ХАБАРИ ДОҒ

 

 

 Мақсуд Саломзода, писари Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар шояд имрӯз ягона писари мансабдорест, ки бо хоҳиши худ барои хизмат ба Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ пайвастааст. 

Ӯ дар бораи ин азми хеш зимни сафари кории Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар рӯзи 22.09.2020 ва мулоқот бо аҳли зиёи ин шаҳр эълон намуда, яке аз аввалин ҷавононе буд, ки пас аз хатми мактаби олӣ бо хоҳиши худ хоҳиши хизмат дар артишро кард. Зимни сафари ахири хеш ба шаҳри Бохтар мухбири мо сӯи Комендатураи ҳарбии вилояти Хатлон роҳ пеш гирифта, бо сарбози ҷавон Мақсуд Саломзода вохӯрд. 

 Аз Питер то Армияи Тоҷик

 Мақсуд Саломзода 01.04.2000 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфта, соли равон Мактаби олии технологӣ ва энергетикаи шаҳри Санкт-Петербургро хатм кардааст. Аз моҳи июли соли равон фаъолияти кориро дар Заводи трансформаторбарории шаҳри Бохтар оғоз намуд. Вале ин ҷавон бо ин қонеъ нашуда, тасмим гирифт ба сафи сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ пайвандад. 

 Дар рӯзи 3-юми даъвати нави тирамоҳӣ-03.10.2020 Мақсуд Саломзода ба Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон омада, бо аризаи худ ба Армия пайваст. Афсарони Вазорати мудофиаи ҶТ дар вилояти Хатлон нахуст тасмим мегиранд Мақсудро ба яке аз қисмҳои ҳарбии вазорат дар шаҳри Душанбе ё ноҳияи Панҷ фиристонанд, вале билохира ӯро барои хизмати минбаъда ба худи комендатураи вилояти Хатлон равона мекунанд. Зеро саводи хуб, забондонӣ, донишмандияш ба ин даргоҳ мувофиқ меомад. 

1,5 моҳ аст, ки Мақсуд дар ин сохтори ҳарбӣ адои хизмат намуда, 1 соли ояндаи хешро дар инҷо хоҳад гузаронид. Тибқи қонунгузории кишвар ҷавононе, ки маълумоти олӣ доранд, танҳо 1 сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ хизмат хоҳанд кард.

   Сарбозӣ орзӯи кӯдакиям буд

 - Ҳанӯз пас аз хатми мактаби миёна мехостам рост ба хизмат равам, вале таҳсил дар яке аз донишкадаҳои обрӯмандӣ Россия рағбати маро бештар карду роҳи Санкт-Петербургро пеш гирифтам. Ҳоло онро хатм карда, баргаштам, вале эҳсос мекардам, ки бояд ба хизмат ба артиш равам, чун фикр мекунам ҳар мард бояд хизмат намуда, аз ин мактаби ҷавонмардӣ бигзарад. Бархостану дар ин бора рӯирост ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфтанам ҳам ғайричашмдошти волидонам буд, аммо онҳо, ки ҳамеша аз тасмимҳои ман дастгирӣ мекунанд, ин маротиб низ розӣ шуданд, то маро ба Артиш равон созанд- мегӯяд Мақсуд Саломзода.

   Воқеан ҳам вақте мо ба Сиҷоуддин Саломзода занг зада дар ин бора суол кардем, ӯ гуфт:

-  Ҳар тасмиме Мақсудҷон мегирад, худаш мегирад. Ӯ шахсият аст. Ва ба маслаҳати ману модараш ниёз надорад. Тасмим гирифт Ленинград равад-рафт ва дохил шуд. Ин бор хост Армия равад. Мо низ розӣ шудем…

Сарбоз ва сароянда

Мақсуд Саломзода ба ғайр аз он, ки ҳам энергетик асту ҳам сарбоз, боз истеъдоди ҳофизӣ низ дошта, аз овони хурдсолӣ суруд мехонад ва хуб гитор менавозад (Мактаби Питер!!!). То ин дам ӯ дар якчанд барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Турсунзодаву Исфара ва Душанбе ҳунарнамоӣ намуда, чанд рӯз пеш бо сурудани суруди «Ҳомии қонун», ки ба сарбозони тоҷик бахшида шудааст, дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ғолиби яке аз номинатсияҳои он ва сазовори мукофот ҳам шуд.

   - Ман ҳеҷ гоҳ писари эрка набудам ва нахоҳам шуд, то рӯзи охирини хизмати сарбозиам содиқона ба ин Ватану ин Меҳан хизмат хоҳам кард. Дар байни ҳамхизматонам алакай дӯстони зиёде пайдо кардаам, ки аз минтақаҳои гуногуни мамлакатамон буда, ҳар рӯзи мо тибқи оиннома ва тартибу реҷаи ҳарбӣ мегузарад. Артиш ҷойи шӯхиву бозӣ ва эркагӣ нест, он мактаби ҷавонмардӣ аст, - таъкид медорад мавсуф.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе-Бохтар-Душанбе,

17.11.2020

 

Стереотипи Армияи камбағалон барҳам хӯрад!

Аз «СССР»: Газетаи мардумӣ борҳо навиштаву боз ҳам менависад, ки фарзандони раисону вазирон ҲАТМАН бояд Армия раванд ва аз 1 дег бо фарзандони камбағалону деҳқонон хӯрок хӯранд, пост шинанд, пол шӯянд, тир парронанд, ватанро ҳифз созанд. Танҳо дар ин сурат мо аз писарони эркатулфор ҷавонмардони ғаййур ва ватанхоҳ месозем. Ба Армия рафтани Мақсудҷон-фарзанди раиси ш. Бохтар бояд бовари мардумро ба «Армияи камбағалон» шиканад ва дигар раисон низ писаронашонро ба Артиш равон кунанд. Ку бинем, боз кадом раиси дарвоқеъ ватандӯст аст?!

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter