ХАБАРИ ДОҒ

ОЁ ОЗМУН ШАФФОФ БУД? (Андешаҳо баъди ҷамъбасти сабқат)

  • Чоршанбе, Дек 30 2020

 

   Соли дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо шаҳомати хотирмон ҷамъбаст карда шуд. Нисбати соли гузашта ба номинҳо ҷудо кардани иштирокчиён, бардоштани маҳдудияти синнусолӣ, онро шавқовару ҷаззобтар кард. Рӯзҳои баргузории даври ниҳоии озмун, қариб дар ҳамаи хонаҳо мардум баробари ҳакамон дар назди оинаи нилгун нишаста, аз рӯйи диду дониш ба ҳунари иштирокчиёну амали устодон баҳо медоданд ва муҳим аз ҳама ин намоишҳо барои тарбияи насли наврас, фарзандон ва аҳли ҳар оила ибрати бебаҳое буд гӯем, хато намешавад. Дар воқеъ, рафти озмун, ҷавобҳои иштирокчиён, амали доварон, ҷамъбасти мутантани он, ҳавасмандкуниҳо аз сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Боварӣ дорем, ки солҳои минбаъда дар ин чорабинӣ талошҳои бештари мардумро шоҳид хоҳем шуд ва пас аз муддате натиҷаҳои дилхоҳ ба бор  хоҳад овард. 

   Ин озмун на танҳо ҳунари иштирокчиёнро ба намоиш гузошт, балки як зумра олимони мӯътабар, адибони номвари тоҷикро, суханронию дониши фарохи онҳоро ба тамоми ҷумҳурӣ намоиш дод, халқ бештар онҳоро шинохт. Ин ҳам 1 дастоварди муҳими озмун аст. Дарвоқеъ, аҳолии диёр донист, ки мардони мутафаккир дар ватани мо бисёранду сазовори ҳама гуна  эҳтиром мебошанд.

   Ба муҳташамии ин озмун, ки натиҷаи он сабаби  рӯ овардани аҳли диёр ба ин гуна чорабинӣ бештару беҳтар хоҳад шуд, заррае шак наоварда, чанд мулоҳизаи худро доир ба  боз ҳам хубтар  кардани сифати он иброз карданием.

1.Маъракаи имсолаи рафти баргузории озмун, канда-канда бошад ҳам, бо воситаи аксари шабакаҳои телевизиони мамлакат намоиш дода шуданд.  Ин падидаи нав ва хуб аст, аммо агар онро пурра, бе танзиму буридан нишон медоданд, нуран аълонур мешуд. Ҳам иштирокчиён ба худ баҳо медоданд ва ҳам тамошобин. Бар замми ин, пеши  ҳама гуна гапу калочаҳои беҳударо мегирифт.  Шукр, ки дар кишвар 6 шабакаи ҷумҳуриявии телевизионӣ дорем ва имкони намоиши ҳамаи номинҳои озмун мавҷуд аст. Дар ҳолати такроран чанд  маротиба намоиш додани марҳилаҳои он  барои мардум манфиати бештаре меовард. Барои ҳалли ин масъала ба  ҳар шабака намоиши 1 номинро вобаста кардан  кофист.

2. Дар бораи шаффофияти озмун. Ба гуфти  роҳбари номинаи хондан ва аз ёд донистани осори адибони муосир Боймурод Шарифзода, барои шаффофияти озмун онҳо то як соат баъзе иштирокчиёнро санҷидаанд. Бояд чунин ҳам бошад, зеро дар натиҷаи санҷидану омӯхтани маҳорату малакаи иштирокчӣ, дониши онро муайян кардан мумкин аст. Аммо бо чӣ сабаб баҳои иштирокчӣ рӯ ба рӯяш, дар назди аҳли толор ва бо воситаи телевизион эълон карда намешавад?  Аксари баҳоҳо: “хеле хуб, ба шумо барор мехоҳем”, “офарин” ва танҳо гоҳо: “оянда беҳтар омодагӣ бинед” иктифо мешавад.  Бо ин усули баҳогузорӣ  кулли  иштирокчӣ гумон мекунад, ки аз ӯ беҳтаре дар ин миён нест. Чӣ мешуд, агар аз рӯйи меъёри муайян кардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ё кумитаи тадорукотии озмун, бевосита дар назди иштирокчӣ баҳои ӯ аз ҷониби ҳакамон эълон карда шавад. Низоми баҳодиҳиро аз рӯйи қисматҳои риояи низомнома, аз ёд донистани матн, фаҳмидани моҳияти асар, сужаи он, амали қаҳрамонҳо, ғояи китоб, аҳамияти асар, нутқи бурро ва ғ. муайян кардан мумкин. Ин таҷриба дар ҷаҳон ва дар кишварамон ҳаст: бо воситаи бардоштани варақа ё тахтачаи холҳо аз ҷониби ҳар як ҳакам  ва ҷамъбасти он аз ҷониби  раиси доварон ва ё котиби дастаи ҳакамҳо. Шояд гӯянд, ки вақт  меравад, аммо фаромӯш набояд кард, ки вақти ба манфиати шаффофият ва таъмини адолат сарф шуда, баҳои арзишмандтар  дорад. Дар ин ҳолат шаффофият таъмин  карда хоҳад шуд: худи иштирокчӣ низ  баҳои дараҷаи донишашро мефаҳмад ва дар ҳоли қонеъ  набудан имконияти ба комиссияи ҳалли баҳсҳо муроҷиат карданро пайдо мекунад.

3. Гарчи даври  ҷамъбасти ниҳоии ғолибони озмун бо тантанаи сазовор гузаронда шуд, аммо боз ҳамон бемории пешинро мушоҳида кардем:  ягон шаҳру ноҳия бе ғолиб намонад, ҳамаи маҳалҳо  ба назар гирифта шаванд, қишрҳои ҷомеа аз хотир набароянд ва ғайра. Ин амал ба манфиати ояндаи кор нахоҳад шуд. Ғолиби озмун бояд аз рӯйи донишу маҳорат муайян карда шавад, яъне “мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд”. Қадрдонии моддии иштирокчиёни сабқатро низ аз чӣ сабабе яксон ба роҳ намонданд. Як қисми иштирокдорон бо дипломи иштирокчӣ ва 1000 сомонӣ мушарраф гаштанду дигарон не. Махсусан иштирокчиёни ноҳияҳои тобеи марказ.  

4. Ниҳоят, таҷдиди назар кардани низомномаи озмун аз рӯйи таҷрибаи ҳосилшуда ногузир аст. Дидем, ки аксари иштирокчиён муҳассилини макотиби кишваранд. Ба андешаи мо иштирокчиёни синни томактабиро алоҳида кардан зарур, зеро чи дар раванди хондани онҳо ва чи дар усули пурсиши онҳо риояи низоми хоси равонӣ зарур аст. Инчунин талаботи озмун дар номинаи шоирӣ бояд аз нав дида баромада шавад. Доштани достон, мухаммасу мусаддасу тарҷеъбанду таркиббанд аз иштирокчии ҷавони озмун чӣ маъно дорад, ҳол он ки бисёр шоирони унвондару  номии кишар  чунин жанрҳои шеърӣ надоранд. 

   Дар сабқат насрнависон ва рӯзноманигорони ҷавонро ҳамроҳ кунем, хуб мешуд.

 

Султонмурод Одина, адиб, Корманди  шоистаи Тоҷикистон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter