ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 14:28


Мақомоти умури дохилии ш.Душанбе аз сеҳру ҷодукории Дилафзо Бобоева сокини 42-солаи н.Шоҳмансури пойтахт хабар дод. Ҳоло алайҳи Бобоева протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намудаи ҷарима таъин гардидааст. Ба қавли ин ниҳод, ӯ ба сеҳру ҷоду машғул шуда, бо воситаҳои гуногун - қулфу олоти гург “бахткушоӣ” мекардааст. Бино бар диагнози мақомот, дуоҳои Бобоева - ғалат, табобаташ – дурӯғ ва тумору таштобаш ба Қуръон номувофиқ будаанд.

Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 10:56


Баъди беш аз 20 соли омӯзгорӣ ва хизмат дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба нафақа баромада, пиёда сайри ҷаҳон карда истодаам. То ҳол беш аз 40.000 км роҳро тай намуда, Афғонистону Покистон, Ҳиндустон, Шри Ланка, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркияю Эрон, Арабистони Саудӣ ва тамоми ҷамоҳири ИДМ-ро пиёда гаштаам. Шукр мекунам, бо дастури мири шаҳр дар қатори роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ба ман ҳам насиб шуд, ки дар дохили Хонаи Каъба намоз бихонам.
Дар мамолики хориҷӣ хабарнигорони расонаҳои гуногун аз ман мепурсанд, ки чаро бо вуҷуди 70-сола буданам чунин чаққон ба назар мерасам? Аз фурсат истифода бурда, обу ҳаво ва меваҳои шаккарини Тоҷикистонро васф мекунам. Чун мепурсанд, ки бо худ кадом доруҳоро мегиред, ман доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш тайёркардаи ширкати ватании «Авитсенна»-ро нишон медиҳам. Воқеан, нӯшдоруи «Авитсенна», ки аз 26 намуд гиёҳҳо тайёр шудааст, нерӯи муҳофизатии ҷисмро қувват бахшида, фаъолияти ҷисмонии касро баланд мебардорад. Он дорои хусусияти қувватбахшандаи умумӣ, оромкунандаи асаб, зиддиилтиҳобӣ, оромкунандаи дард, шифобахшандаи захм буда, қанди хунро паст ва дарди гурдаю вараму захми меъдаро бартараф менамояд. Хориҷиҳо ҳайрон мешаванд, ки чӣ хел дар Тоҷикистон чунин давои ба қавле «универсалӣ» истеҳсол мекунанд. Ман бо фахр мегуфтам, ки наберагони Сино ин гуна ихтироотро зиёд кардаанд. Чанде пеш баъди сафари Ӯзбекистон тавассути ш.Тошканд ба Хуҷанди бостонӣ рафта, муддате дар табобатгоҳи физиотерапевтӣ истироҳат кардам. Барои хизматрасонии хушсифат ва муомилаи олидараҷа ба тамоми кормандони ин муассиса аз директор сар карда, то фаррош арзи сипос мекунам.
Азбаски нӯшдоруи «Авитсенна» дар борхалтаам тамом шуда буд, хостам аз дорухонаҳои ш.Хуҷанд нӯшдоруи ватаниро захира карда, сафарамро идома диҳам. Мутаассифона, ба чанд дорухонаи ш.Хуҷанд рафта, ноумед баргаштам. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки ҳамагӣ 8%-и доруҳои бозори дорувории мамлакат ба корхонаҳои ватанӣ тааллуқ дорад. Агар муносибат бо маҳсулоти ватанӣ чунин бошад, шояд 2-3 сол баъд ин нишондиҳанда аз будаш камтар шавад. Фахри миллии табибону провизорҳо куҷо шуд? Духтуронро лозим аст, ки ба ҷои доруҳои хориҷӣ аввал доруҳои табиии истеҳсоли ватаниро ба бемор тавсия диҳанд. Ҳангоми дар истеҳсоли ватанӣ набудани доруи зарурӣ он гоҳ доруи воридотиро тавсия бояд дод.
Кормандони дорухонаҳоро низ лозим аст, ки гӯшаи доруҳои истеҳсоли Тоҷикистонро дошта бошанду ба мизоҷон дар мадди аввал доруи ватаниро пешниҳод кунанд. Медонам, ки ширкатҳои хориҷии дорусозӣ бо собиқаи 50-100-солаашон хеле бой, ба духтурону провизорҳо ҷоизаҳо пешниҳод мекунанд. Ширкатҳои ватанӣ чунин имконро надоранду мисли тифли нав роҳгардиро ёдгирифтаанд. Агар ҳаряки мо аз духтуру провизор сар карда, то муҳандису омӯзгору коргари оддӣ ба маҳсулоти ватанӣ арҷ гузорем, баъди чанд сол дар хориҷа маҳсулоти «Made in Tajikistan»-ро дида ифтихор хоҳем кард.

