ХАБАРИ ДОҒ

Маркази исмоилия тахриб намешавад!

  • Панҷшанбе, Янв 28 2021

 

 

Бархе аз хонандагони газета ба идора занг зада, дар мавриди тахриб шудани Маркази исмоилия, ки дар х.И.Сомонии ш.Душанбе ҷойгир аст, пурсон шуданд. Зеро овоза шудааст, ки шоҳроҳе бояд аз шафати ин Марказ гузарад. Мо тасмим гирифтем дар пайгирии ин суол ба Маркази исмоилияи пойтахт рафта, аз ҳоли имрӯзаи он хонандагони худро хабардор созем. Мо метавонем!

5-умин Марказ дар ҷаҳон

Сохтмони ин Марказ соли 2003 оғоз гардид ва масоҳати он 3 гектарро ташкил медиҳад. Маркази исмоилияи Душанбе 12 октябри соли 2009 бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV ифтитоҳ гардид. Маркази исмоилияи ш.Душанбе, панҷумин маркази исмоилиён дар ҷаҳон буда, қаблан чунин марказҳо дар Канада, Бритонияи Кабир, Нисабели Португалия ва Дубай бунёд гардидаанд.

Муосир, аммо бо сабки асримиёнагӣ

Бинои мазкур бо сабки асримиёнагии шарқӣ сохта шуда, тарроҳи он меъмори канадагӣ Фаррух Нурмуҳаммад мебошад. Бинои мазкур бо маблағгузории Фонди шоҳзода Оқохони IV бунёд гардида, дар сохтмони Марказ ҳудуди 90 миллион сомонӣ ва ё худ 23 миллион доллари амрикоӣ масраф шудааст. Танҳо хишти дар бунёди Марказ истифодашуда аз Самарқанд оварда шуда, дар маҷмуъ дар бунёди он 3 млн дона хишт масраф гардидааст.

 Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе аз чаҳор бахш, маъмурӣ, ҷавонон ва тарбия, бахши иҷтимоӣ ва ҷамоатхона иборат аст. Ҳамаи бахшҳо бо долонҳо ба ҳам пайвастанд ва дорои баромадгоҳ ба саҳни Марказ мебошанд. Ҳамчунин, Марказ дорои 5 манора мебошад, ки баландии манораи асосӣ 25 метр ва манораҳои дигари он 21 метриро ташкил медиҳанд. Дар даромадгоҳи дохилии Марказ “Аллоҳу Акбар” ва “Ло Илоҳа Илаллоҳ” ҳаккокӣ ва деворҳои дохили он бо сафолҳои кабуд кошинкорӣ гардидаанд. Фарши Марказ бо мозаика аз санги хоро ва чӯби дарахти олуболу, булут ва дарахти сиёҳи африқоӣ сохта шудааст. Дарҳои азими кандакоришударо бошад, аз Италия овардаанд. 

Ҳамчунин, дар дохили Марказ чорбоғ дар масоҳати 1.200 метри мукааб барои истироҳати мизоҷон бунёд ёфтааст. Дар дохили бино анъанаҳои наққошии Осиёи Марказӣ истифода шудааст. Ҳамчунин, дар сақфи биноҳои дохили он, анъанаҳои ҳунарии мардуми Бадахшон истифода гардидаанд. Дар равшан кардани дохили бино аз нури офтоб бештар истифода мешавад. Чун тирезаҳои марказ калон сохта шуда, асосан оина мебошанд ва нурҳои офтоб барои равшании дохили он мусоидат мекунад.

Пандемия дарҳоро баст!

   Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, дар ҳақиқат 1 маркази фарҳангист ва ҳамаи шаҳрвандони кишвар, новобаста аз дину мазҳабашон метавонанд аз он истифода баранд. Дар Марказ ҳамеша чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо ва суханрониҳои озод гузаронида мешаванд. Дар инҷо инчунин курсҳои омӯзиши забони англисӣ фаъолият мекунанд ва кӯдакону наврасон дар онҳо забони англисиро меомӯзанд. Марказ китобхонаи хубе ҳам дорад, ки дарҳояш барои ҳамаи толибилмон боз аст. Албатта, ин шабу рӯз, Маркази исмоилия чун дигар манокини диниву фарҳангӣ ба хотири шуюъи пандемияи коронавирус фаъолият намекунад. Вале ба гуфти масъулони ин Марказ, ҳамин ки вазъ мусоид шуд ва ҳукумат иҷозаи фаъолияти манокини диниро дод, Маркази исмоилия боз ба ҳамон минволи қабл ба фаъолияташ идома медиҳад. 

Дар бастагӣ ба мавзуъ, Масъулони Марказ гуфтанд, ки мардум нигарон набошанд, зеро он тахриб намешавад ва дар феҳрасти биноҳои тахрибшаванда тибқи Нақшаи генералии ш.Душанбе низ шомил нест.

 

Меҳрубон Салимшоев, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter