ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 12 Октябр 2018 15:36


 Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37-солаи сокини ш.Хуҷандро бо гумони қасдан расонидан зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
 Бино ба итиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, номбурда, рӯзи 9.10.2018, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо бародараш, марди 40-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 3 маротиба ба шиками ӯ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҷумъа, 12 Октябр 2018 15:31


Давлаталии Саид-муовини аввали сарвазири ҶТ рӯзи 11.10.2018 дубора Президенти Федератсияи Шоҳмоти кишвар таъин шуд!
Мавсуф, ки яке аз ҷавонтарин узви ҳукумат тӯли даҳсолаи ахир маҳсуб мерафт, бори нахуст дар соли 2014 президенти ин ниҳод интихоб гардида буд. Дар тӯли 4 соли ахир соҳаи Шоҳмот дар кишвар сахт рушд кард, ки ин ҳамаро ба фаъолияти Саид баста мекунанд.
Минҷумла шоҳмотбозони Тоҷик дар аксари мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат варзида, соҳиби хол да рейтинги ФИДЕ (FIDE - World Chess Federation) шуданд. Барои нахустин бор дар таърихи кишвар, яке аз давраҳои сабқати Ҷоми Ҷаҳонии Шоҳмот дар осоишгоҳи Хоҷаобигарм доир шуд.
Бузургтарин дастоварди Шоҳмот ин ҳам шуд, ки ин бозии ақлонӣ ба консепсияи рушди маориф роҳ ёфт ва дур нест, ки дар ҳама макотиби кишвар Шоҳмотбозӣ омӯзонида шавад.
Ҳамзамон сар аз соли ҷорӣ дар ҶТ Консепсияи нави рушди Шоҳмот таҳия ва пешниҳод мегардад. Давлаталӣ Саид гуфтааст, солҳои наздиктарин дар пойтахти кишвар ш. Душанбе Маркази махсуси Шоҳмотро бунёд мекунад.

М. Мубориз,
Барандаи Ҷоми Шоҳмот дар Спартакиадаи РСС Тоҷикистон дар соли 1979

Махсус барои СССР

Ҷумъа, 12 Октябр 2018 15:24


   Пагоҳ, 13.10.2018 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсии пойтахт ҷашни Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба ин ҷашн даъват менамояд.
   Гуфта мешавад, ки ин ҷашн соати 9:00 шурӯъ шуда, инчунин баргузории барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайругашти оммавӣ дар назар аст.

Ҷумъа, 12 Октябр 2018 15:13

Ҷумъа, 12 Октябр 2018 11:46


Имрӯз  дар ш.Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори  худ оғоз мекунад.
Гуфта мешавад, ки пеш аз оғози ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирон таҳти раёсати сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода доир гашта, барои иштирок дар ин ҷаласа сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев,  сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии даъватшуда ба Душанбе ташриф овардаанд.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯро масоили рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар доираи СҲШ дар бар гирифта, қарор аст роҳбарони ҳайатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рафти татбиқи Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, кори Шӯрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ намоянд.

Ҷумъа, 12 Октябр 2018 10:59


Даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1 октябр то 30 ноябр идома мекунад. Дар ҳар даъват ба сафи артиш аз 15 то 16.000 ҷавони аз 18 то 28-сола қабул мешаванд. Ҷамъи афроди синну соли даъватӣ дар кишвар беш аз 600.000 гуфта мешавад, вале донишҷӯён ва ҳам онҳое, ки саробони ягонаи хонаводаанд, аз хидмати низомӣ озоданд. Дар вилояти Хатлон ҳамасола ноҳияи Носири Хусрав пеш аз ҳама даъвати сафарбариро иҷро мекунад. Садриддинзода Нуриддин Талбак раиси ноҳия ин хабарро дар сӯҳбати СССР тасдиқ карда гуфт, «дар муддати 11 рӯзи аввал даъвати тирамоҳиро 100% иҷро кард. Ягон нафар аз ҷалби маҷбурии «облава» шикоят накардаанд. Гарчанде ноҳияи мо аз хурдтарин дар вилоят ба шумор равад ҳам, ҷавонон бе ягон зӯроварӣ-«облава» ихтиёран ба сафи артиш омаданд. Кӯшиш мекунем, дар дигар даъвати сафарбарии сарбозон эстафетаро идома диҳем».

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 18:09

Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 15:52

саҳ 7 аз 13

Китобҳо

Flag Counter