ХАБАРИ ДОҒ

Камбудиҳо бартараф мешаванд

  • Чоршанбе, Апр 08 2020

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Панҷ маълум менамояд, ки мақолаи: «Панҷ: дар 1 ноҳия 1 чароғаки вайрон?»- ро ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 12 декабри соли 2019, №50 нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, бобати ислоҳи нуқсону камбудиҳо дар он дарҷгардида як зумра корҳо анҷом дода шудаанд. Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли равон 18 иншоот бо маблағи 5 миллиону 694 ҳазор сомонӣ сохта ва мавриди истифодабарии сокинони ноҳия қарор гирифтанд. То имрӯз бошад дар  маҷмуъ 33 адад иншоот бо маблағи 20,5 миллион сомонӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. 

Дар кӯчаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷ бошад аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 65 ҳазор сомонӣ 1 майдончаи варзишӣ ва аз тарафи 1 нафар соҳибкори дигар бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ мағозаи тиҷоратӣ, аз тарафи соҳибкори дигари маҳаллӣ бо маблағи 156 ҳазор сомонӣ маркази ташхису табобатӣ дар кӯчаи мазкур сохта ва мавриди истифодабарии сокинони ноҳия қарор дода шуданд.

Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии роҳи кӯчаи 50-солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ дар масофаи 5 км бо маблағи 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз дар масофаи 2,5 км мумфаршкунии роҳ ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон ба мақсади ба кор даровардани чароғаки маркази ноҳия, ки дар мақолаи мазкур дарҷ гардидааст, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истода, ин камбудӣ низ дар оянда бартараф карда хоҳад шуд.

З. Шоҳиён 

и.в.раиси н.Панҷ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter