ХАБАРИ ДОҒ

Кабирӣ ва суистифода аз вазъият

  • Панҷшанбе, Май 28 2020

 

Дар шароите, ки тамоми дунё сар карда аз кишварҳои абарқудрате ба мисли Амрикову Чин, Федератсияи Русия ва қариб тамоми кишварҳои Аврупо ба бӯҳрони пандемияи Ковид-19 гирифторанду мухолифони ҳукумати ҳеҷ кишваре, даст ба ошубу қиём назадааст, мутаасифона чанд нохалафе, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба мисли Faceboor ва YouTube мардуми тоҷикро ба инқилоб ё ба истилоҳи худашон-қиёми миллӣ даъват доранд.  Душманони миллати тоҷик мехоҳанд аз ин рӯзҳои душвори ба сари миллат омада истифода кунанд ва мардумро ба зидди ҳукумату давлат бишӯронанд. Ин дар ҳолест, ки худи онҳо аниқтараш, роҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Суҳроби Зафар моҳе қабл дар табрикоти рамазонияш мардумро таъкид намуда буд, ки ба гуфтаҳои ҳар ҳизбу ҳаракат дода нашавед ва дар ин рӯзҳои душвор ба қиём ё инқилоб наравед. Шояд ӯ аз ин ноҷавонмардии евроисломистони тоҷик хабар дошту мехост худро дӯстдори миллат нишон диҳад ва ин муроҷиаташ низ маҳз дар арафаи ҷилавгирӣ аз пешгирии паҳншавии коронавирус буд, вале... 

Каждуми зери бурё

Имрӯз агар мардуме, ки ба хотири инқилоб ба майдонҳо мебарояд, на ба хотири ислоҳи вазъ, балки ба хотири харобкардану ғорат намудан мебароянд, ки ин инқилоб нест. Хуб ба хотир дорам, ки ҳангоми аъзои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” буданам (соли 2014) дар шаҳри Москваи Федератисияи Русия дар 1 гирдиҳамоӣ иштирок доштем. Он вақт фаъолияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишвар мамнуъ набуд ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ чун аъзои парлумон ба Федератисияи Русия омада буду он рӯз дар гирдиҳамойии мо ширкат дошт. Ӯ гуфт, “шумо иштибоҳ мекунед. Мардумро ба инқилобу нооромӣ даъват намуда, сарнагун кардани ҳокимияи конститутсионӣ хатои бузурги шумост!” ва ҳатто  ба мо хитоб намуда, таъкид кард, ки “сабур бошед ва кӯшиш кунед, ки ҳаракати сиёсии худро мисли ҳизби мо дар доираи қонун пеш баред”.

Мо низ бар ӯ бовар кардем, вале надонистем, ки бар тибқи масали мардумӣ Кабирӣ “каждуми таки бурёст”, ки мавриди заҳр заданро мепояд.

Масъули хунрезии Ҳоҷӣ Ҳалим ҲНИ буд!

Баъди ҳодисаҳои сентябрии соли 2015, ки генерал-майор Ҳоҷӣ Ҳалим даст ба табуддулоти давлатӣ задаву мехост Тоҷикистонро ба хоку хун яксон созад ва расман ташкилоти террористӣ ва экстемистӣ эълон гардидани ҲНИТ, маълумамон гардид, ки дар паси ин ҳама бозиҳои сиёсӣ худи Кабирӣ меистодааст. Ва он “сабр” ки ҷаноби Кабирӣ доимо ҳизбиёнашро (баъзан мухолифони дигарро низ) ба он даъват мекардаст доме беш набудааст. Ӯ пайваста интизори фурсати муносиб барои шӯрондани мардум ва ба инқилоб кашидани онҳо будаасту бас. 1 далели раднопазири сенаристи ин хунрезӣ будани Кабирӣ ин ҳам ҳаст, ки қабл аз ин террор тамомии хонавода ва аҳли оилаву занҳояшро ӯ гирифта бурду боқимонда наҳзатиёни бечора имрӯз дар кунҷи зиндонанду ӯ дар Аврупо ғамза карда мегардад! 

Кидат разбор надорад?

Ҷавонон бояд ҳиммати наҳзатиёнро низ донанд ва 1 далел меорам: Кабирӣ имрӯз ҳатто ба ҳамон бечораҳое, ки дар лойи ӯ лағжидаву дар кунҷи зиндонанд, ё беморанд, 1 дирам ёрӣ намекунад. Агар хоҳад 1001 роҳи ба онҳо тавассути дигарон “дачка” ё худ хайриярасонӣ ҳаст. Вале намекунад. То ҷое иттилоъ дорам, Ҳикматулло Сайфуллозода-журналисти тоҷик, ки ба доми ӯ афтидаву зиндонист, имрӯз ба чанд журналисти ҳамкасбаш муроҷиат кардааст, ки кӯмакаш кунанд. Ана ҳамин аст, ҳиммати Кабирӣ, ки одамонро то зиндон бурдаву сипас “кидат” мекунад!

Ё бигирем, хонум Зарафо Раҳмониро, ки имрӯз ба шарофати афви президенти ҶТ дар озодист, вале касал. Кабирӣ 1 тин ба ӯ кӯмак намекунад ва ин бону маҷбур аст, имрӯз нисфи хонаашро фурӯшаду худро табобат кунад...

Кӯри Аврупову бинои Тоҷикистон???

Вақте, ки табаддулоти давлатии намудаи ҲНИТ (сентябри 2015) шикаст хурд, аксари аъзои ин ташкилоти террористӣ ба кишварҳои Аврупоӣ паноҳ бурда дар интизори фурсати беҳтар буданд. Вале чун ягон фурсате наёфтанду диданд, ки Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст, имрӯз онҳо мехоҳанд аз буҳрони пандемияи Ковид-19 истифода кунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз охирин давлатҳое буд, ки ин пандемия ба он сироят кард! Магар Кабирӣ, Гадоев ва дӯстонашон намебинанд, ки дар Полшаву Германия, Норвегияву Голландия, ки сукунат доранд, низ ин вирус ҳаст ва аз мо бештар талафот додаанду касе истеъфо ё инқилоб дархост намекунад?

Даъвои беасоси Кабирӣ ва компанияи ӯ

Даъвои асосии онҳо ин аст, ки гӯиё давлату Ҳукумати Тоҷикистон барномаи мушаххасу шоистае барои рушди куллии Тоҷикистон ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ надорад. Аввал, суоле ба миён меояд, ки шумо чӣ барномае, доред? Ҳангоми фаъолияти расмиятон чи хизмате ба миллат намудед? 30% ҳукумат ва чандин курсии парлумон дар дастатон буду оё бидуни офаридани шароит ба 3-4 зани худ ва даҳҳо кӯдаконатон, бунёди қасру кушки худӣ, ғасбу ғорати корхонаҳо, чӣ хидмате ба мардум кардед? Чанд донишгоҳу донишкада барои тарбияи насли нав сохтеду чи саҳме дар рушди илм ва иноватсия гузоштед, ки имрӯз аз дурӣ истода, санги маломат сӯи давлати тоҷикон мезанед? Даъвоҳои намудаи шумо чизе ҷуз ҳарзагӯйӣ беш нест, зеро Тоҷикистон барои рушди ояндаи худ барномаҳои мушаххас дорад. Тарбияи ҷавонони саодатманд ва фароҳамсозии шароити мусоиди таҳсил ва илмомӯзӣ магар барнома нест? Маҳз ин ҷавонони таҳсилнамуда парчамбардорони Тоҷикистон ва беҳбудсозандагони вазъи кишвар мешаванд.

Ба доми фитнагарон наафтед!!!

Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон, хосатан ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, гуфтаниям, ки фирефтаи ингуна ашхоси аҳмақу ҳарзагӯй нашавед. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият кунед ва ояндасозу созанда бошед. Зеро воқеан имрӯз мо бояд сабур бошем, воқеан мо бояд имрӯз дар пайи ислоҳи худу ҷомеъа кӯшем ва манфиатҳои милливу давлатиро дар ҷойи аввал гузорем. Воқеан имрӯз вақте расидааст, ки ба фитна ва васвасаи Кабирӣ ва кабирибаринҳо дода нашавему барои ободию осудагӣ ва оромию амнияти ватану миллат кӯшем. Имрӯз вақте расидааст, ки ҳама якҷо бар зидди пандемияи Ковид-19 мубориза барем ва халқу миллатро аз зарари он эмин нигоҳ дорем. Бовар кунед, ки дар якҷоягӣ Мо метавонем!

Файзуллоҷон Сафаров

омӯзгори ДМТ, собиқ узви “Гурӯҳи 24”

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter