ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Ноябр 2016 16:11

Имрӯз, 30.11.2016 дар Душанбе миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Протокол оид ба ҳамкорӣ байни маъмурияти авиатсионии 2 кишвар ба имзо расид ва мувофиқи он дар ояндаи наздик парвозҳо тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошкант-Душанбе ба роҳ монда хоҳад шуд. Парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» анҷом дода он ҳафтае 2 маротиба сурат хоҳанд гирифт. Дар ин бора ба мухбири мо аз Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд.

Чоршанбе, 30 Ноябр 2016 12:29

Сешанбе, 29 Ноябр 2016 13:13

Асозода Маҳмадумар Шамсулло – муовини якуми Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» субҳи имрӯз 28 ноябри соли 2016 ба воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ афзуд, ки санаи 27-уми ноябри соли 2016, соати 18-00 дар хати интиқоли барқи 110 кВ, ки зеристгоҳи «Новая»-ро бо зеристгоҳи «Заводская» пайваст менамуд, нуқсони техникӣ ба амал омад. Дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд. 

Душанбе, 28 Ноябр 2016 10:11

Ҳар рӯз тахмин дар Тоҷикистон 30 адад ва соле 10.000 оила барҳам мехӯрад. Ин рақам дар 10 сол ба 100.000 мерасад. 100 ҳазор зани бешавҳар ё худ «лашкари беваҳо» ҳосили фарҳанги волидонсолорист... 

Душанбе, 28 Ноябр 2016 10:08

Мақолаи «Бюрократияи панҷакентӣ» (СССР, №39, 29.09.2016), ки бо имзои Бибиҷон Шарифзода чоп шудааст, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент бо ҷалби кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдор, мутахассисони комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар минтақаи шаҳр ва Ҷамоати деҳоти Моғиён мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи санадҳо ва таҳлили масъулин аён шуд, ки матлаби муаллиф пурра ба ҳақиқат рост намеояд ва бо ҳангома навишта шудааст. Дар асоси маълумоти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар минтақаи шаҳр сокини деҳаи Сор-Ботирова Моҳинав барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиати хаттӣ накардааст. Иловатан, дар асоси маълумотномаи Ҷамоати деҳоти Моғиён, Моҳинав ба Ҷамоати деҳот барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат накардааст ва дар натиҷаи санҷиш муайян шуд, ки ӯ тибқи суроғаи ш.Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-163 зиндагӣ намекунад. Ӯ дар қайди деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиён буда, он ҷо зиндагӣ дорад. Дар дафтари баҳисобгирии хоҷагӣ ба номи Ботурова ба масоҳати 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шудааст. Фақат ӯ санаи 20.08.2016 дар Рӯзи қабули шаҳрвандон ба таври шифоҳӣ барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ё таъмини ӯ бо манзили зист муроҷиат кардааст. Ба ӯ фаҳмонида шуд, ки бояд барои гирифтани қитъаи замин ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод кунад. Мутаассифона, то санаи 7.10.2016 аз номи Моҳинав чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод нашудааст. Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди ш.Панҷакент ҷудо кардани қитъаи замин барои сокинони деҳот ғайриимкон аст. Чунки садҳо нафар сокинони шаҳр барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доранд...

И.Сатторов,

муовини раиси шаҳр

 

Душанбе, 28 Ноябр 2016 10:03

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Бовар мекунед, ки қариб 2 моҳ боз барқ надорем. Дар қишлоқҷойҳо барқро аз соати 5 то 8-и субҳ ва бегоҳ аз соати 18:00 то 22:00 медиҳанд. Оё раҳбарияти ноҳия дар ин сардии зимистон, ки ҳаво -4 градус аст, фикри моро мекунанд, ё не? Алами мо-шаҳрвандон аз он аст, ки чаро лимити барқро аз радиову ТВ хабар надоданд? Аз ин хел зулм тавба кардан даркор!!!

Дилшод Саломов,

деҳаи Истиқлол-4, н.Рӯдакӣ, тел: 98 529 22 73

 

Душанбе, 28 Ноябр 2016 09:54

Тавре ман аз газетаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мехонам, ба масъалаи тозагии забон журналистон-ҳомиёни асосии тоза нигоҳ доштани забони мо, чандон эътибор намедиҳанд ва калимаҳои зиёди бегонаи арабӣ ва туркиро дар матолиби худ истифода мебаранд. Ин беҳурматии нобахшиданӣ ба забони мост! Чаро ин тавр мекунед? Бо ин амалҳои ноҷоятон, ба Худо қасам, ба забони Тоҷикии мо исноди зиёде меоред. Чанд мисол: ифтитоҳи бинои нави ШВКД дар Бохтар, дар тамос, сатҳи таваррум, тахфиф 30%...

Бародарони азиз, ба ҷои он чаро калимаҳои кушодашавӣ, алоқа, арзон…-ро ба кор намебаред? Калимаҳои тумтароқу бегонаи эронию арабӣ ба монанди: ҷулӯтар, воруна, тарофа, мусаққад, тамаркуз, табохуди, таҳрим, тасвиб, ҳукми эъдом, тасвиби, ироъа, эътилоф… дар матбуоти мо пур шудааст. Бародарони азиз, ин чӣ беҳурматист, ки шумо дар навиштаҷотҳоятон истифода мебаред? Хоҳишмандам, забони покизаю озодаи моро ифлос накунед!

Шодибеки Халилзода, 

Аълочии маорифи СССР, н.Мӯъминобод

 

Душанбе, 28 Ноябр 2016 09:52

Узви Ихвон-ал-СССР, Муслиҳиддин Азизҷонови 64-сола аз маҳаллаи Обшорони пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки ман расо 40 сол собиқаи меҳнатӣ дар соҳаи маориф дорам ва муаллими фанни биология шуда кор кардаам. 2 сол пеш ба нафақа баромадам. 40 сол кор карда, имрӯз ҳамагӣ 102 сомонӣ нафақа мегирам. Пас, шумо худ қазоват намоед: Ин нафақае, ки ман мегирам, сазовори зиндагӣ кардан ҳаст?

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 14

Китобҳо

Flag Counter