ХАБАРИ ДОҒ

2020 Соли рафти ахтарони миллат

  • Чоршанбе, Дек 30 2020

 

 

 Соли 2020-ро мешавад соли рафтану шикастанҳо муаррифӣ кард. Ин сол азизони зиёдеро аз байни мо бурд ва дилҳои бисёреро азодор кард. Дар миёни ин рафтагон афроде ҳам буданд, ки ба кулли миллат тааллуқ доштанду рафтанашон барои тамоми миллат талафот буд. Албатта, марг барои мо инсонҳо 1 воқеият аст ва касе наметавонад аз он дар амон бошад. Аммо гоҳе авқот, ин воқеият бо сабабҳои гуногун хеле бештар аз андоза рух медиҳад ва 1 миллатро азодор мекунад. 

Дар арафаи гусели ин соли шум, мо тасмим гирифтем аз азизоне ёд кунем, ки рафтанашон ҳамаи моро ғамгин кард. Албатта, овардани номи ҳамаи азизон дар 2 саҳифаи газетаи мардумӣ кори саҳлу сода нест ва мо аз наздикони онҳое, ки исмашон дар ин рӯихат наомадааст, пӯзиш металабем. 

Фирдавси барин ҷоятон, эй Бузургони миллатовар, миллатофар ва миллатсоз, ки аксарият аз илтиҳоби дутарафаи шуш ва ё худ коронавирус ҷон бохтаед!...

 

1.Гулназар Келдӣ, (20.09.1945-13.08.2020) шоири халқии Тоҷикистон, рӯзноманигор.

Муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Сарвари Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад. Аввалин маҷмӯъаи шеърии Гулназар «Расми сарбозӣ» соли1969 ба табъ расид. Гулназар барои хизматҳои шоистааш бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмиллалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст. Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

 

2.Баҳманёр (15.08.1954-10.10.2020), нависандаи саршиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ. Муаллифи китобҳои «Ишқи сайёд» (1984), «Аспи обӣ» (соли 1988), «Дуди ҳасрат» (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), «Сармаддеҳ» (китоби дуюм, соли 2014) ва «Жили-были в Сармаддехе» (Алма-Ато, 2014) мебошад. Дар бистҷилдаи адабиёти тоҷик, ки нашриёти «Адиб» ба табъ расонд, китобҳояш «Шоҳаншоҳ» ва «Сармаддеҳ» дар як муҷаллад нашр шуданд. Комиссияи махсуси вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2013» дониста, бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард. Китобаш «Сармаддеҳ» соли 2015 бо ҳуруфи форсӣ дар Лондони Британия ба табъ расид.

 

3.Ҷамшед Исмоилов, (30.08.1956-16.08.2020) ҳунарпешаи халқии РСС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷамшед Исмоилов фаъолияти корияшро ибтидо дар Кумитаи ҷавонони ш. Душанбе ба ҳайси коргузор (1978-1982) оғоз намудааст. Сипас сарояндаи яккахони ансамбли мақомхонони Комитети давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони РСС Тоҷикистон (1982-1992), директори гурӯҳҳои ҳунарии кумитаи мазкур (1992-1995), муовини вазири фарҳанги ҶТ (1995-2001), директори генералии Иттиҳодияи эҷодию консертии Вазорати фарҳанги ҶТ (аз 2003 то имрӯз) хидмат намудааст. Ҷамшед Исмоилов муаллифи садҳо суруду тарона буда, сурудҳои ӯ монанди “Аз зер чодарак”, “Эй модари ман”, “ФК Помир” ҳоло ҳам маҳбубияти ҳамагонӣ доранд.  

 

4.Баҳриддин Камолиддинов, ( 5.10.1935 – 13.05.2020) - забоншиноси маъруфи Тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Нахустин рисолаҳои илмиаш бо унвонҳои “Ҳаким Карим”, “Забон ва услуби Ҳаким Карим” солҳои 60-уми садаи гузашта ба табъ расидаанд. Профессор Камолиддинов дар давоми фаъолияти илмию омӯзгориаш, беш аз 150 мақолаи илмию методӣ интишор намуда, афзун аз 50 номгӯй асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимиро таҳрир кардааст. Баҳриддин Камолиддинов яке аз муаллифон ва муҳаррирони “Грамматикаи забони ҳозираи тоҷик” (грамматикаи илмии академиявӣ, 1985-1992) мебошад.  

 

5.Баҳром Ғафурӣ (29.02.1976, деҳаи Ҳазрати Мавлонои н.Ленин-7.08.2020, Душанбе). Овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик. Суруди аввалини худро "Парешон шудӣ ай дил", ҳанӯз ҳангоми донишҷӯияш сароидааст. Баҳром соли 1997 миёни мардум шӯҳрат пайдо кард. Албомҳои ӯ «Милоди орзу», «Ошиқи рӯят» ва «Муҳоҷирбача» маҳбубияти хос доранд. Баҳром Ғафурӣ бар асари 1 тасодум, 7 августи 2020 даргузашт. Ин ҳунарманд ҳамагӣ 44 сол дошт.

 

6.Ҷӯрабек Назрӣ (Назриев) (23.06.1946, Ховалинг-24.05.2020, Душанбе). Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996). Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон (1990). Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999). Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Овозхони маъруфи тоҷик. Донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик, раиси Пажуҳишгоҳи мероси хаттии Академияи илмҳо. Ӯ соли 1974 дар мавзӯи «Мактабии Шерозӣ ва достони „Лайливу Манҷун“-и ӯ» рисолаи номзадӣ, соли 1996 дар мавзуи «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Асарҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ (1983), Матни илмии интиқодии «Лайливу Маҷнун»-и Мактабӣ" (Теҳрон, 1993), «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ (1996), «Қиссаи Сулаймону Билқис дар адабиёти форсӣ» (1996), «Нома ва номанигорӣ дар „Шоҳнома“ (Теҳрон, 2001), „Таърихи Ҳумоюн“-и Гулшанӣ» (2007), Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»,  2014, “Дарёи сухан пуроб бояд” ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ва аммо шӯҳрати бештари ӯ дар сарояндагӣ буд, ки Мактаби Вежаи Ҷӯрабекро дар РСС Тоҷикистон таъсис дод.

 

7.Диловари Зуҳуриён (4.11.1974-19.10.2020). Оҳангсози маъруфи тоҷик. Оҳангсози дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио.  Вай муаллифи оҳангҳои маъруфи "Дили дардманд", "То ҳастаму ту ҳастӣ"-и Манижаи Давлат, таронаи "Модар" ва "Гӯшаи бом"-и Сироҷиддини Фозил ва садҳо оҳанггҳои дигар аст. Худаш дар 1  мусоҳибааш гуфта буд, ки тақрибан 500 оҳанг эҷод кардааст. 

 

8.АБДУҚАҲҲОР РАҶАБОВ (13.04.1958-12.05.2020). Корманди шоистаи театри тоҷик. Мудири театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ҳунарманди театру синамо. Абдуқаҳҳор Раҷабов аз зумраи ҳунармандони серҷабҳае буд, ки дар ҳама жанрҳои саҳнавӣ, чи драмма ва чи мазҳакаю фоҷиа нақш офарида аст. Ин ҳунарманд аз ҷумла нақши Темурмалик, нақши “Авганетс”-ро дар намоишномаи “Свалка” (“Муноҷот”) аз рӯи асари Алексей Дударев, зери коргардонии Шавкат Халилов иҷро карда, дар чандин филмҳои синамоӣ низ нақш офаридааст. 

 

9.Раҷаби Мусулмониён (15.03.1955-13.06.2020), шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муассиси гимназияи хусусӣ барои хонандагони болаёқат. Муаллифи китобҳои “Аз Кӯшон то Ёвон”, “Ашки субҳ”, “Ранҷ ва ганҷи Ёвон”, “Ёвони ман”, “Ситора ситора мемонад” ва маҷмӯаи шеърҳои “Парастуҳои наврӯзӣ”, “Нигоҳи офтоб”, “Булӯри хаёл”, “Шаҳри саодат” мебошад.

 

10.ҚАЙСИ АЗИЗ (1958-2020), овозхони маъруфи тоҷик, яке аз муассисони гуруҳҳои машҳури "Анис” ва "Мунис”, ки солҳои 1980-1990  дар Тоҷикистон маъруфият пайдо карда, мухлисони бешуморе доштанд.

 

11.МАВЛУДА РОФИЕВА (30.12.1963-13.10.2020) рӯзноманигор. Мавлуда Рофиева хабарнигори “Азия-Плюс” буд ва наздики 20 сол дар ин нашрия кор кардааст. Рофиева инчунин намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд буда, яке аз фаъолтарин журналистони Суғд ба шумор мерафт. 

 

12.МАҲМУДҶОН ДАДОБОЕВ (27.11.1968-29.10.2020), рӯзноманигори шинохтаи тоҷик. Маҳмудҷон Дадобоев, яке аз поягузорони журналистикаи электронӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Ӯ аз соли 1993 то 1995, муассис ва хабарнигори ТВ "Ҷаҳоноро", солҳои 1997-2003 мудири кулли шабакаи телевизион ва радиои “Симои мустақили якум” (СМ-1), ТВ “7 ситора” ва рӯзномаи мустақили “Суғд” дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон буд. Маҳмудҷон Дадобоев солҳои 2006-2007 намояндагии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистонро дар вилояти Суғд бар ӯҳда дошта, 1 муддат сухангӯи раиси ш.Хуҷанд низ буд.

13.МАҲМУДИ АШӮРМУҲАММАД (20.09.1954- 24.10.2020),     рӯзноманигор, хабарнигори мардумии газетаи СССР. Фаъолияти касбиашро аз рӯзномаи“Машъали комунизм”оғоз намуда аст. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад 1 муддат раисии бахши конибодомии Бунёди забони байналмиллалии забони форсии тоҷикиро бар ӯҳда дошт. Дар солҳои 1993-2000 чун мушовири созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Суғд фаъолият намуда, солҳои 2000-2011 хабарнигори ҳафтавори мустақили “Суғд” дар ш.Конибодом буд. Соли 2011 ба рӯзномаи ҳукуматии “Садои Конибодом” пайваст.  

14.Хайрӣ Назарова (2.07.1929-10.05.2020) Ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик. Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон. Фаъолияти касбиашро соли 1942 дар театри Халқии Қурғонтеппа оғоз кардааст. Соли 1951 ба театри академи давлатии ба номи А. Лоҳутӣ мегузарад. Хайрӣ Назарова дар театри ба номи Лоҳутӣ бо нақшҳояш дар фоҷеаҳои классикии Шекспир “Ромео ва Джулетта”, “Отелло” ва “Гамлет” машҳур гардид.

 

15.Хуршед Алидодов (20.07.1936-19.05.2020), овозхону оҳангсози шинохта ва Ҳунарпешаи шоистаи РСС Тоҷикистон. Дар авохири солҳои 50-ум аз Бадахшони Афғонистон ба Тоҷикистон ҳиҷрат кард ва инҷо муқимӣ гардид. Хуршед Алидодов бо оҳангҳои зебояш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми собиқ СССР маъруф буд. 

 

16.Мунира Ҳакимова (1957-2020), наттоқи маъруфи телевизиони Тоҷикистон. Мунира Ҳакимова, қаблан дар вазифаи директори Кохи Ҷомӣ,  раҳбарии идораи тиҷорат ва рекламаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва чанд вазифаҳои дигар кор кардааст. Мунира Ҳакимова аз наттоқони шинохтаи кишвар буд ва қариб тамоми барномаҳои бузурги фарҳангӣ дар кишвар бо ҳузури ӯ доир мегашт. Ин муҷрии шинохта ҳамчунин дар соҳаи дубляж ва кино низ фаъолият кардааст.

 

17.Файзи Сулаймон (Бобои Файз) (1938-2020), овозхони таронаҳои ҳазломезу мардумӣ. Номи Бобои Файз пас аз садо додани таронааш таҳти унвона "Очата бугӯ" ба забонҳо афтод. Ӯ ин таронаро дар ҷашни наврӯзии соли 2013 дар ҳузури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сароида, ӯро ва тамомии кишварро мафтун карда буд.

 

18.Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун (7.01.1956-22.11.2020), шоир, нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик, узви Иттиҳодияи арбобони театр, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Фаъолияти рӯзноманигориашро аз рӯзномаи “Ҳақиқати Қурғонтеппа” оғоз намуда, сипас дар газетаҳои Роҳи Ленинӣ, Ҷоми Ҷам, Садои Мардум кор кардааст. Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун муаллифи китобҳои шеъри "Нафаси ишқ", "Шарораи шавқ", "Ай ишқ, наҷотам деҳ!", "Ранҷи ишқ ширин аст", "Саду як дарди ишқ", "Сурайёнома", "Гулбоз", "Ҷоно, падару модарат аз ёд мабар!", "Афсонаи шодӣ", "Бадеҳаи ашк", "Таронаи ишқ", "Давлати ишқ", "Таронаи ифтихор", "Сад пора дили маҳзун"ва ғайра мебошад. Ба қалами Маҳзун инчунин асарҳои саҳнавии "Базми хосаи Мушбону", "Ашӯламоҳ ва Фалакбой", "Чароғи маърифат", "Гуфтугӯ бо театр" ва "Моҷаро" тааллуқ доранд. Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун дорандаи унвонҳои Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени Бунёди фарҳанги "Шараф ва мардонагӣ" дар ш.Санкт-Петербург, медали "Хизмати шоиста", дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

19.Муҳаммадалии Аҷамӣ (21.01.1954-2020) муддате хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Вахш», корманди масъули шуъбаи маорифи халқи ш.Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва замоне гурезаи иҷборӣ низ гашта буд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Кокули борон» (1984), «Ватан» (1985), «Сари об» (1988), «Ҳар субҳи ман зи ишқи ту оғоз мешавам» (2012) буда, 3 дафтари шеъраш-«Андӯҳи сабз», «Биҳишти Одаму гандум» ва «Атри шабҳои Хуросон» дар Эрон  ба табъ расидаанд. 

20.Савриннисо Сабзалиева (27.01.1948 – 3.05.2020.), ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик. Савринисо Сабзалиева яке аз содиқтарин ҳунармандони театри тоҷик ба ҳисоб меравад, ки аз соли 1973, тӯли 47 сол дар 1 театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият карда аст. Савринисо дар даҳҳо филмҳои тоҷикӣ ва русӣ аз ҷумла "Встреча в ущелье смерти" "Говорящий родник" "Тот станет всем", "Женщина издалека" "Ширин" ва ғ... нақшофарӣ кардааст. 

21.Амонулло Қодиров (Ҳодӣ) (10.06.1945-28.06.2020), ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи РСС Тоҷикистон (1982), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994). Дар беш аз 60 спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» нақш офаридааст. Амонулло Қодиров инчунин дар филмҳои тоҷикии «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» образҳои дурахшон офаридааст. 

22.Одинашо Муродов (1964-2020), рӯзноманигор, хабарнигори газетаи мардумии СССР, бонкшинос. Одинашо Муродов яке аз журналистони ҳирфаӣ ва таҳлилгари бисёр хуби масоили иқтисодии Тоҷикистону ҷаҳон ба шумор мерафт. Дар ин сатҳи баланду профессионалӣ қаламкаше дар қаламрави журналистикаи миллии кадри СОВЕТӢ ва истиқлолият қариб, ки надоштем ва гумон аст, дигар пайдо шавад. Одинашо Муродов бо исми шарифу амалҳои накӯяш, то абад дар замири садҳо мухлису «фанат»-и газетаи мардумии СССР ва таърихи журналистикаи ТОҶИК нақш хоҳад баст. Воқеан, памфлету фелетону интермедияву ҳаҷвҳои иқтисодиаш барои факултетҳои журналистикаи соҳавии миллии мо қобили омӯзиш, тадрис ва пайравист. Ӯро воқеан метавон МАСТЕР-КЛАСС дар риштаи журналистикаи иқтисодии миллӣ унвон дод.  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter