ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 31 Март 2017 16:19


Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ш.Ф. аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва Набизода Н. аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шуданд.
Чуноне ки сомонаи расмии www.prezident.tj хабар медиҳад, мутобиқ ба ҳамин моддаи Конститутсия Муҳаммадзода М. раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва Иноятзода Б. иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъйин шуданд.

СССР
 

Ҷумъа, 31 Март 2017 14:24


Додгоҳи вилояти Хатлон мегуяд, ки Ҳайдаров Саймумин, ки 12.11.1994, дар ноҳияи собиқ «Ҷиликул» ҳозира Дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, дар деҳаи Яккатоли ҷамоати деҳоти Деҳқонободи  вилояти Хатлон дар оилаи коргар  таваллуд шудааст. Ҳангоми дар синфи 4-ум таҳсил намуданаш ӯ аз муллои деҳаашон Қорӣ Маҳмаднабӣ таълимоти динӣ гирифтааст.Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна соли 2012 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ба шаҳри Нижний Новгород рафта, дар он ҷо муддати 3 сол дар ширкати Туркии «Рус Винил» ба сифати мудири амбор фаъолият намудааст. Баъд аз он,  ба шаҳри Чайковскии вилояти Перми Федератсияи Руссия рафта ба ширкати Туркии «Марашстрой» ҳамкорӣ мекунад. Ҳангоми дар Федератсия Русия фаъолият карданаш, дар он ҷо бо Каримов Одилҷон, ки сокини шаҳри Қурғонтеппа ва Нуралиев Меҳроб, ки соли таваллудаш 1995 сокини н. Ҷ. Балхӣ, ҷамоати деҳоти Тугаланг, деҳаи Ёш-Ленин шиносоӣ пайдо намуда, онҳо дар якҷоягӣ  дар хобгоҳи ширкат дар 1 ҳуҷра истиқомат намудаанд. Онҳо барои ҷиҳод ва ба кишвари Сурия рафтан даъват намуда, доим амри маъруф мекарданд, наворҳои аз ҷониби аъзоёни ташкилоти террористии «ДИИШ» гирифташударо ба дар омма нишон дода таъкид медоштанд, ки онҳо бояд барои ҷиҳод кардан ба Сурия раванд.
Инчунин, Каримов  Одилҷон ба онҳо тарзи дар шабакаи интернетии радиои Zello пайваст шудан ва суханронӣ намуданро нишон медоданд. Дар радиои мазкур канале бо номи «Роҳнамо ба суи давлати Исломӣ» амал мекардааст ва дар он барандае бо номи мустаор «Муҳаммад Муовия» ҷавононро барои ҷиҳод ташвиқ ва тарғиб мекунад. Каримов Одилҷон  бо номи мустаор «Абӯ Муҳаммад» вориди радиои Zello гашта, бо «Муҳаммад Муовия» шиносои пайдо намудааст. «Муҳаммад Муовия» ӯро дар суроғаи шахсиаш қабул намуда, бо ӯ дар алоҳидагӣ гап зада барои ҷиҳод намудан ва ба Сурия рафтан таблиғ кардааст. Онҳо розигии худашро баён намуда, аз «Муҳаммад Муовия» вақти рафтан ба Ҷумҳурии Араби Сурия рафтанро пурсидааст. «Муҳаммад Муовия» гуфтааст, ки «айни ҳол роҳҳо ба самти Сурия бастааст ва ҳангоми кушода шудан ҳаракат менамоянд, ӯ танхо омода бошад. Бо даъвати Руслан шахси номаълум барои сафар намудан ба Ҷумҳурии Араби Сурия чиптаи ҳавопаймои самти Масква-Анталияи Ҷумҳурии Туркияро харидорӣ намуда, санаи 19.10.2016 аз рӯи маслиҳати пешакӣ бояд дар фурудгоҳи шаҳри Анталия мешудааст, аммо санаи 18-уми октябри соли 2016 дар фурудгоҳи «Внуково»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия кормандони Хадамоти Федерали Бехатари (ФСБ)-и Федератсияи Русия онҳоро дастгир намуда, ба Ҷумҳурии Точикистон интиқол доданд.
Судя суди вилояти Хатлон Пирмуҳаммадзода Сайфуддин ба Каримов Одилҷон 10 сол, Ҳайдаров Саймумин 9 сол ва ба Нуралиев Меҳроб 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба омори расмӣ, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шуда ва бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Инҳо аксаран ҷавонанд ва аз тариқи Русия ба Сурия рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодии пайвастани шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳи тундравро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин шаҳрвандон мавриди мағзшӯии таблиғгарони “Давлати исломӣ” қарор гирифтаанд.
Бино ба иттилои расмӣ, зиёда  аз 215 сокини вилояти Хатлон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста ва хабари марги дастикам 20 нафари онҳо ба наздиконашон расидааст. Мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон соли гузашта гуфта буданд, ки миёни зодагони ин вилоят дар майдонҳои ҷанги Сурия занону тақрибан 20 кӯдаки ноболиғ низ ҳастанд.»
 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 31 Март 2017 14:02


Салом ва дуруди бепоён ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Дар шумораи гузаштаи СССР 1 нафар муаллима-Ҳанифа Икромова гуфтааст, ки «Номи СССРро иваз кунед!». Ӯ 100% иштибоҳ кардааст, зеро қариб 85%-и мардуми мо кадри Давлати сағерапарвари Советӣ мебошанд ва маҳз дар он даврон ба воя расидаанд. Инчунин ҳоло ҳам дар хонаҳои баландошёнаи он замони Шӯравӣ зиндагӣ дорем. Пахтаю тахтаю нафту гази мо ягон мушкиле надошт! Чашми ҳама сер буд! Ношукрӣ нашавад, ҳоло мо Давлати соҳибистиқлол дорем. Барои ҳамин имрӯз бояд мутахассисони варзидаро ба камол расонему мӯҳтоҷи касе нашавем. Шогирдонро ҳавасманд кунем. Аз ҳама муҳим Иттифоқ бояд бошем!


Сарахон,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Ёвон, тел: 93 458 93 18

Ҷумъа, 31 Март 2017 13:59


Солҳои охир дар бораи зебоии забони тоҷикии модарӣ суханҳо, пешниҳодҳо хеле зиёд шудааст. Дуруст, нисбат ба эҳтироми забони тоҷикӣ кам аҳамият медиҳем. Солҳои охир забони радио, ТВ ва матбуот дағал шуда, калимаҳои нофаҳмо барои мо-мардуми тоҷикзабон душворӣ меорад ва ҳайрон мешавед, ки олимони забоншиноси наврӯ худро доно тарошида, ҳарчӣ хоҳанд калимаҳои нофаҳмои сактадори бегонаро вориди забон месозанд. Масалан, чанд сол аст, ки дар рекламаҳои ТВТ калимаҳои «тахфиф»-ро ба забон меоранд. Охир, инро шумо донишмандони даруни нохунак «-» аз куҷо овардаед ва чаро? Мумкин бо ҳамин кашфиёти худ номзади илм ҳам шуда бошед?! «Тахфиф» мавқеи калимаи зебои тоҷикии «арзон»-ро танг карда бароварда истодааст. Оре, 1 маҷаллаи скандворди тоҷикиро гирифта мутолиа намудам, ки чашмам ба калимаи «мавриги» афтод. Боз дар ҳайрат мондам. Магар ин ихтирои «бузург» ба забони тоҷикӣ таъсир намерасонад? Дар 1 барномаи ТВТ, дар «сатри давон» калимаи «истирдод»-ро хонда, дар садҳо китоби хондагиям чунин калимаро наёфтам. Дар вохӯриҳои ТВи тоҷик бошад ҳамон лаҳҷаҳои маҳаллӣ пурра садо медиҳанд, ба монанди «омадум», «рафтум», ё омдос, рафтос… Масъулони забон чӣ мегуфта бошанд?


Зикриёи Дилшод,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Мастчоҳ

Ҷумъа, 31 Март 2017 13:52


Узви Ихвон-ал-СССР, Наҷибулло Мухторов, соҳибкор аз бозори Корвони пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки тавре маълум, дар соли 2016 ва солҳои пештар низ тамоми рӯйдод ва маълумотҳо дар бораи воқеаҳо ва шодию сурур аз дохилу хориҷи кишвар тариқи радио, ТВ ва газетаҳо пахш карда шуд. Аммо шахсан барои ман-мухлиси газетаи СССР номаълум монд, ки дар соли рафта-2016 чанд тобути Тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон омада бошад?

Ҷумъа, 31 Март 2017 13:51


Узви Ихвон-ал-СССР, Нусратулло Исмоилов, нафақагир аз ноҳияи Файзобод дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ман тамоми матолиби СССРро гаштаю баргашта мехонам. Аммо ин ҷо 1 хоҳиш ё илтимос дорам. Биёед, бародарон, дигар ба мавзӯи ҷанги бародаркушиву фронти халқӣ барнагардему мақола чоп накунему хонандаро гаранг насозем. Ин гапи ман ба ҳамаи муаллифони матбуоти даврӣ дахл дорад, натанҳо барои СССР! Ҳар яки мову шумо он рӯзи наҳсро хуб дар хотир дорем. Он рӯзу айём бигзор барои мо таърих ва афсона гардад. Пеш аз ҳама аз шумо узр мехоҳам, назари маро ҳамчун 1 диди хонанда бинеду пазиред, тамом. Ният дорам, ки рӯзҳои наздик ба редаксия меҳмон шаваму аз наздик сӯҳбати васеъ дошта бошам. Боқӣ ба ҳамаи шумо килки тезу буррову равонро хоҳонам…

Ҷумъа, 31 Март 2017 13:44


Боришоти зиёди борон ба якчанд сокинони шаҳри Панҷакент хисорот расонидааст. Ба хусус боришоти шаби 29 ба 30-юми март ба якчанд манозили сокинони ҷамоати деҳоти Хурмӣ зарар расонида, девору оғилҳои ин сокинон аз намии зиёд чаппа шудааст. Ҳамзамон дар роҳи деҳаҳои Ҳавзак - Сурхоб лойу сангрезаҳо фаромада, ба хонаҳои сокинон ҳам даромадааст. Ҷаҳонгир, як сокини деҳаи Сурхоб мегӯяд, танҳо аз ман 4-5 сотих замини корамро, ки картошка кишт намуда будам об шуста вайрон кард. Шаби 29 ба 30-юми март воқеан боришоти зиёд борида, тибқи иттилои мутахасисон ҳудуди 50 Мл борон қайд шудааст. Ин дар ҳолест, ки обу ҳавошиносон то 1-уми апрел боду ҳавои ноустуворро пешгӯӣ намудаанд.


Хуршед Фозилов

Ҷумъа, 31 Март 2017 13:43

Шаби 27 ба 28-уми майи соли 2016, тахминан соати 22:00-дақиқа, марди 38-солаи сокини ноҳияи Ёвон дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари 27-солааш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудааш, вай ҷасади ҳамсарашро дар мавзеи заминҳои чарогоҳи деҳаи Навободи н. Ёвон бо истифодаи сӯзишвории бензин оташ зада, қисми боқимондаи ҷасадро ба дохили халта ҷой карда, гӯронидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, номбурда бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

СССР

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 11

Китобҳо

Flag Counter