ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 31 Июл 2017 10:09


Зиёрати қабри Ислом Каримов-собиқ президенти Ӯзбекистон ба ибораи нав дар бахши сайёҳии Узбакистон табдил шудааст. Даҳҳо нафар ҳар рӯз ба назди қабри ӯ рафта, дуову фотиҳа мехонанд ва ҳатто шӯхиомез сафар ба Самарқандро "ҳаҷҷи асғар" меноманд. Сокинони Самарқанд гуфтаанд, ки бори аввал аст, чунин теъдоди бузурги “сайёҳони” дохилӣ ба шаҳри онҳо ташриф меоваранд. Самарқандиҳои бало ҳамарӯза аз ҳисоби ҳоҷиёни навпайдо садҳо миллион сӯм кор мекунанд (натарсед, чанд миллион сӯм чанд долларак мешавад, аммо гуфтаи русҳо “и то хлеб”)

Душанбе, 31 Июл 2017 10:03


Пайкараи тилокоришудаи президенти пешини Туркманистон-Сафармурод Ниёзовро, ки дар маркази Ашқобод-пойтахти ин кишвар қомат афрохта буд, канданд. Атрофи ин муҷассама, ки соли 2000 дар кӯчаи Махдумқулии пойтахт, рӯ ба рӯи бинои ВКД насб гашта буд, чанд моҳ пеш девор гирифта шуд. Мақомоти кишвар дар бораи нақшаи кандани муҷассамаи президенти пешини ин кишвар расман хабар надоданд ва сабабҳои ин иқдом низ шарҳ дода намешавад. Ёдрас мешавем, ки Ниёзов аз с.1985 то 2006 Туркманистонро раҳбарӣ мекард ва тайи ин солҳо дар саросари он кишвар чандин ҳайкалу нимпайкараи ӯ гузошта шудааст. Ҳоло президенти нав ҳайкалҳои худро мегузорад ва бовар дорад, ки пайкараҳои ӯро ҳаргиз туркманҳо нахоҳанд канд!

Душанбе, 31 Июл 2017 10:01


Президенти Қирғизистон-Алмосбек Отамбоев дар 1 нишасти хабарӣ сабаби ранҷиши Туркияро бо он рабт дод, ки Қирғизистон нахост муассисаҳои таълимии "Сапат"-ро бандад. Ӯ гуфт, ки дар ин муассисаҳо таҳсил хуб аст ва ба ин хотир онҳо баста нахоҳанд шуд: “Сафири Туркия дар Қирғизистон гуфт, дар Қирғизистон 3500 одамони Фатҳуллоҳ Гюлен фаъолият дораyд. Ба гумонам, ӯ омӯзгорони "Сепат"-ро дар назар дошт, аммо ин дақиқ нест". Ба ҷуз ин, аз Отамбоев дар бораи мулоқоти муфтии пешини Қирғизистон бо рӯҳонии турк-Гюлен пурсиданд. Президент гуфт, ки муфтии пешин ҳоло ҳеч мансаби расмие надорад ва аз ин рӯ бо ҳар касе, ки мехоҳад, мулоқот мекунад.

Душанбе, 31 Июл 2017 09:53

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-9

Душанбе, 31 Июл 2017 09:48


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Вақтҳои охир суханҳо нисбати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хело бисёранд. Ба қавли устод Хайрандеш, дар ИНТ ваҳдату якдигарфаҳмӣ нест. Магар ин шармандагӣ нест?! Ба Худо қасам, айб аст! Вақте дар 1 идораи адабии давлатӣ байни якдигар бадбинӣ доранд, пас аз дигар идораву корхонаҳо чӣ ҷои гила?! ИНТро лозим аст, ба ҷои «разбор» ашъори тозаю хонданибоб нависанд, то онҳоро хонандагон шиносанд ва аз эҷодиёти эшон баҳра бардоранд! Имрӯз китобҳои адибони мо дар рафҳои китобмонии мағозаҳо зери чанг хобанд ва ягон чизи мехондагӣ надоранд. Баъзе кутуби шоиронро дар идораҳои давлатӣ маҷбур мефурӯшанд. Агар китоб дар сатҳи олӣ навишта шуда бошад, худаш хонандаро меёбад. Мисле, ки вақте дар ТВ филми Юсуф ва Зулайхо мерафт, ҳама корашро партофта, назди қуттии ТВ менишаст…

Ғуломалӣ Асоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод

Аз СССР: Ин бадбахтии миллист. Имрӯз дар радиои амрикоие 2 назар нашр шуд. Яке, Ҳабибулло Нозирӣ (собиқ сардабири «Адабиёт ва санъат»), ки мегуфт инҳое дар садоратанд шоир нестанд ва ҳама собиқ оппозитсионер буданд ва дигаре, Ато Мирхоҷа, ки мегуфт, бархе аз шоирони мо бо зӯри автомат узви ИНТ шудаанд. Магар баъди Сулҳи Комил шарм нест, ки ИНТ ба ҷангу фронти халқиву оппозитсия тақсим мешавад? Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ бояд оҷилан ба ин иғвову дасисаҳо нуқтаи таммат гузорад. Зеро ҷанги соли 1992 аз дасти зиёӣ ва муллову шоир сар зада буд. Бояд конфронси оҷили адибон баргузор шавад ва интихоботи ҷадид дар ин боргоҳи адаб сурат гирад. Сахт мегӯем, ки диламон месӯзад. Мо Метавонем!

Душанбе, 31 Июл 2017 09:43


Санаи 25.06.2017 М.Ашӯров-ҷонишини раиси н.Рӯдакӣ, телефонӣ маро ба мактаби №59-и маҳаллаи Гулбутта даъват намуд ва ҳуҷҷатҳои хонаам, аз ҷумла, қарори раиси ҷамоати Чимтеппа, маълумотномаи бойгонӣ, ҳалномаи суд ва қарори раиси ноҳияро дида гуфт: «Хонаи ту дар замини мактаб сохта шудааст ва ман онро дар муддати 10 рӯз ҳамвор мекунам». Ба ӯ гуфтам, ки агар зарур бошад гиред, лек меҳнати 27-солаи маро ҷуброн кунед, ё ба ивазаш пул, хона, ё замин диҳед. Ашӯров гуфт: «Ман ин масъаларо иҷро карда наметавонам!»
Рӯзи 12.07.2017 тариқи телефон аз роҳгузарҳо хабар ёфтам, ки Ашӯров бо сохторҳояш қулфи дарвозаро шикаста, ҳамаи сохтмонҳоямро ба замин ҳамвор кардаанд. Дар давоми 27 сол агар замин аз мактаб мебуд, чаро раисони пешин онро ба ман ҳуҷҷат карда доданд ва маро аз ин огоҳ накарданд? Рӯзи 19.07.2017 Ашӯров бо сохторҳояш омада, ба ман қарори раиси ноҳия-Маҳмадраҳим Юсуфиро нишон дод, ки дар он аз хусуси «ҳуқуқи моликияти шаҳрванд» ва «ҷуброни ҳаққи соҳибмулк» ягон ҳарф набуд. Лиҳозо, аз мӯҳтарам Юсуф Раҳмон-прокурори генералии ҶТ хоҳиш дорам, нисбати поймолкунандагони ҳуқуқи ман чора бубинад ва ҷуброни меҳнати 27-солаи маро барқарор намояд, то ин ки хонаводаи ман бесарпаноҳ намонад.


Амир Ғоибов,
маҳаллаи Гулбутта, н.Рӯдакӣ, тел: 919 44 28 49

Душанбе, 31 Июл 2017 09:37


Узви Ихвон-ал-СССР, Пӯлодов Гадомиддин, сокини деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт бо телефони 92 751 27 32 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки роҷеъ ба мушкилоти сунъии техникӣ чанд савол дорам. Ман 41 сол боз шоферам. 50 сол боз аптекачӣ шуда кор кардаам ва ҳоло дар нафақа ҳастам. 264 сомонӣ пенсия мегирам. Акнун худ фикр кунед, ки бо 264 сомонӣ чӣ хел мошинамро аз диагностика-техосмотр гузаронам? Диагностикаи мошин пештар 75 сомонӣ буд, ҳоло 250 сомонӣ шудааст. Мушкили №2. Ҳоло барои иваз кардани права 450 сомонӣ пурсидан доранд. Магар ин қимат нест? Мушкили №3.Тавре маълум, ҳоло номерҳои мошинро аз «РТ» ба «ТJ» иваз кардан доранд. Ҳамин шабу рӯз барои иваз кардани номерҳо аз ҳар 1 ронанда 523 сомонӣ гирифтанд доранд. Бовар кунед, қариб ҳамаи ронандаҳо аз ин нархи баланд ба дод омадаанд, аммо намедонанд, додашонро ба кӣ бигӯянд? Хоҳиш дорам, ки ҳамин саволҳоро ба раҳбарияти БДАи ҷумҳурӣ расонед ва посухашро дар СССР интизорам.

Душанбе, 31 Июл 2017 09:35


Узви Ихвон-ал-СССР, Маҳмудҷон Амирҷонов, соҳибкори яке аз бозорҳои пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки ман шахсан ба раҳбарияти газетаи мардумии СССР 1 савол дорам ва хоҳиш дорам, ки ба ин посух нависад! Бо кадом сабаб дар аксари мақолаҳои газетаи СССР муллоҳоро зери тозиёнаи танқид мегиред? Ин аз рӯи инсоф нест. Хуб мешуд, ки камтарак илми исломӣ меомӯхтед. Маро дуруст фаҳмед, зеро ман мулло нестам! Чунки уламо меросбарони паямбаранд. Дар симои 1 чаласавод умумӣ карда «муллоҳо...» гуфтан аз рӯи инсоф нест-ку…
Аз СССР: Бародари гиромӣ. Агар СССРхонӣ, пас бояд донӣ, ки дар саҳафоти мо бузургтарин домуллоҳои феълӣ мисли Ҳоҷӣ Мирзо ва Исмоил Пирмуҳаммадзода ва садҳо муллову ҳоҷии дигар баромад мекунанд ва дари редаксияи мо ба рӯи ҳамаи онҳо боз аст. Рӯиҳамрафта, мо иншооллоҳ, саводи хуби исломӣ дорем. Бовар надоред, 1 бор дари моро кӯбед. Мо пуштибони аслии мазҳаби Ҳанафияем ва бо иғвоангезону душманони ин мазҳаб, яъне салафияву ваҳҳобия дастобагиребонем ва 1 зарра аз онҳо наметарсем ва онҳоро қамчин ме-за-неммм. Зеро МО Метавонем!

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 19

Китобҳо

Flag Counter