмон донишҷӯён зиёданд, ки ба ин мушкилӣ ҳамарӯза гирифтор мешаванд. Бархе аз онҳо сабаби ба дарс дер омаданашонро низ маҳз дар мушкилии нақлиётҳои ҷамъиятӣ мебинанд. Донишҷӯён мегӯянд, ки то мо терминали кор мекарда, бе навиштаҷоти “Терминал муваққатан кор намекунад”-ро меёбем, чанд автобус ва тролейбуси “холӣ” аз назадамон мегузарад. Ин дар ҳолест, ки ин “терминалҳои муваққатан кор намекарда”,  ҳеҷ таъмири худро намеёбанд.

Ном ҳасту корт нест

Дар назди истгоҳи “Саховат” мунтазири автобус будем. Субҳ  донишҷӯёну коргарон ба дарс ва кор мерафтанд. Як донишҷӯ хост дохили автобус шавад, вале дид, ки бо худ корт надорад. Ҳисси куҷкобиям боло гирифту бо ӯ аз автобу берун гардидам. Хост аз терминал корти нав гирад, аммо нашуд. Терминал танҳо барои пур кардани тавозун будаасту халос. Донишҷӯ гуфт, “акнун боз ба дарс дер мемонам. Ин терминалҳо доимо ҳаминхел вайронаанд ва ин бори аввал нест, ки ман дар чунин ҳолат меафтам. Баъзан вақт тавассути терминалҳо наметавонам тавозуни кортамро пурра кунам. Имрӯз бошад кортамро аз хотирам баровардам, хостам корти нав дастрас кунам, вале терминал ба ман корт надод,  ин терминалҳои “наву замонавӣ” танҳо барои пур кардани суратҳисоб будааст, ҳамонҳам баъзан вақт ин имкониятро надорад”. 

Меҳмононе, ки аз минтақаҳои дур ва деҳаҳо ба пойтахт меоянд ин мушкилиро доранд. Охир барои онҳо “Корти сафар” роҳандозӣ шудааст, вале ягон ронанда чунин кортро намефурӯшад ва баъзеяшон ҳатто хабар надоранд. Дар бораи “Корти сафар” аз волонтёроне, ки даромад ба автобусҳоро назорат мекунанд пурсон шудем. Посух чунин буд “апаҷон “Кортҳои сафар” афсӯс то ҳол ба роҳ монда нашудааст”. 

 

Система ҳасту назорат не

Ба маркази шаҳр рафтем, фикр кардем, ки он ҷо ҳама терминалҳо фаъоланду бе мушкилӣ метавонем корти нақлиётӣ дастрас намоем. Аммо, вале, лекин... ҳатто дар маркази шаҳр (ҶСК “Маркази савдои Тоҷикистон”) айнан ҳамин аҳвол, ба даст овардани корт ғайриимкон буд. Ҳангоми гирифтани корт дар терминал чунин навиштаҷот мебаромад: “Бубахшед, терминал танҳо барои пур намудани сарҳисоби кортҳо хизматрасон мебошад!”  Дар гирду атроф 1-2 терминал не, балки чанд терминалҳо ба назар мерасид, ки аз ягонтаи он натавонистем корти нақлиётӣ дастрасӣ намоем. 

Хуллас, терминалҳо на дар маркази шаҳр кор мекунанд на дар дигар маҳалҳо. Пеш аз оне, 1 лоиҳа ё нақшаеро роҳандозӣ кунем, бояд тамоми паҳлуҳои онро пурра омӯзем ва мушкилиҳои ҷойдоштаро ҳал намоем. Модоме ки ин системаро ҷорӣ намудед, пас чаро назорат нест. Бо кадом сабаб терминалҳо фаъол нестанд, чаро мардум наметавонанд кортро ба осонӣ аз ҷои дилхоҳ дастрас намоянд?!

 

Ситора Сафарова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter