ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 30 Ноябр 2017 11:54


Таҳти сарпарастии газетаи мардумии СССР,  кӯмаки молии Кумитаи варзиш ва ҷавонӣ, дастгирии Федератсияи Футболи Тоҷикистон, 9-умин бозиҳои Ҷомии СССР-2017 дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор мешаванд. Хотиррас мешавем, ки ин Ҷомро 2 бор Маркази варзишии ш.Душанбе, 1-борӣ дастаи Вахшу Истиқлолу Варзоб ва 3 маротиба Равшани Кӯлоб соҳиб шудаанд…

Душанбе, 27 Ноябр 2017 14:14


Вазорати маориф ва илми кишвар аз с.2000 сар карда, барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ мавод ва китобҳои дарсиро нашр менамояд. Ин хуб аст! Дар муддати ин солҳо якчанд китоб ба мисли “Иқтисоди бозоргонӣ”, “Адабиёти халқҳои ҷаҳон”, “Таърихи дин”, “Таърихи халқи тоҷик”... чоп шуданд, лек бо сабаби ҷудо нашудани соатҳои дарсӣ ин китобҳо ба хонандагон ба иҷора дода нашудаанд, вале маблағҳои ҳангуфт ба фоидаи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз тарафи хонандагон ва муассисаҳо интиқол дода шуданд.
Имсол китобҳои “Одоби муошират ва рӯзгордорӣ (синфи 8-9), “Асосҳои бехатарии ҳаёт” чоп шуда, барои гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ дар синфҳои 6-7-8-9 пешбинӣ гардидаанд, Вазорати маориф ва сардори шуъбаи табъу нашри ин К.Исоев ба нақша мегирифтанд ва барои чопи китобҳо барои хонандагони зинаҳои аввали муассисаҳо диққат медоданд, беҳтар буд.Талабагони зинаи аввал норасоӣ аз кутуби дарсии забони модарӣ, математика доранд. Китобу маводҳои чопшуда ва пешкаши муаллимону хонандагон кардашуда то ҳол аз хатоиҳо орӣ нестанд. Барои мисол, дафтари фаъолияти кории роҳбари синфро барои ҳамаи зинаҳои таълим мегирем. Муаллифи ин дафтар Акрами Абдулҳамид аз он хавф бурдааст, ки навиштаи ӯро касе соҳиб мешавад, барои ҳамин дар саҳифаи аввал мӯҳри шахсии худро гузошта, дар саҳ.4 таъкид кардааст, ки муаллимон дар ёфтани асардуздон ҳамкорӣ кунанд. Аз ин рӯ, иқтибосҳои зиёд дар ҳаққи муаллифӣ доштанаш аз Қонунҳою кодексҳои ҶТ асос овардааст. Хатоиҳои имлоӣ дар ин маводи таълимӣ зиёданд. Азбаски мусаҳҳеҳии ин дафтарро худи муаллиф бар дӯш дорад, ба хатоиҳои имлоиву техникӣ “роҳ дода нашудааст”. Соли сеюм аст, ки рақамҳои тартибие, ки ному насаби талабагонро ба тартиб дароварад, дар он  рақами 16 дар 8 саҳифа дида намешавад.
Калимаҳои эм(т)сионалӣ, ба(ъ)деӣ, шеърх (оно)ӣ, тул(л)ӣ, ихтис(н)сӣ, изтиро(о)бнокӣ, нос(л)олим, саб(б)абҳои, шифоӣ-шифоҳӣ, хонадни-хонданӣ, дискуссия-искуссия... бо камбудиҳои имлоӣ навишта шудаанд. Дар саҳ.53 омадааст: падар ё модар – ҳ/я, ноболиғ - ҳ/я ва амсоли онҳо, ки истифодабарандаи он дар бораи ҳ/я чизе ёфта наметавонад ва намедонад, “ҳ/я” чиро ифода мекунад. Дар ҳамон саҳ.53 дар чанд ҷой калимаи хавф –хаф, хафнок навишта шудааст, ки ин беэътиноӣ нисбати забони тоҷикӣ ва роҳбарони синфҳо аст. Агар ин камбудиҳо дар нашрҳои оянда ислоҳ гарданд, ҳам муаллиф ва ҳам истифодабарандагон фоида мебинанд. Ин “асар” (ба қавли муаллиф) ба роҳбарони синф 13 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин нархи осмонӣ бошад, ё шартномавӣ?

З.Ҳусейнов,
н.Ёвон

Душанбе, 27 Ноябр 2017 14:11


Суди вилояти Хатлон Абдулазизов Фирӯз-сокини ноҳияи Вахшро барои он ки дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» саҳифаи худро бо номи “О аллах дай мне сабр” ақидаҳо, расмҳо ва наворҳои номатлуби ташкилоти экстремистӣ-террористии "Давлати исломӣ"-ро дастгирӣ мекардааст, ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Муовини суди вилоят-Бойзода Темир дар сӯҳбат бо СССР ин қазияро шарҳ дода гуфт, ки Фирӯз бо ғояҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломӣ” шиносоӣ пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ с.2014 ҳангоми дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доштанаш дар шабакаи интернетии “Одноклассники” саҳифаи худро бо номи “О аллах дай мне сабр”сохта, дар он ақидаву расму наворҳои “Давлати исломӣ”-ро мавриди муҳокима қарор дода, онҳоро дар худ дуруст қабул кардааст. Ҳамзамон, бо мақсади бо пуррагӣ аз худ намудани ғояҳои ташкилоти мазкур дар давоми солҳои 2015-16 тавассути саҳифаи шахсии худ дар “Одноклассники” расмҳои мутааллиқ ба ДИИШро илова намудааст. Инчунин, расму наворҳоро барои зер кардани тугмачаи “класс” ба дӯстонаш Катаев Ёқуб, Мирзоев Зоиршо ва дигарон паҳн менамудааст. Бойзода Темир афзуд, ки зимни азназаргузаронии саҳифаи интернетии “О аллах дай мне сабр”, ки ба Фирӯз тааллуқ дорад, расму наворҳои “Давлати исломӣ” ёфта гирифта шуд. Гуфта мешавад, ки Фирӯз дар мурофиаи судӣ худро бо айби эълонкардашуда бо моддаи 307, прим 1, қисми 2-и КҶ ҶТ пурра гунаҳгор донист.
Суди вилояти Хатлон Фирӯзро бо ҳамин моддаи мазкур ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум намуд ва дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сангин интиқол дод, то бо “сабри аз Аллах мехостааш” он ҷо дам гирад...

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилоти Хатлон

Душанбе, 27 Ноябр 2017 14:06


Тибқи 1 назарсанҷии "Левада-Центр" русиягиҳо камбудии аслии Владимир Путин-президенти кишварашонро «набуди додугирифти наздик бо одамони оддӣ" номидаанд. Дар ин бора ТВ РБК низ гузориш дод. Аз ин миён 7% инчунин норозиянд, ки президент бо фасодкорӣ мубориза намебарад ва дуздҳоро дар атрофаш ҷамъ кардааст. Ҳамзамон 20%-и пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки Путин ягон камбудӣ надорад.

Душанбе, 27 Ноябр 2017 14:04


Алмосбек Отамбоев дар охирин нишасти матбуотиаш ба ҳайси президенти Қирғизистон гуфт, кишвараш омода буд мушкили марзӣ бо Тоҷикистонро ҳал кунад, вале ҷониби Тоҷикистон шартҳои Қирғизистонро напазируфт: «Мо омода будем, 50%-и боқимондаро низ имзо кунем, лек шарти мо ин буд, ки 50%-ро мисле, ки дар созишномаи гузашта имзо карда будем, бипазиранд. Агар ба президенти Тоҷикистон ҳаргуна машваратҳо намедоданд, ин созишнома ҳам ҳал мешуд. Ҳолатеро мемонад, ки остинҳои 1 костюм 2 ранг доранд. Ин нодуруст аст. Онҳо гуфтанд, ки бояд мо аз асноди солҳои 1925-1926 истифода кунем. Он гаҳ ман машварат додам, ки ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1923-1924 назар кунанд, ки он вақт Тоҷикистон вуҷуд надошт. Албатта, ин боиси таассуф аст». Уртоқ Отамбойев, о қирғизҳо 1 умр давлат надоштанд-ку? Он санадҳоро низ намебинед 1 бор?!!!!

Душанбе, 27 Ноябр 2017 14:01


Рамазон Қодиров-президенти Чеченистон дар суҳбат бо агентии хабарии “Интерфакс” гуфт, русҳо бояд боқимондаҳои ҷасади Иосиф Сталинро ба Гурҷистон дода, хотираи раҳбари Шӯравӣ Никита Хрушевро ҷовидонӣ кунанд. Ӯ бори дигар таъкид кард, ки ҷасади Ленин ба хок супурда шавад. Ба гуфти ӯ, «дар натиҷа, миллионҳо сокини Русия аз ин нафаси озод мекашанд, ки рӯҳи Сталин Русияро тарк кард». Қодиров Хрушевро шахсе номид, ки барои пирӯзии адолат дар баробари чеченҳо ва ингушҳо саҳм гузоштааст: “Барои ӯ муҷассама мегузоранд, ё не, ин кори Русия аст. Русия бояд ба хидматҳои Хрушев арҷ гузорад». Хотиррас мешавем, ки Сталин барои бо саманди сафед пешвозгирии фашистон чеченҳоро пурра бадарға карда буд.

Душанбе, 27 Ноябр 2017 12:55


Пас аз ворид шудани тағийроту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва ба тасвиб расидани тарҳи нави он, ки яке аз иловаҳояш арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, алалхусус, дар тӯйҳо буд, байни мардум ҳар гуна овозаҳо ба вуҷуд омад. Бештар аз ҳама гап сари либоси арӯсии духтарон рафта, аз ҷумла, мегуфтанд, ин қонун пӯшидани либоси арӯсии сафед ва тӯри болои сари он-фатаро манъ кардааст. Пас аз ин, дар бархе аз минтақаҳо, дар ҷамоатҳо ва шӯъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ масъулин аз наварӯсон тақозо мекарданд, ки дар тӯяшон ҳатман либоси миллӣ ба бар карда, аз пӯшидани куртаи арӯсии сафед, ки марбут ба ғарб аст, парҳез намоянд. Ҳоло аз қабули тарҳи нави ин қонун 2 моҳ гузашт. Вазъи бозори либоси арӯсӣ чӣ гуна аст? Духтарон барои тӯй кадом намуди либосро интихоб мекунанд? Кӣ дар рӯзи тӯяш фата мепӯшаду кӣ чакану адрасу атлас? Нархи куртаи арӯсӣ гарон аст? Куртаҳои арӯсиро ба Тоҷикистон кӣ ва аз куҷо меорад? Бо супориши редаксия ман тасмим гирифтам рӯзи якшанбеи гузашта аз толорҳои арӯсӣ дидан намуда, ҳам нарху навои кирояро бифаҳмам ва ҳам бубинам, ки духтарон айни замон бештар ба кадом либоси арӯсӣ майл доранд. Бо мо бош, хонанда, ки Метавонем!

Душанбе, 27 Ноябр 2017 12:49


Шоира Раҳимҷон-таронасарои тоҷик аз Амрико баргашт. Бо кӯлвори пур, чун ҳарвақта. Ин бор ҳам чун сафари пешинааш ба ШМА муждарасон буд. Соли гузашта дар Ню Йорк, дар фестивали Шашмақом бахшида ба 100-солагии Нериё Аминов аввалин бор китоби 6-ҷилдаи шашмақомро, ки бо ибтикори Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон интишор шуда буд, ба тарғибгарони санъати волои 6-мақом, ба Яҳудиёни Бухоро бурд. Ин туҳфа нодиртарин ва қиматтарин чизе буд, ки Шоира бо мушкил онҳоро ба Амрико расонид. Чаро ба мушкил? Аввалан, ин 6 китоби муҳташам қариби 15-20 кг вазн дошт. Дуввум, дар ш.Маскав, дар нуқтаи гузариши сарҳадии фурудгоҳ аз ҷониби гумрукчиёни рус 1 соат бештар азиятро таҳаммул кард.
-Китобҳоро 100 бор аз назар мегузарониданд. Фурсати кам доштам. Бояд тезтар барои парвоз ба рейси Маскав-Ню Йорк омодагӣ бигирам. Аммо бо нигоҳи шубҳаангез гумрукчиён маро аз миёни ҳамсафарон ҷудо карданду мисли қочоқчӣ, ё террористе ҷунбидан намегузоранд. Чанд каси дигарро даъват ва китобҳоро дона ба дона муоина мекунанд. Ростӣ, худам каме ба шубҳа афтидам, ки чӣ гап аст? Охир, китобҳоро аз кӯча нахаридаам. Онҳо аз ҷониби устод Давлат Сафар-мудири шуъбаи табъу нашри Вазорати фарҳанги ҶТ маҳз 1 рӯз пеш аз сафарам, дар рузи Шашмақом дар кишвар ва рунамоии китоб тақдим шуд, ки онҳоро ба Амрико бубарам. Ифтихор буд бароям, ки нахустин ман ин китобҳоро дастрас кардаам. Аммо гумрукчиён аз тафтиши бемаънӣ даст намебардоштанд. Ахир, сабрам сар омад ва ба наздашон рафтаму пурсидам:
-В чем проблема? Что то не так?
-Кто знает, а может книга про терроризм и экстремизм?!
Гуфтам: -Я не виноватая что вы тут сидите одни безграмотные и бездарные. Вы сейчас оскорбили моего народа, моего Президента и нашу культуру. Вы должны за это отвечать!
Онҳо каме ҷиддитар шуданд. Ва ман ба онҳо фаҳмонидам, ки чӣ китоби қиматеро пешашон доранд ва акси Президент дар саҳифаи аввали китоб маънои онро дорад, ки сармоягузор худи Президент аст...
Хуллас, Шоира мисли ҳамеша бо сабки устувори худ барои таҳқир ҷавоби сазовор медиҳад ва китобҳоро ба Амрико мерасонад.
-Сараввал хостам китобҳоро худам дар фестивал ба Яҳудиёни Бухоро тақдим кунам. Вале чун намондаи ҳамешагии Тоҷикистон дар СММ, ҷаноби Маҳмадамин Маҳмадаминовро дар толор дидам, гуфтам беҳтар аст ин амалро аз номи Пешвои Миллати мо ӯ анҷом бидиҳад.
Бале, Шоира метавонад дар ҷои лозим оперативӣ "умный ход" бикунад. Дар бораи маҳфилҳои эҷодии пурҳашамат, ки ӯ дар 4 штати калони Амрико баргузор кард, зиёд намегӯем, ки такрор мешавад. Хуллас, тавонист Амрикоро тасхир бикунад. Ин бор ҳам, ки навакак аз сафар баргашт, аз ӯ аз хотирмонтарин лаҳзаи сафараш пурсидам:
-Ин бор ҳам муждарасонӣ насиби ман буд, ки аз ин фахр мекунам. Дар Лос Анҷелес бо иштироки зиёда аз 5000 форсизабонон таҷлили ҷашни Меҳргон дар назар буд, ки ман ҳам аз ҷониби муассиси маҷаллаи "Теҳрон" Шаҳбоди Нурӣ даъват шуда будам. Чанд соат пеш аз баромадам тавассути сомонаи иҷтимоии Фейсбук хабар ёфтам, ки бо қарори Президенти кишвар минбаъд дар Тоҷикистон Меҳргон расман ҷашн гирифта мешавад. Аз ин хабар хеле хушҳол шудам ва хушбахтиамро ба аҳли толор қисмат кардам, ки эшон ҳам хеле дар ҳаяҷон буданд, аз ин муждаи воқеан накӯ.
Бо ин ҳама дастоварду пур аз таваҷҷуҳи дигарон ӯ ба Амрико дилбохта нашуд. Дилаш барои ватан гум мезанад. Меҳанпарастияш то ҳаддест, ки ин ҳама сафарҳои эҷодиро ба исми Ватан, барои Ватан мекунад. Ахиран дар ин сафари охир шеъри пур аз эҳсоси ватандориашро гуфт, ки онро ба ту-хонандаи арҷманди СССР, армуғон мебахшем. Мо метавонем!

Мансур Сайфиддинов,
Махсус барои СССР

Оҳанги сафар
Ба оҳанги сафар мерақсам ин соат,
Ту медонӣ чӣ оҳангест ин оҳанг?
Ман ин ҷо мисли 1 хунёгаре ғамгин,
Ки дар чашмам тамоми шаҳр беранг.

Шабеҳи "бомж" аз пайроҳаи холӣ,
Ман ин ҷо баргҳои меҳрро ҷӯям.
Намеёбам якеро мисли худ танҳо,
Ки то аз ғурбатам бо ӯ сухан гӯям.

Дар ин ҷо баъди борон ҳам намемирад,
Ғубору гарди бепарвоӣ, беморӣ,
Ҳама саргарми кори хешу, мемирам
Ман ин ҷо аз ҳуҷуми дарди бекорӣ.

Нафасгирам дар ин ғурбат, дар Омрико
Душанберо ба ҷонам дӯст медорам.
Ба худ овардаам 1 дона барги сабз
Ки рӯяш ашки талхи ҳаҷр меборам

Ба оҳанги сафар мерақсам аз шодӣ
Бубастам оқибат бори сафар, оре,
Гитор, овои баргашти маро бинвоз
Ҳамон оҳанги касдорӣ, ватандорӣ!!!

Шоира Раҳимҷон,
11.10.2017, Лос Анҷелес, Амрико

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 14

Китобҳо

Flag Counter