ХАБАРИ ДОҒ

Таърихи ҷанги шаҳрвандиро бостоншиносон нависанд!

  • Панҷшанбе, Янв 28 2021

 

Мактуби кушод ба директори институти таърих ва бостоншиносии АУТ

Салом СССР-и азиз! Сайёфҷон ва Меҳрубон! Ин фикр даҳсолаҳо дар сарам чарх мезанад, чаро олимони муҳтарами мо дар риштаи таърих анатомияи фоҷеаи миллати тоҷикро оиди ҷанги шаҳрвандӣ одилона, илман асоснок ва бо тадқиқоти объективонаю раднашаванда ба мардуми ҷабрдидаи ватани азизамон то имрӯз пешниҳод накардаанд? Ман бо чунин хулосае омадам, ки аз 2 омил яке тарс ва дигаре бесалоҳиятии масъулини маркази таърихшиносӣ мебошад. 

Шумо ҷанобони таърихшинос дорандаи унвонҳои докторию профессорӣ ҳастед, оё 1 бор андеша намекунед, ки аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳиби унвонҳо шудаед? Ба шумо мегӯям: маошатон аз ҳисоби андозсупорандагон аст, яъне аз кисаи мо-мардуми заҳматкаш! Зимнан ба мардуми ҷафодида шумо вазифадоред, бигӯед, ки кадом омилҳо ба ҷанги хонумонсӯз оварда расонда буд, то миллат ин хатояшро такрор накунад. Шумо бетарафиро интихоб кардаед, бетарафӣ ҳам фоҷиа аст, ҳам хиёнат! 

Вақте олим даст мекашад…

Банда зимни вохӯриҳоям бо Абдулмаҷид Достиев аз ӯ оиди таърихи чанги шаҳрвандӣ пурсон шудам. Ӯ гуфт ҳукумати ҷумҳурӣ дар робита ба навиштани таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ҳайати бонуфузи олимонро даъват карда, барояшон тамоми шароитҳоро фароҳам сохта буд. Онҳо корро сар карданд, вале баъди 1 ҳафта эътирозкунон гуфтанд, ки фишорҳо ва таҳдид ба ҷони онҳо ва фарзандонашон афзудаву наметавонанд корро идома диҳанд…

Вақте, ки олим аз ақидааш даст мекашад, ӯ дигар фарзанди вафодори Ватан ҳисобида мешавад? 

Банда солҳои тӯлонӣ бо Абдулмаҷид Достиев равобити бародарона дорам. Ӯ олим, доктори илмҳои ҳуқуқ, донишманди адабиёт, шоир, насрнависи беҳамто асту китобҳои навиштааш аз лиҳози илмӣ бароям китоби рӯимизианд. Абдулмаҷид Достиев бо ҳамроҳи сарвари муаззами миллати Тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони иқтисодӣ-иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. 

Вале аз чунин шароити тинҷу ором таърихшиносе то ҳанӯз истифода накардааст. Аз чӣ метарсед, мардум? Агар намехоҳед, ё ҳарос доред чизе нависед, пас раведу вазифааатонро супоред, то мардони бо дилу гурда ба майдон бароянду таърихи ҷанги граждании моро нависанд!

Таърихи воқеиро бояд навишт!

Банда ба донишмандони фанни таърих ва шахсони масъули ҳукумат пешниҳод менамоям, ки ҳайати бонуфузи кориро оиди навиштани таърихи ҷанги шаҳрвандӣ бо ҷалби олимони таърихнависи Россия, Амрико, Ӯзбекистон таъсис дода, ба навиштани таърих бо роҳбарии бевоситаи Абдумаҷид Достиев, ки шоҳиди бевоситаи ин даргириҳосту имрӯз давлати пирӣ меронаду Худоро шукр саломат асту метавонад назарашро дар ин хусус баён намояд, оғоз кунанд. 

Мо накунем-кӣ мекунад???

Агар ин таърихро нанависем, хатои нобахшандаро барои насли имрӯза ва фардо боқӣ хоҳем гузошт. Онҳо бояд исбот кунанд, ки чаро мо иштибоҳи фоҷеъборро ба сари миллати тамаддунофар овардем. Ҳоло ҳам вақт аст зеро шахсони ду тараф дар қайди ҳаётанд, метавон аз ёддоштҳои онҳо истифода кард. Мо якдигаро душман намеҳисобем, бародар будем, бародар мемонем, вале душманони дохилию хориҷӣ аз содалавҳии мо истифода бурда, моро душмани ҷонии якдигар карданд. 

Имрӯз дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва шахсони алоҳида дар китобҳояшон ҷанги шаҳрвандиро мувофиқи фаҳмиши худ шарҳ медиҳанд, ки инро ҳуҷҷати воқеъбинонаи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ҳисобидан хатост. Воқеиятро бояд навишт!

Сангалӣ Раҳимзода, 

Корманди шоистаи Тоҷикистон, тел:93-778-75-39

 

Таърихи 1991-97 бояд навишта шавад!

Аз СССР: Воқеан ҳам, агар имрӯз институтҳои таъриху осоршиносиву бостоншиносиву академияҳои мо таърихи ҷанги граждании моро нанависанд, фардо, мутмаин бошед, онро хориҷиҳо хоҳанд навишт. Ва ин таърихчаи нангини моро онҳо чигуна тобиш хоҳанд дод, кори дасти ишон аст. Зимнан, агар мехоҳед ин таърих полуда нагардад, пас онро БОЯД навишт! Дуруст мегӯяд хонанда ва муаллифи мо, агар метарсед, ҷойро холӣ кунед. Дигарон оянда нависанд!

СССР дар тӯли 13 соли мавҷудияти худ пайваста, дар ҳар шумора, чизе дар ин бора менависад. Ва медонед чаро? Барои он ки замоне не замоне ҳатман ба ин таърих рӯ меоранд ва мо ёддошти шоҳидонро рӯи сафҳа кандакорӣ кардаем. 

Эй таърихшиносон! Шумо танҳо 644 шумораи СССР-ро аз китобхонаи миллӣ гиред, кори хирс тамом-рисолаатон низ омодаву таърихи навин низ навишта мегардад. Вале агар ҳоло ҳам метарсед, пас ин проблемаи шумост...

Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter