ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 24 Октябр 2018 15:22


Салом, СССР! Имсол н.Масчоҳ гумон аст, шуҳрати пешинаашро ба даст орад, зеро ҳашароти зараррасон нисбати солҳои гузашта хело бисёр буду зиёни худро ба кишоварзон бештар расонд, хосса, дар соҳаи пахтакорӣ… Дар пахтакорӣ ноҳия шуҳрати беандоза дошт, зеро бригадаҳои тафтишкунанда омада маслиҳатҳо дода, аз муваффақиятҳо ибрат гирифта, камбудиҳоро рӯирост мегуфтанд. Аммо солҳои охир ингуна вохӯриҳо дида намешавад. Соли ҷорӣ ҳар касеро мепурсед, ки «пахтаи шумо дар чӣ вазъ аст?», бо оҳи вазнин ҷавоб медиҳанд, ки «пахта дорем, лек ҳосил нест». Дар 10-га замин кишоварзон пахта кошта, аз тамоми воситаҳо истифода бурда, ҳоло ноумеданд. Ҳар кас ба таври худ заҳрхимикатро истифода бурд, бо дасту по ва бархе бо трактор дору пошида, ба ҳамдигар ба ҷои фоида зарар расониданд. Боймирзоев-сардори умури кишоварзӣ метавонист ҳамроҳи мутахассисонаш ба мардум роҳи ҳал нишон диҳад, лек ин тавр нашуд. Пас савол ба миён меояд, ки «олимони шуҳратпараст»-и аграрии мо ба чӣ кор машғуланд? Охир, ин муборизаи биологӣ аст-ку?

Зикриёи Дилшод,
н.Мастчоҳ, тел: 92 766 07 45

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 15:18


Роҳбарияти Ташкилоти Ҷамъиятии «Мушфиқи маъюбон» аз кору бори пурсамари шумо-сардабири СССР, муҳтарам Сайёфи Мизроб, сидқан миннатдор буда, барои амалҳои хайру эҳсонкории шумо сипосмандӣ менамояд. Тавассути ин муроҷиатнома умед бар он мебандем, ки дар ҳамкорӣ бо СССР метавонем ба аҳдофи дар назди ташкилотамон гузоштаи худ бирасем. ТҶ «Мушфиқи маъюбон» таҳти №206 аз 28.09.2007 дар Вазорати адлияи ҶТ номнавис шудааст. Он бо дастгирии худи маъюбон созмон ёфта, дар он асосан худи маъюбон кор карда истодаанд. Мутаассифона, ташкилоти мо имрӯз ба мушкилоти зиёди молиявӣ ва иқтисодӣ ниёз дорад. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш ва илтимос менамоем, ки ҳамкориро ба ташкилоти мо ба роҳ монда, мушкилоти моро ба инобат гирифта, дасти ёрии бародарона дароз намоед. Шумораи аъзои ташкилот 400 нафар аст, ки ҳамагӣ маъюби гурӯҳи 1 мебошанд.
Кам бувад дасти ҷавонмардӣ дар ин дунёи пир,
Ҳар кӣ моро даст гирад, эй Худо, дасташ бигир!
Қаблан барои дастгирии Шумо арзу сипоси самимият менамоем.

Бо эҳтироми самимият,
Неъматулло Айниддинов, роҳбари ташкилот,
тел: 907 96 70 82

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 15:18


Роҳбарияти Ташкилоти Ҷамъиятии «Мушфиқи маъюбон» аз кору бори пурсамари шумо-сардабири СССР, муҳтарам Сайёфи Мизроб, сидқан миннатдор буда, барои амалҳои хайру эҳсонкории шумо сипосмандӣ менамояд. Тавассути ин муроҷиатнома умед бар он мебандем, ки дар ҳамкорӣ бо СССР метавонем ба аҳдофи дар назди ташкилотамон гузоштаи худ бирасем. ТҶ «Мушфиқи маъюбон» таҳти №206 аз 28.09.2007 дар Вазорати адлияи ҶТ номнавис шудааст. Он бо дастгирии худи маъюбон созмон ёфта, дар он асосан худи маъюбон кор карда истодаанд. Мутаассифона, ташкилоти мо имрӯз ба мушкилоти зиёди молиявӣ ва иқтисодӣ ниёз дорад. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш ва илтимос менамоем, ки ҳамкориро ба ташкилоти мо ба роҳ монда, мушкилоти моро ба инобат гирифта, дасти ёрии бародарона дароз намоед. Шумораи аъзои ташкилот 400 нафар аст, ки ҳамагӣ маъюби гурӯҳи 1 мебошанд.
Кам бувад дасти ҷавонмардӣ дар ин дунёи пир,
Ҳар кӣ моро даст гирад, эй Худо, дасташ бигир!
Қаблан барои дастгирии Шумо арзу сипоси самимият менамоем.

Бо эҳтироми самимият,
Неъматулло Айниддинов, роҳбари ташкилот,
тел: 907 96 70 82

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 14:50


Дон, ки аз ҳад бигзарӣ расво шавӣ!!!

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 10:01


   Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулари» аз моҳи ноябри соли ҷорӣ парвозҳои хешро аз Тошканд ба Душанбе зиёд менамояд. Минбаъд парвозҳо аз Тошканд ба пойтахти Тоҷикистон ҳафтае 2 маротиба-рӯзҳои душанбе ва панҷшанбер сурат гирифта, ин амал ба хотири фароҳам сохтани шароити мусоид барои парвозҳои мусофирон тавассути Тошканд ба Аврупо ва Амрико роҳандозӣ карда шудааст.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар намояндагии ширкати мазкур дар Душанбе хабар доданд, шурӯъ аз 29.10.2018-мавсими зимистонаи парвозҳо, ҳавопаймоҳои ширкати «Ӯзбекистон хаво йулари» рӯзи душанбеи ҳафта соати 21:00 аз Тошканд ба самти Душанбе парвоз карда, аз Душанбе ба Тошканд вақти парвоз 23:15 сурат хоҳад гирифт. Рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта бошад парвоз аз Тошканд соати 01:00 анҷом дода шуда, аз Душанбе бошад соати 04:00 ба нақша гирифта шудааст.
   Ин тағийрот дар нақшаи парвозҳо пас аз муроҷиати мусофирони зиёд, ки аз Душанбе ба воситаи Тошканд ба кишварҳои хориҷаи дуру наздик парвоз мекунанд, роҳандозӣ шудааст. То ин дам бошад парвозҳо аз тарафи ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонӣ дар самти Тошканд-Душанбе-Тошканд танҳо ҳафтае 1 маротиба-рӯзи сешанбе анҷом дода мешуд.

СССР


Чоршанбе, 24 Октябр 2018 09:57


Имрӯз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии ҳамроҳонаш тибқи даъвати раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Валентина Матвиенко барои иштирок дар Форуми шашуми байнипарламентии «Россия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» ба ш.Москваи Федератсияи Россия сафар кард. Гуфта мешавад, ки сафари кории Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар шаҳри Москва то 26.10.2018 идома ёфта, тибқи барномаи сафар раиси Маҷлиси миллӣ пагоҳ дар кори Форум ширкат ва суханронӣ менамояд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти МММО-и кишвар хабар доданд, дар доираи Форум мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Россия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии ФР Вячеслав Володин дар назар дошта шудааст.
   Бояд зикр намуд, ки Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикис¬тон: нерӯи ҳамкории байн謬мин¬тақавӣ» таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардида, дар кори он  аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, роҳбарият ва аъзои Ҳукумати Федератсияи Россия, субъектҳои он ва доираи васеи соҳибкорони ҳарду кишвар ширкати фаъолона меварзанд.
    Дар ҳошияи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва панҷ мизҳои мудаввар оид ба мавзуъҳои: Такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳимми ҳамкориҳо, Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ — тақозои замон, Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, саноати хӯрокворию маҳсулотбарорӣ (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо, Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, доир мегарданд.
   Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар ин сафар Президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ¬лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТШавкат Бобозода ҳамроҳӣ намуданд.
   Ширкаткунандагони Форуми навбатии байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсусро ба такмилу таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо, ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва дигар самтҳои дахлдори тарафайн тавассути  истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда равона хоҳанд кард.


Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 14:40


Тибқи иттилои БМТ, қурби доллар ва евро дар кишвар тақрибан бетағйир монда, рубл боло рафтааст. Инчунин БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ аст ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад. Тибқи иттилои БМТ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши $ дар муассиcаҳои молиявии Тоҷикистон 9.43 сомонӣ ва арзиши фурӯши 1 евро аз 10.9175 то 10.9000 сомонист. Қурби рубли русӣ дар кишвар каме боло рафта, 1 рубл 0.1435 то 0,1440 сомонӣ арзиш дорад.

Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 14:38


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Парлумони Тоҷикистон дар пайи ҷонибдории Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба қонун "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" аз Шамсиддин Орумбекзода-вазири фарҳанг хостори беҳбуди фаъолияти китобхонаҳо дар навоҳии кишвар шуд. Ӯ дар хитоб ба вазир гуфт: “Дар яке аз ноҳияҳои калон ҳамагӣ 3 китобхона ҳаст. Яке дар маркази ноҳия, дуи дигар китобхонаҳои назди мактабҳо буданд. Дар ҳоле, ки ин ноҳия бештар аз 10-11 ҷамоат дорад. Мо тамоми маълумотро аз планшет мегирем, вале китоб беҳтару муҳим аст. Чунки тавассути интернет таблиғи гуногун мешавад. Китоб ин гуна хусусиятро надорад”.

саҳ 3 аз 13

Китобҳо

Flag Counter