ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 01 Ноябр 2018 09:57


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, муаллими собиқадор Мирзоҳикмат Маҳкамови 76-сола, собиқадори меҳнат, аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфара бо телефони 98 799 64 05 ба СССР занг задаву гуфт, бовар мекунед, мо дар 1 рӯз ҳамагӣ 2 соат барқ дорему халос. Тасаввур кунед, онҳое, ки дар хона бемори вазнин дошта бошанд, чӣ кор мекунанд? Хохиш мекунам, ба ин мушкили мо Ширкати Барқи Тоҷик посуҳ диҳад. Зеро мардуми ноогоҳ дар ин бебарқиву сардӣ ҳар чӣ фикр кардан доранд. Расман шарҳ бидиҳанд, ки иллат дар чист…

Панҷшанбе, 01 Ноябр 2018 09:53


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар бораи болоравии нарху навои таъомҳо дар ошхонаҳои навоҳӣ ва пойтахт гуфтаниям. Ман ҳайронам, ки соҳибони ошхонаҳо барои чӣ тамоми анвоъи таъомро қимат дар фурӯш мегузоранд? 1 хӯроки маъмулӣ 30-35 сомонӣ, 1 порси пиёба 15 сомонӣ ва ғайра... Беҳтараш бо ин рафтор мусалмониро ба гардан нагирем. Одамоне, ки бо маош зиндагӣ мекунанд, албатта, зӯрашон намерасад, ки ақаллан моҳе 1 бор рафта, дар ошхонае дилхушӣ таом хӯранд ва бо дӯстон чақ-чақ кунанд…

Мансур Исмоилзода,
донишҷӯ, н.Турсунзода

Панҷшанбе, 01 Ноябр 2018 09:51


Матлаби «Майдончаи варзишӣ таваққуфгоҳ шуд» (СССР, №39, 27.09.2018), ки бо имзои сокини ш.Панҷакент О.Сатторова нашр шудааст, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муаллиф майдончаи назди бинои 5-қабатаи истиқоматиро, ки дар наздикии бозори шаҳр ҷойгир аст, дар назар дорад. Он ҷо ба хотири пешгирии тамбашавии нақлиёт истгоҳи мошинҳо ташкил шудааст. Бунёди майдончаи варзишӣ дар ин мавзеъ, ки назди роҳи мошингард воқеъ аст, пешбинӣ нашудааст. Барои бартараф кардани тамбашавӣ дар ин мавзеи серодаму сернақлиёт тадбирҳо андешида мешавад.

М.Сафарзода,
муовини якуми раиси шаҳр

Панҷшанбе, 01 Ноябр 2018 09:48


Қонунҳои Ҳукумати ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Файзобод чӣ тавр амалӣ мегардад? Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия қонуни танзим бо маънои томаш риоя намешавад. Забҳи чорво, оростани хон, аз меъёр зиёди маводи хӯрока, 2 намуди таом бо харҷи зиёд, гузаронидани тӯйю маъракаҳои дабдабанок, даъват кардани ҳофизону раққосаҳо… мушоҳида мешаванд. Чанде пеш дар деҳаи Фатҳобод, дар маъракаи хусравоние иштирок доштам, ки хона пур аз одам буд. Байни хона хони пур аз меваю нӯшокиҳои минералӣ, маҳсулоти қаннодӣ, кулча, самбусаю манту… гузоштаанд, ки агар хароҷоти онро ҳисоб кунем бештар аз 500-600 сомонист. Муллою махсумеро аз ҳама боло ҷой доданд. Соҳиби маърака дар 2 лаълӣ 2-3 кг гӯшти обҷӯшон, бирён ва кабобро оварда, наздашон гузошт. Ҳар 2 гӯштҳоро дар пакетҳои селофанӣ, бо нону кулча пур карда, «омин, барака ёбед» гуфта баромада рафтанд. Чашми муллоҳо 4 аст, ки дар куҷо маъракае мешаваду бичаранд!!! Охир, дар кадом саҳифаи Қуръон омадааст, ки муллову махсум бо борхалта тӯй ба тӯю гашта, пур карда раванд? Хӯрдан-ку хӯрдан, бурдан чӣ?

Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод

Панҷшанбе, 01 Ноябр 2018 09:45


(нигоҳе ба таоруфи кӯҳантарин шаҳри консерватор)

саҳ 16 аз 16

Китобҳо

Flag Counter