ХАБАРИ ДОҒ

 

 28.08.2015. Ин сана то охир дар таърихнигории журналистикаи Тоҷик бо ҳуруфи сияҳ сабт шуд. Зеро дар ин рӯз, аккурат, 5 сол муқаддам, Бузургтарин, Тобонтарин, Маҳбубтарин Чеҳраи Журналистикаи Тоҷикро аз даст додем. То ҳанӯз муаммост, ки Акбари Саттор чаро худкушӣ кард. То ҳанӯз муаммост, ки чаро Ӯ моро раҳо кард. То ҳанӯз муаммост, ки баъди Акбар ҳоли журналистикаи тоҷик чӣ мешавад?! Зеро ин суитсиди 1 индивид набуд, ин худкушии 1 оламе буд бо номи журналистикаи тоҷик…ин худкушии 1 эпоха, 1 даврони тилоӣ буд…

То ҳанӯз журналистони тоҷик ин ҳодисаи даҳшатворро ёд овардаву ангушти надомат мегазанд, ки чигуна шуда, бехабар мондему Ӯ рафт. 

…Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, Раис, дӯст ва устоди гиромӣ…

 

Ва шояд 100 раис ояд ба дунё,

Валекин модаре Акбар назояд.

                                            Шӯҳрат Давлатшоев

 

Имрӯз бо рафтани Акбар мо дарк мекунем, ки як ҳомии нонамоёни озодии баёнро аз даст додаем. Имрӯз бо рафтани Акбар мефаҳмем, ки ГЖК-Кохи газетаву журналҳои Душанбе рамзи асосии худ, балки бомашро аз даст додааст. Имрӯз ба зеҳни мо ҷо мешавад, ки купруки асосии байни матбуот ва ҳукуматро сел бурд. 

Мирзои Салимпур, журналист

 

Чӣ кӯтаҳ будааст умри ту Акбар,

Чу тӯфон омадӣ, чун бод рафтӣ...

                                                       Марям

 

Очень жаль, что из жизни так рано уходят такие хорошие люди, как он. Прощайте, Устод! Вы всегда останетесь в сердцах ваших коллег, друзей и родных...

Наргис Зокирова, журналист

 

Мегуфт: - Хуршед, пештар агар хабари марги касеро мешунидам, мегуфтам: - Ҳайф шуд бечора! Чанд сол боз вақте хабари марги касеро мешунавам, мегӯям:

-Ваҳҳ, ҷонашро халос кард...

Акбар, ту ҷонатро халос кардӣ, вале моро, маро, бо ин қадар мушкилу дард ба кӣ гузошта рафтӣ?

Хуршед Атовулло

 

Меҳрубоно! Меҳр мотамдор шуд!

Чашми ёронат ҳама хунбор шуд,

Сахткӯшо! Ин чӣ осон рафтан аст?

Эй бародар! Охир ин ҳам кор шуд?

Зафари Сӯфӣ,

 

Акбар доимо аз вақт пеш мегузашт. Ин дафъа низ ҳамин тавр кард. Вале ин дафъа саросема шуд. Ҳамаи моро мотамзада, ҳамаи моро зиқ кард. Охир, ӯ ҳоло барои мо лозим буд! 

Нозир Ёдгорӣ, журналист

 

Хеле инсони хубу шахсияти шинохта буд. Мудом бо журналистони минтақа дар иртибот буду то ҷое метавонист онҳоро дастгирӣ мекард.

Аҳмади Иброҳим, Сардабири Пайк

 

Дареғо, журналистикаи Тоҷик ятим шуд!!!

 Адибаи Азиз, Журналист

 

1 рӯз акаи Акбар ба мо чунин суол доданд: “Кӣ шудан мехоҳед?”, гуфтем “Журналист”. Инро шунида гуфтанд: -Зиёд омӯзед, чизеро, ки намедонед, аз ман пурсед, аз таги замин ҷавобашро кофта меёбаму ба шумо посух мегардонам!” . Акнун суол дорем, гӯед, Шумо канӣ, акаи насиҳатгари мо? Дар куҷоед, канӣ, ба ин суоламон посух гардонед? Гуфта будед-ку “аз таги замин ҳам бошад ҷавобашро кофта меёбам”. Канӣ аз таги замин хезеду бигӯед, чаро моро тарк кардед?

Омирона ва Ориёна Достиеваҳо, хонандагони синфи 10, мактаби миёнаи №72, ш.Душанбе

 

 

Ӯ Журналистикаи Тоҷикро аз маргу мир ва нестшавӣ дар солҳои ҷанги гражданӣ эман дошт, ки танҳо бо ҳамин кораш бояд Пайкарааш дар назди ГЖК бардошта шавад…

С.Мизроб, журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter