ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 30 Декабр 2016 11:38

Human Story-1

Ҷумъа, 30 Декабр 2016 10:00

30.12.2016. Аз Шабакаи Барқи Ҷануб ба СССР хабар доданд, ки аз ин пас дар қаламрави вилоят барқро дар 1 рӯз 15 соат хоҳанд дод. Тибқи баъзе сарчашмаҳо, ин тасмим аз ҷониби Ширкати Барқи Тоҷик дар тамоми ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

Баҳодур Уроқов,

Хабарнигори СССР дар вил.Хатлон

 

Ҷумъа, 30 Декабр 2016 09:52

30.12.2016. Соат бо вақти Душанбе 9:10 дақиқа. Дар ҳавои тумани ғафс дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа, дар ҷамоати деҳоти Бибихуррами ноҳияи Бохтар 2 мошини сабукрави тамғаи хориҷии Нексия ва Опел ба ҳам сахт бархӯрда, дар натиҷа 8 нафар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Маҷрухони садама дар беморхонаи Карияи Болои ш.Қурғонтеппа

(Акс аз ҷои ходиса)

Баҳодур Уроқов,

Хабарнигори СССР дар вил.Хатлон

 

Ҷумъа, 30 Декабр 2016 09:31

Хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР-Сулаймон Муҳиддинов, сокини деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки ман мехоҳам бифаҳмам, ки дар Тоҷикистон аз сари 1 кас чӣ миқдор барои пули об мегирифта бошанд? Дирӯз чанд нафар дари хонаамро кӯфтаву гуфтанд, ки мо барои пули об омадем. Онҳоро пурсидам, ки шумо аз сари ҳар одам барои хизматрасонии об чанд пул мегиред, гуфтанд, ки инашро аниқ намедонем. Охир, инро донистан даркор-ку? Ман чӣ хел, таваккал аз пеши худ пули обро бароварда медиҳам?

 

Ҷумъа, 30 Декабр 2016 09:12

Шоми шанбеи ҳафтаи гузашта, дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии “Кохи Наврӯз” маросими ботантанаи таҷлили ҷашни 80 солагии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҷамъбасти натиҷаҳои мавсими футболи имсола доир гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ меҳмонони зиёд - намояндагони дипломатии кишварҳои гуногун ва ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон мустақаршуда, собиқадорон, мураббиён, бозигарон, рӯзноманигорон, масъулони футболи ватанӣ  ва бисёр дигарон иштирок доштанд.

Ҷумъа, 30 Декабр 2016 08:59

Ҳамватанони азиз, дӯстдорони футбол!!!

Футбол ба ҳаёти иҷтимоии халқи Тоҷик, аввали солҳои сиюми саддаи гузашта ворид гашта, ба зудӣ шӯҳрат пайдо кард. Дар оғози ин сол, дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дастаҳои аввалини футбол таъсис ёфта, байни онҳо мусобиқаҳо доир мегашт. Ба ин бозӣ таваҷӯҳи мардуми маҳаллӣ зиёд буд. 

Бо назардошти оммавӣ  шудани футбол дар мамлакат ва бо мақсади беҳтар ташкил намудани мусобиқаҳо байни дастаҳои навтаъсис, соли 1936 дар назди Кумитаи варзиш -  Шӯъбаи футбол ташкил карда шуд.  Ин сол дар таърихи футболи миллӣ -  ҳамчун “Соли  таъсисёбии Федератсияи футболи Тоҷикистон” шинохта мешавад. 

Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди собиқ ва истиқлолият пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори идоракунандаи футбол дар Тоҷикистон низ тағйир ёфт ва марҳилаи нави рушду инкишофи футбол оғоз шуд.

Федератсияи футбол дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти мустақили ҷамъиятии варзишӣ ба қайд гирифта шуда, соли 1994 ба аъзогии FIFA шомил гашт. 

Ҳамкасбони азиз! 

Айни замон, фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз  муносибати ҳар яки мову шумо ба кори худ вобастагӣ дорад. Масъулони соҳаро зарур аст, ки фаъолияти худро дар заминаи дастурҳои муосири футболӣ ба роҳ монда, якҷоя барои расидан ба натиҷаҳои баланд кӯшиш кунем.  

Имрӯз, дар ҷумҳурӣ барои машғул шудан ба футбол тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Федератсияи футболи Тоҷикистон нақшаи стратегии рушду инкишофи футболи миллиро омода намуда, мақсад дорад, ки дар ҳамкории бевосита бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат, Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳо онро амалӣ гардонад.  

Дар охир, шахсан аз номи худ ва аз ҷониби  Кумитаи Иҷроияи Федератсия ба ҳамаи онҳое, ки  бо мо ҳамкорӣ карда, дар рушду инкишофи футбол саҳмгузорӣ мекунанд, изҳори сипос намуда, бо истифода аз фурсати муносиб, 80 солагии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва фарорасии Соли нави мелодиро ба шумо ва ба тамоми мухлисони футболи Тоҷик табрик мекунам. 

Хонаободу сарбаланд бошед!

 

Ҷумъа, 30 Декабр 2016 08:51

Соле, ки пайи соли куҳан меояд,

Шояд зи ҳисоби умри ман меояд.

Хуш о ба Ватан, некӣ биёр, то гӯянд:

Ваҳ-ваҳ, аҷабо, бӯи Ватан меояд!

Соли нави муборак, дӯстони азиз, хонандагони гиромии газетаи мардумии СССР ва аъзои ихвон-ал-СССР!

Зоир,духтури кӯдакона, н.Ёвон, тел: 93 355 39 11

 

Панҷшанбе, 29 Декабр 2016 11:28

29.12.1932.Кумитаи Марказии ОСОАВИАХИМ дар СССР рутба ва нишони фахрии "Тирандози Ворошиловӣ"-ро ҷорӣ кард. Бо ин рутба ва нишон моҳиртарин тирандозони шӯравӣ мукофотонида мешуданд. Сабаби чунин ном гирифтани рутбаро муаррихон чунин нақл мекунанд: "Боре, Климент Ефремович Ворошилов ба ҳайси Комиссари халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва раиси Шӯрои Инқилоби Ҳарбии СССР (Реввоенсовет) дар тирандозии имтиҳонии командирон ширкат намуд. Яке аз командирон ҳини тирандозӣ аз бадии таппончааш баҳона кард. Ӯ таппончаро аз дасти командир гирифта, бо 7 тир 59 хол ба даст овард. Ӯ таппончаро ба командир баргардонда гуфт: "Силоҳ бад на, тирандоз бад мешавад". Вақте ин гап ба гӯши Сталин расид, баъди чанде рутбаи Ворошиловӣ дар СССР ҷорӣ шуд. 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 14

Китобҳо

Flag Counter