ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Тамоми мардуми варзишдӯст ва онҳое, ки дар атрофи футбол ягон алоқамандӣ доранд, аз бурди навбатии дастаи “Равшан” бар ҳарифи воқеан ҳам олӣ-“Истиқлол”-и Душанбе огоҳ шуда фикру ақидаҳои худро нисбат ба ин бозӣ ба таври гуногун баён мекунанд. Дастаи “Равшан” тавонист, ки дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2020 бар ин дастаи пурқудрат бо ҳисоби 4:2 ғолиб омада, роҳи худро ба даври навбатӣ тахту ҳамвор намояд. Муҳимтарин иттилоъ, хабар ва воқеият барои мо ҳамин ҳасту бас!

Аммо, баъди ба даст овардани чунин ғолибият, албатта, ки овозаҳои гуногуни ҳасудонаву ноҷавонмардона, гапу гапчаҳои зиёд ва ақидаҳои носолиму ғайримантиқии бархе аз нотавонбинон ба миён меояд, ки чунин ақидаҳо оини ҷавонмардиро аз байн мебарад. Онҳое, ки воқеан варзишро мефаҳманд ва аз вазъи кунунии дастаҳои ҳам “Равшан” ва ҳам “Истиқлол” огоҳанд, медонанд, ки ин ғолибият ба осонӣ ба даст наомад, варзиш бесарҳад будани худро собит сохт ва кори дастаи “Равшан” дар ин бозӣ омад карду мураббиён тавонистанд, ки он малакаву маҳорати футболбозони худро ба таври максималӣ истифода намуда, ғолибиятро ба даст оваранд. Вале дар ин миён боз ҳам нафароне пайдо шуданд, ки мағлубияти “Истиқлол”-ро бар дастаи “Равшан” қабул карда наметавонанд ва ё намехоҳанд. Инҷо чанд факту далел ва мушоҳидаҳое ҳаст, ки дудилагӣ ва нобоварии мардумро нисбат ба ин ғолибият ба миён овардааст ва аз ҷониби дигар омилҳои муҳими тавоноии “Равшан”-и Кӯлоб бар дилхоҳ ҳариф боис шуд, ки ин муваффақият ба даст оварда шавад: 

 

1.Қудрату тавоноии дастаи “Истиқлол”

Ин даста ҳамчун пешсафи Лигаи олӣ ва яке аз беҳтарин дастаҳои Тоҷикистон дар 10-солаи охир аз ҷиҳати молиявӣ шинохта шудааст, ки дар ҳайаташ беҳтарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон ва футболбозони хориҷӣ фаъолият доранд. Ба фикри баъзе аз рафиқон ҳеҷ мумкин нест, ки намояндаи Лигаи поёнӣ, яъне дастаи Лигаи якум бар дастаи Лигаи болоӣ, яъне пешсафи Лигаи олӣ ғолиб ояд. Шояд то андозае, мухлисону ҳаводорони футбол чунин ҳаққу ҳуққуқро дошта бошанд, зеро дар майдон қувваҳои нобаробар чӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва чӣ аз ҷиҳатӣ молиявӣ майдондорӣ карданд. Вале инҷо савол ба миён меояд, ки оё дар таърихи футбол чунин мағлубиятҳоро надидаанд, ки дастаи Лигаи поёнӣ бар ҳарифи Лигаи болоӣ дастболо шуда бошад? Дар таърихи футболи ҷаҳонӣ ва ҳам дар таърихи футболи тоҷик чунин ҳолатҳо даҳҳо маротиба ҳатто, садҳо маротиба рух додааст, ки ин ягон ҷои аҷоибӣ надорад. Яъне, ба қавле бар ин савол ҷавоб ҳаст ва далелҳои чандинсола аз бозиҳои таърихӣ собит месозанд, ки дастаи пурқуввату пуриқтидор метавонад бар дастаи заиф ноком гардида ба бохт рӯ ба рӯ шавад. Дастаи “Истиқлол” мағлубшаванда ҳаст ва инро маҳз дастаи “Равшан” дар солҳои гуногун исбот кардааст. Бедор шавед ин бурди аввалини “Равшан” бар дастаи “Истиқлол” нест!!!

 

2.Майдони хонагӣ ва “Шурик”-ҳои маҳаллӣ

Майдони хонагӣ барои дилхоҳ даста дар бозиҳои тақдирсоз қувваву нерӯи изофӣ мебахшад, ки ин воқеият дар дилхоҳ намуди варзиш борҳо собит шудааст.  Зимнан доду фиғони мухлисон, ки берун аз варзишгоҳ буданд, тавонистанд бо садои қарсаку ҳаводориву, сурудхоние, ки дар ин шабу рӯз ба таври сабт дар варзишгоҳҳои ҷаҳонӣ ба кор бурда мешаванд, дар ин бозӣ берун аз варзишгоҳ аз ҷониби мухлисон таъмин карда шавад. Барои ин ба мухлисон биноҳои атроф ва дигар нуқтаҳои ёридиҳандаи варзишгоҳ кӯмак кард. Саҳми мухлисон, ки дар варзишгоҳ ҳузур надоштанд ва берун аз варзишгоҳ буданд, дар бурди “Равшан” калон ва беҳисоб аст. Ҷамъ омадани мухлисон дар атрофи варзишгоҳ ба футболбозон нерӯву тавоноии дигар бахшид ва дастаи “Равшан” низ имрӯз маҳз барои мухлисони дар атрофи варзишгоҳ ҷамъомада бозӣ карданду исбот намуданд, ки онҳо беҳтаринанд. 

 

3.Норасоии футболбозон ва сармураббии “Истиқлол”

Рӯи рост бояд бигӯем, ки “Истиқлол”-и ин бозӣ аз “Истиқлол”-и бозиҳои қаблӣ фарқ дошт. Ин ҷо айби дастаи “Равшан” ва ё ягон нафари дигар нест. Барои мисол хати ҳамлаи “Истиқлол” ба симате, ки дар бозиҳои қаблӣ бозӣ мекард, тавоно набуд. Норасоии Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва боз чанде аз футболбозони дигар, ки бо сабаби лат бардоштан ба бозӣ ворид нашуданд, имконияти “Равшан”-ро ба ғолибият наздиктар кард. Қувваву нерӯи зиёд дар ҳимояи “Равшан” сарф нашуд ва бачаҳо бештар дар фикри ҳамла ба дарвозаи рақиб буданд. Ин ҳолатро хуб дарк карда, Ҳасан Рустамов аз хати ҳимоя 2 маротиба дар ҳолати зарурӣ ба ҳамла рӯ оварда, ба задани гол шарафёб шуду дастаро аз бохт наҷот дод. Сармураббии дастаи “Истиқлол” Виталий Левченко бошад, бо сабаби муҷозот шудан дар бозиҳои қаблӣ, ҳанӯз ҳаққи иштирок дар бозиҳоро надорад ва дар бозии имрӯза низ набудани ӯ то ҷое ба манфиати дастаи “Равшан” буд. Кам шудани дастаи “Истиқлол” дар дақиқаҳои 70-уми бозӣ низ баҳона шуда наметавонад, зеро футболбозони дастаи “Равшан” қариб 10 корти зард доштанду бо эҳтиёт бозӣ мекарданд, ки мабодо муҷозоти сахттар нашаванд.

 

Ғайраталӣ Мираҳмадов ва Маъруф Рустамов

Бе шубҳа ин 2 мураббӣ чандин маротиба бар дастаи “Истиқлол” пирӯз шудаанд ва усулҳои хоси бо ин даста бозӣ карданро доранд.  Барои мисол Маъруф Рустамов бо дастаи “Ҳосилот” низ дар бозии Суперҷоми Тоҷикистон чанд сол қабл бар дастаи “Истиқлол” пирӯз шуда, ин ҷоизаи оғозимавсимиро ба даст овардааст. Таҷрибаи Ғайраталӣ Мираҳмадов низ ба ҳайси сармураббии дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон соли 2019 кор омад. Дастаи “Ҳулбук” дар бозии ҷавобӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб буд, вале дастаи “Истиқлол” дар нафасҳои охири дидор мусовӣ карда, аз ҳисоби бурди хонагӣ ба даври финалӣ роҳ ёфт. Ин муваффақият барои дастаи “Ҳулбук” дар солҳои охир хеле қимати баланд дорад, ки ба ҳайси намояндаи Лигаи якум бо дастаи қаҳрамони Тоҷикистон баробар бозӣ кард. 

 

5.Бачаҳои худӣ

Дастаи “Равшан”-ро дер боз чунин дидан мехостем. Яъне, ин даста пурра аз ҳисоби дастпарварони мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварӣ шудааст. Тайи чанд соли охир мухлисон мехостанд, ки дар ҳайати асосии дастаи “Равшан” дастпарварони худашонро ба монанди Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Наврӯз Рустамов, Рустам Ризоев, Далер Шомуродов, Саидхони Амрохон ва боз чанде дигар бубинанд, ки чунин ҳам шуд. Зокир Абдулхайров бошад ба мисли ҷавони 20 сола бозӣ кард, ки тамоми мардум ҳатто рақибро бо партофтҳои головари худ дар ҳайрат гузошт. Ба қавли дигар Сафаралӣ Каримов ва Зокир Абдулхайров воқеан муҳаррики асосӣ ва пешбарандаи даста дар ҳолати зарурӣ ба ҳисоб рафта, дар ин ҳолат Ҳасан ва Наврӯз Рустамовҳо кори охири ҳуҷумро ба хубӣ ба итмом расониданд. Абдураҳмон Нозимов бошад дар миёни чунин футболбозони ботаҷриба дурахшид ва голи ниҳоии зебоеро ба самар расонид. 

 

6.“Равшан” ва Интихобот!

Бисёриҳо бо таънаву маломат ва суханону пучу бемаънӣ ҳеҷ ба бурди “Равшан” бар чунин ҳарифи зӯру тавоно таслим намешаванд ва далелҳое пеш меоранд, ки худро хандахариши дигарон месозанд. Яъне "Шумои муҳтарам"  ба ин ҳадд бовар доред, ки дар Кӯлоб Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фақат барои ин ғалаба интихоб мекунанд? Яъне, тақдири ин миллат дар дасти мухлисони “Равшан” аст? Як бурд дар футбол барои мардуми Кӯлоб болотар аз ин ҳама заҳмату талошу ободкориву созандагиии Пешвои миллат аст? Ё агар “Равшан” ба бохт рӯ ба рӯ мешуд ба ҳамин тамом? Ин чӣ беақлист ва аз куҷо ин фикру ақидаҳои хому ғалат бар саратон омад? Хоҳиш мекунам камтарак дар ин маврид аввал андеша карда, баъд чизе бигӯед. 

Сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон ба ин дараҷа заифу нотавон нест, ки бо 1 ғолибият дар футбол тақдири чунин маъракаи муҳимро ҳал кунад. Сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон болотар аз даҳҳо “Истиқлол”-у “Равшан” аст ва мардум низ ба ин ҳад заифу нотавон нест, ки ҳамагӣ баъди 1 соат қарсакзанӣ тақдири минбаъдаи хешро ба дасти касе диҳад. Албатта, ки варзиш дар сиёсати имрӯзаи Давлати мо дар сафҳои аввал қарор дорад, аммо ин сафсатаҳои шумо бовар кунед аз манзури давлатдориву ҳукуматдорӣ хеле ва хеле поён ва беарзиш аст. Агар дақиқан гӯем, “Равшан”-нав даври 1/4 ниҳоиро паси сар карда, ҳоло дар пеш боз ҳам дастаҳои пурқувват ва бозиҳои сахту сангин зиёд аст. “Равшан” ҳанӯз чизе ба даст наовардааст, ҳатто баромадан ба Лигаи олӣ низ зери суол аст. 

 

Хотима: барои дарки” Равшан” кӯлобӣ бояд буд!!!

Зимнан он мардуме, ки дар атрофи ин мавзӯъ таи чанд рӯзи охир чи дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё дар миёни омма баҳсу мунозира мекунанд бояд донанд, ки “Равшан”-и Кӯлоб ҳанӯз ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯст. Агар ягон дастаи дигар ба мисли “Хуҷанд”, “Кӯктош” ё чанде аз дастаҳои Лигаи якум дар доираи дилхоҳ бозиҳо ба чунин муваффақият ноил мегардиду “Истиқлол”-ро мағлуб мекард ё ҳадди ақал бо ин даста мусовӣ, пас вобаста ба имкониятҳои молиявии худ бо мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешуданд. Аммо дастаи “Равшан”, чӣ? Ба чуз ваъдаҳои хушку холӣ дигар чизе надид ва ҳам шояд набинад. 

Шахсан фикру ақидаи ман ба ҳайси 1 мухлис чунин аст: Футболбозоне, ки имсол аз дастаҳои Лигаи Олӣ ба дастаи “Равшан” ба Лигаи якум баргаштанд, бори дигар собит сохтанд, ки онҳо ҳанӯз тавоно буда, имконият доранд, ки дар дастаҳои пешсафи Лигаи олӣ майдондорӣ кунанд. Ё барои чӣ бо дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар Лигаи олӣ бозӣ накунанд? Ин футболбозон бо роҳбарии мураббиён Ғайраталӣ Мираҳмадов ва Маъруф Рустамов барои нангу номуси худ ва барои обрӯи худ бозӣ карданд, рақобат карданд ва ба муваффақият ноил гардиданд. Ана ҳамин аст нангу ори Кӯлобӣ, ки ҷое мо бо ин хислату сифати хеш меболем ва гоҳе зери таънаву маломати дигарон қарор мегирем. Хоҳем-нахоҳем, қабул дорем, ё надорем ин гӯшаи диёр чунин мардуми нангакиву номусакӣ дорад, ки дар ҳолати зарурӣ ҳатман хислатҳои ба худ хосашон сар мезанад ва қуввату тавоноии худро нишон медиҳанд. Дақиқан бо дастони холӣ ва киссаҳои холӣ аммо бо дили пур! “Равшан”-и ман, ҳамеша муваффақ бош!!! 

 

Дилшод Назирмадов, 

мухлиси дастаи “Равшан” Кӯлоб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter