ХАБАРИ ДОҒ

Кондукторҳо аз байн мераванд!

  • Чоршанбе, Март 18 2020

МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба ҳафтаномаи «СССР» ҷиҳати ҳамкориҳои назаррас ва мутақобилан судманд, ҷиҳати инъикоси васеъи равандҳои хизматрасонӣ ба мусофирон ва меҳмонони пойтахт, ки ба рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашон замина мегузорад, изҳори миннатдорӣ намуда, дар робита ба мақолаи рӯзноманигор Ситора Сафарова «Нақлиёти ҷамъиятӣ кай «одам» мешавад? Рӯзномаи «СССР» № 5 (594) аз 6 феврали соли 2020», чунин иттилоъ медиҳад.

Масъалаи дар мақола дарҷгардида таваққуфи зиёди микроавтобусҳои №№ 33 ва 25, ки бисёр вақтҳо ба таваққуфи автобусу троллейбусҳо халал мерасонанд ба роҳбарони ҶСК «Автоколона-2927» ва ҶДММ «Беҳрӯз-15», ки хатҳои сайри мазкурро ба уҳда доранд, барои чораҷӯӣ ирсол карда шуд. Барои ҳарисии ронандагон, ки аз меъёри муқарраргардида зиёд мусофир савор мекунанд ҳамарӯза кормандони Шуъбаи БДА РВКД дар ш.Душанбе чораҳои маъмурӣ татбиқ менамоянд вале нисбати мусофироне, ки дидаю дониста ба нақлиёти пуродам савор мешаванд ва ин амали онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораандешӣ, пешбинӣ нагардидааст, ки бояд назорат барад? Хотиррасон бояд кард, ки дар ин ҷо танҳо маданияту фарҳанги волои шаҳрвандон аз истифодабарии нақлиёти ҷамъиятӣ бояд риоя карда шавад.

Қайд кардан  бомаврид аст, ки татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри  аз  Душанбе», ки марҳила ба марҳила дар соли 2020 амалӣ мегардад ба муоширати дағалонаи ронандагону пулчинҳо, таваққуфи зиёд дар истгоҳҳо, аз меъёр зиёд одам гирифтан ва сабқати ронандагон мусоидат намуда дар ин робита фаъолияти пулчинҳо (кондукторҳо) аз байн меравад.

Бо эҳтиром, директор  Давлатов Ҷ.Б.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter