ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 16:26

Ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фаҳангӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Чанде қабл кормандони масъули Намояндагии сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Рон Барнхард, капитан Ричард Флатум, намояндаи АМIC Арден Харверсон ва намояндаи ширкати «Rapiscan» Иван Кинг бо мақсади гузаронидани омӯзиши муштараки ҳолати воқеии техникии таҷҳизоти рентгении «Rapiscan» ва таҳвили қисмҳои эхтиётии он ба маблағи умумии 1 021 388,56 доллари амрикоӣ, ба Гумруки «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Боиси тазаккур аст, ки қаблан дар Гумруки “Панҷи-Поён” ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, яроқу аслиҳа, молҳои зераксизӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ таҷҳизотҳои калонҳаҷми рентгении «Rapiscan» ба маблағи 3 млн. доллари амрикоӣ насб карда шуда буданд.
 
Баъд аз боздиди меҳмонон аз Гумруки “Панҷи-Поён”, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, масъулини Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва Намояндагии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон майор Рон Барнхард, капитан Ричард Флатум, намояндаи АМIC Арден Харверсон ва намояндаи ширкати «Rapiscan» Иван Кинг тавофуқномаи ҳамоишӣ (меморандум) баргузор гардид.
 
 
 
Дар ҷамъомад Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва намояндаи Сафорати Амрико Джефри Риденуар баромад намуда, оид ба ҳамкории мутақобила ва мусоидати техникӣ ибрози назар намуданд.
   Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар зимни баромади хеш аз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: - “Бо ташаббуси бевоситаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-августи соли 2007-ум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон “Пули дӯстӣ” ба истифода дода шуд, ки он барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Пули мазкур бо дарозии 672 метр ва паҳноии 11,6 метр ва иқтидори интиқол 1000 автомобил дар як шабонарӯз ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро натанҳо бо Давлати Исломии Афғонистон, балки бо дигар давлатҳо низ пайваст намуд. Ба истифода додани пули мазкур, қомат афрохтани инфрасохтор ва муҷчаҳаз гардонидани он бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ аз ҷумла дастгоҳҳои калонҳаҷми «Rapiscan», барои зиёд гардидани ҳаҷми гардиши молӣ дар минтақа ва равобити қавии иқтисодӣ, натанҳо бо Давлати Исломии Афғонистон, балки бо дигар давлатҳо, низ заминаи боэътимод гузошт.
Албатта бо боварӣ гуфта метавонам, ки саҳми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тараққиёти бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус мақомоти гумрук хеле назаррас мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам бори дигар миннатдории худро ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баён намоям”.
Турсунзода Азим Ҳайдар дар фарҷоми суханронии худ изҳори уммедворӣ намуд, ки минбаъд низ барои дар ҳолати хуби техникиву корбарӣ нигоҳ доштан ва таъмину таъмири ин дастгоҳҳои калонҳаҷми рентгенӣ бо таҷҳизотҳои техникии зарурӣ Сафорати Амрико ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ намедорад.
 Инчунин, дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки корбарии мунтазами ин дастгоҳҳои пуриқтидор имконият медиҳанд, ки фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир, силоҳу аслиҳа ва дигар қонуншиканиҳо пурзӯр карда шавад.
Масалан, санаи 17-уми июли соли 2017 ҳангоми муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Дулон» рақами қайди давлатиаш ТҶ 36-14 ВК 01, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, Т.Р. қарор дошт, ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ ба воситаи таҷҳизоти рентгении «Rapiscan», аз дохили кабинаи воситаи нақлиёт, дар кати хоби ронанда 3-халта маводи дорувории «Gelofusine» ба микдори 186 дона, 300 қуттича ба миқдори умумии 7500 ампула маводи дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», 7 қуттича ба миқдори 840 дона балзами «Clometasol 0.05%»-ро пинҳон намуда, мехост бидуни назорати гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Маводҳои дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», шомили гурӯҳи маводҳои психотропии дар тиб истифодашаванда буда, вазни холиси он 75 граммро ташкил медиҳад.
Намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Джефри Риденуар низ дар баромади худ, ки ба забони тоҷикӣ сурат гирифт, қайд намуд, ки ҳамкориҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 11:53


100% дуруст фикр кардӣ, хонанда. Номи матлаб русист: Или мы их, или они нас! Аммо ин бор барои ҳамешагӣ! Сухан сари баромади 150 шермарди Тоҷик аст, ки барои 1 тоҷики дигар, ки дар Маркази Савдои Москва (МСМ) рӯзи 20.09.2017 латукӯб шуда буд, ба майдон рехтаанд ва онҳоро пулиси рус дастгиру барои абадан алови чашми миллати моро гирифтан, шикор кардан дорад! Ба фикрам, ана ҳамин соатҳо бояд парлумони Тоҷикистон, агар ҳувияту ифтихору шарафи миллӣ дорад, ҳатман аз ин бачаҳо пуштгирӣ кунад. Дигар дер хоҳад шуд. Зеро дар хазина Шаъну Шарафи Миллати Тоҷик гузошта шудааст. Чизе, ки танҳо бо қабули қонуни Танзиму бандҳои таккондиҳандаи он наметавон ҳифз кард. Мард ҳастед, ана ба майдон бароед, мӯҳтарам депутатҳо. Мо метавонем!

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 11:30


Адабиёт оинаи зиндагист ва мебояд, ки дар ин оина ҳама бешу ками рӯзгори мардум равшану возеҳ акс ёбад. Адиб чун табиби мардум бояд бохабар аз ҳолу аҳволи тамоми қишрҳои ҷомеа дар шеъри худ вазъи иҷтимоии халқро инъикос намояд. Яке аз чунин адибоне, ки дар шеъри ӯ пеш аз ҳама вазъи ҷомеа, ҳаёту зиндагии мардум мақоми асосӣ дорад устод Давлати Раҳмониён аст. Барои тақвияти ин гуфтаҳо порчаеро аз шеъри «Таърихча»-и устод меорем:
…Пас аз 10 навбати лола,
Даме, ки дар миёни соқаҳои пунба межӯлид,
Сафи тайёраҳо аз боли таҳдиде, ки чун як дасти ёзида
Маҳобат дошт,
    барфи заҳр бориданд,
                                          субҳи сар фароз омад.
Ман он кӯдак
Ва ин мардам.
Устод дар шеъри боло аз замони кӯдакии худ, ки дар миёни пахтазорон сипарӣ мегашт, ёд овардааст. Дар замони Шӯравӣ бо тайёраҳо заҳр пошидан ба пахтазорон, ки ҷони садҳо одамро мерабуд, як ҳодисаи муқарарӣ шуда буд. Ин шоири дар воқеъ ҳақиқатнигорро натавонист ором гузорад. Аз ин ҷост, ки устод аз як воқеаи замони кӯдакии худ маънии баланди сиёсию иҷтимоӣ офарида, вазъи ҷомеаи шӯравии тоҷикро хеле моҳирона тасвир намудааст. Шеъри Раҳмониён ба ҷуз иҷтимоӣ будан, дорои арзиши баланди адабӣ низ ҳаст. Шеъри устод дар қатори шеъри иддае аз шоирони замони Истиқлолият, бар хилофи шеъри шӯравии адабиёти тоҷик, як робитаи қавӣ ва ногусастание бо шеъри адабиёти классик дорад. Аз ин рӯ, метавон шеъри Давлати Раҳмониёнро давоми мантиқии шеъри классик унвон кард. Дар робита ба ин, мо хостем, дар асоси ду санъати бадеӣ-эҷозу итноб, ки дар шеъри классик ба онҳо аҳамияти бузург медоданд ва ҳоло, мутаассифона, аз назари аҳли адаб афтодаанд, ба шеъри устод нигоҳи шогирдонае дошта бошем. Эҷоз дар луғат ба маънии «кӯтоҳ кардан» «кӯтоҳ овардан» аст ва дар илми баён барои маънии бисёр овардани лафзи андакро гӯянд:
Осмоно, чанд гардӣ, гардиши унсур бубин,
Об масту бод масту хок масту хор маст. (Мавлоно)
Дар шеъри Давлати Раҳмониён низ метавон намунаҳои барҷастаи санъати эҷозро пайдо кард, ки ин аз нуктасанҷии шоир дарак медиҳад. Мо дар овардани намунаҳо аз эҷодиёти шоир иктифо мекунем, таҳлили маъноии шеър ба хонанда ҳавола мешавад:
Музди лаби хамӯш расидам зи дасти дӯст,
Дар ман намонд зарра, ки қасди дуо накард.
Беҳтарин намунаи эҷоз он аст, ки бо зарбулмасалу мақолҳо ифода ёфта бошад. Дар ин навъи эҷоз фикр мӯъҷаз ва нишонрас баён мегардад. Агар ба байти дувуми дубайтии зер назар андозем, пас метавонем, намунаи ифодаи эҷоз бо зарбулмасалу мақолро пайдо кунем:
Дилам нақши пари парвона дорад,
Ки дар вай мурғи оташ хона дорад.
Раҳояш мекунам аз сина, охир
Куҷо девона сабри хона дорад?
Эҷозро ба 2 навъ ҷудо кардаанд: эҷози ҳазф ва эҷози қаср. Эҷози ҳазф эҷозест, ки дар он ҳазфи қисмате аз сухан ба амал ояд. Дар ин навъи эҷоз шоир аз такрори калима, ибора ё дигар унсури забон даст мекашад, вале маънии шеър халал наёфта, баръакс равшану возеҳ боқӣ мемонад. Масалан, дар ин байт:
Дар ин дӯзах кунад чун шӯъла бебок
Дили ман дар сари оташ иқомат.
феъл ҳазф шудааст, вале ба маънӣ халале ворид нагаштааст, баръакс феъли «иқомат кардан» ҳам ба калимаи «шӯъла» ва ҳам ба таркиби «дили ман» баробар хидмат карда, шеърро равон намудааст. Шоир аз такрори бемавқеи феъли  «иқомат кардан» парҳез кардааст, ки ин аз камоли маҳорати баланди шоирист. Эҷози қаср чунин суханест, ки аз сохтори дастурии он лафз ё вожае кам шудааст, вале ба расоию рӯшании он халал намерасонад. Миёни эҷози қаср ва эҷози ҳазф тафовут аст. Яке аз шаклҳои ифодаи эҷози қаср ин ифодаи эҷози қаср бо ишорот аст. Дар байти:
Аз дӯст бирафтам, ки ба худ боз биёям,
Дур аз ҳама дар сурати танҳоии хешам.
вожаҳои «дӯст» ва «сурат» вожаҳои ишоратианд, ки ба маънии ирфонии шеър ишора мекунанд ва хонанда ҳам барои дарки маъно ба қаринаи дигаре эҳтиёҷ надорад. Навъи дигари эҷози қаср ифодаи эҷоз бо талмеҳ аст. Шоир бо овардани қарина ба ҳодиса, воқеа ё шахси таърихӣ ишора мекунад ва маънии зиёдеро дар лафзи андак мегунҷонад:
Хуни ғам меравад аз дил ба найистони танам,
Пири Канъон, ҳазар аз фоҷиаи пираҳанам.
Дар байти боло шоир таркиби «пири Канъон»-ро мухотаб қарор дода, ба қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» ва падари Юсуф –ҳазрати Яъқуб ишора кардааст. Санъати эҷоз навъҳои гуногуни ифода дорад, вале бо ин намунаҳои дар боло овардашуда метавон мушаххас кард, ки дар шеъри Давлати Раҳмониён санъати эҷоз бо тамоми нозукиву нафосати бадеии худ истифода шудааст. Дар баробари эҷоз якчанд намунаи санъати итнобро низ аз назар мегузаронем. Маънии луғавии итноб «расанҳои хайма» (таноб) ва маънии истилоҳии он овардани лафзи зиёд барои маънои андак аст. Истифодаи бомавқеи итноб шеърро хушу гуворо ва равону хонданӣ мекунад, вале истифодаи бемавқеи он ба тафталогия оварда мерасонад. Итноб низ бар ду навъ аст: итноби эзоҳ баъд аз ибҳом ва итноби такрор. Дар итноби эзоҳ баъд аз ибҳом шоир ҷумлаи мубҳамеро оварда, дар шарҳи он ҷумлаи дигареро меорад:
Ду чиз шоири озодаро бигирёнад,
Ба оби дида бишӯяд хаташ, агар донад,
Ки то ҳаёт бувад, ёри ӯ намеояд,
Ки чун вафот кунад, шеъри ӯ намемонад.
Агар ба ин шеър диққат кунем, дармеёбем, ки се мисраи охир бар шарҳи мисраи аввал омадааст. Дар ин шеър мисраи аввал мубҳам ва мираъҳои баъдӣ шарҳи он мебошанд. Итноби такрор ба сурати такрори вожа, ибора, ҷумла ё мисраъ сурат мегирад ва навъҳои зиёди ифода дорад. Дар ин ҷо мо бо овардани як намуна аз шеъри «Хуни ғам»-и  устод, ки солҳои  90-уми асри гузашта эҷод шудааст, қаноат мекунем:
Дар дами кандани ҷон зинати авроди ман аст
Муфради «Во Ватанам! Во Ватанам! ВоВатанам!!!»
Аз ин мисолҳо бармеояд, ки санъати итноб ҳам дар эҷодиёти шоир корбурди васеъ дорад ва шоир бо истифодаи бомавқеи он тавонистааст, шеърашро боз равонтар гардонад. Итноб дар адабиёти классик яке аз санъатҳои маъмул буд ва ҳамеша дар паҳлӯи эҷоз шарҳу тафсир меёфт. Истифодаи итнобу эҷоз шеърро хушобуранг ва мондагор мегардонад. Миёни эҷозу итноб санъати дигарест, ки онро мусовот мегӯянд. Мусовот баробарӣ дар лафзу маънӣ аст:
Бузургони дурӯғин кам набошанд,
Бузурги ростинӣ, модари ҷон.


Мирзо Наврӯзи Ҷумъамурод
донишҷӯи соли 5-уми ДМТ

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 10:45


Нерӯҳои бехатарии Украина дастрасӣ ба меҳмонхонаи Лвовро, ки Михаил Саакашвилӣ баъд аз гузаштани марзи Полша бо Украина дар он мезист, маҳкам кард. Полиси Киев ҳодисаро шарҳ надодааст. Ба навиштаи матбуоти Украина, пеш аз зуҳр гурӯҳи бузурги хабарнигорон дар назди меҳмонхона ҷамъ шуд. Ёдрас мекунем, ки ҳафтае пеш Саакашвилӣ-собиқ президенти Гурҷистон ва раиси пешини вилояти Одессаи Украина ҳамроҳ бо ҷонибдоронаш сафи марзбонҳоро буррида, аз Полша ба Украина гузашт.

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 10:42


Футболисти маъруфу собиқадор-Азим Наимович Яқубови 56-сола (тел: 919 01 24 00) дар меҳмонии СССР гуфт, ки аз кӯдакӣ мухлиси футбол будаму дертар ва тадриҷан дар гурӯҳи футболистони номӣ-Рашид Раҳимов, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Манасян, Азимов, Ермолаев, Ҳаким Фузайлов… пайваста ва якҷоя футбол мезадем. Ҳамин муҳаббати ман ба футбол буд, ки 1 асари калонҳаҷмеро ҳафтае пеш таҳти унвони «От рассвета до расцвета: Футболные вершины «Памира» бо теъдоди 100 нусха дар матбааи «Ношири Сайҳун»-и ш.Хуҷанд ба чоп расонидам. Асар аслан дар шакли энсиклопедия асту ба таъриху фаъолияти ФК Помир бахшида шудааст, аммо мутаассифона, дар фурӯш нест ва шояд камтиражтарин китоб дар Тоҷикистон бошад! Зеро онро бо пули худам чоп кардам. Ҳарчанд барои нашр спонсор кофтам, касе дастгириям накарду баҳона ҷустанд, ки «ҳоло кризис аст, пул нест…!». Тамоми маълумоти энсиклопедиро дар 2 сол ҷамъ кардам… Ҳоло берун аз мавзуъ гуфтание дорам. Матлаберо дар шумораи гузаштаи СССР оид ба «дзюдо»-чиёни Тоҷик хонда, хело хандаам гирифт. Бовар кунед, ин шармандагист, вақте дар 7 сония мағлубат мекунанд!

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 10:36


Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон мақолаи «Домана аз Бохтар ба Вахш кӯчид» (СССР, №33, 17.08.2017) мавриди баррасӣ қарор дод. Бақайдгирии бемории домана дар н.Вахш зуҳуроти мавсимӣ дар фасли гармо буда, ба сабаби аз ҷониби сокинони маҳал риоя нашудани одитарин талаботи гигиенӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Сарфи назар аз чигунагӣ арзёбӣ шудани ҳолат тавассути роҳандозӣ гардидани тадбирҳои саривақтии зиддиэпидемиявӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва марказҳои ҳокимияти давлатӣ ва зери назорати қатъӣ ва ташхису муоинаи дақиқи табибону коршиносони сироятшинос қарор додани мизоҷони бо нишонаҳои бемории домана ба марказҳои сиҳатӣ муроҷиат намуда, вазъи эпидемикӣ дар н.Вахш муътадил буда, хавфи паҳншавии он дар байни аҳолӣ ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин, масъалаи бемориҳои сироятӣ дар маҷлисҳои назоратӣ мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар доираи чорабиниҳои доиркардашуда, соли ҷорӣ аз байни беш аз 67 тан миҷозони бо нишонаи бемориҳои меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳи нафас аз тарафи гурӯҳҳои сайёр дарёфт карда шуда, барои табобат гирифтан 26 нафари онҳо дар шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуда, дар 4 ҳолат бемории домана тасдиқи худро ёфтааст, ки нисбати ҳамин давраи с.2016 (7-4) 3 адад кам аст…

Сардор С.Маллазода

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 10:29


Салом ва дуруди бепоён ба СССРчиёни азиз! Чандин сол аст, ки СССРро ҳамеша гирифта мехонам ва чанд паёми электронии банда низ дар СССР чоп шудааст. 10 сол боз раисони мо ваъдахиловӣ мекунанд, ки “мо ин дафъа туро бо замин, ё хона таъмин мекунем...”. Аммо то ҳол ба ваъдаи худ содиқ намондаанд. Сабаби бо хона ё замин таъмин накардан ин аст, ки ман камбизоатаму маъюби гурӯҳи 2. Ва “тағо” ё маблағе ҳам надорам, ки ба онҳо диҳам, то ба ман кӯмак расонанд. Ба ҳама маълум аст, ки ноҳияи мо дар ин 26 соли соҳибистиқлолӣ ҳич обод нашудааст ва агар раисони мо ин гуна бошанд, ҳаргиз рӯи ободиро намебинем. Ман дигар намедонам, ки чӣ кор кунам ва арзамро ба кӣ бигӯям? Аз раиси имрӯзаи ноҳия-Раҳматулло Сафарзода эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки 1 бор маро наздаш қабул кунад ва ҳарфи маро бишнавад.

Бахтиёри Ҷабборзод,
деҳаи Ҳалқаҷар, н.Хуросон, тел: 911 11 88 17

Ҷумъа, 29 Сентябр 2017 10:26


Қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 1 сӯ боиси камтар шудани хароҷот дар тӯю маъракаҳо шуда бошад ҳам, вале дар татбиқи пурраи он ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд. Аз андешаҳои мардум бармеояд, ки онҳо хоҳони ҳар чӣ камтар кардани хароҷот ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳоянд. Мардум дар танҳоӣ ин корро ба сомон расонида наметавонад. Зеро дар баргузории ҷашну маросим мардум ба якдигар тақлид карда, дар бисот маблағи даркорӣ надошта бошанд ҳам, бо қарз маърака ороста, чанд соли дигар аз пайи пардохти қарзи гирифтаашон мешаванд. Аз ин боис, аксари ҷавонони навхонадор тарки ватан карда, муҳоҷир мегарданд. Дар маъракаҳои азодорӣ низ чунин ҳолат ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, барои муваффақ шудан ба татбиқи пурраи ин Қонун лозим аст, ки кори Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷоннок карда шуда, фаъолияти онҳо таҳти назорати қатъӣ карор дода шавад. Ин Комиссияҳо бояд аз рӯи қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда, дар кори онҳо ягон хел ёру ошнобозӣ ва “рӯи хотир дидан” ҷой надошта бошад...

Назари Наврӯз,
муаллим, ш.Душанбе

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 16

Китобҳо

Flag Counter