ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 31 Май 2017 11:39

Чоршанбе, 31 Май 2017 08:12


Шамоли сахти 1 дақиқаинаи санаи 30-юми май дар шаҳри Панҷакент  хисороти зиёде дар пай доштааст.
Боди сахте, ки тақрибан соати 12-50-и имрӯз дар Панҷакент  вазид, чандин дарахтонро шикаставу боми манзили чанд сокинонро кандааст.
Бино ба маълумоти стансияи ҳавосанҷии Панҷакент суръати шамол, тақрибан 12-14 метр/сонияро ташкил додааст.


Хуршед Фозилов, СССР, водии Зарафшон

Чоршанбе, 31 Май 2017 08:08


Чуноне ки сомонаи хабарии СМ-1-и ш. Хуҷанд иттиллоъ медиҳад, санаи 29.05.2017 зану шавҳар-сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзанаи ш. Хуҷанд ба ҳангоми кофтани чуқурӣ барои ҳоҷатхонаи нав ба он афтода ҳалок мегарданд.
Марди 39 сола бо мақсади кофтани чуқурии ҳоҷатхонаи нав, ки наздиктар ба ҳоҷатхонаи кӯҳна буд зери замин мефарояд. Ногаҳон девораи чуқурии мабрази кӯҳна таркида наҷосати он ба чуқурии тақрибан 5 метраи нав кофта истода ҷорӣ мешавад. Барои наҷоти шавҳар ҳамсари 38 солааш шитофта ӯ низ ба чуқурӣ меафтад. Ҳарду бо овози баланд аз чуқурӣ барои наҷот фарёд кардаанд. Ҳамсояи 66 солаи онҳо барои наҷот шитофта ӯ низ ба чуқурӣ афтодааст. Ба кормандони ҳолатҳои фавқуллода муяссар шудааст танҳо ҳамсояро дар ҳолати беҳушӣ аз чуқурӣ бароранд.

СССР


Сешанбе, 30 Май 2017 15:21

Нақлиёти оташнишонӣ дар бозори марказии шаҳри Панҷакент, зиёда аз 20 дақиқа ҳудуди 400 метрро ҳаракат намуд.
Дар 1 санҷиши муштараки кормандони хадамоти оташнишонӣ ва ШВКД дар ш. Панҷакент ҷиҳати бехатарӣ аз сӯхтор дар бозори ш. Панҷакент маълум гардид, ки вазъи бозори марказии шаҳр барои вориди озодонаи нақлиёти оташнишонӣ созгор набуда, ба талаботи зиддисӯхтор ҷавобгӯ набудааст.


Растаҳои баромадаву худсохти савдогарони дохили бозор намегузошт, ки мошинҳо зиддисӯхтор ҳаракат намоянд ва дар сурати сар задани сӯхтор нақлиёти оташхомӯшкунӣ озодона вориди бозор гарданд.
Кормандони хадамоти оташнишонӣ дар ш. Панҷакент мегӯяд, мо ҳатто пешакӣ савдогаронро огоҳ намуда будем, вале мебинед вазъ бетағйир аст. Аз ин пас мо тез – тез чунин рейд мегузаронем то фурӯшандагон одат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки чанд сол мешавад раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати кӯчонидани дозори марказии шаҳри Панҷакент дастур медиҳад.
Бозори мазкур яке аз қадимтарин бозорҳо дар Панҷакент буда, ҳанӯз солҳои 1937-уми қарни гузашта сохта шудааст.


Хуршед Фозилов, СССР, водии Зарафшон

Сешанбе, 30 Май 2017 15:18

Мақомот мегӯянд, ҳарду ҷавон сокинони шаҳраки Балхӣ ҳастанд ва мехостанд, бо ҳамла ба идораи милиса аз барои боздошти мошинашон қасд гиранд. Зоҳиран ин мошинро нозирони милиса барои он дастгир карда ва ба боздоштгоҳ бурдаанд, ки иҷоза барои сиёҳ кардани шишаҳояш надоштааст.
Манбаъи мӯътамади СССР дар сӯҳбат ин қазияро дигар хел шаҳр дод. Толибҷон Юнусов-писари собиқ корманд милисаи ин ноҳия бо дӯсташ Усмон Бухориев мошини падарашро гирифта, ба  тӯйи дӯсти дигарашон  бояд мерафтанд. Дар нимароҳ дӯсташ ба писари собиқ пулис пешниҳод кардааст, ки мошинро бе иҷозатнома сиёҳ кунанд. Ӯ пешниҳодро қабул карда, аз бозори марказӣ ба маблағи 14 сомонӣ «плёнка» харидорӣ намуда, худсарона мошинро сиёҳ мекунанд.
Вале корманди пулис дар нимароҳ мошини онҳоро манъ карда, хоҳиш кардааст, то ҳуҷҷати иҷозатномаи сиёҳшишаро пешниҳод намоянд. Дар ҳамин маврид писари собиқ пулис ба кормандони БДА дағалона ҷавоб додааст, ки ман писари фалон милисаам ва ту ҳақ надорӣмаро нигоҳдорӣ. Бо ҳамин байни кормандони БДА ва писари собиқ милиса муноқиша сар зада,  мошини онҳоро ба ШВКД-и ноҳия бурда, дар он ҷо онҳоро барои надоштани ҳуҷҷат 5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Бегоҳ  собиқ корманди пулис ба писараш, Толибҷон Юнусов  занг зада пурсон мешавад, ки мошин дар куҷост? Толибҷон дар посух мегӯяд, ки Шумо дар ноҳия қадр надоштаед,  мошинатонро дар ШВКД-и ноҳия махкам кардаанд. Падари ӯ дар навбати худ, бо ғазаб ба чанд корманди пулис занг зада, ҷанҷол мекунад, ки наход ман беш аз 20 сол дар ин мақомот кор карда бошаму шумо мошини маро маҳкам кунед? Кормандони пулис ӯро ором карда мегуянд, ки мошини шумо иҷозатномаи сиёҳшиша надошт. Собиқ корманди пулис мегуяд, ки охир мошини ман сиёҳ кардагӣ нест... Хуллас мебинад, ки дар ҳақиқат писараш худсарона мошинро сиёҳ кардааст
Собиқ корманди пулис аз онҳо узрхоҳи мекунад, ва писарашро дар назди кормандони пулис чанд маротиба мезанад, ки ту маро чаро огаҳ накарда мошинро худсарона сиёҳ кардӣ? Бегоҳ писари собиқ  милиса дар хонаи дӯстонаш нишаста,  маслиҳат мекунад, ки бояд худи мошин ва ШВКД-ро алов занад. Бо маслиҳати пешакӣ бо Усмон Бухориев 2 зарф «бутилка»-ро пур аз сӯзишворӣ намуда, назди бинои пулис омада, мепартоянд. Ин ҳолатро камераи назоратӣ сабт ва онҳоро дастгир мекунанд.
Як мақоми дигар аз ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сӯҳбат гуфт, дар қазияи боздошти ҷавонҳо дар заминаи "талоши анҷоми таркиш дар бинои пулис" мавзӯи ифротгароӣ матраҳ нест. Дар ҳоли ҳозир алайҳи Усмон Бухориев бар пояи 2 модда ва дар нисбати Толибҷон Юнусов бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон
 

Сешанбе, 30 Май 2017 12:03

Хушвахт Олимов, қотили Гулнора Насирова, зани 52-солаи тиллофурӯш бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе барои одамкушӣ, ғайриқонунӣ ронда бурдани мошин, тасарруфи молу мулк ва роҳзанӣ ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Муайян шуд, ки Хушвахт Олимови 23-сола, зодаи ноҳияи Восеъ, донишҷӯи бахши 4-уми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, бо мақсади ғаразнок, яъне ба даст овардани молу мулки ғайр ба миқдори калон ҷиноятҳои махсусан вазнин- одамкушӣ ва роҳзаниро содир намудааст.
Х. Олимов 2 марти соли 2017, тахминан соатҳои 07.00 бо худ корди хочагӣ гирифта, ба назди бинои №85/1, кӯчаи ба номи Н. Махсум ҳозир шуда, дар назди даромадгоҳи аввали бино дар паси дарахт меистад ва баромадани Гулнора Насироваро мунтазир мешавад.
Тахминан соатҳои 07:50 Г. Насирова ҳамроҳи хизматгорзанаш Т. Буриева аз манзили зисташ бо ҷомадонҳои тилловорӣ баромада, онҳоро ба бағоҷи мошинаш, тамғаи «Лексус RX-350», рақами қайди давлатиаш 88-81 АР 01, ки дар саҳни ҳавлии бино қарор дошт, мегузоранд. Номбурда боз ба хонааш рафта, лаҳзае пас худаш танҳо омада, ба мошин нишаста, онро ба кор медарорад ва мунтазири гарм шудани он мешавад.
Дар ҳамин вақт Х. Олимов бо мақсади сабт нашудани чеҳрааш дар наворҳои камераҳои мушоҳидавӣ, кулоҳи либоси варзишии худро ба сараш кашида, аз камингоҳи худ ба сӯи мошини Г. Насирова босуръат ҳаракат мекунад. Ӯ дари пеши мошини Г. Насироваро кушода, ба нишастгоҳи паҳлӯи ронанда мешинад ва бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ 14 зарбаи марговар мезанад, ки дар натиҷа Г. Насирова ба ҳалокат мерасад. Х. Олимов тани беҷони номбурдаро ба нишастгоҳи паҳлӯи ронанда рӯ ба поён гузошта, худ ба ҷойи ронанда нишаста, мошинро ба самти деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати Лучоби ноҳияи Варзоб меронад.
Қотил аз дохили мошин телефони мобилии тамғаи «Iphone-6s» бо арзиши 4950 сомонӣ ва 954 адад маснуоти заргарии тиллоиро ба миқдори махсусан калон тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ба шаҳри Душанбе бармегардад.
Х. Олимов маснуоти ба даст овардаашро 2 ва 3 март ба бозори “Корвон” бурда, фурӯхтааст.



СССР


Сешанбе, 30 Май 2017 11:57


Абдуалим Исмоилзода, ки то ба имрӯз курсии раисии н. Шаҳритуси вилояти Хатлонро бар ӯҳда дошт, бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз имрӯз  иҷрокунандаи вазифаи раиси ш. Қӯрғонтеппа таъин гашт. Худи ҳамин рӯз раиси вилояти Хатлон давлатшо гулмаҳмадзода раиси нави шаҳрро ба фаъолон муаррифӣ намуда ба Амируллои Асадулло, раиси қаблии ш. Қӯрғонтеппа, ки аз моҳи феврали соли 2014 ин вазифаро бар ӯҳда дошт, арзи сипос намуд.



СССР






Сешанбе, 30 Май 2017 08:37


Самир Алиев, журналист ва коршиноси масоили иқтисодӣ аз шаҳри Бокуи Озарбойҷон меҳмони газетаи мардумии СССР шуд. Ӯ барои иштирок дар 1 конфронси созмони Оксфам ба Душанбе ташриф оварда, дар сӯҳбат бо СССР таъкид намуд, ки тасаввур намекард, пойтахти Тоҷикистан ин қадар сарсабзу гулпӯш бошад. Самир қайд намуд, ки «Душанбе кӯчаҳои калону васеъ, фаввораҳои зебо, хиёбонҳои серодам дорад ва ин хеле хуб аст. Аммо шаҳри кӯҳанро вайрон накунед. Дар Боку карданд ва ҳоло ҳама пушаймонанд, ки бо биноҳои даврони советӣ таърихи шаҳрро вайрон карда будаанд. Ба ман бештар шоми Душанбе писанд омад, ки ҳама кӯчаҳо чароғон асту пиру ҷавон дар назди фаввораҳо нишаста дам мегиранд». Сипас меҳмони мо афзуд: «Аз дидори дӯстони қаблиям-Сайёф ва Ҷамила беҳад шод шудам. Нағз ёд дорам, ки ман бо онҳо 11 сол пеш дар ҳамин шабу рӯз, бо 1 сафар ба кишвари Шведсия, ошно шудам ва бо гузашти ин ҳама сол, Худоро шукр, ки  алоқаи дӯстӣ канда нашуд. Газетаи СССР хонданибоб будааст ва кори редаксия низ қобили эътимод. Дар ин 1 рӯзе, ки дар редаксия будам, дидам, ки воқеан ҳам аҳли редаксия сахткоранд. Офарин ба Сайёф ва командааш! Шумо Метавонед!»

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 19

Китобҳо

Flag Counter