ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 28 Апрел 2017 16:59


Беҳрӯз Гулмаҳмадзода, сокини шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи курси саввуми факултаи физикаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (тел: 901 41 21 05) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, назди шумо бо 1 хоҳиши дӯстона омадам. Дар хонаи мо падарам СССРхони ашаддӣ аст. Ин аст, ки газетаи 1-солаи СССРро ба редаксияи СССР овардам, то ки подшивка кунаму ба китобхонаи Донишгоҳ супорам. Ман ҳам дар баробари падарам СССРро зиёд мехонам. Мо дар хона 9 нафарем. Падарам-Исматулло Гулмаҳмадови 62-сола муаллими фанни забону адабиёт дар мактаби №84-и ноҳия аст. Хуллас, тамоми мавзуъҳои СССР барои хонаводаи мо писанд аст. Ростӣ, медонам, ки аксарият газетаҳоро харидаву хонда, ба ҷои ифлос мепартоянд. Аммо аҳли байти мо газетаро харидаву хонда, мисли мағзи нон азиз медоранд. Бо ин чӣ гуфтаниям? Аз ҳамаи ҳаводорони СССР сидқан хоҳиш дорам, ки ҳар 1 саҳифаи газетаи мардумии СССРро эҳтиёт кунанд ва подшивка карда ба китобхонаи мактаби деҳаи худ супоранд, то ин ки насли ояндаи ҷамъият низ аз он баҳрае бубарад. Чунки қаламкашони СССР барои навиштани ҳар 1 сатр соатҳо заҳмати фикрӣ кашидаанд!!!

Ҷумъа, 28 Апрел 2017 16:36



Назира Галимоваи 72 сола, сокини ш.Панҷакент мегӯяд, барои 1 мушкилоти хеш ҳар рӯз дари ҳукуматро мекӯбам ва ба қавле қаравули ҳукумати ш.Панҷакент шудаам. Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматдорони ш.Панҷакент чандин сол аст, ки мушкилоташро ҳал намекунанд.
- Дар ҷое зиндагӣ мекунам, ки хонаам на об дораду на ягон шароити хуби зиндагӣ. Манзили ман кӯҳнатарин хона аст, ки солҳои шӯравӣ сохта шудааст. Ягон намуд шароити комуникатсионӣ надорад ин хонаҳо. Мехоҳам хонаамро таъмир кунанд ё бароям ягон манзил диҳанд - мегӯяд ин пиразан.  Назира Галимова, меафзояд қариб ба ҳама мансабдорони ҳукумати Панҷакет муроҷиат кардам бенатиҷа.
- Пир шудам, барою фароям душвор аст. 50 сола собиқаи корӣ дорам, вале қадрам нест - гӯён гиря намуд ин пиразан.

Ҷумъа, 28 Апрел 2017 16:24


Узви Ихвон-ал-СССР, Неъматулло Мирзоев, ронандаи таксӣ, сокини шаҳри Хучанд дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ҳар ҳафта қариб ҳамаи рӯзномаҳои тоҷикии кишварро дастрас карда, мутолиа мекунем, аз ҷумла, СССРро, ки аз ҳаёти журналистони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиёд менависад. Ман ҳам матолиби таърихиро бештар мехонам, чун завқам ба факту рӯйдодҳои таърихӣ зиёд аст. Ҳарчанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хурдсол будам, аммо баъдтар, вақте ки рӯзномаҳои он солҳоро ёфта, мутолиа намудам, ба мардонагӣ ва ҷасорати журналистони ҳақгӯ қоил шудам. Писари ман, ки дар оянда журналист шуданист, ба ҳаёт ва фаъолияти журналистони тоҷик ниҳоят кунҷковона назар меандозад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки газетаи СССР дар бораи 72 журналисти шаҳид маълумоти бештар дарҷ мекард, зеро ҳаёти бузургон метавонад намунаи ибрати ҷавонон гардад. Боз ҳам аҷиб мешуд, ки хислати модарзодии ҳар журналисти ҷасури шаҳидро менавиштед, зеро ин ҷолибтар хоҳад буд. Мо Метавонем-ку!

Ҷумъа, 28 Апрел 2017 13:53

Ҷумъа, 28 Апрел 2017 10:43


Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар к. Шевченкои пойтахт ба бинои нави Суди Олии кишвар санги асос гузоштанд.
Тибқи лоиҳа бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна иборат буда, дар маҷмуъ дорои ҳуҷраҳои корӣ барои 450 корманд, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, боғи зимистона, ошхона барои 70 нафар ва дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 30 нақлиёт мебошад.
Барои сохтмони иншооти мазкур аз шафати к. Шевченко дар гузаргоҳи якум бо масоҳати 0,37 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 17952 м2 мебошад ва баландии умумии бино аз сатҳи замин ба 72,6 метр баробар аст. Арзиши пешакии корҳои сохтмонию ороишӣ 73 миллиону 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.   
Дар давоми солҳои 2016 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар соли 2017 баҳри идомаи корҳо 8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати 1 апрели соли 2017 аз оғози корҳои бунёдӣ дар ҳаҷми 964 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ иҷро карда шудааст.
Дар ороиши бино аз тахтасангҳои хоро, мармар, панҷараҳои кандакории гаҷӣ, паркет, панелҳо аз навъи чубҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда мешавад.



СССР

Ҷумъа, 28 Апрел 2017 10:37


27.04.2017, тахминан соати 14:45-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди толори арусии “Шоира-Люкс”, дар шаҳри Хуҷанд шуда, аз он ҷо 18 адад либосҳои тӯёна, ки арзишашон 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Чуноне ки смонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздии мазкур ҷавондухтари 16-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.



СССР


Ҷумъа, 28 Апрел 2017 09:35

Имрӯз, 28.04.2017 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги аввал ба бунёди мактаби байналмилаллии Тоҷикистону Британия оғоз бахшид. Мактаби мазкур дар к. Тӯрақул Зеҳнии н. Шоҳмансури пойтаъхт ҷойгир шуда дорои 420 ҷойи нишаст мебошад.
Аснои муаррифии лоиҳаи сохтмони муассиса ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки иншоот дар давоми як сол бо муосиртарин таҷҳизот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Таъкид гардид, ки арзиши корҳои сохтмонӣ 9 миллион сомониро дар бар гирифта, 300 нафар коргарон дар бунёди ин иншоот саҳм хоҳанд гузошт. Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё аз ду бинои 5 ошёна бо таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он 6 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Масоҳати зери сохтмон бошад 1 ҳазору 700 метри мураббаро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониёро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ вашаҳрсозӣ» таҳия карда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маркази таълимии Ганҷина» мебошад.
Ҳайати омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.
Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони Бритониёвӣ, дар заминаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул ҷиҳати идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст.

СССР

Панҷшанбе, 27 Апрел 2017 17:12


Нақши модар дар тарбияти фарзанд
Падар ва Модар ҳар 2 дар тарбияти фарзанд нақш доранд. Аммо аз он ҷое, ки дар даврони кӯдакӣ вобастагии фарзанд ба модар пеш аз падар аст, чун ба таърих назар андозӣ модарони бисёре ҳастанд бо тарбияти некуи худ фарзандони маъруферо ба ҷомеъи башарият таҳвил додаанд. Таъсире, ки модарон дар фарзандҳо мегузоранд, ҳатто дасти рӯзгор наметавонад онҳоро аз байн барад.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 20

Китобҳо

Flag Counter