ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: дар 1 шаб 700 тонна орд ба фурӯш рафт!

  • Чоршанбе, Март 18 2020

 

 

Дар бозорҳои «Фаровон», «Ҳоҷӣ Шариф» ва дар анборҳои орд, воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ  ва А. Қаҳҳорови ш.Бохтар мардум барои харидани халтаҳои орд навбат меистоданд. Ажиотаж, паника, доду фиғон… Дидани ин ҳолат маро дубора ба ёди навбатҳои тӯлонии солҳои 1992-1994 бурд. Он замон мардум соатҳо дар назди мағозаҳо дар навбати нон буданд. Инак, чунин навбатпоӣ ва ҳаёҳӯй дубора такрор шуд-ҳамин шабу рӯз мардум аз тарси хуруҷи бемории сироятии «коронавирус» дар ҳарос, бо тахмини баста шудани роҳи марзӣ ва дар манотиқи Тоҷикистон гарон шудани нархи маҳсулти ниёзи аввалия орду равғану биринҷу шакар мехаранд…

Орд фарвону ҳангома дар осмон

Субҳи 4.03.2020 навбатпоӣ ва тудаи мардум дар назди ҳамаи нуқтаҳои фурӯши орд дар маркази вилояти Хатлон ва танбашавии мошинҳо дида мешуд. Кормандони мақомоти дахлдори шаҳр кӯшиш менамуданд, то нархи ордро ба танзим дароранд. Вале ин кор бо сахтӣ ба даст меомад. 

Момаи Бибигули солхӯрда дар сӯҳбат гуфт, ки дар хонаамон 8 нафарему 2 халта орд дорем, лек барои захира кардани орд боз барои 4 халтаи дигар навбат истодаам. Момаи Бибигул, фалсафаандешона мегӯяд, ки кам шудани маҳсулоти ниёзи аввалия, алалхусус орд, ки сабабаш хуруҷи бемории сироятии «коронавирус» аст, мардумро нигарон икардааст. Гарчанде ба ин зани солхӯрда ва ба дигар сокинон кормандони ҳукумат мефаҳмонданд, ки ин ҳама овозаҳо беасос аст, захираи маҳсулоти аввалия барои 2 соли оянда басанда аст, лекин мардум гапи кормандони ҳукуматро бовар накарда, навбат меистоданд. Чунин навбатпоӣ дар ҳама нуқтаҳои фурӯши орд то нисфишабӣ давом карда, танҳо дар ш.Бохтар ва гирду атрофи он, дар 1 шабонарӯз беш 300 тонна ордро мардум харидорӣ кард. 

1 тоҷир дар 1 шаб 600 халта орд фурӯхт

Хайриддин, яке аз соҳибкороне, ки ба фурӯши орд машғул аст, дар сӯҳбат гуфт, ки дар анбор 600 халта орд захира дошт ва то рӯзи 4.03.2020 аз субҳ то шом ҳамагӣ 20 халта орд мефурӯхт. Баъди шом яку якбора тӯдае аз мардум аз 5 то 10 халта харидорӣ карданд. 580 халта орд дар муддати 7 соат ба фурӯш рафт.

Анборҳоро бастанд!

Чуноне ки ба мухбири СССР дар ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, Прокуратураи вилоят ҳангоми тафтиш анбори яке аз фурӯшандагони ордро барои гарон фурӯхтани орд-бо нархи 230-235 сомонӣ сари ҳар халта баста, фурӯшандаро барои бозпурсӣ бурд. Дар ҳамаи нуқтаи фурӯши орд намояндагони ҳукумати шаҳру вилоят ва Раёсати зиддиинҳисорӣ назорат мекарданд, ки соҳибкорон ордро бо нархи пешин аз 190-210 сомонӣ зиёд нафурӯшанд. 

Ордро бозпас меоранд…

6.03.2020.  Соат бо вақти Бохтар 9:30 дақиқа. Дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши орд, ҳатто пашша пар намезад, харидорони орд яксӯ. Шояд мардум дирӯз халтаҳои ордро захира карданд ё аз тарғиботу ташвиқоти ВАО ва сомонаҳои иҷтимоӣ буд, ки мардум ором шуданд. Ҳаёҳӯй нест, ҳама ҷо оромӣ.

Соати 10:20 дақиқа дар яке аз нуқтаи яклухт (оптом)-и  фурӯши орд, воқеъ дар кӯчаи  С.Айни 1 зани миёнасол бо фурӯшанда баҳсу мунозира мекард. Ӯ аз тарси камчинӣ 1 рӯз пеш 15 халта ордро бо нархи 235 сомонӣ харида будааст, аммо ҳоло мехост, ки фурӯшанда 13 халтаи онро бозпас бигирад…Фурӯшанда нагирифт. Хубаш кард! Зеро орд 190 сомонӣ буду бас…

Захираи маводи ғизоӣ басанда аст!

Тодҷиддин Исматов, иҷрокунандаи сардори Раёсати бахши маркетинг ва сармоягузории Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон дар ин маврид гуфт, ки ҳеҷ нигаронӣ аз камбуди маводи ғизоӣ дар вилояти Хатлон нест, зеро захираҳо дар анборҳои вилоят ба миқдори лозима ҳаст.

Дар ҳамин шабонарӯз захираи орд 3421 тонна, бо нархи 185-220, равған 1193 тонна, 1 литр 10-12 сомонӣ, картошка 1891 тонна, бо нархи 3,5-4,5, пиёз 1600 тонна, бо нархи 2,3-3,3, бринҷ 1347 тонна, бо нархи 8-18, шакар 750 тонна, бо нархи 5,8-6,5, сабзӣ 2342 тонна, бо нархи 1-1,5 сомонӣ вуҷуд дорад.

Нарх зери назорат аст! 

Фирӯз Исмонов, сардори Раёсати зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамин маврид қайд менамояд, ки Раёсати мазкур нархи 16 номгӯи маҳсулотро зери назорати ҷиддӣ гирифтааст. Тамоми кормандони Раёсат аз субҳ, дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши орд нархномаи онро назорат мекунанд. Бояд қайд намуд, ки Раёсати зиддиинҳисории вилояти Хатлон ҳамчун мақоми ваколатдор, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар самти танзими нарх дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамояд, ба ҳамаи ҳамватанон муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки ба овоза ва ҳангомаҳои беасос дода нашаванд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.05.2018 «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд», Раёсати зиддиинҳисорӣ пайваста дар бозорҳои вилоят мониторинг гузаронида, барои роҳ надодан ба болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулот тадбирҳои зарурӣ меандешад. 

Вале суоле посух мехоҳад, ки баъди чунин овозаҳои беасос, нархи маҳсулоти ниёзи аввалия гарон шудаву мардум ба таҳлӯка омад ва ба ин ҷинояти иқтисодию иҷтимоӣ кӣ гунаҳкор аст? Суоли оддӣ нест. Сиёсист. Мо Метавонем!!!

 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter