ХАБАРИ ДОҒ

Микроавтобусҳои №33 кам шудаанд...

  • Душанбе, Март 30 2020

Тақрибан давоми 1 моҳи ахир аст, ки бегоҳиҳо, аниқтараш пас аз соати 17:00 ҳангоми ба дарси иловагӣ рафтанам дар гардиши назди бинои “Шарқи озод” ним соат, гоҳе бештар аз он ҳам нақлиёти мусофиркашонии №33-ро интизор мешавам. Интизор мешавам, вале ақалан яктояшон ҳам намеоянд. Ҳатто онҳое, ки аз пурии одам ба қавле ҷойи сӯзанзанӣ дар дозили он нақлиёт ёфт намешуду  “биё, бача, 33-и холияй” мегуфтанд, наменамоянд. Гӯё пас аз оне, ки “биё бача, 33-и холияй, дута ҷойи нишаст дорем”-гуфтани пулчинҳои нақлиёт “ноз карда нашиштем”, ҳама якбора қаҳр кардаанд. 

Ҳамин ҳафтаи гузашта, рӯзи панҷшанбе ҳам чунин ҳолат доштем. Баъди оне, ки ҳеч яке аз микроавтобусҳои №33 наомад, ба микроавтобуси №15 то ними роҳ рафтему баъдан пиёда то таълимгоҳ қадам задем. Албатта барои мо, ки ҳанӯз хеле ҷавон ҳастем, наздики 2 километр роҳро пиёда рафтан ҳеч мушкилие нахоҳад дошт. Аммо бисёр мешавад, ки ҳамроҳи мо аз бинои “Шарқи озод” афроди синну соли болоӣ ҳам мебароянд ва бояд то Маркази савдои “Садбарг” ва дуртар аз он рафтанашон лозим аст. 

Воқеан агар қаблан аз меъёр бениҳоят зиёд одам савор (бор не!) кардани микроавтобусҳои хусусӣ мушкили ҷиддӣ буду ҳоло ҳам ҳаст, акнун “ёри камнамо” шудани онҳо дар роҳ мушкили изофие шуда мондааст. То ҳол пулчинакҳо дар мошинҳояшон одамонро “бор мекунанд”. Мисли каду бор кардан. Не, аслан кадуро ҳам ботартиб ва боэҳтиёт бор мекунанд, аммо тартибу эҳтиёт бо кори аксари ин мусофиркашон ба ҳам омадани мисли мушу гурба аст. Ҳатто агар дар он издиҳоми мусофирон аз ҷайбат нафаре, роҳкирояшро гирифта супорад ҳам, нофаҳмида мемонӣ ва як хайре мешавад, ки натанҳо дасти чап ё рост, умуман тамоми узви баданат огоҳ намешавад. 

Боз чанд рӯзе қабл ҳамроҳи як шиносам дар к.Рӯдакӣ, роҳи марказии н.Исмоили Сомонӣ автобуси рақами 33-ро ҳам дидему хушҳол шудем, ки акнун дигар микроавтобусҳои 33-ро дар гардиши назди бинои “Шарқи озод” мунтазир намешавем. Вале маълум шуд, ин автобусҳо на ба он роҳе, ки микроавтобусҳо самташон аст, мераванд. Аз тариқи роҳи марказ ба ду самти муайяншуда мусофиркашонӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки автобусҳои нави самти 33 аз кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ мегузаранд, пас чаро дар ин самт, яъне аз “Хитойбозор” то бозори “Корвон” ҳаракати микроавтобусҳои 33 хеле кам шудааст? Ин суолест, ки дақиқан аз кию кадом ниҳод пурсиданатро намедонӣ. Чун микроавтобусҳо маъмулан хусусиянд ва зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки аз болои фаъолияти онҳо чандон назорате нест. 

Суннатуллоҳи Мирзо, ш.Душанбе 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter