ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 29 Июн 2017 18:11


Санаи 26-уми июни баъди боришоти зиёди борон дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент сел омад.
Сокинони ин деҳа мегӯянд, ҳодиса дар рӯзи иди Фитр тахминан соатҳои 17 рух додааст.
Сел қуму санги зиёдеро ба хонаҳо ва ҳотаҳои мардум дароварда зарари зиёд бар ҷой гузоштааст.
- Баландии лойоба дар баъзе ҷойҳо 2-2,5 меттро ташкил медиҳад, мегӯянд сокинони ин деҳа.
Тибқитмаълумотҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол ягон нафар аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо баҳонаи бе иҷозати роҳбарият интервю намедиҳем, ҳозир набуданд, ки ба саволҳои мо посух гӯянд.
Муҳаммадсодир Сафаров, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент гуфт, ҳоло корҳои бартарафкуни идома дорад ва мо аллакай ба мардум зарардида, ки ҳудуди 70 нафарро ташкил медиҳанд, маводи хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ ва шакар тақсим намудем.


Хуршед Фозилов

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 18:07


Литсейи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ хонандагони синфҳои      7-11, ки лаёқат ва ҳавасмандӣ дар омӯхтани фанҳои математика, физика, химия, технологияи иттолоотӣ, асосҳои барномасозӣ, нақшакашӣ доранд қабул менамояд.
Самти асосии фаъолияти самароноки литсей - ҷавобгӯ ба талаботи барномавии давлатӣ, тайёр намудани хатмкунандагон барои супоридани имтиҳоноти қабул ба мактабҳои олӣ мебошад.
Омӯзгорони литсей аз ҳисоби устодони варзидаву номзадҳои илми техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва омӯзгорони категорияи олӣ ба таълими хонандагон фаро гирифта мешаванд.
Таълим дар гуруҳҳои(синфҳои) тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.
Марҳамат, ба литсейи мо биёед!

Нишони мо: ш.Душанбе, кӯчаи Назаршоев 19/4 (вокзали Роҳи оҳан, бо нақлиёти мусофиркаш №№15,7,33,35,43)
Телефон: 227 46 49; 227 55 43




Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:59


Соати 4-и субҳи 22.06.1941 артиши Рейхи 3 тибқи нақшаи "Барбаросса" марзи СССРро убур кард ва ҶБВ оғоз шуд. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер тавонист артиши нерӯмандеро созмон диҳад. Ин артиш дар муддати кӯтоҳ тавонист бештари кишварҳои аврупоиро тасарруф кунад. Шумораи умумии сарбозони олмонӣ ҳини ҳуҷумашон ба СССР 7 млн 329.000 нафарро ташкил медоданд, ки аз ин теъдод 3 млн 562.000 дар марзи СССР мустақар шуда, барои ҳуҷум ба СССР 3909 тайёра, 4058 тонк, 37.099 тӯпу миномёт ҷамъ оварданд. Аз 155 дивизияи Артиши олмонӣ 127-тоашон барои амалиёти Барбаросса равона шуданд, ки 81,9% артишро ташкил медоданд. Дар ҳуҷум ба СССР инчунин иттифоқчиёни Олмон низ ширкат варзида, теъдоди умумии нерӯҳои финн, словак, венгер, румин ва итолиёӣ 767100 нафар ё 37 дивизияро ташкил доданд.

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:53


Домоди халифа
Русҳо ба ҳар баҳона вақтро кашол дода, ахир, қисмҳои бригадаи 3-и савора ба Душанбе даромаданд. То ин дам болшевикон кӯшиданд, ки Иброҳимбекро бо ҷадидон оштӣ диҳанд. Консули рус шахсан бо ӯ дидор ва ба капитан Иброҳим (русҳо ӯро чунин хитоб мекарданд) пешниҳод намуд, бо ҳукумати Бухоро оштӣ кунад. Консул гӯшзад намуд, ки дар сурати розигӣ ба ин пешниҳод мансаби давлатӣ мегирад ва зиндагии хубе хоҳад дошт.

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:48


Ҳар гоҳ, ки ба нақлиёти мусофирбари шаҳр савор шавед, ҳатман «Пули майда диҳед», «Кӣ 10-сомониро ба ду 5-сомонӣ иваз мекунад?» барин гуфтугузори ронандаро мешунавед. Гуфтугӯҳо аксаран ба муноқишаҳо мепечанд. Ҳамчунин, дар байни роҳ истода, аз ронандаи дигар гирифтани пули майда бар ивази 10-сомонаю 20-сомонаро мебинед, ки ин ҳол боиси халалдор гаштани ҳаракати нақлиёт шуданаш мумкин. Дар «Старекс»-и хатсайри 28 ронанда баъди якбора 2 кас пешниҳод кардани 10 сомонӣ асабӣ шуд. Ӯро мусофирон базӯр ором карда, маслиҳат доданд, ки «пеш аз ба кор баромадан бо худ пули майда гир, ташвишат камтар мешавад». Ронанда худро сафед карда, гуфт: «Дар куҷо пули майда медиҳанд? Пагоҳӣ дар назди БДА 200 сомонӣ дода, базӯр 190 сомонӣ гирифта будам, тамом шуд. Ёфтани пули майда осон нест!...». Ин гуна гуфтугузорро дар дигар хатсайрҳо ҳар лаҳза шунидан мумкин аст, ки андешаҳои зиёдро ба бор меорад. Аввалан, ба назар мерасад, ки бо вуҷуди фаъол будани муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва хадамотҳои давлатии назорат дар нақлиёти ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ, ронандагон дар масъалаи дарёфти пули майда мушкилот доранд. Зеро ба истиснои назди БДА, ки он ҳам ғайриқонунист, дар ягон маҳалли шаҳр нуқтаи пулмайдакунӣ ё автомат нест. Ҳар рӯз ронандагони беш аз 3000 нақлиёти мусофирбар ба кор мебарояду қариб 90%-и онҳо ба ин мушкилот рӯбарӯянд. Агар масъулони шуъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт якҷо бо ташкилотҳои дахлдор атрофи ин масъала фикр карда, тадбири судмандеро роҳандозӣ мекарданд, кори хайр мешуд. Аз вазъи ногувори набудани пули майда истифода бурда, афроде пайдо шудаанд, ки ба ивази 50 сомонӣ 45 ва ба 100 сомонӣ 95 сомонӣ дода, фоидаи муфт меёбанд. Роҳ додан ба ин амал маънои об рехтан ба осиёби қаллобону муфтхӯронро мемонад. Аз соли 2011 баъди 1 сомонӣ ва 1 сомонию 60 дирам муқаррар кардани нархи роҳкиро мақомоти дахлдори соҳаи мусофиркашонӣ бобати бо танга таъмин сохтани ронандагони нақлиёти мусофирбар мегӯянду ҳеҷ не ки гуфторашонро амалӣ созанд. Вазъ ҳамон тавре ишора гашт, идома дорад. Тибқи қарори раиси шаҳр дар аксар хатсайрҳо, аз ҷумла, 1, 2, 8, 10, 19, 25, 28, 33, 46, 52, 54, роҳкиро 1 сомонию 60 дирам муқаррар шудааст, аммо дар ягон хатсайр 40 дирам бақия намедиҳанд. Дар мусоҳибаҳо бо хабарнигорон Абдуҳалим Маҷидов-сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, ки дар муассиса ба қадри зарурӣ танга ҳаст ва дар сурати муроҷиат намудан ба ронандаҳо дода мешавад. Аммо хобидани танга дар хазина мушкилро ҳал намекунад.


Мирзои Фирӯз,
журналист

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:44


Исфандиёр Сафаров (тел: 93 930 68 38) аз н.Файзобод меҳмони СССР шуд ва гуфт, рӯзи 17.03.2017 ба хонаи мо 3 нафар бо сару либоси ғайринизомӣ бе муаррифӣ писарам-Дилҷӯро пурсон шуданд. Вақте Дилҷӯ наздашон омад, бе пурсуҷӯ ба дастонаш завлона зада, ба мошини сабукрав савор карданд. Аз онҳо пурсидем, ки кистанду чаро писари моро бе ягон сабаб баста мебаранд, яке гуфт: «Аз болои писари шумо 11 нафар ариза навиштаанд». Занам аз ҳуш рафт. Онҳо гуфтанд, ки писаратонро ба ҷамоат мебарем. Пас мо ҳам ба идораи ҷамоат рафтем, лек он ҷо на писарамонро пайдо кардему на он се нафарро. Баъди пурсуҷӯи зиёд фаҳмидем, ки писари мо дар ихтиёри кормандони мақомоти ВКД будааст. Пас аз 2 шабонарӯз Дилҷӯро ба ШКД-и ноҳия оварданд ва то ҳол он ҷо маҳкам аст. Мо то ҳанӯз сабабу омилҳои боздошти писарамонро намедонем. Зимнан аз Рамазон Раҳимзода-садри ВКД ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки барои халос кардани Дилҷӯи мо кумак расонад.

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:39


Ту кистӣ, Ҳоҷӣ Қосим???
Дар пасманзари пурсарусадотарин қазияҳои коррупсионӣ, боз 1 тани дигар боздошт шуд. Қосим Саидзода-собиқ сардори Раёсати якуми Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи махсусан калон дастгир шудааст. Ӯ, ки бо номи Ҳоҷӣ Қосим маъруф аст, дар 2 моҳи охир аллакай 9-умин мансабдори баландпояи ин Агентист, ки боздошт мешавад. 1 манбаъ дар Агентии мубориза бо коррупсия ба хабаргузориҳои хориҷӣ гуфтааст, ки ҳафтае пеш Ҳоҷӣ Қосим боздошт шуда, зидди ӯ бар асоси моддаи 319 КҶ бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи калон дело кушодаанд. Боздошти Қосим Саидзода бар асоси баёноти дигар мансабдорони боздоштшудаи ин Агентӣ муяссар шудааст. Тибқи манобеъ, Ҳоҷӣ Қосим, ки дар ин ниҳод дар он вақт раҳбарии раёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи нақлиётро бар ӯҳда дошт, моҳи апрел дар пайи оғози 1 амалиёти калон дар Агентии мубориза бо коррупсия аз мақомаш барканор шуда буд. Дар рӯзҳои аввали ин амалиёт (аз 20 апрел то 1 май) аллакай 7 мансабдори дар гузашта баландпояи Агентии мазкур ва Хадамоти гумрук дастгир шуданд. Боздошти Ҳоҷӣ Қосим дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Хуршед Ҷабборзода-муовини сардори Раёсати назорати қонуният, санадҳои судӣ дар парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кулли ҶТ бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо низ боздошт гардид. Ҷабборзода то 2 соли пеш дар Агентии мубориза бо коррупсия кор мекард.
9-гонаи маҳбасӣ
Ҳоло ба ин тартиб, қариб 9 корманди дар гузашта баландпояи Агентии мазкур ва Хадамоти гумруки ҶТ дар боздошт қарор доранд, ки аксари онҳо ба ҷиноятҳое, чун сохтакории ҳуҷҷатҳо, қаллобӣ ва қисме ба ришвахорӣ айбдор мешаванд.
1.Давлатбек Хайрзода (Хайров) – муовини собиқи раиси Агентӣ, ки 23 январи соли ҷорӣ "ба сабаби ба нафақа баромадан” бо фармони президент барканор шуда буд, субҳи 24 апрел, бино ба бархе манобеъ, дар фурудгоҳи Хуҷанд ва ба гуфтаи манобеи дигар, дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон, дастгир шуд;
2.Фирӯз Холмуродзода (Холмуродов) – собиқ сардори раёсати тафтишот. Рӯзи 20 апрел аз мақом барканор ва рӯзи 21 апрел дастгир шуд;
3.Фахриддин Бозоров – собиқ муовини сардори раёсати тафтишот ва собиқ муовини сардори раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук;
4.Амиршо Султонзода – сардори шӯъбаи тафтишоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе;
5.Сафаралӣ Ҳомидзода – собиқ муовини сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон;
6.Фаридун Беназирзода – муовини раиси гумруки Хуҷанд, собиқ сардори шӯъбаи тафтишоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе;
7.Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов) – сардори собиқи шӯъбаи яккуми тафтишотии Агентӣ;
8.Хуршед Ҷабборзода - муовини сардори Раёсати назорати қонуният санадҳои судӣ дар парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кулл;
9.Қосим Саидзода – собиқ сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар нақлиёти Агентӣ.
PS: Дар сурати набуди иттилооти расмӣ, овозаҳо мегӯянд, боздошти Ҳоҷӣ Қосим охири кор несту ресмони ин дело боз бисёриҳоро шояд ба маҳбас кӯчонад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:36


Боре Хайрандеш-шоири шӯрида, бо проекти наве ба дафтари кори раиси Донишгоҳе медарояду кораш барор намегирад. Ҳарчанд адиб исбот мекунад, ки бояд ин Донишгоҳ рӯзномаи хубе таъсис диҳад, аммо ректор, ҳатто ӯро шунидан намехост. Шоир бо ғазаб берун мешавад, ки дар қабулгоҳ чанд корафтодае нишастаанду нафаре аз дигарӣ мепурсад:
-Истед, ки фамилияи ҳамин раис Нидоев буд?
-Не, фамилияи ӯ Ни То...ев аст-пурғазаб посух медиҳад ҷои пурсидашуда Хайрандеш ва дарро шаппида баромада меравад...

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 18

Китобҳо

Flag Counter