Абдулазиз Раҷабов,
бо тахаллуси «Ҳоҷӣ-пиёда», н.Ҳамадонӣ

Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 10:51


Дар газетаи мардумии СССР (№37(522), 13.09.2018) мақолаи сардабир Сайёфи Мизробро бо номи «Шараф ва Марш…(ировка)»-ро хондам. Бо афкори муаллиф 100% мувофиқам. Зеро яке аз дардҳои ҷомеъаи имрӯзаро ба қалам додааст. Дар ҳақиқат, чорабиниҳо дар давлати мо хело бисёр гузаронида шуда, барои таҷлили онҳо аксаран хонандагон ва донишҷӯён сафарбар мешаванд. Эшон дар чорабиниҳо бо дили хоҳам-нохоҳам иштирок менамоянд. Зеро аз рисолати аслиашон-илмомӯзӣ дар канор мемонанд. Агар маршировкаҳо 1 рӯз мегузашт ҳеҷ гап набуд. Лек он хеле тӯлонист!
Маршировкаҳо ҳамаи онҳоеро, ки дар гузаронидани он вобаста шудаанд, дилбазан ва хаста мекунад, ҳам омӯзгорон, ҳам донишҷӯён, ҳам хонандагон аз ин амал норозианд. Лекин илоҷ надоранд. Аён аст, ки маршировкаҳо зарари бештар меоваранд. Зеро ба иштирокчиён сару либос, хӯрду хӯрок, нақлиётпулӣ сарф мешавад. Аз масъулини чорабиниҳои ҷашнӣ дархост дорам, ки хонандагону донишҷӯёнро дигар ҷалб накунанд. Бигзор ба илму дониш машғул шаванд. Ба ин гуна чорабиниҳо онҳое машғул шаванд, ки фарҳангиянд. Масалан, гурӯҳи махсуси театрӣ, гурӯҳи махсуси рақсӣ, сарояндагон, варзишгарон, артистони сирк...
      
Ҷои маршировка пахтачинӣ баред!
Дар замони СССР ҳам сафарбаркунии хонандагон ва донишҷӯён вуҷуд дошт, лек онҳоро на барои маршировка, балки барои ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб мекарданд. Аз охирҳои моҳи сентябр сафарбаркунӣ оғоз мешуд. Хонандагони мактаб дар маҳалҳои худ то иҷро шудани плани пахтасупорӣ пахта мечиданд. Донишҷӯён колонна шуда, барои пахтачинӣ ба ноҳияҳои водии Вахш сафарбар шуда, то 7 ноябр-ҷашни ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, пахтачиниро дар ноҳияҳои вобасташуда давом медоданд. Дар арафаи иди 7 ноябр боз колонна шуда ба пойтахт бармегаштанд. Рӯзи 7 ноябр дар паради ҷашнӣ иштирок мекарданд. Баъди ин донишомӯзиро давом медоданд. Агар плани пахтаро иҷро накарда бошанд, боз ба пахтачинӣ мефиристоданд.
Ин сафарбаркунӣ зарар намеовард. Чунки донишҷӯ пули пахтаи чидаашро мегирифт. Инчунин фасли баҳор дарсҳои иловагӣ гузаронида мешуд. Ҳам хонандагон ва ҳам донишҷӯён мавзӯъҳои дар вақти пахтачинӣ нагузаштаи дарсҳоро азхуд мекарданд…

Саттор Бобохонов,
муаллим, н.Ҷ.Балхӣ

Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 10:48


Дар Ингушетия эътирозҳои зидди табодули замин бо Чеченистон идома доранд. Даҳҳо нафар шаби гузаштаро дар назди бинои порлумони Ингушетия дар ш.Магас рӯз карданд. Президенти Ингушистон Юнусбек Евкуров шаби гузашта аз тазоҳургарон хост, пароканда шаванд ва пиронсолону кӯдаконро бо худ бубаранд. Ахиран раҳбарони Ингушетия ва Чеченистон-Евкуров ва Рамзан Қодиров қонуни таъйини хати марз миёни 2 ҷумҳуриро имзо карданд, ки табодули баъзе аз минтақаҳоро пешбинӣ мекунад. Вале бештари сокинони Ингушетия ба ин қарор зиданд. Қодиров қаблан аз сокинони Ингушетия даъват кард, ки ба эътирозҳо хотима диҳанд: "Агар ҷанг хоҳед, ман зид нестам", - гуфтааст Қодиров.

Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 10:47


Президенти Русия Владимир Путин зери маҷмӯи қонунҳо дар бораи ислоҳоти низоми нафақа имзо гузошт. Акнун синни нафақа дар Русия тадриҷан барои мардон то ба 65 ва барои занҳо то 60 боло бурда хоҳад шуд. Дар аввал пешбинӣ мешуд, ки синни нафақа барои занон дар Русия то 63 боло бурда шавад. Ҳоло таҳлилгарони сиёсии Русия пас аз таҳияи лоиҳаи ислоҳоти нафақа поинравии карераи Путинро дар раддабандиҳо дидаанд. Дертар Путин пешниҳод кард, ки ислоҳотро сабуктар кунанд ва барои раҳбароне, ки кормандони худро 5 соли пеш аз нафақа барканор мекунанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ карда шавад.

Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 10:39


Рето Вейерман, сокини кишвари Швейтсария меҳмони газетаи мардумии СССР шудаву гуфт, ки аз соли 2000-ум ба Тоҷикистон рафтуо намуда, мамлакати моро хеле дӯст медорад. Ин аст, ки соле 2 маротиба ҳатман ба ватани мо меояд, аммо омодагӣ ба ин сафари охиринаш каме тӯлонитар анҷом ёфт.
-Аввал ин, ки ҳодисае, ки тобистони соли равон дар Тоҷикистон сурат гирифт, манзурам террори вело-сайёҳон, аз он ҷумла, 2 ҳамватани ман низ, дар Швейтсария вокуниши зиёд ба бор овард. Тамоми матбуот дар ин бора гуфтанду навиштанд ва таъкид ҳам карданд, ки аз рафтан ба Тоҷикистон худдорӣ намоед. Вале ман ба ҳар нафаре, ки дар ин бора сӯҳбат мекард, мегуфтам, ки чӣ, магар дар Аврупову Амрико ё Африқову Осиё теракт намекунанду одам намекушанд? Ҳатто сафари маро бо ин сабаб 1 моҳ дуртар карданд, лек новобаста аз ҳама ин ман имрӯз меҳмони Тоҷикистони азизам ва мафтуни меҳмоннавозии дӯстони Тоҷикам шудаам. Ман Тоҷикону Тоҷикистонро дӯст медорам ва боз меоям!!!

Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 10:29

Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 10:24


(номаи кушода ба сардабир)

саҳ 4 аз 13

Китобҳо

Flag Counter