ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 28 Феврал 2017 17:35

Ҳоҷӣ Давлат-падари Ҳоҷӣ Мирзо, дар синни 90-солагӣ, дар ш. Душанбе аз олами сифлӣ бибридаву бар олами улвӣ пайвастанд. Бо дархости худи Ҳоҷӣ Мирзо, ки дар ш. Иркутски Русия қарор дораду ҳич имкони парвоз ва расидан ба Душанберо надошт, ҷанозаи марҳум дар масҷиди Сариосиёи пойтахт, рӯзи 01.03.2017, соати 13:00, баъди адои намози пешин баргузор мегардад.

Бо истифода аз фурсат, газетаи мардумӣ ба Домуллои мӯҳтарам ва аҳли таборашон таъзия гуфтаву ба ишон, аз даргоҳи Худо, сабри ҷамил металабанд:

Ҳама рафтанду мо аз пай равонем,

Ҳамоно аз шумори рафтагонем...

 

Сешанбе, 28 Феврал 2017 15:36

Дирӯз, 27.02.2017 дар деҳаи Лангари ш. Норак 2 писархола – Қудратулло Ятимов ва Файзулло Сафаров, ки яке 63 сол ва дигаре 55 сол дошт, бо ҳам моҷаро карда аввали кушта ва дуюмӣ бо замҳои вазнин ба беморхона афтодааст.

Чуноне ки мухбири СССР дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд, ин ҳодиса соати 11:00-и рӯз сурат гирифта Файзулло Сафаров ҳангоми ҷанҷол аз милтиқи шикорӣ ба сӯи Қудратулло Ятимов тир холӣ кардааст. То ҳол сабабҳои ин даъвои писархолаҳо маълум нест ва вобаста ба он тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст.

Қудратулло Ятимовро шоми рӯзи гузашта пас аз ташхиси тиббӣ ба хок супориданду Файзулло Сафаров бошад ҳоло ба ҳуш омада вазъи саломатиаш беҳтар шудааст.

 

СССР

 

Сешанбе, 28 Феврал 2017 08:50

Дирӯз, дар ВКД ҶТ мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид. 

Чуноне ки сомонаи ВКД ҶТ иттиллоъ медиҳад, нахуст, Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколтсев ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарду мақомот рӯз аз рӯз сатҳу сифати тоза касб карда, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд. Намунаи ин гуфтаҳо ҳамкориҳои самараноки тарафайн дар самти дастгир ва истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарор дошта ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташшакил мебошад.

Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколтсев низ дар навбати худ барои пазироии гарм ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки ҳамаи саъю талоши мо ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот равона гардидааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияи ВКД Федератсияи Россия ибрози андеша намуданд.

СССР

 

Душанбе, 27 Феврал 2017 16:50

«Деваштич»-ягона макони баргузории киноконсерти тобистона дар ш.Панҷакент тахриб карда мешавад. Дар ин бора аз ҳукумати ш.Панҷакент иттилоъ дода гуфтанд, ки дар ҷои он бинои нави чандқабата, барои кормандони ВАО, маркази фарҳангӣ барои ҷавонон ва идораи Раёсати ҳифзи ичтимоӣ ва нафақаи шаҳр ҷойгир хоҳад шуд. Муддати чанд сол мешавад, ки дар ин макони фарҳангии «Деваштич» ягон намуди чорабинӣ баргузор намегардад. Дар ҳудуди ин бино маркази ҷанговарони байналмилалӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва манзили 1 нафар нигаҳбони бино ҷойгир аст, ки дар сурати вайрон шудани бино онҳо бе ҷой мемонанд. Аммо дар ҳамин ҳол яке аз киномеханикҳои кӯҳна Маҳмудов Обидҷон мегӯяд, «ман аз соли 1989 то соли 1994 дар ин ҷо ба ҳайси киномеханик кор мекардам. Тамоми асбобҳои кинонамоишдиҳиро то ҳол дар шакли асл ва ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштам. Имрӯз ҳукумат мехоҳад Деваштичро вайрон кунад. Наход дигар киномониву кинотамошо аз байн рафта бошад? Аз ҳамон сол то инҷониб дар инҷо истиқомат мекунам, бе маош нигоҳубин кардам. Пас аз тахриби бино бе ҷои истиқомат хоҳам шуд. Шароитам вазнин аст, ҷои зист надорам. Бо азобе рӯз мегузаронам. Оё пас аз ин ҳукумат ба ман ҷой медода бошад?»-мегӯяд Маҳмудов. Ин дар ҳолест, ки аз 12 кинотеатри мавҷуда дар Панҷакент то имрӯз 3-тои он боқӣ мондаасту халос.

Хуршед Фозилов

 

Душанбе, 27 Феврал 2017 11:49

Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ба соҳибони тамоми терминалҳои пулгузаронии кишвар дастур додааст, ки фоизи комиссияро ҳангоми пардохти маблағ аз байн бигиранд. То ба имрӯз соҳибони чунин терминалҳои пулгузаронӣ аз ин %-ҳо фоидаи худро ҳам аз муштариён ва ҳам аз ширкатҳои мобилӣ мегирифтанд. Чунин талаботи Кумита на ба ҳамаи соҳибони терминалҳо хуш омад ва онҳо ба нишони эътироз фаъолияти хешро қатъ намуданд. Терминалҳое, ки 0%-а буданд, кор карда истодаанд. Аксарияти ин терминалҳо 3-4% комиссия мегирифтанд ва аз 10 сомонӣ ба суратҳисоби рақами мобилӣ 9.70 сомонӣ пардохт мешуд. Агар теъдоди муштариёни ҳамешагии телефонҳои мобилӣ 1 миллион нафарро ташкил кунаду онҳо рӯзе то 10 сомонӣ ба ин термаиналҳо пул гузаронанд, ин 3% - 30 дирам сари ҳар амалиёт, дар 1 рӯз ҳудуди 300 ҳазор сомониро таъсис медиҳад! Ин ҳисоби арифметикии оддӣ ва пулест, ки соҳибони терминалҳо танҳо аз мо мегирифтанд. Боз онҳо аз ширкатҳои мобилӣ низ % меситонанд, ки маблағаш номаълум аст. Яъне ин ширкатҳои соҳиби терминал садҳо ҳазор сомониро аз давлат пинҳон мекунанд!

 Чуноне ки бархе аз масъулони кумитаи андоз мегӯянд, дастури аз байн бурдани фоизҳо ҳангоми пулгузаронӣ дар терминалҳо аз ҷониби раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ дода шудааст. Агар дар ҳақиқат ин тавр аст, пас беҳтарин дастур ва иқдоми раиси нави пойтахт аст! Браво, Раис!

Ҷ. Ҳусейн

СССР

Душанбе, 27 Феврал 2017 11:47

Имрӯз, 27.02.2017 дар толори ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа конференсия бахшида ба соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар инъикоси пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ» оғоз шуд, ки дар кори он тамоми хабарнигорон ва фаъолони минтақаи Қӯрғонтеппа иштирок намуданд. 

Нахуст сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Асалмоҳ Сафарова суханронӣ намуда дар бораи мӯҳтавои паёми Пешвои миллат ба маҷлиси Олии кишвар андешаҳои худро баён дошт. Пас аз он Мурод Сотиев, сармуҳаррири  газетаи «Новый Хатлон» дар бораи нақши ВАО дар пешрафти суботи ҷомеа фикру мулоҳизаи хешро иброз намуд. Дар охир ширкаткунандагони конференсия мубоҳисаронӣ карда пешниҳодҳои хешро ба унвони шаҳрдории Қӯрғонтеппа ирсол намуданд.

 

Баҳодур Уроқов вилояти Хатлон СССР  

 

Душанбе, 27 Феврал 2017 10:51

Мухлиси доимии СССР-Асадуллои Бохтарӣ, аз ноҳияи Бохтар (тел: 98 703 57 73) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман ба таваҷҷӯҳи муфтӣ ва Шӯрои уламо  гуфтанӣ дорам. 5 сол пеш 1 омӯзгори яке аз Донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ ба ҳаҷ рафт. Хонааш рафтам, барои зиёрат. Нохост наберааш игрушкаҳои хирсаку сагчаро бозикунон наздамон омад. Инро дида ҳоҷӣ Олим сӯи занаш дод зад: «Чаро бозичаҳоро аз балкон напартофтӣ?» Аз ҳоҷӣ пурсидам, ки чаро партояд? Гуфт: «Дар Арабистон раҳбалади мо гуфт, ки бозичаву расмҳо макрӯҳанд ва ин игрушкаҳо дар асри 7 набуданд! Агар дар хона игрушкае бошад фариштаҳо намедароянд…». Ба ӯ гуфтам, «ин хел бошад ҳамаи игрушкаву ашёҳои хонаатро дар 1 халта бор кун, ман хонаам мебарам. Инчунин, телефону ТВу радиоро чӣ кор мекунӣ, охир, инҳо дар асри 7 набуданд-ку!». 100 афсӯси УСТОДе, ки дар 2 рӯзи ҳаҷ 1 араби аблаҳ гумроҳаш месозад! Пас чӣ ҷои гила аз авом? Болои ин, муфтии мо Рӯзи Ошиқон-День Валентиноро манъ кардааст! Ба инаш чӣ мегӯӣ? Охир, мо дар симои шумо 1 пешоҳангро мебинем ва ба ҳар ҳарфи шумо бовар дорем! Пас моро гӯл назанед!!! Ин чӣ маънӣ дорад, ки вақте ба 1 автои аврупоӣ савор шуда, бо телефони амрикоӣ гап зада, то масҷид меоеду дар минбари хитоӣ...ҳамаро макрӯҳ меномед?

 

Душанбе, 27 Феврал 2017 10:40

17 феврал бо сафари корӣ ба ш.Душанбе рафтам. Аз назди бозори Саховат, ки қариб ҳамаи хатсайрҳо то Сирк мерафтанд, хостам ба мусофиркаши хатсайри №2, ки холӣ буд, нишинам. Дар дохили мошин «ҷои нишаст барои 18 нафар» навиштаанду лекин мусофирон (номаълум, ки онҳо аз Душанбе буданд, ё қишлоқ, ба таъбири Раззоқов Баҳодур Ҳаётович-доктори илмҳои ҳуқуқ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ш.Душанбе аз ҳисоби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисоди Тоҷикистон)-ро дар ҳар 50 метр истода, мегирифту мегирифт. Қариб 20 нафари дигар (ғайр аз 18 ҷои курсӣ) дар роҳрав чухт меистоданд! То ҳадде, ки нафаси одам мегирифт. Ба ронанда чанд маротиба гуфтем, ки охир, дигар ҷо нест, боз чаро манъ карда одам савор мекунӣ? Мусофири дигар баланд гуфт, ки охир мо одамем, на гусфанд. Ронанда сӯи мо тоқат накарда гуфт: «Намефорат, братан, фаро, ин айби ман нест!»

Ва бо ин ҳама, ба андешаи Баҳодур Раззоқов, мо «қишлоқиҳо» асло шаҳрӣ  нашудем! Ҳангоме, ки нақлиёти ту дар хатсайри автобус бошад, чаро дар куҷое, ки хоҳад меистаду одам савор мекунад? Мутаассифона, то ҳанӯз қисмати бузурге аз шаҳрнишинҳо аз маърифати шаҳрдориву шаҳрнишинӣ хабар надорем, ё чунин қоидаҳоро риоя намекунем. Ман фикр мекунам, ки чунин пешниҳоди Раззоқов барои баланд бардоштани маданият, маърифат ва одоби шаҳрнишинии кулли сокинон ва ба ин васила ҳамқадами шаҳрҳои бузурги дунё намудани пойтахти Тоҷикистон аст, на аз Душанбе рондани деҳотиён. Ва суоли аз ҳама охир: Ҳамин вакил Раззоқов худаш дар Париж таваллуд шудааст, ё Риму Лондон, ки барояш мо-7,5 млн  «қишлоқӣ» чун террористони давлати исломӣ ба Душанбе-умеди Тоҷикони ҷаҳон, роҳ дода нашавем? Умуман чунин вакил аз номи халқ ҳуқуқи баромад карданро дошта бошад?

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 17

Китобҳо

Flag Counter