ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 24 Октябр 2018 16:31

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 16:23

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 16:19


Ҳоҷӣ Абдулазиз, маъруфтар бар исми мустаори Ҳоҷӣ-Пиёда, ки борҳо зиёрати Каъбаро пои пиёда гузоридаву даҳҳо кишвари оламро давр задааст, ин бор ба Қафқоз рафт.
Хонандаи некбин медонад, ки Ҳоҷӣ-Пиёда бори охир, пеш аз сафар, дар газетаи мардумии СССР матлабе нигошта, шиква карда буд, ки чаро доруҳои ватании хуҷандӣ, ки дар хориҷа дастрасанд, дар худи вилояти Суғд ба фурӯш намераванд.
Ва инак хушхабари навбатӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз рӯзи 18.10.2018 дар Қизил Юрти Доғистон, шахсан бо Ҳабиб Нурмагомедов-ғолиби Макгрегор дар версияи UFC-ММА во хӯрда, ба ӯ ҷомаи Тоҷикӣ ва тоқии чакани миллӣ бо навиштаҷоти КӮЛОБ пӯшонид ва аз харбузаҳои ватанӣ, ки шахсан худаш пиёда бурдааст, тӯҳфа намуд.
Ҳабиб, ки ҳаводор ва дӯсти Тоҷикон аст, ин ҳамаро бо хушнудӣ пазируфта, салому сипоси худро ба мухлисини Тоҷикистонияш баён дошт.
Хотиррас мешавем, ки қаблан Рамазон Қодиров-президенти Чечня ва Владимри Путин-президенти Русия Ҳабиб Нурмагомедовро қабул ва табрик карда буданд.
Мо метавонем!

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 15:48


Вазорати молия мақолаи сокини ш.Бохтар Б.Назаровро бо номи «Ёрдампулии мо куҷо шуд?» (СССР, 12.07.2018, №28(513) мавриди таҳлил қарор дод. Нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» таъин шуда, тибқи моддаи 45-и Қонуни мазкур ба баъзе категорияи нафақахӯрон имтиёз пешбинӣ карда шудааст. Тибқи он ба иштирокчиёни ҶБВ ва дигар иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ ҷиҳати ҳимояи Ватан ба андозаи 75%-и нафақаи ҳадди ақалл аз рӯи синну сол ҳармоҳа иловапулӣ муқаррар карда шудааст. Вазорату идораҳои сохторҳои ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ банди 23 қарори Ҳукумати ҶТро аз 18.07.1996, №332 асоснок намуда, аз с.2013 ҷиҳати ба иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ (солҳои 1992-94) пардохти чунин иловапулиҳо қарор қабул карданд. Ҳол он, ки қарори мазкур аз с.1996 мавриди амал қарор дошт ва то майи с.2013 ба иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ чунин иловапулӣ пардохт карда нашудааст. Вобаста ба эроди дигари шаҳрванд Назаров оид ба пардохт нашудани фарқияти зиёдшавии нафақаи шаҳрванд аз ҷониби Вазорати молия бояд гуфт, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2016, №259 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.06.2016, №697» аз 1.09.2016 нафақаи нафақахӯрони сохторҳои низомӣ аз нав ҳисобӣ карда нашудааст. Дар робита ба гуфтаҳои боло бояд гуфт, ки далелҳои овардашудаи Б.Назаров асоси воқеӣ надошта, таъмини нафақаи шаҳрванд дар доираи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ амалӣ гардида истодааст.
Муовини вазир М.Ҷонмамадзода

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 15:44


17.10.1991. Дар СССР оператори ГласНет, аввалин шабакаи дастрасӣ ба Интернет ба фаъолият шурӯъ кард.
18.10.1920. Аз 18 то 21 октябр дар бинои Хонаи матбуоти Маскав якумин Анҷумани нависандагони пролетарӣ оғоз шуд. Дар он Оинномаи Иттифоқи умумирусиягии нависандагони пролетарӣ қабул карда шуд ва Иттифоқи нависандагони пролетарӣ созмон ёфт.
18.10.1918.Дар РСФС Декрети таъсиси ҷумҳурии мухтори Қрим дар ҳайъати РСФСР ба тасвиб расид. С.1954 мухторияти Қрим барҳам дода шуд ва Қрим ба вилоят табдил ёфт. С.1954 бошад Никита Хрушев ин вилоятро ба РСС Украина ҳадя намуд.
18.10.1929. Нахустин парвози тайёраи мусофирбари "К-5", ки онро муҳандис К.А.Калинин тарроҳӣ намуд. "К-5" аввалин тайёраи шӯравӣ шуд, ки бо теъдоди зиёд сохта мешуд. Он то с.1940 асоситарин тайёраи мусофиркаши Аэрофлот ба шумор мерафт.
18.10.1941. Дар пойтахти Япония-шаҳри Токио яке аз маъруфтан ҷосусони шӯравӣ Зихард Зорге (Рамзай) ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ аз зумраи ҷосусони дараҷаи аввали шӯравӣ маҳсуб меёфт, ҳатто рӯзи дақиқи ҳуҷуми Гитлерро ба СССР хабар дода буд.

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 15:32


Оби тоза
18.10.1941 дар пойтахти Япония-шаҳри Токио яке аз маъруфтарин ҷосусони шӯравӣ Рихард Зорге ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ аз феврали с.1932 то октябри с.1941 ба ҳайси намояндаи хадамоти ҷосусии ҳарбии шӯравӣ (ГРУ) дар Япония кор мекард. Ҷеймс Бонди шӯравӣ тавонист дар кишвари самурайҳо гурӯҳи муташаккили ҷосусиро созмон диҳад, ки ба он журналист Ходзуми Одзакӣ, радист Макс Клаузен, Юранко Вукелич ва рассом Ётоку Миягӣ шомил мешуданд. Ӯ ба боварии сафири Олмони фашистӣ, дар Япония даромада, ҳатто ба мушовири ӯ табдил ёфт. Бо ин кор ӯ на фақат маълумоти бисёр арзишмандро меёфт, балки ба раванди ҳаводиси муҳими сиёсӣ низ таъсир мегузошт. Зорге барҳақ зиндагии бисёр тазоддеро пушти сар кард. Ин коммунисти немис баъди он, ки ҲК дар Олмон мамнӯъ шуд, ба СССР омада, узви Комминтерн ва ба сафи муборизон барои ғалабаи ҷаҳонии коммунизм шомил шуд.

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 15:29


Узви Ихвон-ал-СССР, Давлатшоҳ Исроилов аз кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки дар шаҳри мо каму ғам не, шояд беш аз 100 адад аптека амал кунад, аммо доруфурӯшон нарху навои доруҳоро ба хости худ гузошта, корафтодагонро фиреб медиҳанд. Банда 1 сол боз аз дарди дасти чапам азият мекашам, радикулит ҳам дорам ва ба ҳисоби миёна қариб 2 кг дору истифода кардаам, аммо ҳич не, ки шифо биёбам. Барои шифо ёфтанам аз мазҳои “Пардифен”, “Бол-нол”, “Синепар-актив”, “Випросал”, ҳаб-таблеткаҳои “Пардифен”, “Баралгин”... истифода бурда бошам ҳам, ҳаргиз фоидаашро надидам. Дар даврони собиқ СССР кадом намуди доруе, ки истифода мебурдед, таъсир дошту шифо меёфтед ва доруфурӯш раҳмат ҳам мегуфтед. Доруҳои имрӯза аз химикат холиянду бетаъсир. Аммо ба кӣ мегӯӣ? Ба ин суолу мушкили мо кӣ бояд посух бигӯяд?

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 15:27


Узви Ихвон-ал-СССР, муаллим Зиёвиддин Ҷамолзода аз ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки чанд шумора пештар дар СССР “Ҷӯгиҳо тоҷиканд?” ном матлабро хонда будам. Худованд ҳеҷ гоҳ ризқи ҷӯгиро ба сари ягон Тоҷик бор накардааст. Вале чаро занҳои маҳаллии мо дар бозорҳо кору зиндагӣ мекунанду лӯлиҳо не? Чаро мардҳои мо ба Русия мераванду ҷӯгиҳо не? Чаро фарзандони хонаводаҳои Тоҷик ба хизмати ҳарбӣ мераванду ҷӯгиҳо не? Ҳама айби худи мост, ки ҷӯгӣ хонаамон омад, пулу либосу нону ашё додем, барои ҳамин дигар кор намекунанд. Яъне онҳоро мо тайёрхӯр кардем. Ҳукумат бояд дар нисбати ҷӯгиҳо 1 қарор барораду дар Тоҷикистон ҷорӣ кунанд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ аввал онҳоро ҷарима, баъд мӯҳлати ҷазо муайян намоянд. Аҷибаш ин аст, ки ҷӯгӣ-лӯлиҳо дар Россия худро Тоҷик номида, даст ба дарюзагию гадоӣ мезананд.

саҳ 2 аз 13

Китобҳо

Flag Counter